Ислом Каримов; нигаронӣ ё шиорпартоӣ ва ё манёври нав?

Сиёсат 28.01.2013 12:16

islam-karimovРаисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, дар минтақа "мушовирону миёнаравҳое" ҳастанд, ки мехоҳанд узбаку тоҷику қирғизҳоро байни ҳам ҷанг андозанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Узбакистон, ин нуктаро Ислом Каримов рӯзи 18-уми январ дар ҷаласаи васеи ҳукуматаш баён  доштааст. Ӯ таъкид кардааст, ки мушкилоти мавҷуда миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо марбути ин кишварҳост. Cарвари Узбакистон афзудааст, "баъзеҳо  мехоҳанд мухолифати тоҷикон, қирғизҳо ва узбакҳоро шиддат бахшанд. Бисёр мушовироне мавҷуданд, ки маслиҳат медиҳанд,  ки "ин кишвар дар муқобили Шумо чунин кард ва Шумо ҳам бояд зарбаи ҷавобӣ занед".

Чашмандозе аз Тоҷикистон

"Миллат"дар пояи ин изҳори назари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон аз чанде аз ҳамватанон пурсид: Шумо дар мавриди изҳори назари ахири Ислом Каримов дар бораи низоъан-гезии нируҳое дар миёни тоҷику узбаку қирғиз чи нигоҳе доред?

Mehri SobiriynМеҳр Собириён, иқтисодчӣ: Ислом Каримов сиёсатмадори пухта аст. Ин давоми ҳамон сиёсати манфиатҷӯёнааш ҳаст, ки аз солҳои аввали истиқлол пеша карда буд. Имрӯз, ки Узбакистон барои бештар аз худ кардани лавозимоти ҷангии НАТО аз Созмони амнияти дастаҷамъӣ берун шуд ва Тоҷикистону Қирғизистон бо Русия наздиктар шуданд ва ҳамзамон низоъҳои қавмӣ дар марз рӯй зад, манфиатҳои худро Узбакистон зери хатар дидааст. Чунки воқеъан ҳам зӯргӯии пештара ба фоидааш нест. Кишварҳои ҳамсояаш аъзои ОДКБ ҳастанд ва ҷанг бо онҳо имкон надорад, ё дурусттараш дигар зӯраш намерасад. Каримов, ки ҷонибдори Иттиҳоди гумрукӣ нест ва Қирғизистон имсол ва Тоҷикистон дертар ба он дохил мешаванд ва манфиятҳои иқтисодии худро иҷборан бар сари мо бор карда наметавонад. Ҳарчанд аз низоъҳои қавмӣ дар минтақа кам мегӯянд, лекин Узбакистон аз он дар ҳарос аст. Чунки шумораи ғайриузбакон дар он ҷо хеле зиёд аст ва бо зӯргӯӣ онҳоро намешавад ба худ наздик кард.

Ин ҳама сабаб шудааст, ки ҷаноби Каримов ба хотири манфиатҳои худ сиёсати худро нисбати ҳамсояҳо тағйир бидиҳад. Ҳарчанд ӯ дар мавқеъи худ доимо устувор нест ва мумкин аст бо тағйири вазъият онро дигар кунад, аммо ин иқдомаш ба зарар нест ва мо бояд аз фурсат истифода бурда баҳри манфиятҳои худ бо онҳо сари мизи гуфтушунид биншинем. Мақсади ниҳоии Каримов ҳам танҳо баъди гуфтушуниди дуҷониба маълум мешавад.

Ишораи ӯ ба кадом як қувваи сеюм, фикр мекунам танҳо ноуҳдабароии худро бар сари каси номаълуме бор кардан аст. Ҳама медонад, ки сабабгори муносибати сарди Узбакистон бо ҳамсояҳояш худи Каримов бо сиёсати манфиятҷӯёнааш аст.

Qodirshoi MuruvvatҚодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, сардабири нашрияи тоҷикии "Паёми Ала- Тоо": Аз расонаӣ шудани изҳори назари ахири Раиси ҷумҳури Узбакистон замони зиёде нагузаштааст. Аммо пиромуни он дар ҳалқаҳои коршиносии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия, дигар кишварҳо вокунишҳои муътадад ба амал омада ва ҳар касе кӯшиш кардааст фармудаи Ислом Каримовро ба шакле ё наҳвае тавзеҳу ташреҳ диҳад. Гуруҳе ин нармиши лаҳни суханронии раҳбари Узбакистонро ба унвони боз як бозии нави ин сиёсатмадори пуртаҷриба дар ҷиҳати бурун рафтан аз мушкилоти ҷории дар минтақа эҷодшуда арзёбӣ  менамоянд ва бархе ҳам чунин тасаввур доранд, ки ҳадафи Ислом Каримов аз ин гуфтаҳояш эҷоди ҷудоӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон бо Русия мебошад.

Алорағми гуфтаҳои боло, банда муътақидам дар шароите, ки дар минтақаи мо як фазои ҷадид шакл мегирад, ин фармудаи раҳбари Узбакистон метавонад то ҷое дар муносиботи кишварҳои минтақаамон нармиш бахшида, руҳияи одамонро таскин бахшад. Манзури банда дар ин ҳолат ҳаводисе мебошад, ки дар маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Сухи Узбакистон ба вуқуъ омада мавҷиби нигаронии кишварҳои ҳамсоя шудааст. Ба думболи ин қазия чанде аз нашрияҳои Бишкек ноогоҳона ва гоҳе ҳам огоҳона ба қавмияти аҳолии Сух таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда ва ба сурати мукарар таъкид менамуданд, ки беш аз 90 дарсади ҷамъияти ин ноҳияро тоҷикон ташкил медиҳад. Кор то ҷое кашид, ки мо маҷбур шудем ба намояндагӣ аз Созмони тоҷикони Қирғизистон ба мақомоти марбута муроҷиат намоем то аз ин ишораҳои ноҷои расонаҳои маҳалӣ ҷилавгирӣ шавад.

Ба унвони як тан фарзанди ин минтақа ба ин боварам, ки ғами имрӯзу фардоямонро танҳо худамон бояд  бихӯрем ва ба умеди дигарон шудан иштибоҳ аст. Дар ин росто мақоле ҳаст ба ин маънӣ: Кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман. Аз ин хотир умедворам, ки баргузории мулоқоту музокиротҳо дар сатҳи олӣ қодир аст баррасии мушкилоти мавҷуд дар минтақаи Осиёи Марказиро ба маротиб осонтар созад. Бовар дорам, аксар мардуми одии кишварҳои минтақа ба ҳамин фикр ҳастанд ва барояшон беҳбуд ёфтани робитаҳои ҷумҳуриҳоямон қобили ризоят ва хушҳолӣ аст.

KHurshedi atovulloХуршеди Атовулло,сармуҳаррири ҳафтаномаи "Фараж":

Каримов сиёсатмадорест, ки амалу рафтораш пешгӯинашаванда аст. Гоҳе ба Кремлу гоҳе ба Қасри сафед рӯ оварданаш гувоҳи он ҳаст, ки барои вай принтсипи сиёсӣ вуҷуд надорад. Бубинед, ки бо кандани роҳи оҳану минахобониҳо имрӯз дам аз ҳамсоядорӣ мезанад. Гумон дорам, пушти ин изҳорот ғаразу ҳадафҳое ҳастанд, ки дер ё зуд бояд ифшо шаванд, вале навобаста аз ин ҷониби Тоҷикистон ин шанси "мулоимшави"-и ҳамсояро бояд истифода карда, пайи ҳалли мушкили пешомада дар ҳамсоядорӣ шавад.

SayfСайёфи Мизроб, сармуҳаррири ҳафтаномаи "СССР":

Ман ба ягон Каримов, ягон Каримовмаъоб ва ягон Каримовсухан бовар НАДОРАМ! 21 сол ин мард моро аҳмақ карда гаштаасту мо ҳар боре ба ӯ бовар мекунему... боз ба домаш меафтем. Зулми Каримов ба ягон "мушовиру миёнарав" ниёз надорад. Ва агар НАТО ба Афғонистон намедаромад ва ё роҳи Хитой тавассути Помир боз намешуд, ин нафар кайҳо Тоҷикистонро Фаластин карда буд. Зулми Каримов дар нисбат ба Миллати Тоҷик ҳамон зулми азалист, ки қавми яҳуд бар араб доштанду доранд; проблемаи мо бо Каримов ҳеч вақт бо роҳи муросо ҳал намешавад ва агар имрӯз ман сари қудрат мебудам, тамомии роҳҳои аз вилояти Суғд даргузари узбакҳоро мебастам. Бигзор 1 бор худро дар ҷомаи мо тасаввур кунанд.

 

safarovsayfulloСайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти сотсиологии назди Президенти ҶТ:

Ба назарам дар Узбакистон ҳаво гарм ва яхҳо об шуда истодааст. Ислом Каримов дурандешона ва оқилона масъалаи дӯстӣ ва ҳамкории се ҷумҳурии ҳамсояро баррасӣ кардааст. Фикр мекунам, ки тамоми мардуми тоҷику узбак ин гуна мавқеъро дастгирӣ хоҳанд кард. Чунин як эҳсоси дӯстона нисбати ҳамсояҳо дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Тоҷикистон садо медиҳанд. Худо кунад, ки қарсак аз ду даст шаваду бозиҳои геополитикӣ дар атрофи кишварҳои дӯсту ҳамсоя камтар. Мо ба ҳамдигар наздик шавему иқтидори иқтисодӣ ва геополитикии Осиёи Марказӣ беҳтару бештар намоён шавад. Хавфи низоъ ва бесуботӣ камтар шаваду мардуми мо ба ояндаи дурахшони хеш бовариаш мустаҳкамтар гардад.

Jamila HuseynovaҶамила Ҳусейнова, хабарнигор:

Хуб мешуд Ислом Каримов ин гуфтаҳояшро бо амалҳои воқеӣ аз қабили аз байн бардоштани раводид, лоақал то 30 рӯз, даст кашидан аз монеъасозии сунъӣ дар роҳи охан ва "пиари сиёҳи" Тоҷикистон дар ғарб мустаҳкам мекард, шояд баъд каме бовар мекардем. Шояд паси ин "уткааш" низ нияте дорад ӯ ...агар ин тавр бошад, мо бояд дар ояндаи наздик мунтазири "туҳфа"-и навбатии кишвари ҳамсоя бошем.

 

Alouddin QosimovАловуддин Қосимов, хабарнигор:

Ҳарчанд дар мавриди суханронии ахири раиси ҷумҳурии Узбакистон дидгоҳ ва назароти мухталифе аз сӯи коршиносон ва доираҳои мухталифи ҷомеъа баён мешавад. Ин навъи суханронии оқои Каримов, ки бо суханрониҳо ва сиёсатҳояш дар баробари кишварҳои ҳамсоя дар таззод аст, ба интихоботи қарибулвуқуъ дар ин кишвар рабт дода мешавад.

Аммо ба назари ман ин навъи суҳбат ва изҳори назари оқои Каримов оғози як бозии ҷадид, ки тарроҳ ва бозингари аслӣ дар он шахси  Каримов аст, мебошад.  Бозие ки дар шароити ҳассос ва дар минтақаи ҳасос қарор аст ба иҷро дароварда шавад ва ё шуруъ шудааст.

Дар ҳар сурат агар байни ин се кишвар ва ё дар яке аз он иттифоқе рух диҳад, ҷаноби Каримов аввалин касе хоҳад буд, ки аз пешгӯии худ дар ин маврид ёд хоҳад кард.

Бинобар ин пеш аз ҳама сокинони назди марзи ин се кишвар, ки бештар дар маърази хатар қарор доранд бояд ҳушёр ва мақомоти масъул хусусан дастгоҳҳои қудратии Тоҷикистон дар ин минтакаҳо зиракии сиёсирро ҳифз кунанд ва нахоста вориди ин бозӣ, ки аз он сӯи марз идора мешавад, нашаванд.

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, муҳоҷири тоҷик:

Бовараш намекунам. Пеш аз ин ҳам аз ингуна гапҳо бисёр гуфта, вале дӯстиву хамсоядорияшро надидем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97