Вагонҳои чиркин; Онишенко гунаҳкор ё Ҳукумов?

Сиёсат 26.04.2013 15:14

Vagonhoi chirkinСаволи ин ҳафтаи мо: Шумо аз ин ки қаторҳои Тоҷикистон ба талаботи беҳдоштӣ посухгӯ набудааст ва он аз сӯи мақомоти нозироти беҳдоштии Русия ғайрисанитарӣ баҳогузорӣ шуд, раҳбарони нозироти вазъи беҳдоштии Русияро гунаҳкор мешуморед ва ё раҳбарияти КВД Роҳи оҳани Тоҷикистонро?

Aminjon GulmurodzodАминҷон Гулмуродзода, хабарнигори радиои "Озодӣ":

- Ба фикри ман,  ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо бар сари дигар масоил боиси эҷоди мушкил дар ягон самти муайян мешавад. Бубинед, то ҳоло байни мақомоти ду кишвар сари пойгоҳу бекор кардани боҷи гумрукӣ барои маводи нафт ва шароити будубоши муҳоҷирон ихтилофҳо вуҷуд дорад ва барои такон додани раванди баррасии ин масоил, албатта, як ҷониб аз тамоми воситаҳо истифода мекунад ва ба ҷониби дигар мушкил эҷод месозад. Масъалаи қатори КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳамин мисол шуда метавонад.

Marat MamadshoevМарат Мамадшоев, журналист:

-Фикр мекунам, ки вазъи беҳдоштӣ ё санитарии қаторҳои тоҷик воқеан ғайриқаноатбахш мебошанд. Аммо дар айни замон албатта Онишенко ва Рогозин амри сиёсӣ иҷро мекунанд. Миёни Душанбе ва Маскав ҳоло чоназании сиёсӣ ё савдои сиёсӣ ҷараён дорад ва масъалаи қатор яке аз картаҳост, ки ба бозӣ дароварда шудааст.

 

Gulnora AmirshoevaГулнора Амришоева, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Вечёрка":

- Намедонам, надидаам, бо поезди тоҷикӣ сафар накардаам, вале ба воқеъияти баҳогузорӣ шак надорам. Дар мавриди дар ҳолати ғайрибеҳдоштӣ қарор доштани қаторҳои тоҷик хеле пештар ҳам сару садо буд, набояд аз ҳақ бигзарем, албатта вазъ ҳамин гуна аст.

 

BobojonБобоҷон Қаюмов, раиси бахши ҷавонони ҲНИТ:

- Рӯзҳои охир тамоми фазои иттилоотии кишвари моро хабари қаторҳо ишғол кардааст. Ин аввалин бор нест ва ҳадди ақал то интихоботи имсола охирин ҳам нахоҳад буд. Ҷузъиёти ин масъаларо ҳамагон медонанд, аммо ман мехоҳам ба қазия аз зовияи дигар нигоҳ кунам. Мо ҳамеша дар чунин амалҳо русҳоро гунаҳкор мекунем. Дар қазияи халабонҳо ҳам як чунин таблиғоти зидди тоҷикӣ сурат гирифт. Вале сабаби аслии ин амалҳоро мо дар куҷо бояд ҷустуҷӯ намоем?

Пеш аз ҳама дар муддати 20 соли истиқлолият вобастагии кишвари мо ба Русия бештар шуду камтар не. Афзоиши муҳоҷират ва вобастагии иқтисодии кишвар ба пули муҳоҷирони корӣ ҳукумати моро осебпазир кардааст. Ҳукумат дар 20 сол натавонистааст қадами ҷиддие дар заминаи эҷоди ҷойҳои корӣ бардорад. Аз тарафи дигар вуҷуди теъдоди зиёди чиниҳо дар бозори кори мо болои сӯхта намакоб шудааст. Дар ҳоле ки танҳо ҷое, ки мардуми мо метавонанд барои кор сафар кунанд, Русия аст ва мо бештар ба ин муҳоҷират ниёз дорем то Русия ба мо. Яъне Русия метавонад камбуди нируи корашро аз дигар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Қафқоз таъмин кунад, аммо мо ҷойгузини муносиб барои муҳоҷиронамон надорем. Бинобарин ҳар як хатогӣ ё иштибоҳи хурд аз тарафи мо метавонад мавриди суи истифодаи "бародари калонӣ" воқеъ шавад. Дар оянда шояд Русия қартаи муҳоҷиронро низ ба бозӣ дароварад, ки ин ҳамеша ба зарари мо тамом мешавад.

Аммо дар ин қазия мо набояд ҳамеша гуноҳро дар дигарон биҷӯем. Ман дар бораи қаторҳо зиёд намедонам, вале аз таҷрибаи ҳавопаймоҳои кишварамон метавонам бигӯям, ки айб дар мо ҳам ҳаст. Вақте дар Истанбул ба сафи мусофирони дигар кишварҳо дар фурудгоҳ нигоҳ кардам, ҳама орому сокит дар саф истодаанду бо навбат пеш мераванд. Ягон кас бори дастии онҳоро бар намекашад. Аммо дар ҳавопаймои Тоҷикистон мусофирон на сафро риоят мекунанду на оромиро. Ҳар кас мехоҳад зудтар ворид шавад. Масъулони ҳавопаймо бар хилофи тамоми мардуми дигар дар даромадгоҳ тарозу гузошта борҳои дастии мусофиронро бармекашиданд, вақте яке аз мусофирон эътироз кард, гуфтанд, ин дастури масъулони тоҷик аст. Моҳи пеш дар фурудгоҳи Маскав ҳам ҳамин ҳолатро дидам. Касе саф намекашад. Мусофирони зиёде ҷамъ шудаанду танҳо як нафар онҳоро сабт (регистратсия) мекунад. Мусофирон аслан сафро риоят намекунанд. Вақте вориди ҳавопаймо шудам, ҳам дар ҳавопаймои самти Маскав ва ҳам Истанбул тозагӣ риоят намешавад. Вориди ташноби ҳавопаймо шудаму ҳолати бади онҳоро дида, хеле зиқ шудам. Бовар кунед, агар ҳамон айбҷӯйҳо ба ҳавопаймоҳои мо ҳам ворид шаванд, метавонанд ҳамин масъаларо дар онҷо ҳам ба миён гузоранд.

Хулоса инки вақте дар ҳавопаймоҳои мо тозагӣ, назм ва тартиб риоят намешавад, ҳатман дар қаторҳо низ чунин аст. Пас вақте мо медонем, ки касоне ҳастанд, ки мехоҳанд камбудиҳои моро ошкор кунанд, чаро боз ҳам ба ин камбудиҳо роҳ медиҳем?

Ба назари ман дар ин қазия агар 50 ё 60% тарафи муқобил муқассир бошад, 40 то 50% гуноҳи масъулини мо ҳам ҳаст. Чаро нархи билетро баланд мебардоранду хидматрасониро беҳтар намекунанд? Чаро намегузоранд дар кишвари мо ширкатҳои дигар ҳам ворид шаванду рақобат кунанд? Чаро... чаро... ва чаро...?

ShokirjonШокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲУСДТ

- Агар воқеъан чунин ҳолат ҷой дошта бошад, бе шубҳа масъулияти бештарро раҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон дорад. Вале ҳамзамон як нуктаро ба инобат бояд гирифт, ки ин гуна изҳорот баъди анҷоми сафари президенти Тоҷикистон ба қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо ва ташрифи раҳбари давлати Узбакистон ба Русия пахш шудааст. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, одатан чун қоида мақомоти давлатии Русия барои фишор овардан аз чанд воситаҳо истифода мебаранд. Шояд натиҷаи вохӯрию мулоқотҳо бо шахсиятҳои бонуфузи Иттиҳодияи Аврупо боиси нигаронии давлати Русия шудааст ва онҳо ҳамин тавр бо баробари шарт гузоштан барои воридшавӣ ба қаламрави кишварашон бо шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин мувофиқи мақсад донистанд, ки муваққатан то вақти номуайян ба фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон монеъа эҷод намоянд.

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, муҳоҷир, ш. Маскав:

- Ниҳодҳои беҳдоштии Русия вазифаашонро анҷом медиҳанд. Кишвардори Русия дастур дода, ки омаду рафти корҷӯёнро бо гузарномаву раводид кунанд ва ниҳодҳои русӣ дар паи анҷоми ин дастур, ба ҷои салла калла хоҳанд овард. Аммо дар бораи Тоҷикистон ва ниҳодҳояш бояд гуфт: "Кишвар чи гуна? Корвон намуна!" Агар Тоҷикистон кишвар мебуд, раиси ширкати "Роҳи оҳан"-аш дар паи чунин обрӯрезӣ ё истеъфо мекард ё худкушӣ. Мусофирбарӣ қонуну қоъидае дорад, ки бояд риъоят ва назорат шавад. Ниҳодҳои додгустарӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон низ вазифаашонро анҷом надодаанд. Аз ин рӯ пеш аз он ки русҳоро меҳмонозору бегонаситез хонем, бад нест корвонсарову корвонҳои худамонро покиза бишӯем.

Muhammadvafo RizozodaМуҳаммадвафо Ризозода, хабарнигор:

- Албатта Онишенко ҳадафмандона чунин изҳорот дода ва барқасдона аз вагонҳои хатсайри Тоҷикистон -Русия дидан намудааст. Аммо, ба ростӣ намедонам, вазъ дар қаторҳо чӣ гуна бошад, чун бо ин навъи нақлиёт сафар накардаам. Шояд қаторҳо вазъи нохуби санитарӣ дошта бошанд. Вале муаммо инҷост, ки оё танҳо қаторҳои Тоҷикистон?

ZevarshoЗеваршо Муҳаммад, хабарнигор:

- Намедонам, хушбахтона ва ё мутаассифона, аммо ман ҳаргиз ба қатори Душанбе - Маскав савор нашудаам.

 

 

Nazarali PirnazarovНазаралӣ Пирназаров, хабарнигор:

- Ман мақомоти Узбакистонро гунаҳкор медонам. Зеро бубинед, поезди тоҷик чанд сарҳадро мегузарад. Боз аҷиб ин аст, ки дар ду рӯзи пеш аз инспектсияи Рогозин дар поезди Кӯлоб-Москва, ки бо сабаби бастани роҳ аз сӯи Узбакистон тариқи Душанбе мегузарад, 4 кило героин кашфу мусодира намудаанд. Ин чӣ гуна аст, ки поез панҷ постгоҳро дар сарҳадҳо мегузарад, дар ҳеч ҷое героин ёфт намешавад, дар Аксарайск он кашф мешавад. Як бор аз муҳоҷирон пурсед, ки чӣ гуна дар сарҳади Узбакистон онҳоро азоб медиҳанд, мекобанд, аммо чаро героинро пайдо намекунанд?!

Barno QodirdukhtБарно Қодирдӯхт, рӯзноманигор:

- Бешак, сарфи назар аз он ки ҷониби Русия ягон ғараз ё нақшаи дигаре дорад ё не, роҳбарияти КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон гунаҳкор аст. Чун ин корхона аз ҳисоби мусофирону муҳоҷирон даромади зиёд мебинад, уҳдадор аст, ки барои онҳо шароити хуб муҳайё созад. Чунин бемасъулиятӣ боис шуд, ки бори дигар номи тоҷиконро бо бадӣ ба забон гиранд.

Dagikhudo DagievДагихудо Дагиев, муҳақиқ, ш. Лондон:

- Аслан ин мавзуъ ду паҳлу дорад. Аввал ин ки ҳамагии мо огаҳем, ки Русия ё ин ки як гуруҳ сиёсатмадорони рус ҳадафу ғаразҳои сиёсии худро доранд ва аз дунболи он мегарданд. Вале мавзуъи дигар, ки муҳимтар аз он аст, ин кишварест бо номи Тоҷикистон ва ҳукумати он. Мо хуб медонем, ки дар кишваре мисли Тоҷикистон мушкилоти зиёде ҳаст, махсусан дар ҳаракату бору банде, ки тавассути қаторҳои Тоҷикистон ба Русия мераванд. Вале аз ҳама ҷолибаш ин аст, ки чаро касе на аз ҷониби мақомоти ҳукумат ва на аз порлумони кишвар дар ин мавзуъ ҳаргиз ҳарф намезанад. Чаро мо якбор ҳам нашунидем, ки вазиреро барои ин бадбахтиҳо ва ноуҳдабароӣ аз вазифа сабукдӯш карда ва ё ҳабс намуда бошанд. Чунки дар Тоҷикистон вазирону вакилон на ба хотири хидмат ба халқу ватан ва ё марзу буми кишваранд, балки дар фикри танҳо кисаи худ ҳастанду халос. Маҳз ҳамин беаҳамиятӣ боиси балову бадбахтиест, ки ба сари Тоҷики сарсахту бадбахт мерезад ва чуноне, ки мардум мегӯяд; "саворро кай парвои пиёда бошад". Ин вазирону вакилони "бузургҷуса"-и мо ҳаргиз ҳам парвои пиёда надоранд, зеро онҳо бо қатор ба Русия ҳаргиз сафар нахоҳанд кард.

Abdulvohidi zevarАбдулвоҳиди Зевар, сармуҳаррири "Навниҳол":

- Мутаассифона ё хушбахтона, дар бисту як соли ахир бо поезд сафар накардаам.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97