Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев аз эҳтимоли инқилобҳои ранга дар се кишвар; Қирғизистон, Украин ва Тоҷикистон ҳушдор додааст. Ҷаноби Патрушев ин нуктаро дар мулоқоти афроди қобили эътимоди Владимир Путин дар шаҳри Маскав баён кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳаводиси ин кишварҳо барои Русия хатарбор аст ва дар ояндаи наздик ин мавзуъ мавриди баррасии мақомоти Кремл қарор хоҳад гирифт.
Аммо дар ҳоле ки аз сарнавишти мо дар Маскав нигаро-нанд, соҳибназарони тоҷик ба он чӣ назаре доранд. Бо ин суол ба суроғи онҳо рафтем: Оё воқеан Тоҷикистонро чунин инқилоб таҳдид мекунад?
Шодӣ Шабдолов, намоянди ҲКТ дар парлумон:
Мухтасар ҷавоб медиҳам. Инқилобҳои махмалин ё рангаро созмонҳои байналмиллалии ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳандозӣ мекунад. Ин инқилобҳо дигар як тенвентсия, яъне воситаи ба хавф дучор кардани ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ буда ва бисёр истифода шудаанд, чӣ дар Кавказ, чӣ дар Украин ва дигар ҷойҳо. Ранга ё махмалин, яъне чӣ?! Аввал инҳо инқилобҳои махмалинро сар мекунанду баъд вақти инқилобӣ хунин наздик меояд. Дар бисёр ҷойҳо инро дидем. Дар Тоҷикистони мо, ин ҷанги шаҳрвандии хунин, ки бар сари мо таҳмил шуда буд ва доир ба ин ман маколаҳо ва гузоришҳои зиёд додам, ки ҳоҷати такрор нест. Мо аз ин инқилобҳои хунин безор ҳастем, ин як. Дуввум, ин ки мо ҷомеъаи солим нестем, инро фаҳмидан даркор. Солимӣ яъне чӣ? Вазъи Тоҷикистон бисёр хуб нест. Дар бисёр маҷлисҳои Маҷлиси намояндагон дар вақти қабули қонунҳо ва ҳини ҳамсуҳбат шудан бо дӯстон мо ин мавқеъро ҳамеша баён медорем. Албатта вазъи иҷтимоъии мо саломат нест. Шумо бубинед зиёда аз ним миллион нафар дар муҳоҷират, дар ҷустуҷӯйи қути лоямут ба сар мебаранд. Бисёр ҷавонҳо фирор мекунанд, барои, он ки дар ин ҷо ҷойи кори дуруст нест, чанд сомониаш медиҳанд, ки барои хӯрду хӯрокаш кифоят намекунад. Аз ин лиҳоз мо доим мегӯем, ки бояд ҳамаи мо дар ташвиш бошем. Мо бояд коре бикунем, ки он фоҷеъаи солҳои 90 такрор нашавад. Албатта кӯшиши ташкил ва ба роҳ андохтани чунин инқилобҳо дар кишварҳои собиқ шӯравӣ аз сӯи он созмонҳои хориҷӣ то ҳол вуҷуд дорад. Мо инчунин инқилобҳои рангаро на танҳо дар Иттиҳоди шӯравӣ, балки онҳо ин корро дар дигар кишварҳо низ роҳандозӣ мекунанд. То режими қонунии онҳоро сарнагун созанд ва дастнишондиҳандаи худашонро ҷойгузини он кунанд ва манфиъатҳои иқтисодӣ, иҷтимоъии худро дар амал татбиқ кунанд. Яъне талошҳо ҳамеша аз ҷониби ин созмонҳо албатта вуҷуд дорад, Патришев дуруст гуфтаанд, лекин мо худамон аз ақли солими худ истифода бояд бубарем ва бозичаи дасти бозингарони аҷнабӣ нагардем.
Темур Варқӣ, рӯзноманигор:
Ман фикр намекунам, ки Тоҷикистонро ба ин зудиҳо воқеан инқилоби махмалин ё ранга таҳдид бикунад. Дар ин ҷо оппозитсиюни системавӣ вуҷуд надорад ва афкори мухолифон шакли дастҷамъӣ пайдо накардааст. Аммо бояд таъкид кард, ки норозигии иҷтимоӣ ба шиддат ҷараён дорад, ки шояд боиси иқдомоти худҷӯши норозиён низ бишавад. Намунаи ҳамчунин иқдомот пасларзаҳои оташсӯзии бозори Корвон буд, ки мо шоҳиди он шудем. Ҳанӯз норизоиятии иҷтимоӣ ба норозигии сиёсӣ табдил нашудааст. Вале агар ҳукуматҳо иқдомоти ҷиддиеро барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва муборизаи шадидтаре бо фасод аз сар нагиранд, амнияти тиҷорату моли дигаронро аз "чашмони ало" таъмин насозанд, пеши роҳи ба гуруҳҳои "хос" додани имтиёз дар пардохти молиёту гумрукро нагиранд, ин норизогиҳои иҷтимоӣ ногузир ба эътирозҳои сиёсӣ бадал мегардад. На ҳукумат ва на мардум тарафдори такрори бесуботӣ дар кишвар нестанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳукумат тавоноии ҳимояти худро бо бидуни ҷазо гузоштани ғоратгарону фиребгарон аз даст медиҳад. Аар инқилоб, хоҳ норинҷӣ ва хоҳ ҳар гуна, ки ҳаст, барпо бишавад, касоне бояд гунаҳкор дониста ва маҳкум бишаванд, ки бо нокоромадии худ, мудирияти нодуруст, ғайриҳирфаӣ будан ва бесавод будан ин рӯзро барои кишвар ба бор меоваранд.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ:
Ба назари банда дар нисбати Тоҷикистон ин хеле изҳороти беасосу бе поя аст. Мардуми мо ба ин хел изҳоротҳо одат кардаанд ва аз ин гапҳо ҳатто чашмашон намепарад. Моро аз инқилоби ранга тарсондан хандаовар менамояд. Фақат ман ҳайронам, ки чаро чунин як шахси воломақоми Русия нисбати шарики стратегии худ чунин андешаҳоро барои ВАУ баён медорад. Агар чунин асос медоштанду ба Вазорати корҳои хориҷӣ ё ҳамкасбони худ дар Тоҷикистон ба таври махфӣ пешниҳод мекарданд, ин ба нафъи мардум ва давлати Тоҷикистон мешуд. Вале чунин фазои холиро ларзондан бо чунин фикрҳои болохонадор на ба фоидаи мо асту на ба фоидаи Русия.
Умед Ҷайҳонӣ, муҳоҷири тоҷик:
- Гумон надорам, ки инқилобе ранга Тоҷикистонро таҳдид кунад, ҳарчанд заминааш омода аст ва давлат низ рӯз аз рӯз рӯғане бар оташи хашми мардум мерезад. Боре зоҳиран Патрушев Раҳмонро таҳдид карда, ки агар ҷуз ба коми Русия рафтор кунад, "инқилобе" дар Тоҷикистон бар по хоҳанд кард.
Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии "Бозтоб":
Мисли ҳамеша ҷониби Русия зимни изҳори назари худ ба ягон далелу мадраки қавӣ ишора накардааст. Ҳол он ки дар мавзуи бисёр ҷиддие чун эҳтимоли сар задани як таркиши иҷтимоӣ, ё ба қавле "инқилоби ранга" дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, хоса Кирғизистон, Украин ва Тоҷикистон суҳбат мекунад ва он ҳам аз тарафи як мақоми бисёр ҷиддии ин кишвар Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев. Агар масъала чунин аст, инро бояд ҳам ҷиддӣ қабул кард ва ҳам не. Ба ҳар сурат, мақоме дар шахси Дабири Шӯрои амнияти ягон мамлакат ҳаққи пахш кардани изҳори назари худро надорад, агар ин дидгоҳ бо маълумоти кофӣ "мусаллаҳ" нашуда бошад.
Бе ин ҳам, дар паҳнои шӯравии собиқ ягон ҳаводиси пуршару шӯрро таҳлилгарон бе ҳузур ё омилҳои хориҷӣ, дар мисоли кишварҳои абарқудрат баҳогузорӣ накардаанд. Албатта авомили дохилӣ барои ҳар як таҳаввулот бисёр муҳим аст, аммо масалан ҳаводиси чанд соли ахири Тоҷикистон нишон дод, ки дар кишвари мо онҳо ҳанӯз то андозаи лозим шакл нагирифтаанд, ё намехоҳанд ба бозичаи бегонагон табдил ёбанд. Зикри ин нуктаро ҳукумат бисёр дӯст медорад ва ба нафъи худ истифода кардан мехоҳад, вале барои истифода аз ин имкон ҳич як иқдоми муассир анҷом намедиҳад. Аммо бубинед мухолифин ё бо ном мухолифини тоҷик ҳанӯз умеди худро накандаанд ва орзуҳои худро тариқи Кремл амалӣ карданӣ мешаванд. Аз ин хотир, агар баъди чанде гуруҳе аз ин мухолифинро аз Маскав ба Душанбе истирдод намоянд, инро ба гунае бояд фаҳмид, ки Патрушев "маълумоти бисёр ҷиддӣ" -ро қаблан пахш карда буд ва азбаски Душанбеи расмиро Кремл бисёр дӯст медорад, омилони "инқилоби ранга" -ро ба ҳукумат супурд.
Дар инқилобҳои қаблии Бишкек қартаҳои ба ин монанд истифода шуда буд. Масалан, тибқи хабарҳо моҳи апрели соли 2010 мухолифини қирғиз ба Кремл даъват шуданд, дар ин бора маълумот пахш шуд ва онҳо замоне, ки ба ватан баргаштанд, Боқиевро таҳрик доданд, ки мухолифинро боздошт намояд, то аз инқилоби дигар пешгирӣ шавад. Мухолифинро аз фурудгоҳ боздоштанд, аммо мардуми ҷонибдори онҳо ба кӯчаҳо рехт ва ҳамин тавр тарҳи як инқилоби дигар амалӣ шуд, ки боиси сарнагунии ҳукумат гардид.
Умуман, фикр мекунам, ҳоло вақт аст, ки ба ҳар як маълумот ё изҳори назари кишварҳои абарқудрат бисёр муносибати ҷиддӣ дошт, онҳоро аз ҳама ҷониб баррасӣ кард ва баъд хулоса баровард.