Оё паштунҳо (афғонҳо) аз қабилаи гумшудаи Исроил (яҳуд) мебошанд?

Сиёсат 11.02.2013 17:52

pashtunhoАхиран хабари рӯзномаи бритониёии Гардиан ва рӯзномаи фаронсавии Ле Фигаро дар хусуси ин ки Исроил барои оғози таҳқиқоте оид ба иртиботи нажодии паштунҳо бо исроилиҳо буҷаеро ихтисос додааст сару садо ва баҳсҳои доманадореро дар сафаҳоти интернет ба ҷо гузошт. Аз ин ҷо ки матлаби мазкур ҷолиб ва баҳсбарангез буда воқеиятеро, ки давлати Исроил таи даҳсолаҳо барои ҷустуҷӯ ва ёфтани даҳ қабилаи гумшудаи яҳуд кӯшиш ба харҷ медиҳад бармало месозад барои маълумот ба таври муфассалтар рӯи коғаз меоварам.

Дар ҷустуҷӯи даҳ қабилаи гумшудаи яҳуд

Мувофиқи ривоятҳои торихӣ қабилаҳои яҳуд ё яҳудиёни бани Исроил (фарзандони Яъқуб, ки 12 нафар буданд) пас аз ҳамлаи Ошуриҳо дар соли 721 пеш аз милод ба подшоҳии Яҳудо (давлате ки яҳудиён ташкил карда буданд) ва вожгун сохтани он дар атрофи олам сарсону саргардон шуданд.

Тибқи ривоёти дигар афғонҳо аз дудмони бани Исроил, яъне аз дудмони Афғон писари Ирмиё ё Баркиё писари Соул подшоҳи бани Исроил мебошанд, ки пас аз парокандашавии қавми яҳуд ба чор тарафи олам ба шарқ ҳиҷрат намуда, дар куҳи Ғур паноҳанда шуда онҷоро маскан гузиданд.

Назарияи 10 қабилаи гумшудаи яҳуд аз матнҳои китобҳои дини яҳудӣ реша мегирад. Аз ин рӯ ин назария дар талоши яҳудиён барои ёфтани қабилаҳои гумшуда яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад. Онҳо ҳамеша бар ин боваранд, ки он қабилаҳои гумшуда ба сарзамини Исроил бармегарданд. Лизо давлати Исроил барои ёфтан он қабилаҳо дар саросари ҷаҳон ва баргардонидани онҳо ба Исроил маблағҳои ҳангуфтеро ихтисос медиҳад. То ба ҳол давлати Исроил аз кишварҳои зиёде ба мисли кишварҳои собиқ шуравӣ, кишварҳои Аврупоӣ ва Амрико, Ирон ва дигар кишварҳои арабӣ яҳудитаборонро барои зиндагӣ ба Исроил фаро хонда ва дар ин кор ҳам феълан муваффақ будааст. Дар зимни ин талошҳо яҳудитаборони сиёҳпусти Фалошмура дар Эфиёпия кашф гардида, аксари онҳо барои иқомат ба Исроил бозхонд шуданд. Инчунин қабилаи Бнеи Менаше дар шимолу шарқи Ҳиндустон ва қабилаи Игбо дар Найҷериё иддао доранд, ки аз ҷумлаи даҳ қабилаи гумшудаи яҳуд мебошанд, ки бисёре аз урфу одатҳо ва ибодатҳояшон ба мардуми яҳуд монанд мебошанд.

Паштунҳои яҳудитабор

Гарчанде то ҳануз ягон таҳқиқоти дақиқи илмӣ дар хусуси ин ки паштунҳо аз асли яҳуданд сурат нагирифтааст, аммо аксарияти паштунҳо бар ин боваранд, ки онҳо аз табори яҳуд мебошанд. Дар бархе аз китобҳои қадимӣ дар бораи Афғонистон аз ҷумла китоби "Махзанул афғонӣ" навиштаи Неъматуллоҳ Ҳиравӣ роҷеъ ба иртиботи нажодии паштунҳо бо яҳудиҳо қайд гардидааст.

Баъд аз китоби "Махзан-ул- афғонӣ", ки дар ин замина модари мароҷеъ шинохта мешавад китобҳо ва навиштаҳои мутаъаддиде аз сӯи муаррихони мусалмон ва ғайри мусалмон аз қарни ҳафтдаҳум то қарни бистуми мелодӣ дар тайиди сареҳ ва зимнии назарияи яҳудитабор будани паштунҳо навишта шудааст.

Исроил паштунҳоро дар Ҳиндустон шиносоӣ мекунад

Аммо дар хусуси ин ки паштунҳо аз табори яҳудӣ мебошанд ё хайр вазорати корҳои хориҷаи Исроил тайид намуда аст, ки давлати Исроил таҳқиқоти густардаеро ҷиҳати шиносоии қабоили паштунҳои Афғонистон ва Покистон оғоз намудааст. Бино ба навиштаи рӯзномаи Гордиан давлати Исроил аз тариқи маблағгузории маркази таҳқиқотии Мумбай дар Ҳинудстон роҷеъ ба иртиботи нажодии паштунҳо бо яҳудиҳо таҳқиқотеро шуруъ намудааст. Дар ҳоле ки дар шароити феълӣ кушодани чунин марказҳои таҳқиқотӣ дар Афғонистон ва Покистон имкон надорад, давлати  Исроил  тасмим гирифтааст, ки ин таҳқиқотро дар Ҳиндустон роҳандозӣ намояд.

Яҳудигарӣ дар паштунҳо бармалост

Ба қавле номгузориҳои қабилаҳои паштун ба номи Юсуфзай (писари Юсуф) ё Афридӣ (Эфриет) ва куҳи Сулаймону гузаргоҳи Хайбар ва дашти Яҳуд иртиботе ба табори яҳудӣ доштани паштунҳоро далолат мекунад. Мувофиқи таҳқиқоти мардумшиносон то ҳануз бисёре қабоили парокандашуда одатҳои яҳудии худ аз ҷумла; тундравӣ, таассуб, нажодпарастӣ, эҳтиром накардан ба зан, хушунати қабилавӣ, ба никоҳ даровардани зани бародар пас аз марги вай, рақси анъанавии мардон дар маросимҳои хушӣ ва бартариталбиҳои қавмиро ҳифз намудаанд. Ба қавли ин мардумшиносон одатҳои мазкур дар мардуми паштун ба таври возеҳ дида мешаванд.

Бино ба навиштаи рӯзномаи Гордиан баъзе аз мардумшиносони барҷастаи исроилӣ боварӣ доранд, ки аз миёни қавмҳое, ки робитаи нажодии хешро бо 10 қабилаи гумшуда иддао мекунанд, паштунҳо  ҳолати қаноатбахштаре  ё наздиктаре доранд.

Ташхиси хунии қабилаи Афридии паштунҳо

Дар айни замон муҳаққиқони ҳиндӣ аз аъзои қабилаи Афридии паштунҳо, ки дар Малиҳободи Лакнови шимоли Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд, барои таҳқиқот намунаҳои хун гирифтанд. Шаҳноз Алӣ яке аз таҳқиқотчиёни ҳиндӣ иброз намуд, ки "Ин назария аз дер боз мавриди таҳқиқот қарор дорад ва умед дорам, ки таҳлилҳои илмӣ ба мо баъзе посухҳоро дар мавриди асолати яҳудӣ доштани қабилаи паштуни Афридӣ пешниҳод намояд. Мо то ба ҳол намедонем ҳақиқат кадом аст, аммо мутмаинам, ки саъю талошҳо моро ба ҷое хоҳанд расонд".

Чуноне, ки рӯзномаи Гордиан қайд мекунад, шабоҳатҳое, ки миёни паштунҳо ва яҳудиҳо вуҷуд дорад, собиткунандаи решаи нажодӣ доштани онҳо намебошад, аммо таҳқиқоти хун (женетикӣ) дуруст ё хато будани иртиботи 2700 солаи миёни ин ду қавмро нишон хоҳад дод.  

Бино ба гуфтаи донишманд ва пажуҳишгари масоили яҳуд ва яҳудият Ҷаъфар Ҳодӣ зимни мусоҳиба бо шабакаи Алқудс Аларабия Исроил барои пайдо намудани "қабилаҳои гумшудаи яҳудӣ" ҳеле алоқаманд буда, паштунҳоро аз ҷумлаи он қабилаҳо медонад ва барои яҳудисозии қабилаҳои паштун чандин даҳа аст, ки кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар зимн теъдоди зиёде аз созмонҳои яҳудии ғайри ҳукуматӣ низ машғули ҷустуҷӯи қабилаҳои гумшудаи худ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистону Покистон мебошанд. Ба қавли ӯ ин созмонҳо ҳатто ба яҳудисозии баъзе афроди қабилаи паштун ва бозхонди онҳо барои истиқомат ба Исроил муваффақ шудаанд.

Назари мухолиф

Аммо баъзе пажуҳишгарон бар ин назаранд, ки паштунҳо ориёитабор буда, аслан забони онҳо ҷузъи забонҳои ҳиндуиронӣ мебошад ва бо забонҳои қадими ориёӣ монанди сонскрит ва занд хешовандӣ дорад.

Пажуҳишгарони афғон иддаоҳои ҳамтабории афғону яҳудро беасос хонда, иртиботи нажодии онҳоро "муғризона" ва "сиёсӣ" хонданд. 

Ҳабибулло Рафеъ, нависанда ва пажуҳишгари афғон иддаои робитаи нажодии паштуну яҳудро ғалат хонда мегӯяд, ки паштунҳо аз ақвоми ориёӣ мебошад. Ӯ қайд намуд, ки: "Назарияи яҳудитабор будани паштунҳо бар фолклор ва назарияи ориёӣ будани онҳо бар таҳқиқоти илмӣ устувор аст, ки бар асоси мардумшиносӣ ва муҷассамаҳое, ки дар Ориёно ба вуҷуд омада ва забоншиносони забони пашту, ки як забони ориёӣ аст нишон медиҳад, ки паштунҳо аз табори ориёӣ ҳастанд".

Амин Муҷоҳид узви фарҳангистони улуми Афғонистон назарияи иртиботи нажодии паштунҳо бо яҳудиҳоро "ғаразолуд" ва баргирифта аз аҳдофи сиёсӣ медонад.

Роҷеъ ба иртиботи нажодии қавми паштун ва яҳуд олими шинохтаи тоҷик, афғоншинос Саид Ҳомидов таҳти унвони "Пуштунҳо дар ҳошияи таърихи даҳ қавми гумшудаи Бани Исроил" китобе таълиф намуд, ки онро ахиран нашриёти "LAP LAMBERT Academik Pablishing" -и Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо забони русӣ ва англисӣ нашр намуд.

Муаллиф дар асоси далелҳои таърихӣ - этнографӣ ва таҳлилӣ насабномаи пуштунҳо, ҳамчунин истифода аз маълумотҳои навини женетикаи инсон ва дигар усулҳои иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ додааст, баҳсу мунозираро дар атрофи ин масъала равшан созад.

Ҳамтабор будани паштунҳо ва яҳудиҳоро таҳқиқоти женетикӣ ва пажуҳиши амиқи торихии олимону пажуҳишгароне, ки дар ин замина ба пажуҳишу таҳқиқот машғуланд исбот хоҳад кард.

Маълумоти мухтасар:

Паштунҳо(мутародифи афғон)- Мардуми паштун ё пухтун (афғон) бо забони пушту сухан гуфта, суннии ҳанафӣ мебошад. Онҳо асосан дар шарқу ҷануби Афғонистон ва шимолу шарқи Покистон зиндагӣ мекунанд, ки мувофиқи баъзе манбаъҳо дар умум дар ҳудуди Афғонистону Покистон 15 млн нафарро ташкил медиҳанд.

Яҳудиҳо: Мардуми яҳудӣ бо забони ибрӣ сухан гуфта пайравони оини яҳудият мебошанд. Онҳо дар Исроил ва кишварҳои Аврупоӣ, ИМА, Русиё ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, ки шумораи онҳо дар дунё 13.5 млн ва Исроил 6 млн.-ро ташкил медиҳад.

Мустафо Бержандӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97