Оё Узбакистон ба ҷанг омодагӣ мебинад?

Сиёсат 07.03.2013 15:31

NATOВиталий Волков, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки тақвияти тавони низомии Узбакистон аз ҳисоби вогузории таҷҳизоти дасти дуи ғарбӣ пас аз соли 2014, таҳдид алайҳи амнияти дигар кишварҳои минтақа мебошад.

Сайти «Рӯзномаи нави Қазоқистон» аз қавли Виталий Волков бо ишора ба тавофуқи Амрико, Англия ва Олмон бо Узбакистон барои вогузор намудани бахше аз таҷҳизоти низомии ғарбӣ ба артиши ин кишвар дар баробари интиқоли ниру ва таҷҳизоти худ ҳангоми хуруҷ аз Афғонстон дар соли 2014 навиштаас: «Ахиран вазири дифои Англия эълом кард, ки Узбакистон ба хотири истифодаи НАТО аз масири ин кишвар дар раванди хуруҷи низомиёни ғарбӣ аз Афғонистон ба қимати поён, таслиҳот ва таҷҳизоти ҷангӣ дарёфт хоҳад кард. Аммо ин иқдом ба маънии ба ҳам задани тавозуни низомӣ дар Осиёи Марказӣ ва таҳдид бар амнияти Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон хоҳад буд. Зеро ин таҷҳизот шомили ҳавопаймоҳои бесарнишин, тупҳои дурбурд, чархболҳо, мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳҳои пешрафта мешавад, ки артишҳои дигар кишварҳои минтақа дар ихтиёр надоранд».

«Миллат» ба думболи ин нигаронӣ аз сӯи коршиноси Қазоқистон, яке аз кишварҳои қудратманди минтақа бо ин савол, ки; «Оё ин гуна мусаллаҳшавии Узбакистон барои кишварҳои минтақа, ба хусус Тоҷикистон хатар эҷод мекунад? ба суроғи чанд нафар аз соҳибназарони тоҷик рафт:

KabiriМуҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ:

Аслан ин ки бархе аз кишварҳои ғарбӣ баъд аз хуруҷи нируҳояшон як қисми силоҳашонро мемонанд, ин хабари нав нест, инро пештар низ гуфта буданд. Аслан нируҳои НАТО вақте ки ба Афғонистн ворид шуданд, бояд фикр мекарданд, ки ба хотири чӣ меоянд ва ҳоло ки аз он ҷо берун рафта истодаанд, суол дода шавад, ки оё ба ҳадафашон расиданд, ё не? Агар онҳо ба хотири таъмини амнияти минтақа омада буданд, суол ин аст, ки то кадом дараҷа ин амният таъмин шуд ва ҳоло ки берун мешаванд ва мехоҳанд як қисме аз аслиҳаро дар минтақа бигузоранд, оё ин аслиҳа боз ҳам барои таъмини амният хидмат хоҳад кард, ё боъиси бесуботии бештар ва таҳдид ба амнияти ин ё он кишвари минтақа хоҳад гашт?! Агар кашонда бурдани силоҳ душвориҳо дорад ва бояд онро дар минтақа гузошт барои НАТО сабуктар ва осонтар анҷом мешавад ва бояд он тавре тақсим мешуд, ки боъиси таъмини бештари амният дар минтақа мегашт. Чун гузоштани силоҳ дар ҳар яке аз кишварҳо, фарқ намекунад, ин Узбакистон аст, ё Тоҷикистон, ё ҳар кишваре дигар, табиъист, ки боиси нигаронии ҳамсоякишварҳо хоҳад гашт ва ҳар кишвари дигар ҳаққ дорад изҳори нигаронӣ кунад, ки оё аз ин силоҳи боқимонда ба кадом ҳадаф истифода бурда мешавад, ҳамчун василаи таъмини амният дар минтақа ё василаи фишор ва таҳдид ба кишварҳои ҳамсоя. Бо назардошти он ки ҷумҳурии Узбакистон аз бисёре аз созмонҳои минтақавӣ ва амнияти дастаҷамъӣ берун баромад ва ҳамкории зиёд надорад, нигаронии баъзе аз кишварҳо аз ҷумла Қазоқистон ҷой дорад ва онҳо ҳаққ доранд, ки чунин нигарониро дошта бошанд.

Sulton HamadСултони Ҳамад, коршинос:

- Ҳар як мусаллаҳшавӣ дар кадом кишваре, ки бошад, албатта дар пай хатару таҳдидҳоеро ба ҳамроҳ дорад. Аз ин мусаллаҳшавӣ хатар метавонад барои худи мардуми ҳамон кишвар дар дохил ҳам эҷод шавад. Яъне силоҳ, ки зиёд шуд, эҳтимоли ба дасти ифротгароёну террористон расидани он бештар мешавад. Аз сӯи дигар албатта кишварҳои минтақа ҳам аз ин мусаллаҳшавӣ эҳсоси хатар мекунанд. Ба хусус агар ин кишвар Узбакистони кунунӣ бо он лидере, ки дорад, бошад. Мутаассифона, Узбакистон баъди ба истиқлол расидан дар муносибат бо ҳамсояҳояш (Тоҷикистону Қирғизистону Қазоқистон) кореро анҷом надодааст, ки онҳо дар умум аз сиёсати ин давлат хурсанд бошанд. Махсусан дар муносибат бо Тоҷикистон сиёсати Ислом Каримовро дар ин чанд соли ахир сиёсати дӯстона гуфтан наметавонем. Раҳбандиҳову садгузориҳо дар масоили иқтисодиамон гувоҳи рушани ин нуқтаи назар ҳастанд. Возеҳ аст, ки чунин корҳоро як кишвар дар қиболи кишвари дигар ба мақсадҳои муайяне анҷом медиҳад. Барои ҳамин ҳам мусаллаҳшавии Узбакистон пеш аз ҳама барои Тоҷикистон хатарзо ҳаст. Аммо фикр намекунам, ки ин мусаллаҳшавӣ Узбакистонро водор ба ҷанг зидди кишварҳои ҳамсоя мекунад. Ҷанг дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин маънои фалокати умумибашариро дар миқёси сайёра дорад. Бубинед, се кишвари абарқудрати ҷаҳон (Русия, Чин, ИМА) ин минтақаро минтақаи муҳимми стратегӣ эълон кардаанд. Албатта, он гоҳ ҳар сеи ин кишвар ба шакле вориди ин ҷанг хоҳанд шуд. Ва шояд дар ниҳояти кор ошкоро зидди ҳамдигар низ биҷанганд. Барои ҳамин ҳам ҳеч ҷонибе аз ин ҷанг бурд нахоҳад кард; на муҳоҷим, на мудофеъ, на оташафрӯзон аз ҷумлаи кишварҳои абарқудрат. Ба гумони қавӣ дар Тошканд ба фаҳми ин нозукии сиёсат мерасанд ва даст ба амалҳои кӯтоҳандешона намезананд.

Abdullo HabibovАбдулло Ҳабибов, коршинос:

Ба ҳангоми берун кашидани нируҳо ва таҷҳизоти низомии НАТО масъулони ин ниҳод бо Узбакистон ва Тоҷикистон маслиҳат мекунанд, ки ба ивази интиқол аз ин қаламрав пул мегирад ё тариқи ягон воситаи дигар нируҳои худро аз ин хок берун мекашад. Ва ман фикр мекунам, ки вогузор кардани як теъдод аз ин техникаи низомӣ ба Узбакистон ба ягон давлати Осиёи Марказӣ хатар оварда наметавонад.

Набии Ирфонӣ, хабарнигор ва нависандаи озоди Афғонистон:

- Ба назари ман Узбакистон як кишварест, ки тавассути системаи диктотурии қарни 21 идора мешавад, ки ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул барои мардуми худаш ва кишварҳои ҳамсоя нест. Мусаллаҳ шудани ин кишвар як таҳдид ва дар бештар шудани ташаннуҷ дар минтақа бистарсозӣ мекунад.

Rahmatullo ZoirOVVVРаҳматулло Зоиров, раиси ҲУСДТ:

- Ман фикр мекунам, ки дар ин масъала Тоҷикистон бояд эҳсоси хатар накунад. Итминони комил дорам, ки байни Тоҷикистону Узбакистон ягон хатари ҳарбӣ имрӯз вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар бораи сарҳаду дигар чизҳо менависанд ман фикр мекунам, ки ин бисёртар барои худдифоъӣ ё дигар масоли аз қабили ташкили компанияҳост, ки овозаҳо ба миён меояд. Лекин як чизро гуфтан даркор, ки ҳамин гуна ақидаҳо солҳои 1989 - 90 ҳам ба миён омада буд. Вақте ки аз Афғонистон қушунҳои собиқ шӯравӣ ҳама силоҳу лавозимоти ҳарбиашро бароварданду танҳо дар ҳудуди мисол Узбакистон вогузор шуда буд. Ҳамин давраҳо ҳам ҳамин гапҳо буд, лекин дар давоми зиёда аз 20 сол Узбакистон ин силоҳҳоро нисбати дигар давлатҳо истифода накард. Ман фикр мекунам, ки агар аз ҷониби Узбакистон дар давоми 15 - 20 сол, ё ки дигар вақтҳо ҳам ин гуна ҳолатҳо, яъне бевосита ба воситаи ҳукумати Узбакистон нисбати дигар кишварҳо истифода мешуд, мо гуфта метавонистем, ки Узбакистон ҳамин хел қасд дорад, ё не. Ё ҳамин корро карданаш мумкин аст. Лекин ҳамин чизро таъкид карданам даркор, ки вақте ки мо дар ҳақиқат медонем, ки солҳои 1991 - 94 вақте ки ба Тоҷикистон ворид мешуданд, ин ё он қушунҳои Узбакистон, ё ки масалан техникаи вазнини Узбакистон дар ҳудуди Тоҷикистон, ин бе ризоият ва шартнома бо Тоҷикистон ба миён наомада буд. Яъне он давра ҳам ё ҳукумат, ё ки гирифтем мухолифин дар ин масъала бо онҳо  ҳамкорӣ доштанд ва ин дар асоси шартнома ба миён омада буд. Аз ин ҷиҳат ман дар ин ақида ҳастам, ки бевосита ягон ҳукумат бо воситаи техникаи ҳарбӣ, нисбати дигар ҷумҳуриҳо, ё кишварҳо вориди амал намешавад. Лекин барои ин ки худашро муҳофизат кунад, аз ҷиҳати таҳдид, ё ки аз ҷиҳати амният таъмин кардан бихоҳад, ин корҳоро бо Амрико созиш карданаш мумкин аст. Сонӣ як чизро истифода кардан даркор, дар худи ҷумҳурии Узбакистон ҳозир таҳдиди дохилӣ бисёр дар дараҷаи боло мебошад. Яъне имрӯз аллакай маълум мешвад, шояд, ки Ислом Каримов дигар президент намешавад, соли 2014 сол, вай аз президентӣ меравад. Лекнин дар дохили Узбакистон якчанд гуруҳҳое, ки қудрат ба даст гирифтан мехоҳанд, президент будан мехоҳанд ва гуруҳҳои мусаллаҳ мавҷуд мебошад, ки нисбати онҳо ин ё он гуруҳ, ки дар Узбакистон ҳоло дар ҳокимият ҳастанд, барои амнияти худро таъмин кардан ин гуна техникаи низомиро барои Узбакистон ворид карданаш мумкин аст. Вазорати мудофиъа, хусусан Кумитаи амнияти Миллии Узбакистон дар дохили худаш як давлати алоҳида мебошад. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки ворид шудани он техникаи вазнине аз Амрико, ё ки аз дигар кишвар, на нисбати Қазоқистон, на нисбати Тоҷикистон бевосита таҳдид шуда наметавонад.

Узбакистон худ бо иродаи худ ҳамин корро ҳеч вақт намекунад. Агар ки бо ин чиз, яъне дар шарикӣ мисол худи ҷумҳурии Тоҷикистон, ё мухолифин, ё ҳукумат ё ки ҷонибдорони дигар гуруҳҳое, ки дар дохил ҳастанд, онҳо дар ҳамин маврид вориди амалнашаванд. Яъне ин як мушкилот аст, ки ин сараввал ворид шудан, ё нашуданро аз дохили давлат бояд, ки дидан даркор, на аз берун. Аз берун худи ҳамин Узбакистон ҳам агар ҳазор бор муносибаташ бо Тоҷикистон хуб набошад, яъне муносибатҳо вайрон ҳам бошад, худи худашон бевосита ба ин чиз ворид намешаванд. Чи хеле, ки Тоҷикистон ба ҳудуди Узбакистон ворид намешавад, онҳо ҳам ҳамин хел ҳастанд. Лекин масъалаи ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев, ё ки масъалаи Маҳмуд Худойбердиевро мегирифта бошем, бояд сараввал худи мисол Кенҷаев ё Худойбердиев онҳо бо ин масъалаҳо муроҷиъат карданашон даркор, ё ки дар ҳамин чиз як қувваи ба ҷунбиш оваранда шуданашон даркор. Дар чунин ин ҳолат ин имкон дорад, лекин аз рӯе, ки ман таҳлил дорам, ман ҳамин чизро гуфта метавонам, ки вазъияти Узбакистон дар дохил, ҳамин бозии гуруҳие, ки барои президентшавӣ аст бисёр вазнин аст. Яъне таҳдид барои Узбакистон дар худи дохили он аст. Ва ҳамин чизро гуфта метавонам, ки ба Узбакистон ягон таҳдид на аз Тоҷикистон ва Қазоқистон нест. ҳамин тавр нисбати мисол Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҷониби Узбакистон ҳам таҳдид нест. Лекин ин гуна мисол гирифтем, ки овозаҳо ва ғайра ҷой доштанаш мумкин аст ва инро ҳар гуна қувваҳо ба манфиъати худаш истифода карда метавонанд.

DilshodДилшоди Абдураҳмон, котиб- коргузори раиси КМКДҶ " Тиллои Тоҷик":

- Узбакистон бе мусалаҳшавии навбатӣ ҳам таҳдидгари асосии бенизомии сиёсии минтақа буд, ба ин воқеаҳои шимоли Тоҷикистон ва рӯйдодҳои хунини вилояти Оши Қирғизистон гувоҳанд. Аз ин баъд аз ҳамсояи "бемории руҳӣ " доштаи яроқнок доимо дар камин будан ҳатмист.

 

Temur VarqiТемур Варқӣ, таҳлилгар:

Мо ҳанӯз наметавонем бо бовари комил бигӯем, ки Узбакистон ба ивази интиқоли таҷҳизоти низомии нируҳои НАТО чи чизе мегирад. Чӣ навъе аз мошинолот ё силоҳҳои ҷангӣ. Ва оё ин подош таҷҳизоти низомии НАТО аз Афғонистон аст, ки мехоҳад берун бикашад ва ё бар ивази ҳамлу нақл  таҷҳизоти хос оварда мешавад. Ин имкон вуҷуд дорад, ки Тошканд таҷҳизоти тақвиятсозии марзро ба даст биоварад. Фикр мекунам, дар ин ҳолат дар навбати аввал марзҳои ҷанубии ин кишвар дар мадди назар аст. Аммо самтҳои марзии дигар низ имкон дорад дар мавриди назар бошад. Умедворам, ки ин таҷҳизот хусусияти сипарӣ дошта танҳо барои тақвияти марзҳо бо ҳамсоякишварҳо нигаронида шуда бошад. Мушкил он аст, ки ин масъалаи содае нест. Кишварҳои минтақа пас аз соли 2014 бо таҳдидҳо ва чолишҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар сохторҳои ҳукуматии Узбакистон ва Тоҷикистон бархе аз дигаргуниҳо ба вуҷуд хоҳанд омад. Дар чунин шароит ҳар ду кишварро лозим аст барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна тавтеъа ва низоъ ҳушёр ва масъул бошанд. Умед бар ин аст, ки шарикони ғарбӣ алоқаманд ба эҷоди эътимод и тақвияти миёни кишварҳои минтақа ҳастанд, ва бояд итминон дошта бошанд, ки ҳаргиз ин таҷҳизот бар зарари кишвархои ҳамсоя истифода нахоҳад шуд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми силоҳҳои «ТуркВо» ба Узбакистон мерос монд. Барои Тоҷикистон аз ин мерос ҳеч чизе нарасид. Аз ин рӯ дар ҳамчунин шароите амният ва суботи кишвар, хобби бофароғати шаҳрвандони Тоҷикистон ва умед ба ояндаи бачаҳои мо бештар ба хиради сиёсии роҳбарони кишвар ва ҳунари дипломатӣ марбут аст.

MehmonshohМеҳмоншоҳ Шарифзода, пажуҳишгар: 

- Имрӯз ин минтақаи бозиҳои глобалӣ, минтақаи хавф ва номуайянист. Фикр мекунам мусаллаҳшавии Узбакистон барои кишварҳои минтақа хавфро зиёдтар мекунад ва давлати Тоҷикистонро зарур аст, то ин воқеияти хавф ва номуайянии минтақаро ва бозингароне, ки ин воқеиятро ба вуҷуд овардаанд донанд ва дар пайи мустаҳкам кардани давлат, ба даст овардани боварии мардум, мустаҳкам кардани артиш ва сарҳадҳои худ бошанд. Аслан давлатҳои минтақа бо бозингароне кор доранд, ки қисме аз онҳо, мисли Аврупо ва Амрико, ки дур аз ин минтақа ҷойгиранд, ва ин давлатҳо, масалан давлатҳои Аврупо ба қудрати НАТО такя мекунанд ва худ режими сахти сарҳадӣ доранд ва дар дохил фазои кушоди муносибатҳоро бо якдигар доранд, фикр мекунам давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Узбакистон ва Тоҷикистон дар пайи эҷоди чунин як фазои кушод дар минтақа бошанд.

Umed JУмед Ҷайҳонӣ, муҳаққиқ:

- Бале, тахдид дорад. Узбакистон бо ҳама ҳамсоягонаш мушкил дорад ва то кунун ду бор бар Тоҷикистон ҳамла кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97