Тоҷикистон паноҳгоҳи даҳшатафганони Осиёи Марказӣ мешавад?
Покистон хоҳони таъсиси як шоҳроҳ байни он кишвар ва Тоҷикистон аз тариқи Вахони Афғонистон аст. Аммо Ҳиндустон ҳам мухолифи таъсиси чунон як шоҳроҳ ва мухолифи таъсиси шоҳроҳ (хати оҳан)-и байни Чину Афғонистон аст. Таъсиси хати оҳан байни Чину Афғонистон, кишварҳои мазкурро аз тариқи Туркманистон, Эрону Туркия бо Аврупо васл хоҳад кард.
Дар тайи соли пори исавӣ Покистон ва Ҳиндустон дар хоки Тоҷикистон ба як силсила фаъолиятҳои ҷадиду барномарезишудаи даҳшатафганӣ даст задаанд, то манофеи минтақавӣ ва фароминтақавии якдигарро дар он кишвар таҳтушшуоъи сиёсатҳои худ қарор диҳанд. Ҳиндустон ва Покистон ба сурати дақиқ мавқеияти роҳбурди Тоҷикистонро дарк кардаанд. Бар асоси ташхиси низомиён Ҳиндустон ва Покистон, куҳҳои манотиқи ҷанубии Тоҷикистон беҳтарин паноҳгоҳ барои гуруҳҳои дастпарвардаи он ду кишвар маҳсуб шудаанд.
Ҳиндустон ҷиҳати эҷоди монеъа барои густариши барномаҳои Чин ва Покистон дар кишварҳои Афғонистон ва Тоҷикистон мехоҳад бо ҳамкории Ғарб як кишвар ё воҳиди маъмурии кучакро дар байни Афғонистон, Чин, Тоҷикистон ва Покистон эҷод кунад.
Аммо Покистон ҷиҳати хунсосозии аҳдоф ва фаъолиятҳои Ҳиндустон теъдоде аз тоҷикону узбактаборони манотиқи Осиёи Марказиро тарбияву тамвил карда ва таҳти номи Толибони Осиёи Марказӣ, ононро ба манотиқи ҷануби Тоҷикистон ва вилояти Бадахшон ва Тахори Афғонистон ирсол карда аст, то аз ин тариқ фаъолиятҳои Ҳиндустон, Исроилу Амрикоро дар минтақа хунсо созад.
Интизор меравад фаъолиятҳои Толибони Тоҷикистон баъд аз хуруҷи нируҳои НАТО аз хоки Афғонистон шиддат ёбанд. Исроил ҳам бо Ҳиндустон дар ба самар расондани хосту ормонҳои ин гуруҳҳои ҷудоиталаби Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон аз шабакаҳои моли байналмилалӣ ва авомили нуфузии онҳо дар артиши Ҳинд дар тарбияи ҷудоиталабон дар Панҷоб ва Кашмири таҳти ишғоли Ҳиндустон кор мекунад…
Гузоришҳои ҳокӣ аз он аст, ки Исроил ва Амрико ҳам дар ин барнома ба сурати ғайри мустақим саҳим ҳастанд. Чун ҳадафи Исроил ва Амрико таҷзияи Покистони ҳаставӣ ва Афғонистони бесубот аст.
Русия аз ташкили ин воҳиди нав норозӣ нест, чун русҳо ба фикри мунзавӣ (танг кардани мавқеъи) сохтани Чин ва Покистон дар сатҳи минтақа ҳастанд ва бар асоси манофеъи сиёсати минтақавии онон ташкили воҳиди нав метавонад равобити Русия ва Ҳиндро бештар мустаҳкам кунад ва дасти Покистон ба хокҳои Осиёи Марказиро кутоҳтар созад.
Ташкили ин кишвари кучак бастагӣ ба набуди амният ва давоми ҷанг дар Афғонистон дорад. Қочоқи маводи мухаддир яке аз роҳҳои таъмини молии ҷудоиталабон дар сатҳи минтақа аст. Марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон шоҳроҳи қочоқи маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ ва Русия аст ва қоҷоқбарони маводи мухаддир рӯзона даҳҳо ҳазор доллар ҷизя аз он қочоқбарон дарёфт мекунанд. Истихбороти Ҳиндустон дар манотиқи Панҷоб ва Кашмири таҳти ишғолаш ду шуъбаи истихборотии низомиро таъсис карда, ки ба сурати рӯзмара фаъолиятҳои ҷудоии толибонро дар Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон зери назорати худ доранд. Ҳиндустон хоҳони нуфуз дар байни гуруҳҳои мазҳабии ҷудоиталаб дар минтақаи уйғурҳо ё Туркистони Чин аст. Аммо ба иллати мавҷудияти манотиқи саъбулубур (душворгузар) ва набудани иртибототи истихборотӣ Ҳинд ҳанӯз қодир ба ҷазби теъдоди зиёде аз ин ҷудоиталабони мазҳабии манотиқи туркистонии Чин нашудааст. Мудирияти барномаи таъсиси кишвари ҷадид дар дафтари истихбороти Ҳиндустон дар минтақаи Панҷоби он кишвар қарор дорад.
Агар дар Афғонистон сулҳ шавад, ин тарҳ нақше бар об мешавад
Поёни ҷанг ва хатми мудохилоти хориҷӣ дар Афғонистон метавонад нақшаи раҳбурдии Ҳидустон, Исройил ва Амрикоро дар сатҳи минтақа ба нафъи Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон ва ҳатто Чин хунсо созад.
Агар ҷанг дар Афғонистон бихобад ва мудохилоти хориҷӣ дар умури кишварӣ ва лашкари Афғонистон поён ёбад ва шоҳроҳ байни Чин ва Афғонистон аз тариқи Ёрқанд то марзи Афғонистон-Туркманистон ва Эрон кашида шавад, кишварҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Чин метавонанд бо истифода аз он шоҳроҳ ба манофеи саршори иқтисодӣ ноил гарданд ва суботи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ як бори дигар минтақаро фаро гирад, аммо Ҳиндустон, Амрико ва Исроил аз таъсиси ҳамчунин як шоҳроҳ ҳарос доранд. Чун эҷоди чунин як шоҳроҳ метавонад, манофеи иқтисодӣ-сиёсии се кишвари номбурдаро дар сатҳи Осиё ва Аврупо таҳтушшуъои худ қарор диҳад. Эҷоди чунин як шоҳроҳ (хати оҳан)-и дутарафа боис хоҳад шуд, ки гази Туркманистон аз тариқи он роҳ ба сурати мустақим ба Чин интиқол ёбад ва манофеи дарозмуддати кишвари Тоҷикистон аз тариқи ин шоҳроҳ ҳам метавонад дар он кишварҳо суботи иқтисодӣ ва сиёсии дарозмуддатро ба армуғон оварад. Танҳо тарси Чин аз таъсиси чунин як шоҳроҳ мудохилоти Туркия дар умури мусалмонони Чин дар манотиқи шимоли он кишвар аст.
Аммо Ҳиндустон ба сифати кишвари хати муқаддами ҷабҳа, алайҳи таъсиси шоҳроҳи байни Чин ва Афғонистон тасмими қотеъ гирифтааст, ки ҷанг дар Афғонистон ба қуввати худ идома ёбад, то аҳдофи он кишвар дар сатҳи минтақа татбиқ ва таъмин гарданд.
Ҳиндустон ҳам акнун аз идомаи ҷанг ва бесуботӣ дар Афғонистон беш аз ҳар кишвари дигар манфиат мебарад. Ҷанги домангиру буҳронҳои таҳмилӣ болои Афғонистон боис шуда, ки Покистон аз фаъолиятҳои даҳшатафганона ва ирсоли ҷангҷӯёни кашмирӣ ба манотиқи ишғолшудаи Кашмир тавассути Ҳиндустон дар шароити кунунӣ худдорӣ кунад, чун Покистон бо иқтисоди заъиф ва сиёсатҳои бепуштувонаи ҷаҳонӣ худ тавони раҳбарӣ ва тамвили ду ҷангро бо ду ҳамсояи хеш надорад. Ҳазинаи идомаи ҷанг ғайри мустақим байни Афғонистон ва Покистон ба нафъи иқтисод ва мошини ҷангии Ҳиндустон аст. Ҳиндустон аз тариқи эътои бурсияҳои таҳсилӣ ва пешкаш кардани тамриноти низомӣ барои ҷудоиталабони паштунтабор ва балуҷтабори Покистон тавонистааст дар манотиқи шарқӣ ва шимоли шарқии Покистон мушкилоти амниятиро барои давлати Покистон эҷод кунад. Ҳамчунин давлати Ҳиндустон кӯшиш дорад аз тариқи Амрико, Исроил, Бритониё ва Конодо дар ба расмият шинохтани кишваре бо номи Балуҷистон кишвари Покистонро таҷзия ва заъифтар созад. Эҷоди кишваре бо номи Балуҷистон метавонад ҳаёти сиёсии Афғонистон, Эрон ва Покистонро ба хатар андозад, чун дар он сурат балуҷҳои се кишвари мазкур хоҳони як ҷо шудан хоҳанд шуд ва ҷангҳои хунин ва камаршикан дар сатҳи минтақа рух хоҳанд дод, ки натиҷаи ниҳоии чунон ҷангҳо ғайри қобили пешбинӣ шумурда мешуданд.
Ҳиндустон дар бозсозии Афғонистон ҳам сиёсати шубҳаомезро рӯи даст гирифтааст ва кормандону коршиносони Ҳинд дар Афғонистон бахусус дар Ҳирот дар бахши эъмори банди Салмо бо кундкорӣ кӯшиш мекунанд Афғонистон аз лиҳози иқтисодӣ фақат як кишвари масрафкунанда ва ниёзманд ба кумакҳои хориҷӣ боқӣ бимонад. Ҳар гоҳ агар таъсисоти барқрасонии Афғонистон эҳё, бозсозӣ, эъмор гарданд ва амнияти сартосарӣ дар Афғонистон таъмин гардад, дар он сурат сармоядорони афғон бо ба кор андохтани корхонаҳои тавлидӣ метавонанд саҳми фаъол дар дар беҳбуди иқтисоди миллии кишвари хеш ифо кунанд ва ҷомеъаи сад дар сад масрафии хешро ҳадди ақалл ба як ҷомеъаи ниматавлидӣ мубаддал созанд. Аммо Ҳиндустон аз худкифо шудани нисбии иқтисоди Афғонистон бимнок аст, чун беҳбуди амният ва иртиқои иқтисоди Афғонистон ба насли бекори ин кишвар ба ҷойи пайвастан ба гуруҳакҳои Толибон ва Ҳизби исломии Афғонистон ба раҳбарии Гулбуддин Ҳикматёр ангезаи кор кардан дар як фазои амн ва солимро эҷод мекунад ва ин кор хилофи хости аҳдоф ва барномаҳои Ҳиндустон дар сатҳи Афғонистон аст. Ҳиндустон бо дарки ғайри мардумӣ будан ва бунёди таборгароёна ва зеҳнияти қабилавии сарони режими кунунӣ дар Кобул тавонистааст аз сиёсатҳои нодурусти дохилӣ ва хориҷии Афғонистон истифодаи азим кунад.
Ҳиндустон сиёсатҳои таборгаройи Афғонистонро дар ба расмият нашинохтани марзҳо байни Афғонистон ва Покистон ба сурати мустақим ва ғайри мустақим аз тариқи дастпарвардаҳои худ ташвиқ мекунад. Агар Афғонистон муноқишот ва ихтилофоти торихии худро бо Покистон ҳал кунад, дар он сурат Ҳиндустон бузургтарин душмани ҳаёти сиёсии Афғонистон дар сатҳи минтақа хоҳад шуд ва ҳама кумакаш ба Афғонистонро қатъ хоҳад кард, чун дар сурате ки равобит байни Афғонистон ва Покистон беҳбуд ёбад ва Покистон аз мудохила дар умури Афғонистон даст бикашад, он гоҳ аст, ки он кишвар дубора рӯ ба маъсалаи Кашмир хоҳад кард. Дар сурате ки агар ҷанг байни Ҳиндустон ва Покистон рух диҳад, бидуни ҳеч шак ҳам субот ва ҳам қаламрави ҳар ду кишвари номбурда тағйир хоҳанд кард.
Аммо соли 2014-и мелодӣ як соли сарнавиштсоз барои Афғонистон аст. Агар сиёсатмадорон ва аҳзоби сиёсии Афғонистон натавонанд киштии сарнавишти кишвар ва миллати худро бар асоси манофеъи миллӣ ҷиҳати наҷоти ҳаёти сиёсии ин кишвар қабл аз таҳмили буҳронҳои барномарезӣ шудаи Ҳиндустон , Исроил ва Амрико пас аз соли 2014 - и мелодӣ ба соҳили наҷот раҳнамоӣ кунанд, Афғонистон бузургтарин бозандаи ин фитнаи бузурги таърихӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд. Аммо соҳили наҷот барои расонидани киштии сарнавишти Афғонистон ба он ҷо ба иллати оташу ҳарорати нифоқ байни сиёсиюни афғон хушкидааст.
Сайид Ҳасиби Муслеҳ
Бознашр аз пойгоҳи интернетии http://www.jawedan.com