«Тоҷикистони нав» то куҷо мерасад?

Сиёсат 13.04.2013 15:39

Zayd saidovАхиран ҳизби ҷадиде бо номи «Тоҷикистони нав» аз худ дарак дод. Назари шумо дар мавриди таъсиси ин ҳизби нав ва роҳбарияти он чист? Кори онҳо то куҷо хоҳад расид?



 

Suraj01Сурадж Назаров, муҳоҷир

Пайдо шудани ҳар гуна ҳизб дар майдони сиёсии Тоҷикистон ба ғайр аз ҳизбҳои кисагӣ падидаи хубест. Таъсис намудани ҳизб аз тарафи Зайд Саидов, ки дар асл яке аз тоҷирони мувафақ аст ва имконоти бештареро дорост, майдони сиёсии кишварро гармтар мекунад. Алъон мо интизорем, ки барномаи пеш аз интихоботии "Тоҷикистони нав" кай пешкаши ҷомеъа мешавад ва оё барои ташкил кардани эътилоф бо дигар ҳизбҳо (ҲНИТ ва ҲУСДТ) дар интихоботи дар пешбуда розиянд? Баъд маълум мешавад то кадом дараҷа ҷиддиянд. Ва вақт нишон медиҳад, ки то куҷо мерасанд.

MehmonshohМеҳмоншо Шарифов, муҳаққиқ:

Ман, шахсан боварӣ дорам, ки ин ҳизби нав офаридаи системаи мавҷуда нест ва яке аз ҳаракатҳои солимест, ки мисли ҳизбҳои Кабирӣ, Зоиров ва дигар ҳаракатҳо мехоҳанд воқеъияти буҳронии Тоҷикистонро дигар кунанд ва роҳбари он ҳам инсони огоҳ ва мустақил аст ва ӯ бозичаи сиёсии дигарон будан наметавонад. Тоҷикистон имрӯз ба ҳизбе сабук, шафоф, яъне дур аз ҳар гуна идеология ва ҳақиқатбозиҳои вазнини асри бистум ниёз дорад. Ин ҷо дар бораи ҳизби коммунист намегӯем, ки ба ғайр аз ном ва носталгия ба гузашта барномаи зиндае надоранд, зеро барноманависҳо аз Маскав барвақт нест шуданд. Сухан дар бораи ҳизби ҳоким меравад, ки ҳарчанд замонасозӣ карда номи нав гирифт, вале то ҳанӯз ҳам бо усулҳо ва чорчӯбаҳои коммунистии корбарӣ амал мекунад. Шояд бо ин усул роҳе кушоданд, нақбе канданд, биное сохтанд, вале дар умум гирифтории зиёд ба афсонабофӣ ва идеологиясозӣ ҳизби ҳокимро аз корҳои асосие ки дар ҷомеъа бояд анҷом медод, дур кард, ки ин боиси афзоиши фасод шуд ва ҷомеъаро ба як системаи дорои таркибҳои солими амалкунанда табдил додан натавонистанд. Аслан ғарбиён дар нимаи дуюми асри XX фаҳмиданд, ки дар масъалаи сохтмони қудрат ва ҷомеа дигар на ба "афсонаҳои бузург" (grand narratives), мисли фашизм ва коммунизм ва дигарон, балки ба технологияе, ки ба дониш ва илм имконияти истеҳсол карданро медиҳад, такя кардан даркор аст. Имрӯз мебинем, ки имконияти ташкили фазои нав барои пурқувват кардани давлати миллии Тоҷикон ба вуҷуд омада истодааст ва ин шояд сиёсати то ҷое солими ҳизби ҳоким бошад. Дар ин оғози созанда, барои он ки ин ҳизби нав ва ҳизбҳои дигар ба ҷое даркорӣ бирасанд, қадами аввал озодии сегонаи фикрро, "озодии қабул ва паҳн кардани ахбор, озодии таҳлили бе ғаразона ва бе тарс, озодӣ аз фишори нуфуз ва хурофот", ки академик Сахаров пешниҳод карда буд, дар ҷомеъа мустаҳкамтар кардан даркор аст. Фикр мекунам мардони сиёсии Тоҷик акнун хуб дарк кардаанд, ки имрӯз мудирияти солиме зарур аст то сохтмони ҷомеа, бозистеҳсоли сарвати маданӣ, истеҳсоли дониш ва дороии мардумро таъмин кардан тавонанд.

Lola olimovaЛола Олимова, рӯзноманигори байналмиллалӣ:

- Ин ки онҳо то куҷо хоҳанд расид, Худо медонад. Аммо ба фикри ман таъсиси ҳизби нав, ки ҳадафҳои хуб дорад, ва дар сатҳи роҳбарии он одамони боақлу бофаросат ва муваффақ ҳастанд, сари вақт аст. Ин қонуни зиндагӣ аст, ки афроде, ки ин ҷо тиҷорат доранд, пул доранд, бояд ба сиёсат биёянд. Зеро бояд бизнес ва пулҳояшонро ҳимоят кунанд, ва ин танҳо бо роҳи таъсиргузорӣ ба қонунгузорӣ мумкин хоҳад буд. Ба фикри ман ин нишонаи рушди Ватанамон аст. Онро барои миллат табрик мегӯям!

ShokirjonШокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲУСДТ:

- Бо дар назардошти он, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон шахсе ки дар иқтисод муваффақ шудааст, наметавонад дар сиёсат низ ба ҳадаф бирасад, метавон гуфт, ки гуруҳи ташаббускори ин ҳизб шояд қаблан нияти таъсиси ҳизбро бо мақомоти дахлдори раёсати ҷумҳур ё дигар шахсияти ба президент наздик мувофиқа кардаанд. Дар акси ҳол, чуноне таҷриба нишон медиҳад, бо ҳар баҳона ҳукумат метавонад аввал дар фаъолияти соҳибкории онҳо монеъа эҷод намояд ва вобаста ба минбаъд нуфуз пайдо кардан дар ҷомеа амалҳои ҷиддитарро низ нисбати пешвоёни ҳизби нав раво бубинад. Худи Зайд Саидов воқеан инсони ҷиддӣ, бофарҳанг ва кордон аст, аммо чанд нафаре, ки дар ҳайъати гуруҳи ташаббускор мушоҳида кардам, ҷуръати сиёсӣ надоранд ва агар медоштанд, ба воситаи яке аз ҳизбҳои расмӣ ормонҳояшонро амалӣ менамуданд.

Бинобар ин чунин одамон мехоҳанд Зайд Саидовро бо мақсадҳои худ истифода бубаранд ё кушиши таъсиси ҳизби навбатии сунъиро доранд, ки барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва қавитар намудани заминаҳои иҷтимоии ҲХДТ бояд саҳме гузоранд. Инчунин бояд дар хотир дошт, ки таҳти раҳбарии Олимҷон Бобоев чанд сол пеш ҳизбе таъсис дода буданд, ки ҳадафи он мусоидат ба ислоҳоти иқтисодии кишвар буд. Ба ғайр аз ин чанд созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқи касаба дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад, ки ҳадафи оинномавиашон дастгирӣ ва густариши соҳибкории миёна, хурд ва умуман фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Яъне ё ин ҳизб минбаъд бояд ё дигар ҳизбҳои ҳукуматиро иваз кунад, ё ба таври ҷиддӣ дар ташаккули бисёрҳизбӣ саҳми назарраси худро гузорад. Вақт нишон медиҳад, ки то чи андоза ин ҳизб баъд аз қайди давлатӣ рисолати ҳаққонии худро дар робита ба таҳкими арзишҳои демократӣ ба анҷом мерасонад.

Abdufattoh SHafirevАбдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор:

- Ҳанӯз дар мавриди ин ҳизб ҳарфе гуфтан барвақт аст. Муассиси он низ бештар ҳамчун соҳибкор шинохта шудааст, то ки сиёсатмадор. Бояд бубинем, ки оё маҳорату кордонии бозаргонии ҷаноби Зайд Саидов то чӣ андоза дар сиёсат бо назардошти воқеиятҳои саҳнаи сиёсии кишвар ба кор хоҳанд омад. Ба ҳар навъ, таваҷҷуҳи қишри соҳибкор ва техногении мардум ба вазъи сиёсӣ ва ояндаи ҷомеа қобили таҳсин аст, сарфи назар аз ҳадафҳои ниҳоии онҳо. ҳадди ақал ҳамаи аҳзоб, чӣ ҳизби ҳоким ва аҳзоби пайрави он ва чӣ аҳзоби мухолифро барои ба даст овардани дил ва ҳуши мардум  водор ба рақобати бештар хоҳад кард.

Davlati ShoetiborДавлати Шоэътибор, хабарнигор:

- Ҳизби "Тоҷикистони нав"  аз нигоҳи ман бо он ҳайъате, ки дорад, бехавфтар аз Ҳизби сотсиал - демократ барои ҳукумати Раҳмон аст. Чунин ҳизбҳо ҷавобгӯи ормонҳои мардуми босаводанд, вале қудрати тағйир додани ҳокимиятро надоранд. Зеро ҳукумат дасти зӯр дорад. Мардуми такя ба илм дошта, аз Худо ва рӯйсиёҳӣ дар оянда меҳаросанд.

 

Temur VarqiТемур Варқӣ, таҳлилгар:

- Ба гумони ман, агар ҳатто ин ҳизби нав эҷоди ҳукумат ҳам бошад, бисёр кори хуб аст. Тоҷикистон ба як ҳизби марказгаро ниёз дорад. Агар хоҳем, ки дар Тоҷикистон рушду тараққиёт шавад, ин гуна ҳизб ҳатман дар майдон бояд ҳузур дошта бошад. Ва дар ин ҳолат мо бо умед мешавем (ва элитаи ҳозира ҳам), ки дигаргунӣ бидуни хунрезӣ, оромона, бо тартиб сурат хоҳад гирифт. Агар ҳукумат ё элитаи назди раиси ҷумҳур ба ин ҷараён, ба ин ҳаракат халал расонанд, ба он фишор биоваранд, фикр мекунам, ки ба зарари худи ҳукумат хоҳад шуд. Ин ҳизби нав кафили таъғйироти бидуни шуруъи як ҷанги нав дар кишвар аст.

Mirzosaid SultonovМирзосаид Султонов, иқтисодшинос:

- Ба фикри ман ташкили ҳизби "Тоҷикистони нав" як падидаи хубест дар фазои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар. Ҳар як иқдоме, ки бо нияти нек ва бо мақсади беҳбудии мардум карда мешавад, аз тарафи мардум дастгирӣ хоҳад шуд. Аммо ин ҳизб имсол дар сиёсат саҳми калон нахоҳад дошт. Чунки барои ташкили як ҳизби комил ба вақт зарурат аст. Ҷалби шахсиятҳои шинохта ба сафи ин ҳизб метавонад дар солҳои наздик онро ба як ҳизби тавоно табдил бидиҳад.

shuhratkudratovШуҳрат Қудратов, адвокат:

- Дар остонаи интихоботи президентӣ ташкил намудани ҳизб дар мадди аввал аз он шаҳодат медиҳад, ки пас аз қайд гирифтани ҳизб онҳо дар интихоботи президентӣ ширкат варзидан мехоҳанд. Ин соли 2005 -ро ба ёд меоварад, ки дар интихоботи вакилони МН Ҳизби ҳоким дар танҳоӣ монда буд ва пас аз ин ҳукумат фаврӣ 2 ҳизби дигарро ташкил намуда, дар интихоботи президентии 2006 ин ҳизбҳо иштирок карданд. Ҳоло ҳам ин такрор шуда истодааст. Ҳукумат мефаҳмад, ки дар байни мардум ҲХДТ ва номзади онҳо дастгирӣ надорад ва барои ҳамин боз як ҳизбро ба саҳнаи сиёсат ворид намуда, бо ҳамин мехоҳанд ҳизбҳои мухолифро дар интихоботи 2013 каме ҳам бошад заиф кунанд. Роҳбарони ҳизби нав ҳамаашон номенклатураи ҳукумат мебошанд ва ин ҳизб ҳам шояд ҳизби кисагӣ шавад. Инро вақт нишон медиҳад. Онҳо ба куҷо хоҳанд расид? Агар дар асл ин ҳизб мустақил бошад ва ба ҳукумат ҳеч дахл надошта бошад, онҳоро сабти ном ҳам намекунанд. Эълони ташкил намудани ҳизби "Тоҷикистони нав" ин як навъ рекламаи раиси он мебошад.

Sohibyr Tolib01Соҳибёр Толиб, сармуҳаррири нашрияи "Тоҷикони Россия", Маскав:

- Бисёриҳо дар бораи таъсисёбии Ҳизби "Тоҷикистони нав" гуфта истодаанд, ки он як ҳизби мавриди итоати ҳукумат хоҳад буд. Аммо ҳанӯз ҳизб ба қайд гирифта нашудааст ва дар сурати ба қайд гирифтан низ тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳизби навтаъсис то як сол имкони пешбариии номзад ба мақоми президентиро надорад.

Навобаста ба ин агар ривояташро ёбанду ҷаноби Зайд Саид дар интихоботи соли 2013-и Тоҷикистон ширкат намояд, (бо ташбеҳ додан ба ду интихоботи президентии Русия) маълум нест, ки ӯ "нақши Дмитрий Медведевро мебозад, ё нақши Михаил Прохоров, соҳибкори русро". Агар ӯ дар нақши худ бошад, исбот менамояд, ки ҳизбаш танҳо ба хотири гарм намудани фазои интихобот таъсис дода нашуда, балки як иқдоми мустақилона аст.

Зайд Саид ба сифати соҳибкори муваффақ ва сиёсатмадор дар ҷомеа тавре худро матраҳ намудааст, ки мубаллиғон ва ҳам мунаққидон ба ӯ эҳтиром доранд. Аз ҳамин гуна маҳбубият дар Тоҷикистон сарватмандони камшумор бархурдоранд. Ӯ бо ин қадами сиёсиаш вориди як имтиҳоне шуд.

Ба таъсисёбии чунин як ҳизб хушбин ҳастам. Умедворам, ки Ҳизби "Тоҷикистони нав" дар кишвари мо нируи созандаи сиёсӣ бошад ва эътимоди мардумро ба даст оварад.

Sadii MahdiСаъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ:

- Чун ин ҳизби соҳибкорон аст, фикр мекунам, он тарафдорони зиёд пайдо намуда, яке аз ҳизбҳои асосӣ хоҳад шуд. Иқтисодиёт, пул дигар тарафҳои ҷамъиятро муайян мекунад ва соҳибкорон аз ин лиҳоз муваффақанд ва ҳамеша нақдина дар дасти онҳост. Аз ин ҷо онҳо метавонанд, дили интихобкунандагонро ба даст бигиранд (бихаранд).

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97