Ё сангандозӣ ба мурдагон чаро?
Аллома Иқболи лоҳурӣ дар шеървораи "Пас чи бояд кард эй ақвоми Шарқ?", хитоб месозад ба аҳли Шарқ, ки тамоми мушкилот ва печидагиҳои мардум, ғаму андуҳу дарбадарӣ, дар фақр ба сар бурдани бештари олам аз ноадолатиҳои Фаранг аст. Фарангро ба гурге шабоҳат медиҳад, дар пӯстини барра:
Одамият зор нолид аз Фаранг,
Зиндагӣ ҳангома барчид аз Фаранг.
Пас чи бояд кард, эй ақвоми Шарқ?,
Боз равшан мешавад айёми Шарқ.
Гурге андар пӯстини баррае,
Ҳар замон андар камини баррае.
Мушкилоти ҳазрати инсон аз ӯст,
Одамиятро ғами пинҳон аз ӯст.
Сангандозӣ ба мурдаҳо чаро?!
Борҳо аз забони хосу омм дар мавриди бедодгариҳо, қатлу куштори Ҳитлер (Гитлер), Сталин, Ленин ва бархеи дигар шахсиятҳо ҳарфҳое садо медиҳад, ки гӯё дар олам аз инҳо дида бедодгартаре набуда. Чи расад ба мардуми омм, равшанфикрон ва зиёиён низ пайваста аз онҳо, хусусан аз Ҳитлер ба унвони як қаттол ёд мекунанд. Ҷое хонда будам, ки донишҷӯе аз Ленин ба унвони ҷинояткор ном мебурд. Сталинро низ ба диктатурӣ ва шахспарастӣ иттиҳом намуда, аз репрессияҳои сталинӣ ба унвони куштор ва бедодгарии ӯ ёдовар мешаванд. Аммо суол ин аст, ки чаро аз ин ҳама бедодгариҳои шахсиятҳои асри навин, ки дар ҳаётанд ном намебарем? Ҳамлаҳои Бушу Обама ба Ироқу Афғонистон, магар камтар аз куштори Ҳитлеранд? Ленин ва Сталин ба ивази ин ҳама репрессия ва бадарғаҳо ҷамъияте барпо сохтанд дар пояи адолат, дар пояи ах-лоқ, дар пояи низом. Онҳо на барои худ моле андӯхтанду на барои фарзандони хеш. На кушкҳои боҳашамате бино карданду на мошинҳои гаронбаҳое доштанд. Онҳо барои ақида мубориза мекарданд. Ҳокимият ҳам ба мардум дар ҳамон низоми сотсиалистӣ тааллуқ дошт. Чаро камтар аз ин адлу инсофу ахлоқ ёд мешаваду бештар аз куштору қатли ин шахсиятҳо?
Сталинро таърих баҳо додааст
Чун марги яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи дунё, барпокунандаи низоми сотсиалистӣ, низоме, ки хушбахтӣ ва саъодати мардуми беш аз 15 кишвар ва чандин кишварҳои блоки сотсиалистиро таъмин кард, Сталин ба ҳамин моҳ рост меояд, мухтасаран дар бораи зиндагии ӯ ёдовар шавем, то дар қиёс ба бархе сарварони қотили олами имрӯза, фарқе гузошта бошем, ки кадомин хунхортаранд.
Устод Бозор дар шеъри "Сталин ва Сталинобод" иброз медорад:
Ман ҳам аз як парваришгоҳи ҳамон шаҳрам,
Дар ҳамон ҷо куртаи нав, шими нав пӯшида будам,
Дар ҳамон ҷо пойи ман попӯширо дид,
Дар ҳамон ҷо бори аввал нони серӣ хӯрда будам,
Дасту рӯямроба собун шуста будам…
Сурати бечорчӯби Сталин дар пешгоҳаш буд,
Сураташро ман, ки аввал дар ҳамон кӯйи сағирон дида будам,
Аз ҳамон кӯйи сағирон
Сураташ оинапӯш
Дар лавҳаи чашми ман аст умре;
Мезанам мижгону гарди сураташро
Ман ба мижгон мекунам пок.
Решаҳои авлодӣ ва даврони кӯдакӣ
Иосиф Ҷугашвили дар хонаводаи гурҷӣ (дар бархе аз сарчашмаҳо, ба қавми осетинӣ тааллуқ доштани гузаштагони Ҷугашвили низ баён шудааст), дар шаҳри Гори губернияи Тифлис чашм ба олами ҳастӣ гушодааст.
Падараш, Виссарион Иванович Ҷугашвили кафшдӯз - ҳунарманд буд. Баъдтар коргари фабрикаи пойафзолбарории фабрикант Г. Г. Одилханов, дар Тифлис буд. Баъди баргашт ба шаҳри Гори, ба кушоиш ва идомаи кори шахсии худ пардохт.
Модараш, Екатерина Георгиевна, аз оилаи деҳқони безамину фақир (крепостного крестьянина), боғбон Геладзе аз деҳаи Гамбареули ва худаш ба ҳайси хидматгорзан (зуғолфурӯш) кор мекард.
Рӯзи таваллуди Сталин 9 (21) декабри соли 1879 (ихтилоф дар дақиқ набудани рӯзи таваллуд дар натиҷаи иштибоҳи коргузорон рух додаст- Ҷ.Қ.), таъйин шудааст.
Иосиф (Сталин) фарзанди саввум дар хонадон буд. Ду фарзанди қаблӣ дар кӯдакӣ ҷон бохтанд. Баъди чанд муддати ба дунё омадани Иосиф, падараш аз ҷойи кор маҳрум гашт. Оила зуд - зуд макони зисти худро иваз мекард, ки дар натиҷа падари Иосиф, Виссарион аз ҳамсараш ҷудо шуд ва хост писарашро ба ҳамроҳ бигирад, аммо Екатерина ба ин розӣ нашуд.
Дар панҷсолагӣ, дар соли 1884 Иосиф ба маризии оспа дучор шуд, ки ин маризӣ барои ҳамешагӣ дар рӯйи вай доғи худро гузошт. Дар соли 1885 зери чархи фойтун монд, билохира пойю дастҳояш зарби шадид хӯрданд, ки дар тамоми ҳаёт дасти чапаш ба мушкил аз оринҷ қатъ мешуд.
Баъдтар худи Сталин ба хотир меорад: "Дар наҳзатҳои инқилобӣ ҳангоме, ки 15 сол доштам, бо гуруҳҳои махфии марксистони рус, ки дар Закавказе зиндагӣ менамуданд, пайвастам. Ин гуруҳҳо таъсири хубе бароям ба ҷой гузоштанд ва дастрасӣ ба адабиётҳои марксистиро таъмин намуданд".
Дар солҳои 1901 - 1902, Иосиф аъзои кумитаи РСДРП (Российская социал-демократическая рабочая партия)-и Тифлис ва Батуми буд. Соли 1901 Сталин дар ҳолати ғайрилегалӣ корпартоӣ ва намоиши коргарони корхонаҳои бакинскйро ташкил намуд. 5 апрели соли 1902 дар Батуми барои якумин бор, Сталин дастгир шуд. Баъди якуним соли зиндон ба Сибири Шарқӣ бадарға шуд. Баъди бештар аз як моҳ якум фирори худро содир намуд ва дубора ба Тифлис баргашт.
Дар шаби 16 июли соли 1906 дар серкови Святои Давид дар Тифлис, Иосиф бо Екатерина Сванидзеи 17 сола издивоҷ намуд (ин якумин издивоҷи Иосиф буд). Баъди 3 соли издивоҷ Екатерина аз бемории тиф ҷон бохт. Болои қабараш Сталин ба иштирокдорони ҷаноза рӯ оварда иброз намуд, ки дилаш ба баъд аз ин ба санги сарде табдил шуд, вай тамоми ҳиссиёташро ба одамон аз даст дод. Аз ин издивоҷ дар соли 1907 писари якуми Сталин, Яков таваллуд шуд.
Ҳамин тариқ панҷ дафъа Иосиф ба бадарға фиристода шуд ва ҳар панҷ маврид фирор намуд.
Баҳори соли 1918 Сталин бори дуввум бо духтари револютсионери рус С. Я. Аллилуева, Надежда Аллилуева издивоҷ намуд.
24 марти соли 1921 дар Маскав, аз зани дуввумаш (Надежда Аллилуева) писар ба дунё омад, ки номашро Василий гузоштанд. Василий ҳамроҳ бо писархонди падараш Сталин, Артём Сергеев ба тарбия ва таълим фаро гирифта шуд.
9 ноябри соли 1932 Надежда Аллилуева ба худкушӣ даст зад. Ба гувоҳии шоҳидон дар ҷанозаи Надежда, Сталин бо шиддат гиря мекард, дар ҳоле ки писари 11 солааш, Василий ӯро дилбардорӣ мекард. Зеро Сталин Надеждаро бениҳоят дӯст медошт.
Сталин соҳиби ду писар, Яков (аз зани якум) ва Василий (аз зани дуввум) ва духтараш Светлана низ аз зани дуввум буд. Тақдири ҳар се ҳам ба фоҷиъа анҷомид.
Яков дар асорати немисҳо афтод ва он ҷо ҷон дод. Ба Василий ва Светлана падар чандон ба меҳр наменигарист. На писар ва на духтараш натавонистанд меҳри падариро дар ӯ бедор созанд. Василий баъди марги падар дар зиндон афтод ва на он қадар солхӯрда ҷон бохт. Светлана аз ватан фирор намуд.
Ҳангоме, ки Светлана ба сини 18 расид, ба ҳамсинфи бародараш Григория Марозов издивоҷ кард. Падар аз домодаш Григория, ки яҳу-дӣ буд, сахт норозӣ буд, гилаомез ба духтараш хитоб намуд; "Черт с тобой, делай, что хочешь..."
Марги Сталин
1 марти соли 1953 дар ошхонаи хурди бӯстонсарои давлатӣ Сталини дар фарш хобидаро корманди муҳофиз Лозгачёв пайдо намуд. Субҳи 2 март табибон он ҷо омада ва фалаҷшавӣ аз ноҳияи рости доҳиро ташхис намуданд. 5 март соъати 21 - у 50 дақиқа Сталин аз дунё даргузашт. Марги доҳӣ 5 марти соли 1953 эълон шуд. Мувофиқи хулосаи табибон, марг дар натиҷаи хунравии мағзи сар ба вуқуъ пайвастааст.
Ҷасади мумиёшудаи Сталин дар Мавзолейи Ленин ҷой дода шуд, ки аз соли 1953 то соли 1961 бо номи "Мавзолейи В. И. Ленин ва И. В. Сталин" маълум буд. 30 октябри соли 1961 съезди 22 КПСС тасмим дар бораи "ба таври ҷиддӣ вайрон кардани паймонҳои ленинӣ аз сӯи Сталин"- ро далел қарор дода, шаби аз 31 октябр ба 1 ноябри соли 1961 ҷасади Сталин аз Мавзолей бардошта шуд ва дар мақбараи дар "Кремлёвской стены" ба хок супурда шуд.
Баҳогузории шахсияти Сталин аз забони муъосиронаш
Бернард Шоу (1856 - 1950), дорандаи лаурети Нобелӣ менависад: "Сталин як марди бисёр хуб ва як роҳбари воқеъии синфи коргар буд". "Сталин гигант аст ва дигар ходимони ҷамъиятии ғарб дар баробараш ҳақиру нотавон". Нависандаи инглис Герберт Уэллс (1866 - 1946) роҷеъ ба Сталин менависад: "Ман одамеро чун Сталин содиқ, бонизом ва боадолат ҳаргиз надидам. Дар ниҳоди ӯ ҳеч бадӣ ва шайтанате нест ва маҳз ҳамин сифаташ боис гашта, ки ҳукумати бузургеро дар Русия идора кунад. Ман қабл аз вохӯрӣ бо Сталин дар борааш мумкин гумони бад доштам, зеро мардумон аз ӯ метарсиданд. Аммо ман ба хулоса омадам, ки ҳамааш баръакс, касе аз ӯ наметарсад ва ҳама ба ӯ бовар доранд. Сталин аз хислатҳои макру ҳиллагарии гурҷӣ комилан орӣ буд." Суханони нависандаи франсуз Анри Барбюса (1873- 1935) дар адабиёт машҳуранд: "Сталин ин Ленини имрӯзист. Ин марди чун оҳан мустаҳкам аст. Насабаш ба мо дар асл образи ӯро ифода мекунад, яъне Сталин дар ҳақиқат пӯлод аст. Ин одам бо мағзе олимона, бо рӯе коргарона ва дар либоси афсари одӣ таҷассум ёфтааст".
Баҳогузории Сталин аз сӯи пешвоёни давлатҳои хориҷа
Президенти ИМА Ф. Рузвелт соли 1943 дар бораи Сталин чунин ёдовар мешавад: "Ин шахс медонад ва метавонад чӣ гуна амал кунад. Мақсади ӯ доим пешорӯяш аст. Кор гирифтан бо ӯ боиси ризоят аст. Дар каломаш суханони берун аз тафсил вуҷуд надорад. Ӯ суолеро барои муҳокима ироъа мекунад ва ҳаргиз аз мақсади суоли матраҳшуда канор намегурезад".
Сарвазири Британияи Кабир У. Черчилл 8 сентябри соли 1942 дар бораи Сталин ёдовар мешавад: "Ин комёбии бузург аст барои Русияе, ки дар ҳолати муборизаю ранҷу ноумедӣ, чунин пешвое бузург ва раҳбари низомии қавӣ дорад. Ӯ бешак пурқувват ва шахсияти барҷаста аст, ҷавобгӯ барои замоне тираву тори ҷангу бенизомӣ, шахсе шуҷоъ ва соҳибқудрат, рост ва ногаҳонӣ дар суханронӣ…".
Рейхсканслери Германия Адолф Ҳитлер 22 июли соли 1942 дар бораи Сталин мегӯяд: "… Артиши Сурх - беҳтарин исбот барояш ин ки бо ёрии ин ҳаракат комёбиҳои фавқулодда дар кори тарбияи коргарони рус ба навҳаи хоси бедории зеҳну руҳ муваффақ шаванд. Ва инчунин ба Сталин бо як руҳияи эҳтироми хос муносибат намоянд. Ӯ дар асл дар роҳи худ як навъ нобиға аст".
Тақлиди кӯркӯрона
Набудани истиқлолияти таҳлилӣ ва фикрӣ дарак аз он медиҳад, ки аз ҳар шахсиятеву кишваре ба унвони қотил ва ғоратгар ном бубарем. Натиҷаи таҳлилҳои тақлидӣ ин аст, ки Олмон ба сифати кишвари фашистӣ дар ёдҳо нақш бастааст. Яҳуд ҳар сол мардуми ҷаҳонро мехоҳад ба ин бовар оварад, ки Гитлер ба генотсиди яҳудҳо даст дошта бошад. Вале касе намепурсад, ки сабаби шуруъи ҷанг чӣ буд. Сабаби шуруъи ҷанг боз ҳамин ҷуҳудҳои фитнагар шуданд. Қатли консули Олмон дар Фаронса аз ҷониби яҳудҳо сар зад ва сабаби оғози ҷанг гашт. Имрӯз ҳама шоҳиди ғоратгарӣ ва куштори мардуми Фаластин аз тарафи Исроиланд. Дар ҳақиқат генотсиди мардуми Фаластин аз ҷониби яҳудҳо идома дорад, ки ин кор бешак кори дасти Амрико низ ҳаст. Аз конслагерҳои Олмон дар тамоми олам ҷор мезанад, вале бисёр кам аз зиндонҳои Гуантанамо ёд мешавад. Магар азобе, ки дар зиндонҳои Гуантанамо аст, камтар аз азоби конслагерҳои Олмон аст? Чаро Амрикои фашистӣ нею Олмони фашистӣ? Ба қавли Бозор ба Хирасима ва Нагасаки на Германияи фашистӣ, балки Амрикои башардӯст бомбаи атомӣ партоб кард:
Ба Хирасима ва Нагасаки на Германияи ба қавли
ҷуҳудҳо фашистӣ бомбаи атомӣ партофт ва на
СССР - коммунистӣ,
Америкаи "демократӣ" партофт.
Америкаи "демократист, ки кулбаҳои пахсагии
Афғонро бомбаборон мекунад,
Каппаи африқоиро оташ мезанад,
Кӯдакҳои арабро тарконда бе дасту по месозад.
Хуни писарони Садом Ҳусейнро
(Ҳамчун хуни Сиёвуш Афросиёб,
ҳамчун хуни имом Ҳусайн аз бани-
Муъовия) аз сионизми хунхор, ки ба ноҳақ рехт
ситонед, ситонед!
Америка+Британия+Канада=фашизм,
Америка+Британия+Канада=терроризм.
Магар куштору қатли Буш камтар аз Гитлер аст?
Аз ҷанги дуввуми ҷаҳон, яъне ҳамлаи Гитлер ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва забти бархе кишварҳои Урупо ҳама бохабаранд. Чи қадар одамон дар ин ҷанг ҷони худро бохтанд, вайронию харобиҳо ба вуқуъ пайваст, касе инро инкор намесозад. Аммо чаро аз воқеъияти имрӯз ва куштору қатли давлатҳои абарқудрат ба мисли Амрико камтар мегӯем? Магар куштору қатли Буш камтар аз Гитлер аст?
Устод Бозор шеърворае аз тазоҳуроти заҳматкашони америкоӣ, шиъорҳои зеррро меорад:
"United States is glover terrorist."
"Stop U. S. imperialism."
"Impeach Bush."
"No war for capitalist profits."
Америка террористӣ ҷаҳонӣ!
Ҷилави империализмро бикашед!
Бушро ҷавобгар намоед!
Буш ҷиноятпеша аст!
Ва баъдан ҳуҷумҳои Бушро ба Ироқ ба тасвир мекашад:
Эй раққосаи ҳиндӣ!
Эй арғушти Тара Чандри!
Халҳолҳои дасту поятро бикушой,
Бояд аз инҳо дастбанди пӯлодин сохт
Барои бастани дасти хунолуди Буш,
Барои бастани дасти хунолуди падараш,
Ки дар даҳ сол се дафъа Ироқро
Бомбаборон карданд.
Ҷанге, ки Гитлер оғоз кард, ҷанги рӯёрӯӣ буд. Муддати панҷ сол давом кард, баъд аз ҷанг ҳам Олмон ва ҳам собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба корҳои созандагӣ пардохтанд. Дар муҳлати на он қадар зиёде аз нав ба по хестанд ва ба дастоварҳои зиёде ноил гаштанд. Вале Амрико ба ҳар кишваре, бо баҳонаҳои мухталиф ва бепоя ҳуҷум кард, он ҷо тухми фитнаҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва забониро кошт, ки то ҳамеша ҷаҳон боқист, дар он кишварҳо ҷангу қатлу куштору бадбахтист. ғоратгариҳои Амрикоро устод Бозор дар ростои Ироқ чунин ифода мекунад:
Янкиҳо Бағдоди афсонаҳои "Ҳазору
як шаб" - ро дар як шаб барбод доданд,
Чароғи сеҳрноки Алоуддинро, ки
ҳазор сол ин ҷониб месӯхт, куштанд,
шаҳри шаҳриёрону Шаҳрзоди афсонагӯро сӯхтанд,
Ва он қадар каргасҳои ғанимат
ҳуҷумиду рехту чанголу
минқор заданд, ки чизе намонд…
Таърих боз бори дигар собит сохт, ки давлате бо адолаттару раъиятпарвартару мардумитар аз Шӯравӣ набуд ва нест. Ҳеч давлатдоре бар пояи Сталин барои хушбахтии мардуми одӣ мубориза ва талош накардааст. Ва Олмонро, ки ба фашистӣ, (бештар ин ибораро яҳуд истифода мекунанд-Ҷ.Қ.), ном мебаранд, аз мардуми немис дида дар ҷаҳон мутафаккиртару мутаммаддинтаре нест.
Ҷамшеди Қувват