Тоҷикистон дар рӯёрӯӣ бо воқеиятҳо

Сиёсат 16.03.2013 18:46

Ҳақиқат талх аст

rohi ohaniБаъди дар канор мондани Тоҷикистон аз тарҳи байналмилалии роҳи оҳани Чин-Ирон, зарурати сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа зери суол меравад.

Баъди сафари намояндагони Қирғизистон бо сардории муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ин кишвар, Келдибек Иброев, дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ, муайян гардид, ки дар тарҳи байналмилалии роҳи оҳани Чин- Ирон, ба ҷои Тоҷикистон Узбакистон иштирок хоҳад кард. Дар назар буд, ки ин роҳи муҳимми байналмилалӣ аз Тоҷикистон мегузарад ва бо сармоягузории Чин, ки сармоягузори асосии минтақа ба шумор меравад ва ин роҳи оҳан барои ин кишвар манфиати зиёд меорад, қисми аз ҳама мушкил ва пурхарҷи ин роҳ роҳи оҳани Ваҳдат-Карамик сохта мешавад. Бо ин мақсад ҳатто кишвари Ирон барои омӯзиши ин қисмати роҳ 1 миллион доллар кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон ҷудо карда буд ва ширкати "Метро"-и ин кишвар пажуҳиши онро иҷро кард. Арзиши умумии қисмати ин роҳ, ки аз Тоҷикистон бояд убур мекард, тақрибан 4 миллиард долларро ташкил медиҳад ва сохтани тунелҳо, ки дар қисмати Ваҳдат-Карамик лозиманд, вақти бисёреро ҳам мегирад. Ҳамзамон кишвари Узбакистон, ки вазъияти молиявии хубе аз ҳисоби фуруши нафту газ дорад, ду миллиард доллар барои сохтмони роҳҳои оҳани дохилии худ ҷудо карда, дар нақша дорад аз вобастагии роҳҳои оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд барояд ва роҳи оҳани худро то шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон аз ҳисоби худ расонад.

Бо назардошти ин воқеъиятҳо Чин дар тарҳи ин роҳ Узбакистонро судмандтар дарёфта, аз маблағгузорӣ ба сохтмони роҳҳои оҳан дар Тоҷикистон даст кашид. Аммо агар Чин, ки сармоягузори асосии минтақа аст, розӣ мешуд ва роҳи оҳан байни Тоҷикистону Қирғизистон сохта мешуд, Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ мебаромад. Аммо Чин тарҳи узбакиро хубтар дарёфт ва дигар ҳеч сармоягузоре онро маблағгузорӣ намекунад. Чунки он фоидаи бисёр танҳо ба Чин меовард. Мутаассифона воқеъият ин аст ва мо маҷбурем онро қабул кунем.

Қудратҳо думболи манфиат мегарданд, мо чӣ?!

Тоҷикистон сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппаро оғоз кардааст, ки дар назар буд, ин роҳ бо роҳи оҳани Ваҳдат-Карамик ба роҳи оҳани байналмилалии Чин -Ирон пайваст шуда, роҳи муҳимми транзитии байналмилалӣ мешавад ва ба кишвар суди бисёр меорад. Аммо баъди дар канор мондани Тоҷикистон аз ин роҳи байналмилалӣ, зарурати сохтан ва маблағи зиёде сарф кардан барои сохтани роҳи оҳани Душанбе -Қурғонтеппа, дар ҳолати норасоии маблағ ба соҳаҳои барои ҳаёт зиёд муҳимме ба монанди сохтмони НБО "Роғун", зери суол меравад.

Албатта роҳи оҳан нисбат ба роҳҳои автомобилӣ бартариҳо дорад, аммо ин бартарӣ танҳо дар ҳолати масофаҳои дур ва борҳои бисёр дида мешавад. Дар масофаҳои 200-300 км боркашонӣ ба воситаи роҳи оҳан бартарияти худро аз даст медиҳад ва нақлиёти автомобилӣ судмандтар хоҳад буд. Ҳарчанд кашонидани бор ба воситаи роҳи оҳан арзон аст, аммо имконияти аз дар ба дар расонидани бор вуҷуд надорад ва лозим аст, ки барои расонидани борҳо ба истгоҳи роҳи оҳан ва боз аз истгоҳи роҳи оҳан расонидани ин борҳо ба нуқтаи муайяншуда, аз автомобилҳои боркаш истифода кард. Ин ҳолат бартарии роҳи оҳанро кам карда, боркашонӣ ба воситаи автомобилҳои боркашро судмандтар мекунад, чун ба воситаи автомобилҳои боркаш борро аз дар ба дар, бе истифодаи нақлиёти дигар дар муддати кутоҳ расонидан мумкин аст. Бинобарин дар шароити ҳозираи Тоҷикистон, ки асосан бозорҳои яклухтфурӯшӣ дар марказ қарор доранд ва аз инҷо ба ноҳияҳо тақсим мешаванд ва масофаи байни марказу ноҳияҳо кам аст, роҳҳои оҳан зарурияти худро гум мекунанд. Бор ва мусофироне, ки аз марказ ба ноҳияҳо кашонида мешаванд, баъди сахтани роҳҳои оҳан ҳам ба воситаи нақлиёти автомобилӣ кашонида мешавад.

Бо назардошти ин воқеиятҳо Тоҷикистонро зарур аст, ки аз сохтмони роҳҳои оҳани нав муваққатан даст кашида, маблағи онро ба соҳаҳои барои ҳаёт дар ҳоли ҳозир зиёд муҳимми дигаре, ба монанди сохтмони НБО-ҳо (аз ҷумла "Роғун"), ки суди ба маротиб бештаре медиҳанд ва зарурати аввалиндараҷа доранд, равона созад.

Биёед, ба гуфтаи Тоҳири Абдуҷаббор як бор сари вақт амал кунем!

Агар ҳам мақсади сохтани ин роҳ ва пайвастани ҷануби кишвар ба роҳҳои оҳани марказ, рушди иқтисоди кишвар бошад, ин ба воқеъияти имрӯза рост намеояд. Чунки сабаби ақибмондагии иқтисоди Тоҷикистон, адами роҳи оҳан нест, балки аз норасоии қувваи барқ, сатҳи хеле пасти донишҳои тахассусии мардум, паст будани фарҳанги сиёсии онҳо ва истифодаи нодуруст аз қобилияти зеҳнии мардум аст. Ҳатто Устоди зиндаёд иқтисодшиноси бузурги тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор, дар яке аз мақолаҳои ахири худ бо номи "Чаро мо ақиб мондаем?", ки ахиран дар ҳафтаномаи "Миллат" нашр шуд, сабабҳои асосии ақибмонии иқтисоди Тоҷикистонро дар омили инсонӣ гуфтааст, на набудани роҳи оҳан миёни минтақаҳои Тоҷикистон. Ӯ пешниҳод кардааст, ки аввалан бояд мушкили инсониро ҳал кард. Яъне маблағҳоро бисёртар ба соҳаи омӯзиши мардум сарф карда, сатҳи донишу савияи тахассусии мардумро боло бурд, вагарна ҳамаи хароҷоти дигар наметавонанд Тоҷикистонро аз буҳрони иқтисодӣ берун кунад. Дар асоси ин воқеъиятҳо пешниҳод мешавад, ки муваққатан аз сохтмони роҳҳои оҳан даст кашида, маблағи хароҷоти онро ба сохтмони ниругоҳҳо ва соҳаи омӯзиш ва баландбардории сатҳи донишҳои тахассусии мардуми кишвар равона созанд. Дар Тоҷикистони кӯчаки мо бе роҳҳои оҳан рушди иқтисод имкон дорад, аммо бе қувваи барқ ва мардуми соҳибтахассус, рушди иқтисодӣ ғайриимкон аст. Аммо баъди он, ки кишвар бо барқ таъмин мешавад, сатҳи донишҳои тахассусии мардум баланд мешавад ва иқтисод ба дараҷаҳои баландтар мерасад, он гоҳ аз ҳисоби маблағҳои зиёдатии буҷа имконияти сохтани чунин роҳҳои оҳан пайдо мешавад ва сохтани чунин роҳҳо бо пули худ, на аз қарзҳои хориҷӣ, ба манфиат хоҳад буд.

Меҳр Собириён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97