Тоҷикистон дар баробари толибон сиёсат надорад, чаро?

Сиёсат 17.03.2013 21:11

Тоҷикистон дар якқадамии ҳаюлое ба номи Толибон

TalibanТоҷикистон кучакатарин кишвари Осиёи Миёна маҳот (дар иҳотаи) ба хушкӣ ва кишварҳои туркзабон, душмании рӯзафзуни Узбакистон, дар чанголи ду қудрати минтақаӣ ва ҷаҳонӣ Русия ва Чин дар як қадамии ҳаюлои Толибон рӯ ба рӯ аст. Толибон гуруҳи исломгарои тундрав, бо бардошти сахтгирона аз қонунҳои исломӣ, чолиши бузурге барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар дарозмуддат сулҳ, амният ва оромиши ин минтақа аз ҷаҳонро барҳам хоҳанд зад.

Пайдоиши аҳзоби тундрав ва мазҳабӣ ва ба додгоҳ кашондани теъдоде аз афроди тундрав нишонаи рӯшане бар вуҷуди зуҳуроти ифротгароӣ дар Тоҷикистон аст.

Тарс аз зуҳуроти шуми ифротгароии динӣ, сиёсати мудирон ва ҳокимони минтақаро ба думболи роҳи ҳалле барои ин маъзал (мушкил) водошта ва шароити муносибе барои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ омода сохта то ҳар кадоме бо доштани маркази пажуҳишии пешрафта ҷои пое дар ин минтақа дошта ва манофеъи худро таъмин кунанд.

Таби тарс аз Толибон баъд аз хуруҷи нируҳои байналмилалӣ дар соли 2014 Русия - вориси аслии Иттиҳоди Шӯравии пешинро дар шароити беҳтаре нисбат ба Амрико ва қудратҳои дигар қарор дода то бештар нуфузашро дар минтақаи Осиёи Миёна мустаҳкамтар ва ҳокимони минтақаро мутеътар созад.

Ин тарзи тафаккур ҳамаи кишварҳои минтақаро маҷбур сохта  то ба навъе аз баъзе манофеъи миллии худ чашм-пӯшӣ карда ва заминаи дахолат ва ҳатто ҳузури физикии сарбозони кишварҳои қудратмандро дар қаламрави худ бипазиранд.

Ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз сиёсати кишварҳои қудратманд дар мубориза бо терроризм пайравӣ карда, бидуни дар назардошти ин воқеъият, ки аксарияти ҷамъияти ин кишварҳо мусулмон буда, бар хилофи кишварҳои қудратманд, ки мусулмонон дар он ҷо ақалияти мазҳабӣ мебошанд. Нобакории ин сиёсатро метавон дар ба вуҷуд омадани гуруҳҳои тундрав ва ҳамнаво бо Толибон дар ин кишварҳо мушоҳида кард.

Тоҷикистон кӯчактарин кишвар, бо надоштани ҳеч навъ шарики стратегӣ дар минтақа, доштани дарозтарин навори марзӣ бо Афғонистон, иқтисоди заъифтар аз кишварҳои ҳамсоя ва ду миллион муҳоҷири корӣ дар Русия дар сахттарин мавқеъият қарор дорад.

Тоҷикистон бар хилофи кишварҳои дигари минтақа бештарин муштаракоти фарҳангӣ ва забониро бо Афғонистон дорост, ки нуқтаи заъф ва қудрати ин кишвар ба шумор меравад. Бо нигоҳи гузаро ба Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муҷоҳиддини тоҷик дар Афғонистон метавон ба ин ҳақиқат пай бурд, ки Толибон фақат як гуруҳи мазҳабӣ нест. Ҳаракати Толибон бо контроли 90% аз қаламрави Афғонистон натавонист қавмҳои тоҷик, ҳазора ва узбаки ин кишварро ба худ басиҷ (ҳамроҳ) кунад. Ҳамаи раҳбарони раддаи болои Толибон фақат аз қавми паштун буданд ва вуҷуди шикофи қавмиро баъд аз Аморати Толибон дар Афғонистон метавон ба сароҳат мушоҳида кард.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури паштунтабор бо ҳимояти тоҷикҳо ва ҷомеъаи байналмилалӣ қудратро дар даст гирифт, аммо баъд аз сипарӣ шудани даври аввали президентиаш Толибонро бародар хитоб кард, магар раҳбарони аҳзоби дигар, касоне, ки дар қудрат бо Карзай саҳим ҳастанд, Толибонро ҳаргиз бародар хитоб накарданд.

Раҳбарии Толибон дар Афғонистон ва Покистон ва минтақаи таҳти назорати ин гуруҳ баёнгари як ҳақиқати ошкор, аммо нодида гирифташуда аст. Ва он ин ки Толибон фақат як гуруҳи қавмӣ ҳастанд, ки дар ду тарафи марзи Афғонистон ва Покистон ба хотири манофеъи қавмӣ аз ҳар навъ абзоре барои бартарихоҳӣ ва тасаллути қавмии худ истифода мекунанд.

Таҳрики Толибон аз соли 1994 то ба ҳол натавониста дар миёни ақвоми матраҳ дар Афғонистон ва Покистон қавми дигареро ба худ басиҷ ва ё ҳатто як раҳбари минтақаии ғайри паштун интихоб кунад. Агарчи наметавон аз ин воқеъият чашм пӯшид, ки Толибон қодир ба сарбозгирӣ аз миёни ҷавонони кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо низ будаанд. Аммо теъдоди ин ашхос ангуштшумор аст ва баёнгари пойгоҳи мардумиии Толибон дар он кишварҳо нест…

Кишварҳои қудратманди минтақа, Покистон, Ирон, Туркия ва Узбакистон ҳар кадоме бо кумак ба як қавм ё мазҳаби хос дар миёни гуруҳҳои қавмии Афғонистон шарики стратегияшонро баргузидаанд.

Покистон бо бештарин навори (хати) марзӣ бо Афғонистон, ки давлати Афғонистон онро ба расмият намешиносад; доштани ҳудуди сӣ миллион паштуни покистонитабор; душмани атомӣ ва қудратманде мисли Ҳинд, бо ҷамъияти беш аз як миллиард дар марзи ҷанубӣ ва ҳувияти навпои миллӣ баъд аз истеъмор дар сахттарин шароит қарор дорад. Вуҷуди ин чолиш (мушкили пеши рӯ)-и бузург сиёсатмадорони покистониро во дошта то аз ҳарбаи ифротгароии динӣ дар минтақа бо ҳама душманон истифода кунанд.

Вуҷуди сӣ миллион паштун Покистонро қодир сохта то қавми паштунро ба ҳайси шарики истротежик дар Афғонистон интихоб карда ва шароити омӯзиши ифротгарӣ барои ҳазорон ҷавони паштун дар мадориси динии Покистонро муҳайё созад то дар замони ниёз аз онҳо ба ҳайси абзори фишоре дар муқобили ҳукумати Афғонистон ва паштунҳои қавмгаро дар дохил ва хориҷи хокаш истифода кунад.

Ирон, бо системи навпои ҳукумати вилояти фақеҳ, душманӣ бо танҳо абарқудрати дунё, ҷоҳталабии минтақаӣ, душмании эълоннашуда бо аъроби сунии Халиҷи форс ва парадокси фарҳанги порсӣ ва исломии дувоздаҳ имомии вилояти фақеҳро дар ду роҳӣ додаю сиёсатмадорони ҷумҳурии исломӣ ҳамеша дар интихоби шарики истротежик дар Афғонистон байни порсизабонон ва шиъиён дудила буданд. Ин мавзуъро фармондеҳ Масъуд ба дурустӣ дарк карда буд.  Агарчӣ дар охир Ҷумҳурии исломӣ бо ҳамвор сохтан шароити таҳсил барои ҳазорон шиъаи афғонистонӣ дар мадориси мазҳабии Қум ва дигар манотиқи Ирон ва кумаки молӣ ва таслиҳотӣ ба ҳама аҳзоби шиъа бештарин сармоягузориро ба ин гуруҳҳо анҷом дод.

Туркия ва Узбакистон бо кумакҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, муҳаё сохтани  шароити таҳсилӣ аз тариқи бурсия (квота), осон сохтани судури виза барои ҳазорон турктабори Афғонистон ва паноҳандагӣ додан ба генерал Дустум аз шикаст дар Афғонистон шарикашонро интихоб кардаанд.

Тоҷикистон, кишваре (миллате), ки ду шаҳри тамаддунияшро дар замони Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ ба Узбакистон бохт, ҳукумате, ки бо подармиёнии Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуди фақид ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ поён дод ва сулҳи саросариро ба армуғон овард, аммо бо як иқтисоди сахт вожгун дар муқоиса ба кишварҳои дигар ҳич ибтикори амалие барои ҳифозати манофеъи миллияш дар Афғонистон анҷом надода ва инро метавон дар гуфтаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ошкор дид.

"Тоҷикистон аз нуқтаи назари қудрат ва теъдоди нуфус (аҳолӣ) дар ҳадде нест, ки бигӯяд, ман дар Афғонистон таъсир бигузорам", ин гап дар Тоҷикистон гапи сарзада аст. Агар он мардум умедворӣ ҳам доранд, аз тоҷикони Афғонистон доранд.

Дар ин авохир нишонае аз дарки давлатмардони тоҷик дар пуштибонӣ аз тоҷикони Афғонистон ба назар мерасад. Барои намуна шаҳрвандии ифтихорӣ додан ба Латифи Пидром, шоир, нависанда ва вакили порлумон ва раиси ҳизбе, ки ба сароҳат аз баргардонидани ҳақи талафшудаи тоҷикон дифоъ мекунад, баёнгари дарки ин мавзеъ аст. Аммо бо тағйири шароит дар Афғонистон ва набуди як фармондеҳи мудаббири тоҷик мисли Аҳмадшоҳи Масъуд Тоҷикистон фақат як гузина дорад ва он як сиёсати миллӣ (давлатӣ) дар қиболи тоҷикони Афғонистон, ки мунҷар (боиси) ба бастани роҳи даҳшатафканон шуда, бо ҳамкории тоҷикони Афғонистон роҳи вуруди маводи мухаддир ба Тоҷикистон ва транзити он ба кишварҳои дигарро баста, аз дастандозии кишварҳои қудратманд дар манофеъи миллиаш дар амон монда ва ба баҳонатузии Русия барои истиқрори нируҳояш дар хоки Тоҷикистонро хунсо кунад.  

Пурсиши ин ҷониб, оё давлат, оппозитсия ва нухбагони тоҷик қодир ба сохтани тарҳи дуруст ва ташхиси шарики стратегиашон баъд аз гузашти бештар аз даҳ сол аз суқути Аморати исломии паштунии Толибон  дар Афғонистон хоҳанд буд, ки сардарди пеш аз таби Толибониро мудово (муолиҷа) кунанд?

Манбаъ: http://www.jawedan.com/

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97