Акбаршо Искандаров ду муҳофиз дошт, Абдуғаффори танка 20 то: Чи гуна сулҳ имкон дошт?

Сиёсат 15.04.2013 14:53

Akbarsho IskandarovАкбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва сарпа-расти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991 - 1992, дар маҳфили "Муколамаи тамаддунҳо" ширкат ва суханронӣ намуд. Мавзуъи суханрониии А. Искандаров асосан вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 1992, аз моҳи апрел то моҳи ноябр, яъне то баргузории иҷлосияи 16 -ум дар Хуҷанд буд. Акбаршо Искандаров роҷеъ ба талошҳое, ки барои пешгирӣ ва қатъи ҷанги дохилӣ анҷом шуда буд, суҳбат намуд. Акбаршо Искандаров дар оғози суҳбат гуфт, як бори дигар барои он ки натавонистем пеши роҳи ҷангро бигирем ва хунрезӣ сурат гирифт, аз мардуми тоҷик узр мехоҳам. Ӯ гуфт, "ҳарчӣ аз дасти мо омад, кардем, аммо боиси таассуф аст, ки чунин коре шуд. Чун вазъият он замон ҳамон тавр буд".

Сарпарасти собиқи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, як далели ноком мондани талошҳо барои пешгирӣ аз ҷанг нотавонии нируҳои интизомӣ ва қудратии ҳукумати вақт буд. Ӯ афзуд, нируи аслии қудратӣ дар он замон асосан Вазорати корҳои дохила буд, аммо аксари кормандони милиса ҳатто туфангчаи хидматӣ надоштанд. Дар ҳоле ки нируҳои ду тарафи ба ҳам дар ҳоли ҷанг бо ҳамаи силоҳҳо муҷаҳҳаз буданд. Инчунин гуфт, Акбаршо Искандаров, ки ман ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ду муҳофиз доштам, дар ҳоле ки ҳар қумандоне, ки барои гуфтушунид пеши мо меомад, 15 - 20 нафар фарди мусаллаҳ ӯро ҳа-мроҳӣ мекард. Дар чунин ҳол, чӣ гуна мешавад, ин афроди мусаллаҳро, ки мусаллаҳтар аз ҳукуматанд, ба сулҳ моил кард ва ё маҷбур намуд, - афзуд Акбаршо Искандаров.

Собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон баргузории иҷлосии 16-уми Шӯрои Олӣ дар соли 1992 дар шаҳри Хуҷандро як амри қонунӣ донист ва афзуд; "баргузории ҷаласаи Хуҷанд ҳатмӣ буд ва илоҷи дигаре вуҷуд надошт". Аммо гуфт ӯ, мутаассифона баъди ин иҷлосия низ ҷангу хунрезӣ идома кард. Ҷаноби Искандаров гуфт, ки ҷанги дохилӣ асосан барои курсӣ ва мансаб буд. Ӯ гуфт, иҷлосияи 16 -умро танҳо ба хотири ёфтани роҳи ҳали сулҳ ва хатми ҷанг доир намуда буд ва ҳич кишваре ба сурати мустақим барои баргузории ин иҷлосия раҳбарияти вақти кишвар, яъне ӯро водор накарда буд. Ӯ афзуд, қабл аз оғози иҷлосияи 16 -ум дар Хуҷанд, мушовири Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон бо ӯ мулоқот намуда ва гуфтааст, мо шуморо ба ҳайси танҳо раҳбари қонунӣ эътироф мекунем ва ба мондани шумо дар ин мақом мухолиф нестем, аммо бояд чанд шартро иҷро кунед. Ман, - афзуд А. Искандаров, - ба он шароит розӣ нашудам. Аммо ӯ роҷеъ ба он шартҳо изҳори назар накард. Чун ҷанг ба хотири мансаб буд, мо гуфтем, ки биёед, ҷангро бас кунед шуд, барои ҳамин сессияро доир намудем,- афзуд А. Искандаров.  

Akbarsho Iskandarov-1А. Искандаров ҳамчунин роҷеъ ба дивизияи 201 -и артиши СССР дар Тоҷикистон суҳбат намуд ва гуфт, ки агар баробари пошхӯрии СССР Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо ин воҳиди низомиро моликияти худ мекард, ҳукумат дар як соли баъдаш, яъне дар соли 1992 метавонист аз ҷанг пешгирӣ кунад. Аммо дар соли 1992 Шӯрои олӣ қарор кард, ки ин фирқа ба ихтиёри Тоҷикистон бигузарад, вале зоҳиран дер шуда буд. Агарчанд, ки Б. Елтсин, президенти Русия ба ин розӣ шуд, аммо таҳти фишори Узбакистон ин кор амалӣ нашуд.

Дар посух ба суолҳои ширкатдорони маҳфил, А. Искандаров роҷеъ ба вазъи кунунии кишвар низ суҳбат намуд. Аз ӯ пурсида шуд, ки чаро Русия ва Узбакистон ба барномаҳои ҳукумати имрӯзии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, дар ҳоле ки ин ду кишвар дар сари кор овардани ин ҳукумат ва ҳимояти он ҳамкорӣ мекарданд? Акбаршо Искандаров гуфт, далели ин мухолифат ин аст, ки ҳукумати кунунӣ аз манофеъи миллии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва ин ба манофеъи он ду кишвар созгор нест.

Собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, як шарти суботи сиёсӣ ва пешрафти Тоҷикистон интихоботи шаффофу мунсифона дар моҳи ноябр аст.

Иброҳим Усмонов, гардонандаи "Муколамаи тамаддунҳо" дар хатми маҳфил эълон дошт, ки нишастҳо дар ин мавзуъ идома хоҳанд кард ва бар иловаи шахсиятҳои калидии он давр, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ки дар он замон фаъолият доштанд ва аз воқеъаҳо огоҳ ҳастанд, ба суҳбати ин маҳфил даъват хоҳанд шуд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97