Андешаи Нурӣ дар пушти деги ош гум шуд

Сиёсат 29.03.2013 15:01

Ё Устод Нурӣ ошихудоихур набуд

Nuri va TurajonzodaNuri va TurajonzodaБидуни шак, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони касе, ки имзои дуввумро дар Созишномаи таърихии сулҳ ва ризояти миллӣ, гузоштааст, яке аз шахсиятҳои истисноии таърихи муосири халқи тоҷик аст ва месазад, ки аз ӯ ёд кард ва ба хотираи ӯ маҷлис гузошту матлаб навишт. Мутаассифона, дар ҷомеъаи асолатбохта ва бемор андеша ва хирад ҷойгоҳ надорад.

Маҳфиле, ки ба ёдбуди С. А. Нурӣ баргузор шуд, "Андешаҳои С. А. Нурӣ ва манфиатҳои Тоҷикистони муосир унвон дошт". Аммо чун ҷомеъа, ки хирадгаро нест ва шуури содашудаи мардум (асолатбохта) умдатан думболи ҳангома меравад, ба ин далел аст, ки дар рӯзи ёдбуди Устод Нурӣ андешаи ӯ ва андешагароӣ дар пушти "деги ош" пинҳон монд. Ҳич расонае аз андеша ва ҳатто муҳимтарин ҳарфу ҳиҷое, ки дар ин маҳфил раду бадал шуд, сухане пеш наовард, гӯё касе ҳарфе нагуфт ва ҳарфе нашунид. Аммо ба зудӣ расонаҳои ҳангомаҷӯ унвонҳои хубе пайдо намуданд, мисли ин ки деги оши Нуриро дуздиданд ва милисаҳо монеъ аз вуруди ашхос ба манзили ӯ шуданд ва деги ошро ба сағерахона бурданд ва ҳамсони ин. Ба сароҳат бояд гуфт, ки кори хубе шуд, ки ошро муллоҳои сер ва ҳамеша сари иштиҳо неву сағераҳо хурданд. Кӣ ба ин мухолиф аст? Устод Нурӣ, ки худашон оши худоихур набуданд. Ҳамин оши худоихурӣ ин миллатро ба ин рӯз овардааст. Ба таъбири шоир, ки;

Ҳама парвардаи оши наҳорем,

Ҳама хӯкардаи оши наҳорем.

Ба ҷуз дарди шикам дарде надорем,

Ба ҷуз марди шикам марде надорем.

Агар ба ҷуз марди шикам марде ва рӯзноманигори соҳибназаре, медоштем, ба ҷуз деги ош роҷеъ ба андеша низ чизе менавиштанд, на ин ки унвони аслии ҳамоиш ёдашон мерафт. Иттифоқан чанд рӯзи пеш расонаҳо қавлеро аз Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон нақл намуданд, ки гуфтааст "… Додани закот, ушр (даҳяки ҳосили зироат) ва садақот ба ҳизбҳои сиёсие, ки барои эълои калиматуллоҳ (ислом) фаъолият мекунанд, ҷоиз аст ва савобаш бештар аст аз додани таом ба мардум дар хайру худоиҳо". Инчунин расонаҳо гуфтанд, ки бародарон Тураҷонзодаҳо низ ба далели ҳузури нируҳои милиса вориди манзили Устод Нурӣ нашуда ва аз роҳ бар гаштаанд. Агар ҳамин мантиқи қозии собиқро асос қарор диҳед, мешавад гуфт, ки беҳтар аст, оши худоиро сағераҳо бихуранд.

Албатта бояд инро низ бигӯем, ки Қонуни танзим як қонуни нодаркор ва беҳуда аст. Ин қонун ба масобаи дастдарозӣ ба зиндагӣ ва дастурхони мардум аст. Давлат набояд ба ин масъала, ки як нафар мехоҳад ба чанд нафари дигаре нон бидиҳад ва ё зиёфат кунад, мудохила намояд, назорати дастурхони мардум ҳаргиз ва дар ҳич даврае аз таърих ҷузъи вазифаи давлат набудааст. Балки таъмини дастурхони мардум ҷузъи вазифаи давлат аст. Аммо феълан бархе аз мақомдорон инро баръакс мебинанд. Ҷои тааҷҷуб ҳам надорад, дарку салиқаву саводашон ба ҳамин мерасад. Ин баҳси дигар аст, ки бояд дар заминаи ислоҳи ин қонун сурат бигирад. Вале ин ҳам ба он маъно нест, ки фарҳанги сарфу харҷ дар ҷомеъа мавҷуд набошад ва мардум иқтисоди хонаводаро танзим намуда натавонанд. Ин ҳатмист, аммо инро бо қонун намешавад кард, ин бояд ба расму одат ва фарҳанг дар биояд.

Баҳси ҳоло ин аст, ки чунин қонуне хуб ё бад вуҷуд дорад ва он бояд риоя шавад.

Акнун дар бораи андеша. Афроди зиёде дар ин маҳфил аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ зикри хайр намуданд ва ба саҳми ӯ дар барқарории сулҳ пардохтанд. Як нуктаи ҷолиби ин суханрониҳо роҷеъ ба саҳми Нурӣ дар густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар диндорӣ ва сиёсатмадорӣ буд. Ин асл, яъне бурдборӣ ё тавре мегӯянд, таҳаммулпазирӣ, тамкин ва гузашт дар воқеъ барҷастатарин буъди шахсияти Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки ӯро аз дигарон мубарро медошт. Домуллое, ки роҷеъ ба ин мавзуъ суҳбат мекард, ин хислати ӯро бархоста аз андеша ва таъсири мактаби исломӣ медонист. Ин албата дуруст аст, аммо танҳо дин нест, ки шахсияти Нуриро барҷаста карда буд. Агар Нурӣ танҳо диндор мебуд ва миллат намедошт, марди сулҳ низ намешуд. Албатта С. А. Нурӣ ба унвони як шахси диндор вориди мубориза шуда ва аз ин тариқ эътибор касб намуд. Аммо наметавон эътироф накард, ки дар поёни умри хеш, бо ақди созишномаи сулҳ ба баъд, буъди миллии шахсияти ӯ бештар ба намоиш омад. Ба ҳар ҳол, ба як калима ба қавли Тоҳири Абдуҷабор, Ӯ як шахсияти миллӣ буд: "Оқои Нурӣ як марди ботамкин ва дурандеш буд, касе буд, ки аз таассубу тангназариҳо хеле дур буд. Марде ки болотар аз ин чизҳо буд. Ва хуб дарк мекард, ки манофеъи миллии Тоҷикистон чӣ ҳаст ва барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд чӣ гуна рафтор кард".

Ё Ҷумъабой Ниёзов, раиси фақиди ҲДТ нақл мекунад: "… Ман шоҳиди як суханронии устод Нурӣ дар назди муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Қундузи Афғонистон будам. Он кас гуфтанд, ки ҳоло зарурати боло мондани идеали миллиро аз идеали динӣ мебинанд, бояд хоки ватанро нигоҳ дорем ва якпорчагии онро таъмин кунем. Ин буд бузургии шахси руҳоние, ки зарурати якпорчагии миллату давлатро болотар аз ғояҳои динии худаш медонист".

Аммо Абдулмаҷид Достиев, муовини Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар КОМ ва аз шахсиятҳои муҳимми саҳнаи сиёсии 20 соли охири Тоҷикистон ин баҳсро ба вазоҳати бештаре хулоса карда мегӯяд, ки; "Устод Нурӣ ваъда дода буд, ки барои расидан ба сулҳ тамоми афродеро, ки дар даст силоҳ доранду меҷанганд, халъи силоҳ хоҳад кард ва ин масъулияташро иҷро кард".

Аммо акнун, дар бораи имрӯз ва имсол. Муҳимтарин суханроние, ки дар ин маҳфил паёмҳои ҷиддитар ва андешаҳои қобили тафаккур дошт, аз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ буд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар сулҳ ва сохтани эътимоди ваҳдати миллии Тоҷикистон, табиист, ки нақши аз ҳама бештарро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар доранд. Ва ҳич касе барои сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба андозаи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон хидмат накардааст. Ва касе ҳам ки  бештар аз ҳамаи дигарон ба Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳ кумак кардааст, Саид Абдуллоҳи Нурист. 

Кабирӣ инчунин гуфт, ки сулҳ, ваҳдат ва субот дар воқеъ арзиши воло ҳастанд, аммо дар гузашта, ки мо субот ва сулҳ надоштем, арзиши боз ҳам волотаре буданд. Аммо феълан, ки субот ва ваҳдат дорем, ниёзмандиҳои дигари иҷтимоӣ пеш омада ва ба арзиш табдил мешаванд.

"Арзишҳо вобаста ба шароит фарқ мекунанд. … имрӯз дар баробари ин арзишҳои боло чанд арзиши дигар илова шуд, мисли озодӣ, ҳуқуқ, рушд ва баробарӣ. Чаро мо инҳоро ҳамчун арзиш дар паҳлӯи амнияту субот эътироф накунем?"

Ҷаноби Кабирӣ дар ниҳоят ба ин пурсиш расиданд, ки "агар ин суолро назди худ матраҳ кунем, ки Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ имрӯз мебуданд ва бо он андешаву сабру таҳаммулу дидгоҳе, ки доштанд, дар ин шабу рӯз чӣ тасмиме мегирифтанд? Чӣ сиёсатҳоеро роҳандозӣ мекарданд?" Ва гуфт, ки посухи ин суол барои ӯ сода нест, вале медонад, ки "Ӯ бо такя ба Қуръону суннат ва бо ҳифзи арзишҳо ва ақида ва бо назардошти шароиту замону макон ва манфиатҳои мардуму миллат тасмим мегирифтанд".

Кабирӣ таъкид кард, ки ба ҳамин шева ва ба ҳамин роҳ дар тасмимгириҳо бояд идома диҳанд.

Аммо аз миёни ин адабиёт кадом калимоте ба бархе аз собиқадорони ҳизб писанд наомад ва пинҳону ошкор ба танқиди Кабирӣ пардохтанд. Мавлавӣ Абдулҳай, ки аз ӯ хостанд дуои хатми маҷлисро бикунад, ба ҷои ин ба лаҳни шухиву киноя гуфт, ки ба "суханрониҳои раис ва ба беҷуръатияш эътироз дорад". Ӯ ба амалкардҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ба бархурди ӯ ба ҳалли масоил ишора намуд ва гуфт, ки имрӯз бархе қонуну меъёрҳое ҷорӣ мешавад, ки ба эътиқоди ӯ қобили иҷро нестанд ва ӯ онҳоро иҷро намекунад. Манзури ӯ шояд ин буд, ки дар ин мавридҳо бояд раиси ҲНИТ мавзеъгирии қотеътар ва шадидтаре дошта бошад. Ӯ мегуфт, ки дар замони Устод масъала ба ин тавр ҳал мешуд ва суол мекард, ки чаро акнун он тавр нест. Посухи Кабирӣ ба собиқадорони гиламанд бо эҳтиром, бо зарофат буд: Ҷамъе аз уммат пеши ҳазрати Алӣ меоянд ба шикоят ва мегӯянд, ҳазрат чаро дар замони хилофати ҳазрати Умар ин масъала ба ин гуна ҳал мешуд, дар замони халифаи дигар ба гунаи дигар ҳал мешуд, аммо ҳоло чунин нест? Ихтилоф ва мушкилот афзуда шудааст, чаро? Посухи Алӣ ин буд, ки дуруст аст, ки он замонҳо чунин мешуд ва барои он он тавр мешуд, ки он ҳазратҳо мисли мо пайрав доштанд. Ва ҳоло барои он ба ин гуна ҳал мешавад, ки ман мисли Шумо пайрав дорам. Ва ҳоло ҳам масъала ҳамин аст, Устод мисли мо пайрав дошт, мо мисли шумо дорем.

Ин ҷо маҷлис хатм шуд. Аммо ин ба маънои ҳал шудани ба тафаккур дар ҷомеъа, хоса дар миёни аъзои ҲНИТ ва дар маҷмуъ дар миёни ҷонибдорони исломи сиёсӣ аз як сӯ ва аз дигар дар миёни ин гуруҳҳо ва давлат нест. Ин нишоне аз ташдиди баҳс ва доғ шудани масъалаи мазҳабгароӣ дар ҷомеъа мебошад.

Раиси ба истилоҳ "на руҳонии комил ва на дунявии тамом"-и ҲНИТ ҳоло дар миёни чаҳор дарёст ва бояд аз ин мавқеъ бидуни олоиш берун биояд. Ӯ дар ду ҷабҳа бояд нируи худро масраф кунад. Аз як сӯ рақобати сиёсӣ бо аҳзоби дигар ва хоса ҳизби ҳоким, яъне вазифаи аслии ҳизбии худаш. Аз сӯи дигар, мушкилтар аз муборизаи сиёсӣ барои ба даст овардани як курсии порлумон қаноъат додан ба гуруҳҳои дохилии ҲНИТ, албата пеш аз ҳама аз нигоҳи фикрӣ. Чун феълан раиси умдатан ислоҳталаб ва навгарову умдатан миллии ҲНИТ ба чанд чолиши дохилӣ мувоҷеҳ аст. Яке руҳониёни солори сунат ва усулгаро ва дигаре ҷавонони таъсирпазир аз таҳаввулоти ҷорӣ ва дунёи берун ва гоҳе сахт бунёдгаро. Ин ҳам дар ҳоле ки давлат барномаи мушаххаси танишзудоии ҳисобшуда ва ба зиндагии сиёсии дар чаҳорчӯби низоми дунявӣ моил намудани нируҳои мазҳабӣ-сиёсирро надорад. Бо таваҷҷуҳ ба он чи ки дар баҳсҳои фикрии гуруҳҳои мазҳабӣ ва мазҳабӣ сиёсӣ мушоҳида мешавад, дар ин моваро муҳимтарин шахсияте, ки метавонад ба давлат дар коҳиши рушди тундгароии динӣ ва ташаннуҷзудоии мазҳабӣ кумак кунад, шахси Кабирӣ мебошад.

Ҳоло ҲНИТ дар рӯ ба рӯи як чолиши бузург қарор дорад. Ё ин чолиш метавон гуфт, ҳамчунон идома дорад. Аммо он барои аксари аъзои он қобили дарк нест, бештар аз ҳама онро худи Кабирӣ эҳсос кардааст ва хоҳад кард. Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба қавли А. Достиев "миссияи худро пура иҷро кард" ва рафт. Ҳамин суол ҳоло пеши Кабирӣ матраҳ аст. Ба назари ман фаросаташ посухи ин суолро камобеш барояш додааст, ки метавонад ба истилоҳ "пурра рисолати худро иҷро кунад?". Суоле, ки мехоҳам атрофи он ин навбат бо ӯ мубоҳиса кунам. 

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97