Тоҳири Абдуҷаббор Чаро мо ақиб мондаем?

Сиёсат 09.02.2013 17:50

Tohiri Abdujabbor«Худро бишнос» - чунин аст яке аз ҳикматҳои ҷовидона, ки дар Юнони бостон дар маъбади "Делфӣ" навишта буданд. Донишмандон онро гуна - гуна таъбирҳо кардаанд. Вале, дар ниҳояти амр, он як паём, як даъват аст барои инсонҳо. Фарзонагони мо низ бар ин нукта таъкидҳо карда, гуфтаанд, ки "то худро нашносӣ, худоро нашносӣ". Худшиносӣ, пеш аз ҳама, дарки дурусти гузаштаҳо ва ҳолати имрӯза аст, шинохти  ростини он, ки мо кӣ будему кӣ ҳастем ва ба куҷо меравем. Имрӯзи мо давоми рӯзгорони гузашта аст.  Мушкилоту дастовардҳои кунунии мо реша дар гузаштаҳо доранд.

Бино бар ин, барои мо ҳам хеле муҳим аст, ки гузаштаҳои худро нек бишносем, то мушкилоти имрӯзаро дуруст дарк кунем. Дар бораи гузаштаҳою имрӯзи халқи мо суханҳои росту дурӯғ зиёд гуфтаанд.  Вале ҳолати мавҷуда худ довари он аст, он гуфтору навиштаҳо то чи андоза ҳақиқат дорад. Кишвари мо имрӯз як кишвари ақибмонда аст ва он ақибмондагӣ, ҳам дар сиёсату иқтисод, ҳам дар илму техника ва ҳам дар маорифу тандурустӣ намоён аст. Ҳоло аз шарҳу тафсири он сарфи назар мекунем. Онро ҳама медонанд, эҳсос мекунанд. Аммо дар бораи сабабҳою омилҳои ақибмондагӣ камтар сӯҳбат мекунанд. Дар ин ҷо баъзе андешаҳои худро дар ин бора ба гунаи фишурда арза медорам, то ангезае бошад барои тафаккури бештар ва шинохти беҳтари ҳолати мо.

Мусалламан, ҳама чиз нисбӣ аст ва дар муқоиса шинохта мешавад. Вақте мегӯянд, ки Тоҷикистон  кишвари ақибмонда аст, пеш аз ҳама инро дар назар доранд, ки ин кишвар дар муқоиса бо дигарон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва илмию техникӣ, самарабахшии кор ва сатҳи зиндагии мардум дар сатҳи поинтар қарор дорад. Сабаб он аст, ки кишварҳои дигар бо суръати тундтар пеш рафтаанд, вале Тоҷикистон  бо суръати кундтар ҳаракат кардааст ва бино бар ин аз дигарон ақиб монда аст.  Албатта, дар ин дунё  ҳеч чиз собит нест, ҳама чиз ҳамвора дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст. Аз ҷумла, ҷомеаи мо ҳам. Таи сад соли ахир дар Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддӣ ва пешрафтҳои чашмгир ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷомеаи суннатии  мо то ба сатҳи кишвари нимасанъатӣ боло рафт. Мардум аҳли саводу тахассус шуданд, муассисоти илмию фарҳангӣ ва системаи ҳифзи сиҳати омма бунёд шуданд... Вале дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта дастовардҳои мо хеле ночизанд , ҳанӯз фосила байни мо ва онҳо  зиёд аст.  Миллатҳои дигар, пеш аз ҳама аврупойиҳо  ва Амрико, таи садаҳои ахир зина ба зина боло рафтаанд , иқтисоду фарҳангашон рушд карда,  зиндагиашон беҳтар шудааст.  300- 400 сол пеш онҳо низ дар марҳилаи феодализм қарор доштанд ва аз ин ҳама дастовардҳои имрӯза нишоне набуд. Вале, дар натиҷаи пешрафти илму техника, самарабахшии кор ба маротиб боло рафт ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ низ дигаргун шуд. Онҳо тадриҷан ба кишварҳои санъатӣ табдил ёфтанд ва сипас, дар нимаи дуввуми садаи 20, ба зинаи болотаре расиданд, ки онро "ҷомеаи варосанъатӣ" ("постиндустриальное общество") меноманд.

Яке аз вижагиҳои ҷомеаи варосанъатӣ ин аст, ки дар ин ҷо таносуби соҳаҳои иқтисод ва шеваи созмондеҳии кор дар муқоиса бо ҷомеаи суннатӣ ва саноатӣ комилан дигаргун шудааст. Нақши истеҳсоли неъматҳои моддӣ (яъне со-ҳаҳои кишоварзӣ ва саноат) дар зиндагии ҷомеа торафт камтар шуда, соҳаи хидамот ба соҳаи асосӣ табдил шудааст. Барои мисол, дар Амрико дар соҳаи кишоварзӣ  фақат 2% ва дар саноат 23 % маҷмӯъи маҳсулоти нохолиси миллӣ (ММНМ) тавлид мешавад. Ва аммо саҳми бахши хидамот ба 75 % ММНМ мерасад. Таносуби нерӯи кор байни соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ тақрибан ба ҳамин андоза аст, яъне аксарияти кормандон дар бахши хидамот кор мекунанд. Зимнан, соҳаи кишоварзӣ низ хело пешрафта ва пурсамар аст.  Агарчи дар ин соҳа миқдори хеле ками (2-3%)  нерӯи кор машғул аст, вале он ҳамаи ( қариб 300 миллион нафар) мардуми Амрикоро  бо маводи хӯрока таъмин мекунад ва, афзун бар он, миллионҳо тонн маҳсулоти кишоварзиро ба дигар кишварҳо содир мекунад. Дар ҳоле ки дар кишварҳои ақибмонда аксарияти (70 - 75 %) мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба кишоварзӣ машғуланд, вале наметавонанд мардуми худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд ва маводи хӯрокаро аз берун харидорӣ мекунанд. Имрӯз кишварҳои пешрафта, ки дар онҳо камтар аз 15 % аҳолии замин зиндагӣ мекунанд, дар иқтисод ва сиёсати ҷаҳон нақши асосиро мебозанд. Онҳо ҳиссаи бештари маҳсулоти саноатӣ ва техноложии муосири ҷаҳонро тавлид ва арза мекунанд. Даромади саронаи миллиашон аз ҳама зиёдтар (дар ҳудуди  25 000 -  35 000 доллар) аст, дар ҳоле ки дар кишварҳои ақибмонда ин шохис ба маротиб камтар аст. Масалан, дар Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, даромади саронаи миллӣ дар ҳудуди 350 доллар аст.

Вижагии дигар ин аст, ки дар кишварҳои пешрафта шеваи зиндагии мардум ва арзишҳои иҷтимоӣ низ тағйир ёфтанд. Дар ҷомеаи варосанъатӣ илму дониш ба сармояи асосӣ табдил ёфтааст, аммо дар ҷомеаи суннатӣ( феодалӣ) - замин сармояи асосӣ ба шумор меравад. Яъне дар ҷомеаи суннатӣ одами "бой" касе аст, ки замини зиёд дошта бошад. Дар ҷомеаи санъатӣ касе сарватманд ҳисоб мешавад, ки фабрикаю корхонаҳо дошта бошад. Аммо дар ҷомеаи варосанъатӣ  одами "бой" касе аст, ки соҳиби илму дониш ва иттилооти бештар бошад. Бинобар ин, чунин ҷомеаро  "ҷомеаи иттилоотӣ" меноманд.

Вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳо низ хеле дигаргун шуданд. 40 - 50 сол пеш кишварҳоро ба се даста тақсим мекарданд: 1. Кишварҳои пешрафтаи санъатӣ( ҷаҳони сармоядорӣ); 2. Кишварҳои сотсиалистӣ. 3. Кишварҳои Ҷаҳони саввум, яъне кишварҳое, ки на капиталистӣ ва на сотсиалистӣ буданд. Ба ин гурӯҳ ҳамаи кишварҳои ҷавон ва аз лиҳози иқтисодӣ ақибмондаю фақири Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинро шомил месохтанд. Бар асари талошҳои пайгиронаи халқҳою ҳукуматҳо, пешрафти илму техника, рушди саноат ва хидамот ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аксари кишварҳо  ба дастовардҳои  бузург  ноил шуданд.  Аз ҷумла бархе аз кишварҳои Ҷаҳони саввум, ба вижа, Ҳонконг, Сингопур, Куриёи Ҷа-нубӣ, Тойвон, Бразил, Оржонтин ва Мексико хеле муваффақ буданд ва ба кишварҳои санъатӣ табдил шуданд. Акнун онҳоро "кишварҳои санъатии ҷадид" меноманд. Баъзе кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо низ дастовардҳои хуб доранд. Таи 20 соли ахир Чин ва Ҳиндустон низ бо суръат пеш мераванд ва дар ҳоли табдил шудан ба қудратҳои бузурги иқтисодию сиёсии ҷаҳон мебошанд.

Аммо бузургтарин таҳаввулот дар ҷаҳони сусиёлистӣ сурат гирифт. Ин кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон аз низоми сусиёлистӣ (коммунистӣ)  даст кашида, роҳи гузор ба иқтисоди бозор, яъне роҳи эъмори ҷомеаи сармоядориро пеш гирифтаанд. Бинобар ин, ҳоло кишварҳои сотсиалистии пешинро " кишварҳои дар ҳоли гузор" меноманд. Дар ин ҷо 10 - 15 сол аст, ки ислоҳоти бунёдии сиёсиву иқтисодиро амалӣ мекунанд. Албатта, суръати ин дигаргуниҳо ва натоиҷи онҳо дар ҳама ҷо яксон нест: Кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ҷумҳуриҳои канори Балтик, Русия, Қазоқистон... дар ин роҳ хеле пеш рафтаанд ва раванди ислоҳот қариб ба поён расидааст. Вале дар аксари ҷумҳуриҳо, аз ҷумла, дар ҷамоҳири Осиёи Миёна ислоҳот ҳанӯз идома дорад. Интизор мерафт, ки ин ислоҳот боиси болоравии иқтисод хоҳад шуд. Аммо дар натиҷаи он, иқтисод натанҳо боло нарафт, баръакс, шадидан суқут кард, сатҳи зиндагии мардум поин омад, таварруми сарсомовар ҷомеаро фаро гирифт, фақру нобаробариҳои иҷтимоӣ густариш ёфт, илму маориф ва фарҳанг таназзул кард... Бинобар ин, созмонҳои байналмилалӣ  Тоҷикистон ва бархе кишварҳои ҳамсуд (ИДМ -- СНГ)- ро ба гурӯҳи кишварҳои Ҷаҳони Саввум шомил месозанд, зеро вазъи иқтисодии онҳо бадтар аз вазъи бисёр кишварҳои ақибмонда шудааст.

Дарвоқеъ, бо вуҷуди пешрафтҳою дигаргуниҳои ҷиддие, ки дар замони шӯравӣ дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваст, Тоҷикистон ҳанӯз ба пояи ҷомеаи санъатӣ нарасидааст. Саноати мо ноқису заиф аст. Қариб ҳамаи мошинолоту таҷҳизот ва колоҳои санъатии мавриди ниёзи мардум аз хориҷ ворид карда мешавад. Бештари (70%) мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо ба кишоварзӣ машғуланд, вале кишвар эҳтиёҷоти худро бо маводи хӯрока таъмин намекунад. Музди кор, ба вижа музди кишоварзон хело ночиз аст. Он ҳатто ба як зиндагии фақирона намерасад. Бекорӣ дар авҷ аст. Нобаробариҳои иҷтимоӣ густариш ёфтааст; як гурӯҳ бою сарватманд шуданду аксарият дар фақру бенавоӣ рӯз мегузаронанд. Мардум гирифтори ҳазор гуна мушкилот мебошанд. Нарху наво пайваста боло меравад, обу барқ ва гоз намерасад,...  Хуллас, нишонаҳои як ҷомеаи ақибмонда комилан ошкор аст.  Саволе пеш меояд, ки чаро мо ин қадар ақиб мондаем? Чаро кишварҳои дигар, аз ҷумла онҳое, ки 40 - 50 сол пеш хеле ақибмонда буданд ва манобеи саршори табиӣ  ҳам надоранд (мисли Куриёи  Ҷанубӣ, Сингопур, Ҳонконг, Тайвон..., ) таи чанд даҳсола ба дастовардҳои ҳайратангез ноил шудаанд, вале кишвари мо, бо вуҷуди имконоти хуб ва захираҳои фаровони табиӣ, аз неъмати пешрафт бенасиб мондаанд ва чунин ҳоли зор дорад?

Ақибмондагӣ ва гузор ба низоми ҷадид

Аксаран мегӯянд, ки мушкилоти Тоҷикистон -  мушкилоти марҳилаи гузор аст, яъне дардҳои зоямону истиқрори низоми ҷадид аст. Албатта, ин ҳарф ҷон дорад: ҳама гуна гузор аз як низом ба низоми дигар аз роҳи ислоҳоти бунёдӣ сурат мегирад. Ин ислоҳот, моҳиятан як инқилоб аст ва ҳама гуна инқилоб (хоҳ  бо роҳи осоишта  сурат гирад, хоҳ бо роҳи хушунату зӯроварӣ)  шикасту рехтҳо дорад ва мушкилоту маҳрумиятро ба бор меоварад. Хусусан, дар кишвари ақибмондае, ки аз лиҳози моддию техникӣ ва равонӣ барои чунин тағйирот омода набошад, ва ба ин нигоҳ накарда, дар пайи зудтар амалӣ кардани таҳаввулоти инқилобӣ шавад. Тоҷикистон ҳамин ҳолро дорад. Он дар замони шӯравӣ ҳам хело ақибмонда буд . Саноеъи пешрафта надошт. Аксари корхонаҳои санъатӣ   маҳсулоти ниҳоӣ тавлид намекарданд. Онҳо мисли ҳалқаҳои як занҷир сохта шуда буданд ва ба корхонаҳои дигар ҷумҳуриҳо сахт вобаста буданд. Пахтаро дар Тоҷикистон парвариш мекарданд, аммо коркарди он ва тавлиди либос дар ҷумҳуриҳои дигар сурат  мегирифт. Корхонаи тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон буд, маводи хоми онро аз Украина меоварданд ва маҳсулоти ниҳоиро дар Русия месохтанд...

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ робитаҳои иқтисодӣ байни ҷумҳуриҳо мушкил ё гусаста шуд ва ин ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ расонд. Илова бар ин, таҷҳизоту мошинолоти корхонаҳо кӯҳнаю фарсуда шуда буданд. Ин ҳолат бӯҳрони иқтисодиро доман зад ва ногузир таназзули шадидро ба бор овард.

Ба болои ин, ҳукумати кишвар ба таври кӯркӯронаю муқаллидона ба гузаронидани ислоҳот даст зад. Зимнан, гузор ба низоми ҷадид на ба шеваи Чин, яъне на ба таври тадриҷӣ, балки ба шеваҳои ифротӣ, ки онро ба русӣ " шоковая терапия" номидаанд, амалӣ шуд. Тоҷикистон дар ин кор аз Русия  ва аз раҳнамоиҳои хоми баъзе созмонҳои байналмилалӣ пайравӣ кард. Ислоҳоти иқтисодӣ ба таври оқилонаю одилона сурат нагирифт. Хусусисозии корхонаҳо ба шеваи нодурусту бедодгарона амалӣ шуд ва мешавад. Амалан хусусигардонӣ ("приватизатсия") не, балки тороҷгарии моликияти мардум( "прихватизатсия") сурат гирифт.  Бештари корхонаҳо ба нархҳои хело арзон "фурӯхта" шуданд. Онҳоро касоне соҳиб шуданд, ки лаёқату тавони истифодаи босамари онҳоро надоштанд... Беҳуда нест, ки дар Русия низоми кунуниро "бандитский капитализм" меноманд. Ин ҳама боис шуд, иқтисоди ин кишварҳо на танҳо боло нарафт, балки баракс бештар суқут кард... Масалан, маҳсулоти нохолиси Тоҷикистон дар соли 2000 ду баробар камтар аз соли 1990 буд.

Албатта, ин ҳама омилҳою сабабҳо корсоз буданд. Вале ин танҳо як тарафи масъала, тарафи моддию техникии он аст. Тарафи дигари масъала, агар ба истилоҳи илми иқтисод бигӯем, - омили инсонӣ, дурусттараш сифати омили инсонӣ, яъне сатҳи донишу тахассуси мардум аст ва ин басо муҳимтар аст. Зеро пешрафти ҷомеа пеш аз ҳама ба ин омил вобаста аст. Маҳз инсонҳо ҳастанд, ки кишварро обод ё хароб кунанд. Агар сатҳи донишу тахассуси мардум баланд бошад, агар ҷомеа аз илму техникаи пешрафта бархурдор бошад, агар ахлоқи нек дошта  бошад, агар назму низоми сиёсии кишвар одилона бошад ва ҳукуматдорон оқилу кордон бошанд, мардум биёбонро ба гулистон табдил медиҳанд, вагарна, мумкин аст, кишвари ободро хароб кунанд. Ин воқеият( факт), ки кишвари мо ақибмонда ва гирифтори бӯҳрони иқтисодӣ аст ва сиёсатҳои ҳукумат оқилона нест, худ далолат бар он мекунад, ки дар Тоҷикистон( ва аксари кишварҳои ҳамсуд) сифати омили инсонӣ баланд нест. Мушкилоти ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, натиҷаи поин будани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҳукуматдорон ва тӯдаҳои васеи мардум аст. Он танҳо натиҷаи марҳилаи гузор нест. Зимнан, бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки ҷомиаи мо роҳи гузорро тай мекунад.

Агар дақиқтар ба ин масъала бингарем, равшан мегардад, ки марҳилаи гузор дар сарзамини мо қариб 100 сол пеш оғоз шуда буд ва ҷомеа ҳанӯз аз ин марҳала берун нашудааст. Дар охирҳои садаи 19 ва авоили садаи 20 нахустин унсурҳои ҷомиаи сармоядорӣ ба вуҷуд омада рушд мекарданд. Ин оғози гузор аз феодализм ба капитализм буд. Вале дар ин роҳ ҳанӯз ба ҷое нарасида будем, ки дар Русия ҳукумат ба дасти болшевикон афтод  ва марҳилаи гузор ба низоми сусиолистӣ (коммунистӣ) шурӯъ шуд. Зоҳиран, дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҷомеаи сусиолистӣ сохта шуд ва ҳатто ба зинаи "сусиолизми мутараққӣ" расидем. Қарор буд дар ояндаи наздик ба зинаи болотари он, яъне ба "коммунизм" бирасем. Аммо дар авоили солҳои 90 ин нақшаҳо барбод  рафтанд. Марҳалаи гузор ба коммунизм ба поён нарасида буд, ки бо ибтикор ва "таҳти раҳбарии хирадмандонаи партия ва ҳукумати ҷоноҷон", яъне коммунистҳое, ки ба ногаҳ худро демократ эълон карданд, мо шурӯъ кардем ба гузаштан ба низоми капиталистӣ. Албатта, дар зеҳни ҳар кас саволе пайдо мешавад, ки чаро коммунистон(!)  роҳи гузаштан ба низоми... капиталистиро(!?) пеш гирифтанд? Коммунистоне, ки ҳам ҳукумат ва ҳам Шӯрои Олиро дар даст доштанду доранд, чаро роҳи низомеро пеш гирифтанд, ки 70 сол бар зидди он мубориза мебурданд ва ҳамаи бадиҳоро ба он нисбат медоданд? Чаро дар Тоҷикистон сохтмони ҷомеаи сусиолистиро идома надоданд, ҳатто агар Русия аз он рӯй гардонида бошад? Оё бидуни раҳбарии "бародари бузург" худашон наметавонистанд бо роҳи сусиолизм пеш бираванд? Оё ақли худшон ба ин кор намерасид? ...Ин худ мавзӯи баҳси ҷудогона аст. Дар ин ҷо кофист, ин нуктаро зикр намоем, ки ин "ислоҳот" натиҷаи андеша ва таҳлилҳои амиқу ҳамаҷонибаи ҳукумати мо набуд. Ин нишони он аст, ки "коммунистони мо" ҳамеша тобеъю фармонбардор буданд. Бинобар ин, онҳо ҳеч гоҳ андешаи мустақил надоштанд ва, тавре ки мебинем, ҳоло ҳам надоранд... Ба ҳар сурат, мо вориди марҳалаи гузор ба ҷомеаи сармоядорӣ шудем ва ба сад азоб ин марҳаларо ҳам аз сар мегузаронем... Бубинем, ки ин дафъа то ба куҷо мерасем...

(идома дорад)

P.S.:10 феврал зодрӯзи Устоди зиндаёд, Тоҳири Абдуҷаббор - раҳбари ҷунбиши истиқлолталабии Тоҷикистон ва муаллифи нахустин тарҳи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон аст.

Матлабе, ки дар ихтиёри хонандаи гиромӣ қарор дорад, муфассал барои рӯзнома навишта шудааст, аммо устод дар рӯзҳои башумори умри худ онро дар шакли китоб нигошта буд. Ва васият ҳам кард, ки он пас аз таҳрири Раҳматкарими Давлат дар нашрияи «Миллат» ба нашр бирасад. Мутаассифона умр бевафоӣ кард ва фурсат даст надод, то матолибро устод ба дасти мо бирасад. Умедворем, он нигоштаҳои бо хуни дил навиштаи устод дастрас хоҳанд шуд ва барои зиндагии бо саодати мардум дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳанд кард. Ҷои устоди гиромӣ ва донишманду ватанхоҳ биҳишти барин бод.

Ёдаш ба хайр!

Ду рисолаи устоди зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ёфт шуд!

Пас аз  солҳои 2005 мо, як гурӯҳи хурди фарҳангиёни тоҷики муқими Қазоқистон дар Алмаато  маҳфиле созмон дода будем ва ҳафтае як бор ҷамъ омада, пиромуни масоили гуногуни фарҳангӣ бо ҳам гуфтугӯи дӯстона мекардем. Боре, агар ёдам нарафта бошад, тирамоҳи соли 2006 дар  маҳфиле дар хонаи дӯстамон Қодири Рустам зимни гуфтугӯе чун аз устод Тоҳири Абдуҷаббор, ки соле пеш ба Ватан баргашта буд,ёд кардем, дӯстамон Маҳмадалии Давлаталӣ (равонаш шод бод!) чунин гуфт:

- Устод донишманди тавоност, агар ҳама пешниҳодҳояш дар солҳои 90 қабул мегардид, дақиқ, ки Тоҷикистон ва мардуми мо ба чунин рӯзҳои сахт гирифтор намешуданд. Аз дониши фарох ва ақлу  заковати чунин донишманд мо бояд истифода барем. Биёед, ба устод ягон мавзӯе, масалан  сабабҳои ақибмондагии Тоҷикистонро ё ягон мавзӯи дилхоҳашонро пешниҳод мекунем, то рисола ва ё матлабе бинвисанд ва онро мо пас дар шакли китобе ба нашр расонем...

Ин пешниҳод ба ҳама писанд омад ва банда пас аз чанд рӯз ба устод номае навишта дархости аҳли маҳфилро расонидам. Устод хоҳиши моро, ҳарчанд шароити хуби корӣ ва осудагию оромӣ ҳам надошт, пазируфт. Вале пас аз муддате Қодири Рустам ва Шарифи Шариф ба Тоҷикистон баргаштанд ва маҳфили чорнафараи мо ҳам пароканда гардид. Устод пас аз чанд моҳ ду матлабро бо номҳои "Чаро мо ақиб мондаем?" ва "Ҷуръати донистанро дошта бош!" ба банда фиристод. Аммо пас аз муддате ?айричашмдошт бо кадом сабабе номаҳои почтаи электронии ман пурра аз байн рафт. Вале банда умедвор будам, ки баъдан он рисолаҳоро аз худи устод гирифта, ба чопи китоб, баробари пайдо кардани имкони молӣ, шурӯъ мекунем. Пасон устод гирифтори беморӣ шуду ҳама андешаву ёд ва давутози мо барои аз чанголи беморӣ раҳо кардан ва расонидани ёрӣ ба ӯ дар ин лаҳзаи душвор буд. Вале, миқрози аҷал риштаи зиндагии ин бузургмардро бармаҳал бурид. Ман интизор будам, ки он ду рисола ҳам ба китоби "Меъмори истиқлоли Тоҷикистон" ворид мегарданд. Вале, ба гуфти дӯстонамон, онон он навиштаҳои устодро пайдо карда натавонистаанд. Банда ҳам пас аз чопи китоб бо ҳамсӯии аҳли хонаводаи устод бойгонии  устодро аз назар гузаронидам, вале ҳайҳот... Бисёр афсӯс хӯрдам ва худро надомат кардам, ки чаро он замон навиштаҳои устодро ҳифз ва сари вақт чоп карда натавонистам. Вале, чанде пеш иттифоқе афтоду бо хоҳиши як дӯстам матлаберо аз рӯзномаҳои дар даст доштаам ҷустам ва ҳама ҷоро тагурӯ кардам ва ногоҳ аз байни коғазҳои зиёдам, дар байни рӯзномае он ду матлаби копишудаи устодро пайдо кардам. Баъд ба ёдам омад, ки он замони расидани матлаби устод онҳоро ҳангоми кор копӣ карда монда будааму пас андармони корҳои дигар шуда фаромӯш кардаам... Он лаҳза ба назарам, чунин намуд, ки беҳтарин ганҷи гумкардаамро пайдо кардам. Пас аз нопадид шудани он матлабҳо ва пасон дигар пайдо карда натавонистани онҳо худро пеши равони устод Тоҳири Абдуҷаббор гунаҳкор медонистам ва шодам, ин ганҷи бебаҳо, ки барои мо ва ҳама дӯстдорони сухани ҳаққ арзишмандтарин ҳадя аст, дубора ба дастамон расид. Ҳоло камина матлаби "Чаро мо ақиб мондаем" -ро  ба нашрияи "Миллат" мефиристам, зеро маҳз ҳамин нашрия дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ устод Тоҳири Абдуҷабборро дастгирӣ кард ва пас аз даргузашти ӯ ҳам ҳамеша рӯҳашро гиромӣ медорад...

Насибҷон Амонӣ,

шаҳри Алмаатои қазоқистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97