Сабру таҳаммул "бренд"-и ҲНИТ

Сиёсат 06.05.2013 15:00

Muhiddin Kabiri 012Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел, дар суханронии худ дар маросими ҷашни 40-умин солгарди таъсиси ин ҳизб гуфт, ҳарчанд бархеҳо сабру таҳаммулро ба унвони иттиҳом алайҳи ин ҳизб нисбат медиҳанд, ӯ ин сифатро имтиёзи ҳизб медонад.

Маросими ҷашни 40-солагии таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мақари ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, дар суханронии худ дар ин ҷаласаи ҷашнӣ гуфт, ки "барои мо солҳо на чору на чил муҳим нест, муҳим он аст, ки дар он як соат бошад ҳам, бо баракат, бо маънавиёт ва бо фикри озодӣ бошем. Худо паноҳ бидорад аз он садсолаҳо ва ҳазорҳосолаҳо, ки инсоният дар бандагӣ, ғуломӣ ва хориву зиллат зиндагӣ кунад. Агар мо як рӯз сарбаландона зиндагӣ карда бошем, пас он рӯзро ба бояд ба якдигар табрик бигӯем. Ин ҷо дӯстони зиёд як вижагӣ ва сифати наҳзатиёнро зиёд зикр карданд, ки он ҳам сабр ва таҳаммул аст.  Мешавад гуфт, ки ин ҳам бренди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шудааст.

Бале, мо сабр кардаем, сабр хоҳем кард ва ҳамагонро ба сабр даъват мекунем. Сабр ин сифат ва имтиёз аст. Ин иттиҳом нест, агарчӣ гоҳо сабри мо ва таҳаммули мо аз тарафи баъзеҳо ҳамчун иттиҳом садо медиҳад, ки чаро то ин ҳад сабр дорем. Сабр ин сифат аст ва имтиёзи мо аст, иттиҳом нест…"

Аммо дар идомаи суҳбаташ Кабирӣ бо ишора ба паёми дирӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт: "…паём ин санад ва ҳарфҳое ҳаст, ки барои мо гуфта мешавад. Муҳимтарин нуктае, ки барои мову шумо ва барои ин ҷашн лозим аст, ин ҷумла буд. Президент гуфтанд: "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон муҳайё кардааст. Агар гуфта мешуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳизбҳои сиёсӣ дар оянда ҳама шароитро муҳайё мекунад, ман умедвор мебудам, ки иншоаллоҳ, мекунанд. Вале ва?те мегӯянд, ки муҳаё кардааст, мехоҳам бидонам, ки он шароит чӣ шароит аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳизбҳои сиёсӣ муҳайё кардааст? Оё толоре барои ҳизбҳои сиёсӣ додаанд, ки ин чорабинӣ баргузор шавад? Дар ҳоле ки мо шаш моҳ ?абл аз ин муроҷиат карда будем, аммо надоданд. Ҳоло ёд надорам, ки ягон ҳизб, ягон созмон, ягон ҳунармандҳои маъруфу машҳури хуби мо барои гирифтани як толор бо раиси дафтари раёсати раисҷумҳур суҳбат карда бошанд.  Як ҳунарманд агар Кохи Борбадро бигирад, бо мудири он суҳбат мекунаду маблағро пардохт мекунад ва ин кохро мегирад, вале раиси Ҳизби наҳзат, ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон ба хотири он ки дигарон пешдастӣ накунанд, ин масъаларо бо дафтари дастгоҳи Президент соли 2012  матраҳ карда буд. Мо наздики 200 меҳмон даъват кардем. Барои омадани меҳмонҳо чӣ кӯмак ва чӣ шароит аз тарафи ҳукумат муҳайё шуд?"

40 Solagii HNTРаиси ҲНИТ гуфт, онҳо ба хотири сулҳу субот сабрро пеша мекунанд, аммо дар баробари ин ҳаққи қонунии худро аз ҳукумат талаб мекунанд. Ӯ афзуд, Тоҷикистон хонаи ҳашт миллион тоҷик аст, ки якояки онҳо дар ин хона ҳақдор ҳастанд ва метавонанд, меҳмон даъвад бикунанд ва набояд касе дари ин хонаро қуфл бизанад ва калидро дар ҷайбаш бизанад, то меҳмонон пушти дар бимонанд…"

Дар рӯзҳои қаблӣ, масъулони ҲНИТ аз мушкилоти мухталифи маъмурӣ дар робита ба омодагӣ ба баргузории ин маросими ҷашнӣ гузориш дода буданд. Аммо ҷашни 40-солагии таъсиси ҲНИТ рӯзи 27-уми апрел дар дафтари ин ҳизб дар Душанбе, бо ширкати беш аз 3000 аъзо ва тарафдорони ин ҳизб ва намояндагони аҳзоби дигари сиёсӣ, меҳмонони хориҷӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии шинохта низ зимни суханронии худ дар ин ҷашн гуфт, ки дар ин рӯз набояд танҳо табрикот ва кафкӯбиҳо, балки дарсҳое барои ибрат низ барои ҷавонон аз ин минбар садо бидиҳад, то дар оянда ин камбудиҳо такрор нашаванд. Ӯ гуфт: "Ҳар давлат ва ҳар ҷомеъае, ки дар он инсон худро озод ва вораста эҳсос менамояд ва шарофати ӯ ҳифз мешавад ва ӯ аз имтиёзҳо ва неъматҳои модию маънавӣ бархурдор аст, ин давлат ва ин ҷомеъа исломист, бале, мо фақат ҳаминро аз Тоҷикистон мехоҳем, на номи Ҷумҳурии исломии Тоҷикистонро".

Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲУСДТ, ки низ дар ҷаласаи 40-солагии таъсиси ҲНИТ ширкат дошт, гуфт ки ҳизби ӯ бо ҳизби наҳзати исломӣ ҳамкор ҳастанд.

Вай дар паёми табрикотиаш нахуст эҳтироми худро ба ёди Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ иброз дошта ва нақши ӯро дар таҳаққуқи субот дар Тоҷикистон беназир хонд. Раҳбари ҲУСДТ дар поёни паёми табрикотиаш ибрози умедворӣ кард, ки "40-солагии таъсисёбии ҲНИТ - солгарди масъулиятшиносӣ гардад."

Суҳроб Шарипов, вакили порлумон ва Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар маросими ҷашни Ҳизби наҳзати исломӣ суханронӣ карда, раҳбарони ҲНИТ-ро масъулиятшинос тавсиф кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Аҳзоби сиёсӣ рукни муҳимми ҷомеъаи мустақил ҳастанд. Ҳизби наҳзат мароҳили муҳимро пушти сар гузошт ва ҳоло мо дар марҳалаи ҳассос ҳастем, ҳизби наҳзат ин масъулиятро дарк мекунад ва барои шаъну шараф ва имон нируи худро харҷ мекунад." Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд порлумон ҷои баҳс аст, аммо вақте манофеъи давлат дар миён аст, мо ҳама муттаҳид мешавем, ӯ ба унвони мисол ба изҳороти муштараки порлумони Тоҷикистон унвонии Думаи Русия дар рӯзҳои ахир ишора кард.

Қаблан аз мушкилоти мухталиф дар ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 40-солагии ҲНИТ гузориш шуда буд ва масъулони ҳизб ин мушкилотро талошҳои мақомоти давлатӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши фаъъолият ва тарафдорони ҳизб дар кишвар хонданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки ҳизб иҷозати баргузории ин ҷаласаи ҷашниро дар Кохи Борбад, ки яке аз кохҳои бошукуҳ дар пойтахт маҳсуб мешавад, дарёфт накард ва ҳудуди сад меҳмони даъватшуда ба ин ҷашн аз хориҷи кишвар барои дарёфти визои Тоҷикистон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд.

Аммо манобеъи расмӣ ин иддаъоҳоро, ки дар роҳи баргузории маросими 40-солагии ҲНИТ дар Тоҷикистон ба сурати пуршукӯҳ мақомоти давлатӣ мавонеъи сунъӣ эҷод мекунанд, ҳамвора рад кардаанд.

Аз ҷумла сухангӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар посух ба ин иддаъо, ки дастгоҳҳои фаннӣ барои судури виза ба атбоъи хориҷӣ дар фурудгоҳи Душанбе бо ҳадафи надодани иҷозаи вуруд ба меҳмонони ҲНИТ аз кор афтодаандро хаёлпардозӣ унвон кард.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел эълон карда буд, ки судури раводиди сода ба хориҷиён дар фурудгоҳи Душанбе ба далоили фаннӣ барои чанд рӯзи оянда мутаваққиф шудааст.

Зимнан, намояндагони ҲНИТ мегӯянд, таърихи таъсиси ин ҳизб ба даврони ҳукумати шӯроҳо бармегардад ва 40-солагии таъсиси ин ҳизбро таҷлил мекунад, дар Тоҷикистони мустақил ин ҳизб дар моҳи декабри соли 1991 расман сабти ном шуд.

Дар соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро мамнуъ кард. Ва пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97