Ин бор бонги "азон"-ро кӣ дод?!

Сиёсат 16.04.2013 09:21

GirdihamoiГирдиҳамоӣ. Гирдиҳамоии ахир дар Душанбе маро ба ёди солҳои 90-и асри гузашта бурд. Соли аввал бо сад умед ба факултаи рӯзноманигорӣ ҳуҷҷат супурдаму аз «мандат» нагузаштам. Агарчӣ имтиёзҳои зиёде барои шомил шудан давлат бароям қоил шуда буд. Он ҳамаро дастак кардаву ду моҳ давидам, аввал ба ман пешниҳод шуд, ки «рафта дар Кӯлоб таҳсил кунам (ростӣ то ҳол ба мантиқи ин пешниҳод сарфаҳм нарафтам, ки чаро бояд кӯлобӣ ҳатман дар Кӯлоб таҳсил кунад!), баъдан раёсати донишгоҳ ва факулта розӣ шуданд, ки маро дар басти шабона ё ғоибонаи факултаи филология қабул кунанд. Ба ноҳия баргаштам. Аммо бароям аз донишгоҳ даъватнома дар бораи оғоз ёфтани дарсро нафиристоданд. Азм кардам, ки дигарбора довталаби ДДТ шавам. Баҳманмоҳи хунин сабаб шуду дар соли нави қабули довталабон афроди муҳофизакор аз омадан ба пойтахте, ки ҳанӯз бӯи хун дошт, парҳез карданд.

Ва барои мо, ки зиёд мехостем ба ҳадафи хеш бирасем, муяссар шуд, ки сазовори номи донишҷӯи шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи ДДТ шавем. Ин чи қадар арзиш дорад, барои онҳое, ки 1 ва ё 7 солу аз ин бештар довталаби ворид шудан ба донишкадаву донишгоҳҳо будаву таъми нокомӣ чашидаанд, маълум аст, на барои онҳое, ки имрӯз муфт ва ба воситае вориди донишгоҳҳову донишкадаҳо мешаванд. Агарчӣ ҳамеша одат доштам, ки дар таҳсил фаъол бошам ва тасмими таҳсил дар донишгоҳ ва аз сӯи дигар исбот кардани ин нукта, ки дар миёни онҳое, ки аз ман бартар дониста шудаву дар соли қабл шомили донишгоҳ шуданд, бештар аз ман масъулият металабид. Аз ин рӯ ҳамеша кӯшиш мекардам, сари вақт ба дарс ҳозир шавам ва то ҳадди имкон дарсро аз худ бикунам. Аммо низоми дарсӣ дар донишгоҳ тавре интизор доштам, ҷараён надошт, балки ба ҳам зад. Мисле, ки дар замони инқилоби ленинӣ қарор дошта бошем. Ҳар рӯз як падидае, як тазоҳуроте, як ҳамоише дар донишгоҳ ба вуқуъ меомад. Албатта ин бидуни ризоияти садри донишгоҳ намешуд. Як рӯзе аз рӯзҳои фасли хазон буд, охирҳои сентябр, ки ҳанӯз аз дарс хондан сер нашуда будем, (агарчӣ қаблан теъдоди маҳдуде аз донишҷӯён дарсшиканӣ мекарданд ва барои ҳамроҳӣ бо онҳо даъват мекарданд, аммо на ҳама онҳоро ҳамраҳӣ мекард,) ки Ҷӯраҷон Қаландаров (худо биомӯрзадаш, ки шаҳиди ҷанги шаҳрвандӣ шуд), сардори гуруҳи мо дами дари бинои донишгоҳ воқеъ дар «Ҷазира» ба пешвози донишҷӯён, ки тоза ба дарс меомаданд, баромада буд. Ҷӯраҷон бо ширинзабонӣ, ки хоси ӯ буд, гуфт, ки «имрӯз дарс намешавад, биёед, митинг меравем». Хелеҳоро атрофаш ҷамъ карда буд, аммо чун медонист, ки ба гап даровардани ман кори соддае нест, илтиҷо кард, ки беҳуда ба аудитория наравам. Баъдан журнали курсро нишон дода гуфт, ки журнал дар дасти ӯст ва касеро ғоиб нахоҳад монд. Ба ҳарфаш бовар накардам, агарчӣ медонистам, ки ӯ бе иҷозати декани факултет ҳеч коре намекунад. Баъдан қасам хӯрд, ки декан ба ӯ фармудааст, то донишҷӯёнро ба гирдиҳамоӣ бубарад. Он замон нахустин гирдиҳамоиҳо дар майдони «Озодӣ» шуруъ шуда буданд. Ман, ки тоза ба шаҳр омада будаму ҳанӯз хумори падару модару диёр аз машомам дур нашуда буд, хостам аз фурсат истифода кунам, ба сардор ултиматум гузоштам, ки ба шарте вориди аудитория намешавам, ки на ба гирдиҳамоӣ меравам, балки ба ноҳия меравам. Сардор ҳам зуд розӣ шуд. Ва мани пазмони волидон парвозкунон ба ноҳияи Восеъ омадам. Он вақт ба ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар кардан осон набуд, ба хусус самти ҳаракати нақлиёт ба минтақаи Кӯлоб хеле бад фаъолият дошт. Аммо барои ман воситаи расидан ба ҳадаф муҳим набуд, балки худи ҳадаф муҳим буд. Ман хона омадаму хеле аз ҳамкурсон майдон рафтанд. Баъдан аз забони онҳо шунидам, ки чи саҳнаҳое он ҷо иттифоқ уфтодааст, аз қабили нахустин гуруснанишиниву бисёр саҳнаҳои ҷолиби дигар.

Баъдан дигар митинг ба қавле мӯд шуд ва ҳар касеро нишастан дар дарсҳои дилгиркунандаи муаллиме хуш намеомад, майдон мерафт. Онҳое ҳам, ки ҳадафмандона ба майдон мерафтанд ё аз чизе норозӣ буданд, низ зиёд буданд, аммо бештар нохудогоҳ ба майдонҳо мерехтанд. Баъдан бисёре аз донишҷӯёнро истинтоқу пурсупос ҳам карданд, ки чаро ба майдон рафтед, кӣ шуморо таҳрик кард ва ҳоказо, аммо шояд касе решаёбӣ накард, ки аслан кӣ донишҷӯёнро барои рафтан ба майдон одат дод. Чаро роҳбарияти донишгоҳ пеши роҳи майдонравиро нагирифт?! Албатта посух рӯшан аст, ки вақте раҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳо хостанд аз нируи донишҷӯён барои амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ва гуруҳи худ истифода кунанд, ва донишҷӯён ба майдон рехтанд, дигар ин ҷо ихтиёр аз даст рафта буд ва ҳар кӣ бо дидгоҳ ва биниши худ ба гуруҳҳое омехтанд ва дигар қудрат ва тавони раҳбарияти донишгоҳ барои гирифтани пеши ин ҷараёнот заъиф ва оҷиз буд.

Ин нуктаро барои он ёддовар шудам, ки дар гирдиҳамоии ахир дар Душанбе ҳамин гуна аз донишҷӯёни навхат хостанд истифода кунанд, ки дастандаркорон ё коргардонҳои куҳнафикри бозмонда дар солҳои 90 сахт иштибоҳ карданд ва шармандагӣ ва обрӯрезиеро ба намоиш гузоштанд.

Албатта дар ҷомеъаи сиҳату солим гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот як амри табиист, аммо дар ҷомеъаҳои бемор ва фақиру нодору каммаърифат он фоҷиа ва даҳшат меоварад.

Ба ҳар сурат ин сенариё ҳамон намоишеро ба ёди ман овард, ки дар 22 соли қабл рух дода буд.

Адолати  МИРЗО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97