Оё ҳукумат ба оппозитсияи марказгаро ниёз дорад?

Сиёсат 18.04.2013 16:05

OpozitsiyОё имрӯз дар воқеъ ҳукумати Тоҷикистон ба як оппозитсиюни конструктивӣ ё як нируи марказгаро эҳтиёҷ дорад, ки битавонад рақобати солим ба вуҷуд биёварад? Зеро гуфта мешавад, ки ҳоло оппозитсиюне, ки дар Тоҷикистон ҳаст ё ростгаро ҳастанд ё чапгаро? Бархе бар онанд, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон моли гузаштааст, Ҳизби демократи Тоҷикистон як ҳизби бадномшуда аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон наметавонад фикри тамоми қишри ҷомеъаро фаро бигирад, ба хусус рӯшанфикрон аз он фосила мегиранд, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мактаби фикрӣ надорад ва танҳо як ҳизби қудратгарост. Акнун суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки нируҳои солимфикр куҷо бояд бираванд?

Дар ҳамин марҳила дар ҳоле ки хабари таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистони нав" расонаӣ нашуда буд, аз чанд нафар соҳибназари кишварамон  бо ин пурсишҳо муроҷиат кардем. Бубинем, ки оё заминаи таъсиси ҳамчунин ҳизб ба вуҷуд омадааст ё на ва оё ниёз ба як ҳизби конструктивӣ ҳаст ё на?

Mehri SobiriynМеҳр Собириён, иқтисодшинос:

Рақобат омили муҳиме дар рушду пешравии ҳама кишварҳост. Рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, илму фановарӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагии мардумро бе рақобат ба даст овардан ғайриимкон аст. Дар ҳамин асос дар кишвари мо ҳам имрӯз ба як нируи тозае, ки бо Ҳизби ҳоким рақобат карда тавонад, ниёз ҳаст. Бо пайдо шудани як ҳизб ё ҳаракати тозаи марказгаро бо барномаҳои мушаххас, ки тавонад дар баробари ошкор кардани камбудиҳо дар ҷомеъа роҳҳои дурусти ислоҳи онҳоро дар зудтарин фурсат пешниҳод намояд ва дар баробари ин рақибони аслӣ дар симои он душмани давлатро нишон дода натавонанд, имконият пайдо мешавад, ки аз нируи донишмандони дигарандеш ба манфиъати миллат ва давлат истифода шавад. Пайдо шудани як нируи марказгаро бо чеҳраҳо ва барномаҳои нав, бидуни шак ҳам ба манфиъати мардум, ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифон хоҳад буд ва имрӯз кишвари мо ба ин ниёзи ҷиддӣ дорад. Чунки то замоне, ки ҳизб ё ҳаракати нави конструктивӣ бо барномаҳои мушаххас, ки гузаштаи беамалӣ надорад, пайдо нашавад, рақобати солим дар ҳаёти сиёсии кишвар ба вуҷуд намеояд ва бидуни рақобати солим пешравӣ намешавад.

Safarbek SСафарбек Солиев, коргардон:

Аввалан ҳеч ҳукумате эҳтиёҷ ба нируҳои мухолиф надорад.

Сониян онҳое, ки солимфикранд ниёзе на ба ҳукумат доранд, на ба сиёсат.

Сиёсат нуктаи олии тиҷорат аст. Ҳар кас дар ин ҷабҳа муваффак буд, яқинан ба зинаи болои он, яъне ба сиёсат ворид мешавад.

 

DilshodДилшоди Абдураҳмон, коршинос:

Баъди бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ аксари зиёиёни фаъолу равшанфикри мо дилшикаста гашта ба раванди пешбурди ҷомеъаи миллӣ ва дунявӣ дилсардона таъсиргузор шуданд ё умуман то имрӯз бетафовутии ҷиддӣ нишон медиҳанд. Мутаассифона ин ба зарари ҳамаи Тоҷикистониён аст, гӯё чароғи маърифати равшанфикрӣ дар ҷомеъаи мо дорад хомӯш мегардад. Аз холигии майдон истифода намуда, гуруҳҳои тасодуфӣ, тангназар, шахспараст ва баъзан ифротгаро таъсиргузори ҷомеъаи мо мегарданд, ки сабаби буҳрони сиёсии навбатӣ буда метавонад. Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон бояд яке аз созандаҳои гуруҳи солимфикри озод бошад, на ин ки онҳоро бо ҳар восита мутеъи нигоҳи сиёсати худ гардонад. Бубинед, оилаи Тураҷонзодаҳо аз яктараф ба гуруҳи оппозитсия таадлу? дорад, аммо аз тарафи дигар яке аз асосгузорони сулҳу суботи Тоҷикистон ва душмани гуруҳҳои фитнаангези диннӣ мебошанд, ҳукумат бояд бо чунин нируҳо ҳамкорӣ намояд. Агар ҳукумат қадрдонии равшанфикрони гиромии мо мешуд, зиёиён ҳамвора худро чун шамъ фидои рӯшноии ҷомеъаи Тоҷикистон мекарданд.

Abdufattoh01Абдуфаттоҳ Воҳидов, рӯзноманигор

Дар Тоҷикистон ҳизбҳои зиёди сиёсӣ номнавис шудаанд, вале дар бораи фаъолияти босамари онҳо чизе гуфтан душвор аст, зеро аксари онҳо, ба ғайр аз ҳизби ҳукмрон - ҲХДТ ва ҲНИТ ягон воситаи ахбор надоранд ё агар дошта бошанд ҳам, онҳо ба таври даврӣ ба табъ намерасанд. Бо ҳамин сабаб аксари онҳо воситаҳои ахбори умуми мустақилро барои кори тарғиботиашон истифода мебаранд, ки, албатта, кофӣ нест.

Илова бар ин, ба назар чунин мерасад, ки ҳизбҳои сиёсии камқувват бо сабабҳои гуногун дар маъракаҳои интихоботӣ ба таври алоҳида иштирок менамоянд ва ягон эътилоф ташкил намедиҳанд. Дар натиҷа иштирокашон дар интихобот ба таври ноаён мегузарад. Сабаби дигар, мардуми Тоҷикистон то ҳол тибқи анъанаҳои шӯравӣ иштирок карда, намояндаи ҳамон ҳизберо интихоб мекунанд, ки ҳукмрон аст.

Нируҳои солиме, ки ба ҳеч ҳизбу ҳаракати сиёсӣ шомил нестанд, агар дар маъракаи интихоботӣ эътилофи нируҳои солимфикр таъсис дода шавад, метавонанд ба он аъзо шаванд ва муборизаи сиёсиашонро идома диҳанд. Дар акси ҳол онҳо ҳам ноком хоҳанд буд.

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, таҳлилгар:

Ба фикри ман кадом ҳукумате дар кадом давлате, ки бошад ба як оппозитсиюни конструктивӣ ё созанда ниёз дорад, чӣ он ростгаро бошад ва чӣ чапгаро ва ё марказгаро. Муҳим ин аст, ки оппозитсиюн на фақат ҳукуматро накд кунад, балки дар ҳамбастагӣ бо ҳукумат барномаҳои созанда ва муфидеро ба манфиати мардуми кишвар бояд пешниҳод намояд. Нируҳои солим метавонанд дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумат дар атрофи як стратегия, як мақсад ҷамъ биоянду барои рушди кишвар ҳамкорӣ намоянд. Ман боварӣ дорам, ки дар оппозитсиюн чӣ чапгаро, ростгаро ё марказгаро бошад, ҳанӯз дар он нируҳои солим ва созандае вуҷуд дорад ва танҳо онҳо бояд ба хотири фардои дурахшони кишвари азизамон саъйю талош намоянд.

Nazrishoi davlatНазришоҳи Давлат, таърихшинос:

Оре, бе ҳеч шаку тардиде имрӯз Тоҷикистон ба як нируи конструктивӣ, ё худ созанда сахт ниёз дорад. Чаро ки чанд аҳзобе, ки гӯё феълан расман фаъолият доранд, дар воқеъ таъсире дар фазои сиёсии ҷомеъа надоранд. Ҳадди ақалл аз ҳуқуқи аъзои худ ва раъйи онҳо дифоъ карда наметавонанд.  Ахиран пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ дар бобати ворид намудани тағйирот дар мавриди қавонини интихобот аз ҷониби ҳукумат ба назар гирифта нашуд. Чун аҳзоб муваффақ ба тағйири қонуни интихобот нагаштанд, пас мусаллам аст, ки кафолати пирӯзии номзадҳои эшон низ дар интихобот аз имконият берун аст. Хулоса ва мантиқ ин аст, ки аҳзобе, ки алъон дар майдони сиёсии кишвар асптозӣ доранд, ба дарди ҷомеъа намехӯранд ва бо чунин шеваи муборизаи муҳофизаткорона на танҳо дар интихоботи қарибулвуқуъ, балки пас аз он ҳам таъсире дар тағйири сиёсати ҳукумат нахоҳанд дошт. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба як нируи мухолифи созанда ва дар маҷмуъ ба як ҳизбе, ки битавонад  дар қабули қавонини барои ҷомеъа зарур монанди; решакан кардани ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла дар макотибу донишгоҳу донишкадаҳо, инчунин дар бартараф кардани фасодкорӣ, дар низому тартиб даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва билохира ба ҷои кор таъмин кардани шаҳрвандон саҳме дошта бошанд, сахт зарурат дорад.

 

Oynihol BobonazarovaОйниҳол  Бобоназарова ҳуқӯқшинос:

 

 - Агар давлат ҳам апазитсияи конструктивӣ надошта бошад вай давлат ҳеҷ  вақт пеш намеравад ин ду система аз якдигар вобастаанд ва ҳамон вақт масалан барои давлати демократи барои ба қазон расидан ҳатман апазитсия лозим аст. Аз оне ки ин апазитсия чи хел мешавад аз давлат вобаста аст, чунки дар мо анана шудааст, ки ҳам дар байни мардум ва ҳам дар байни чиновникҳо, ки вақте ки апазитсия мегуянд онҳо фикр мекунанд, ки инҳо як душман ҳастанд, яъне ки то имрӯз ҳамон шинохти апазитсия дар ҷомеаи тоҷик дар ҳукумати Тоҷикистон бадбахтона нест яъне, ки ҳеҷ аз ҳама бояд ҳукумат манфиатгузор бошад, ки кӯмак бикунад, ки чунин як апазитсияи дар ҳақиқат конструктивӣ ба вуҷуд биёяд, ки онҳо рақобати солим кунанд дар байнашон ва ҷомеа давлат пеш равад. Бинобар ин ҳам аз оне, ки ё ки чап гароянд ё ки рост гароянд ин на ба онҳо на он қадар вобаста аст баъзан дар кӯчаҳо   чорчуба нигоҳ медоранд, ки вай кудак ё чап гаро мешавад ё рост гаро.

 

Ман фикр мекунам, ки имрӯз ба монанди боду ҳаво ҳамин хел як илм даркор аст. Дар ҳақиқат бубинед, ки ҳатто онҳое ки мехоҳанд, ки фаъол бошанд дар ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар ҳизбҳои сиёсӣ бадбахтона ба ҳар як ин илмҳои сиёсӣ ин чизе часпондаанд, масалан мегуянд талаб надоранд, мегуянд мардум тайёр мекунанд, мегуянд яъне ки барои ҳизби ҳоким ман фикр мекунам ҳамин хел, чунки майдон ҳама аз ҳизби ҳоким аст. Имрӯз майдони сиёсӣ умуман ҳамаи майдонҳо бинобар ин ҳам агар вай як бозингар надошта бошад ҳамон ҳизби ҳоким яъне ки вақте бози мекунанд ду каманда бози мекунанд вай ҳизби масалан аз ҳизби назъати ислом метарсад, масалан ҳизби сотсиал демократиро ҳам  масалан хеле чизҳоро ба онҳо часпондаанд яъне ки ҳизби ҳоким бозингар рақиб надорад барои худаш ин як дигараш агар як ҳизби нав ҳам пайдо шавад чихеле ки шумо мегуед ки щахсоне ҳастанд ки намехоханд ба ин ҳизб раванд чунки проблемаҳо мебардоранд чун, ки бо ин қонуни интихоботи хеле мушкил аст агар як ҳизби нав ҳам биёяд хеле мушкил аст ман фикр мекунам, ки як ҳизбеҳам новобаста аз интихобот ба ҳар ҳол ҷои на ин ки як ҳизб бо ин ки чанд ҳизбҳои дигар ҳам бошад ман ҳатман фикр мекунам, ки зарур аст, чунки як ҳизбе пайдо мешавад, ки ҳамин мардум нагуяд, ки инаш инхел аст ва инаш ин хел буд нашавад яъне ки ин саволи шумо ҳатман даркор аст барои имрӯз.

 

Абдулмуъмин Шарифи, коргардон:

 

 -Масалае ки масалан ҳукумат ниёз дорад надорад ҳама ҳукумате ки оянда агар қобилнок хоҳанд буд масалан рушду нумуи гурӯҳи ҷомеаро мехоҳад, бояд ниёз дошта бошад, акнун ман умуман намедонам, ки у ягончи дошта бошад, бояд ки дошта бошад, чунки аз таърихи башарамон ин чиро гирем ҳар давлати ҳар ҳукумате ки муваффақ гашт ҳар чи ба ин шитоб дошт агар масалан нияти апазитсиони ва масалан соҳибкорӣ бошад сохтан масалан рушд бошад нуму бошад масалан чизҳои шахсӣ ва баъд ман намедонам, агар дар бораи ун нафароне ки фарҳангиҳову он рушан фикроне ки ба ҳеҷ чиз тарафи майл надоранд ман аз уно фақат як чи мехоҳам, ки бо ҷуръат бошанд, мубориз бошанд ва баъд куҷо рафташонро рости гап намедонам, бояд куҷо раванду чи кор кунанд яъне ки намедонам ҳизб, ки шуд ин алакай ҳукумат аст.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97