"Наҳанги ҷумҳурӣ" боздошт шуд!

Сиёсат 13.02.2013 19:45

AbdullojonovАбдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешин, ки ба унвони "наҳанги ҷумҳурӣ" маъруф шуда буд, дар фурӯдгоҳи Буриспули Киев, пойтахти Украина, боздошт шудааст.

Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал, замоне ки аз Лос Анҷелеси Амрико тариқи ҳавопаймо ба Киеви Украина парвоз кард, боздошт гардид.

Манобеъи наздик ба Абдуллоҷонов дар суҳбат ба расонаҳо хабари боздошти ӯро таъйид кардаанд. Намояндаи Интерпол дар Украина низ боздошти нахуствазири пешини Тоҷикистонро тасдиқ намудааст. Аммо мақомоти расмӣ, чи аз ҷониби Украина ва ҳам Тоҷикистон дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Расонаҳо менависанд, ки эҳтимолан Абдуллоҷонов бо тақозои мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст. Зеро А. Абдуллоҷонов тайи солҳои зиёде ба иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои созмонёфтаю фаромиллӣ ва тероризм дар феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол ё Пулиси Байналмилалӣ қарор дошт.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҳамдастӣ дар ҳамлаи нокоми сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд дар соли 1998, муттаҳам мекунанд. Дар ҳамлаи гуруҳи Худойбердиев ба Хуҷанд теъдоде аз мардум ва низомиён кушта ва захмӣ шуданд. Дар пайи ин ҳодиса солҳои зиёде макони будубоши нахуствазири собиқи Тоҷикистон маълум набуд ва ӯ дар матбуот ҳам камтар зоҳир мешуд.

Аммо бархе аз коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ки А. Абдулоҷонов, ки дар соли 1994 яке аз пунктҳои барномаи номзадиаш барои раёсати ҷумҳурӣ ба забони узбакӣ додани мақоми давлатӣ буд, аввал ба Тошканд ва баъдтар ба Амрико паноҳ бурд. Мусоҳибаи ӯ бо радиёи "Озодӣ" дар тирамоҳи соли гузашта боис шуд, ки номаш дубора дар Тоҷикистон вирди забонҳо шавад.

Абдумалик Абдуллоҷонов  соли 1949 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ қабл аз фурӯпошии Шӯравӣ ва барои муддати кӯтоҳе баъд аз он аз шахсиятҳои бонуфуз дар миёни табақаи ҳоким буд.

А. Абдуллоҷонов дар охирҳои даҳаи 1980, замоне ки вазири ғалла буд, мухолифонаш ӯро "наҳанги ҷумҳурӣ" лақаб ниҳоданд. Вай пас аз истиқлоли Тоҷикистон, замони оғози ҷанги дохилӣ нахуствазир шуд. Аммо як сол пас, дар пайи ихтилофи назарҳо аз симати худ канорагирӣ кард ва сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шуд.

Вай пас аз ду соли сафораташ дар Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ба рақобат пардохт, аммо шикаст хӯрд, ҳарчанд худи ӯ муътақид аст, ки интихоботро бурда буд.

Абдуллоҷонов дар соли 1996 эътилофи сиёсиеро бо номи "Ваҳдати миллӣ" таъсис дод ва баъдан раҳбарии Ҷунбиши мухолифон барои эҳёи миллӣ шуд.

Абдумалик Абдуллоҷонов дар соли 1997, ки созишномаи миёни мухолифон ва давлати Тоҷикистон дар мавриди сулҳ имзо шуд, бисёр талош кард, ки ба ин ҷараён ба унвони қувваи сеюм ҳамроҳ шавад. Бархе аз раҳбарони мухолифин ва ҳамчунин бархе унсурҳо дар дохили ҳукумат ба ин кор ҳавасманд буданд, аммо давлат ва раҳбарияти мухолифин ҳузури ӯро дар ҷараёни Созиши сулҳ рад намуданд.

Ӯ аз миёнаи даҳаи 1990 Тоҷикистонро тарк карда ва дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад.

Аз боздошти Абдулоҷонов дар ҳоле хабар мерасад, ки як моҳи пеш Умаралӣ Қувватов, ки худро мухолифи давлат ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Гуруҳи 24" унвон кардааст, дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон Қувватовро дар анҷоми як қатор қонуншиканиҳо, аз ҷумла, дуздии амволи ширкатҳо, одамрабоӣ ва фиребгарӣ муттаҳам карда ва барои истирдоди ӯ аз Дубай ба Душанбе талош мекунанд. Аммо боздошти ӯ мавриди интиқоди шадиди гуруҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва бархе аз дипломатҳои ғарбӣ ва русӣ қарор гирифтааст.

Давлат ҳарду боздоштшударо дар анҷоми ҷиноёти мушаххас муттаҳам медонад ва бозпас гирифтани онҳоро тақозо дорад. Мақомоти Тоҷикистон то ҳадди зиёде дар боздошти ин ду нафар пеш рафтанд ва ҳар ду дар боздошт мебошанд. Аммо суоли дигар ин аст, ки агар ин афрод, ва ё ҳадди ақал яке аз онҳо, масалан Абдуллоҷонов ба зудӣ раҳо шавад ва ба Тоҷикистон таҳвил дода нашавад, яъне талоши истирдоди онҳо ноком бимонад, чӣ хоҳад шуд?

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97