Даврони пас аз Ислом Каримов барои минтақа чӣ гуна хоҳад буд?

Сиёсат 08.04.2013 16:14

Islam karimovИслом Каримов президенти Узба-кистон гирифтори сактаи шадиди қалбӣ шудааст. Ҳатто бархе аз ма-нобеъ аз эҳти-моли даргузашти ӯ хабар медиҳанд, ки ҳадафмандона аз сӯи мақомоти он кишвар пинҳон дошта мешавад. Суоли мо ин аст, ки агар ин хабар-ҳо дуруст бошад, ба назари шумо даврони пас аз Ислом Каримов барои минтақа чӣ гуна хоҳад буд ва чӣ таҳаввулотеро интизор метавон буд?!

ShokirjonШокирҷон Ҳакимов, сиёсатшинос:

- Воқеияти таърихи сиёсии аксарияти кишварҳои минтақа дар ҳамин аст, ки марги табиъиӣ раҳбарони давлатҳо боиси иваз шудани онҳо мешавад. Вале на ҳама вақт дар сиёсати дохилию хориҷии ин давлатҳо таҳаввулоти ҷиддиро мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан марги президенти Туркманистон ва ба ин мақоми олии давлатӣ интихоб гардидани шахси дигарро мисол овардан мумкин аст. Аммо ҳамзамон бояд зикр намуд, ки вобаста ба шахсияти президент Каримовро иваз кунанда таҳти таъсири кадом давлатҳо ва нируҳои дохилӣ будани ӯ эҳтимолияти аз нав баррасӣ намудани муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро интизор шудан вуҷуд дорад. Бо риояи манфиатҳои миллӣ густариши робита бо ин кишвари ҳамсоя ба фоидаи шаҳрвандони ҳар ду давлат мебошад.

BobojonБобоҷони Қаюмзод, раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ:

- Албатта дар сиёсати навин аз байн рафтани як шахс дар як кишвар набояд таъсири чандоне дошта бошад. Ба шарти оне, ки системаи дуруст дар кишвар ба вуҷуд омада бошад. Аммо дар кишварҳои ҷаҳони севвум ва махсусан Осиёи миёна системаҳо фардмеҳвар ҳастанд. Бинобарин аз байн рафтани раҳбар метавонад системаро дучори тазалзул ва чолиш кунад. Дар чунин низомҳое маъмулан баъди аз байн рафтани раҳбар чанд гуруҳ барои ба қудрат расидан талош хоҳанд кард ва баъзан ин талошҳо метавонад сабаби нооромӣ ҳам шавад. Аммо дар кишваре, ки шадидан аз тариқи нируҳои амниятӣ идора мешавад, чолишҳо бештар пинҳонӣ ва паси пардагӣ анҷом мешаванд. Бинобарин ба назар мерасад пинҳон доштани ин хабар ҳам барои сару сомон додан ба ҳамин чолишҳо бошад.

Аммо баъди Каримов ҳам ба ин зудиҳо фикр намекунам дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин кишвар тағйироте ба вуҷуд биёяд. Зеро нируҳои мухолиф дар ин кишвар чандон таъсире надоранд. Аммо дар дарозмуддат шояд рақобати гуруҳҳои хоким дар ин кишвар сабаби ба вуҷуд омадани бархе озодиҳо ва рақобатҳои нисбатан озод шавад. Зеро вақте гуруҳҳои қудратманд барои қудрат талош кунанд, маҷбур мешаванд бархе талаботи ҳамдигарро бипазиранду бархе меъёрҳоро қабул кунанд, ки ин худаш метавонад то ҳудуде баъзе қонунҳои нонавишта ва ё қолабҳоро бишканад. Вале мутмаиннан ба фазои сиёсии ин кишвар ва ОМ бетаъсир нест.

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, соҳибназар:

- Ба фикри ман сиёсати хориҷии Узбакистон хусусан нисбати Тоҷикистон бетағйир боқӣ хоҳад монд. Дигар ин ки тағйири сиёсати Узбакистон ба шахсе, ки ба курсии Ислом Каримуф менишинаду зимоми умурро дар даст мегирад сахт вобаста мебошад. Ҳоло аниқ маълум нест, ки кӣ ҷойгузини Каримов хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол мо некбин ҳастем ва ба беҳтар шудани робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон дар оянда умед дорем.

BijanБижан Муҳаббатшоев, ҳуқуқшинос:

Ба фикри ман, дар натиҷаи раис ва ҳукумати нав пайдо намудани Узбакистон, сиёсати дохилӣ ва берунии он чандон тағйир намеёбад. Даҳсолаҳои охир сиёсати хориҷии бесуботи Узбакистонро нишон доданд, ки он аз як мавқеъ ба мавқеъи дигар париданҳо иборат буд (ҳамкориҳои сиёсӣ - низомӣ бо Федератсияи Русия, рӯ овардан ба ИМА, берун рафтан аз Созмони сиёсӣ - низомии давлатҳои муштаракулманофеъ- ОДКБ). Дар минтақа Узбакистон танҳо бо Тоҷикистон муносибати сардтарин дорад, ва ин ҳам пайваста ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, коммуникатсионӣ, экология ва марзи муштарак. Эҷод намудани мамониятҳо барои амалисозии ин лоиҳаҳо ва ба мавқеи ҳокими мутлақ дар ОМ баровардани Узбакистон дар сиёсати ҳукумати Каримов аввалият дошт. Ба гумон аст, ки раис ва ҳукумати нав аз ин авлавиятҳо даст бикашад.

Аловиддин Қосимӣ, хабарнигор:

- Ин барои аввалин бор нест, ки атрофи номи Ислом Каримов ҳар гуна овоза паҳн мешавад ва ба андешаи ман ҳато баъд аз марги Каримов ягон иттифоқи ҷиддӣ на дар дохили ин кишвар ва на дар мантақа рух нахоҳад дод. Зеро Каримов он шахсияте нест, ки баъд аз маргаш вазъи сиёсӣ ё амниятии мантақа ба ҳам резад. Он чи ки қобили пешбинӣ аст, ин даъво бар сари мероси Каримов аст. Ман фикр мекунам, ки кайҳо давлат ва ҳукумати Узбакистон аз таҳти нуфузи Каримов берун шуда ва нафари дигар онро идора мекунад.

Behruzi zabehuloБеҳрӯзи Забеҳулло, коршиноси минтақаӣ:

- Мусалламан ҳар гуна ҷо ба ҷоийи қудрат дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон, ки муддаии қудрати минтақаӣ ҳаст, дигаргуниҳои махсусеро дар минтақа эҷод хоҳад кард. Осиёи Марказӣ дар остонаи як таҳаввулоти ҷиддӣ ва ҷадид қарор дорад. Дар низомҳои сиёсии ин минтақа дидгоҳ ва салиқаи шахсии раҳбарон, фаротар аз иродаи системаи сиёсӣ қарор дорад ва равобити ин кишварҳо низ бар асоси хост ва тамоюли шахсии онҳо шакл мегирад. Бинобарин, пешбинии раванди таҳаввулоти ин минтақа ба навъи нигоҳ ва гаройиши ҷонишини ояндаи қудрати сиёсӣ дар Тошканд бастагӣ хоҳад дошт. Ҳамчунин гаройиши ҷонишини эҳтимолӣ ба самти қудратҳои бузург ва созмонҳои байналмиллаливу минтақаӣ низ аз омилҳои дигари тайинкунандаи сиёсати Тошканд дар қиболи кишварҳои ҳамсоя дар оянда хоҳад буд. Чунин ба назар мерасад, стратегияи сиёсии Тошканд дар баробари Душанбе ба зудӣ тағйир намекунад, аммо ба хотири ҳифзи оромиш ва таъмини амнияти дохилии кишвар ба таври тактикӣ раҳбари ояндаи Тошканд эҳтимолан дар равобити хеш бо Тоҷикистон сиёсати нармтареро дар пеш бигирад. Ҳамчунин таъсирпазирии мақомоти ояндаи Тошканд аз меҳвари Вашингтон-Маскав низ дар муносибати дуҷонибаи Узбакистон бо Тоҷикистон низ таъсиргузор хоҳад буд. Агар Тошканд ба меҳвари Маскав гаройиш пайдо кунад, Тоҷикистон аз тариқи созмонҳои мавҷуд дар чаҳорчӯби Иттиҳоди давлатҳои мустақил роҳаттар метавонад мушкилоти худ бо Тошкандро ҳаллу фасл кунад, дар ғайри ин сурат, сардӣ дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя ҳамчунон сояи сангини худро ҳифз хоҳад кард.

Ahmadshoh KomilzodaАҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгар:

- Хабари хуб аст. Аслан аз нигоҳи мантиқ ба маргу бадбахтии дигарон хушҳолӣ намекунанд. Вале асли зиндагии минтақаи мо тарзе шудааст, ки ночор ба ҳама бадбахтии Каримуф ва сиёсати ӯ бояд хушҳол шуд. Агар касе ин тавр нест, дурӯя аст. Магар не?

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97