Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки 20 соли пеш дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, сафҳаи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон рақам зад. Ин иҷлос ба хотири пешгирӣ аз идомаи даргириҳо ва беназмиҳо дар ҷумҳурӣ аз сар гирифта шуд.
Аммо он ҷойивазкуниҳоеро дар саҳнаи сиёсӣ ба думбол дошт ва дар он институти президентӣ дар кишвар барҳам дода шуд ва намояндаи парлумон Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Бо ин, қадимтарин клани раҳбарикунанда дар Тоҷикистон аз қудрат канор гузошта шуд ва чеҳраҳои наве аз ҷануби кишвар зимоми ҳукуматро ба даст гирифтанд. Акнун бо гузашти 20 сол назарҳо атрофи ин иҷлос мухталифанд. Ва ҳатто тарафдорони баргузории ин иҷлос, ки баъдтар аз қудрат канор гузошта шуданд, ба он хушбин нестанд.
Назарсанҷии ғайрирасмиеро, ки сомонаи www.millat.t j доир кардааст, пешкаши хонанда мегардонем.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
- Ман комилан тарафдори он ҳастам, ки солгардҳои бузурги Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд барпо гардид, бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти мардуми мо аҳамияти бисёр муҳим дорад. Зеро, ки он барои Тоҷикистону тоҷикистониён пеш аз ҳама умедҳои барбодрафтаро бозпас гардонд. Дар дилҳои мардум шуълаи боварӣ ба ояндаи орому осуда аз нав аланга зад. Сокинони кишвар, ки ҳӯшу гӯшашон ба натиҷаҳои Иҷлосияи мазкур нигаронда шуда буд, баъди қарорҳои эътимодбахши он оҳи сабуке кашиданд. Барои аксарияти кулли мардум тафовут надошт, ки намояндагони кадом маҳалу минтақа ба сари қудрат меояд, балки муҳим он буд, ки ҷангу хунрезӣ, оворагию фирори сокинони кишвар ва қаҳтию гуруснагӣ хотима ёбад. Бо баргузории ин Иҷлосия дар таърихи давлатсозии мо саҳифаи нав боз шуд, ки ин санаи муҳими рӯзгори халқи тоҷик дар он бо хатҳои заррин сабт гардид. Муҳим он нест, ки ин воқеаи аҳамияти таърихӣ дошта бо ибтикор ва пофишориҳои кӣ ва дар чӣ гуна шароит сурат гирифт, балки муҳим он аст, ки Иҷлосия барпо шуд. Умеду ниятҳои кулли мардум барбод рафта буд. Ҷомеа ба ду ҷабҳа тақсим шуда, бо ҳам дар вазъи рӯёрӯӣ ва ҷангу хунрезӣ қарор доштанд. Аз ҳарду ҷониб талафоти ҷонию молӣ беш аз пеш меафзуд. Ҳукумати муросои миллӣ дар амри орому осуда сохтани кишвар дигар кореро анҷом дода наметавонист. Ягона коре, ки бояд анҷом дода мешуд, ҳамин буд, ки Иҷлосияи навбатӣ даъват карда шавад. Танҳо ба ҳамин рукни ҳокимияту давлатдорӣ эътимоду боварӣ монда буду халос. Мусаллам буд, ки вакилони мардумӣ аксаран намедонистанд, ки дар Хуҷанд чӣ мешаваду чӣ мегузарад. Аммо бештаринашон як чизро мехостанд, ки коре карда пеши роҳи ҷангро бигиранд.Хиради азалии мардуми тоҷик, тамаддуни баланди миллат, таҳаммулпазирӣ ва руҳи муқаддаси ниёкон сабаб шуду вакилони мардумӣ бо якдигарфаҳмӣ қарорҳои лозимиро қабул карданд. Имрӯз баъди сипарӣ гаштани бист сол мо ба осонӣ мебинем ва дарк мекунем, ки тасмиму тасвибҳо ҳамагӣ дуруст будаанд. Раиси вилояти собиқи Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб карда шуд. Ҳар касе агар андеша дошта бошад, ки ӯ таҷрибаи дуруст надошт, билкулл хато мекунад. Магар шахси камтаҷриба ва иродаи қавӣ надошта "ба мардум ваъдаи сулҳ овардан" -ро мекунад? Ё худ гуфта метавонад, ки бигӯяд; "то охирин гурезаро ба ватан барнагардонам, ором буда наметавонам"?! Ҳамаи ин таърихи халқу давлати мо мебошад. Онро бояд ба насли ҷавон омӯзонем ва ёдрас кунем, ки миллати азиятдидаи мо чунин рӯзҳои сахту мудҳишро аз сар гузарондааст. Ва онҳо бояд ҳушёр бошанду сулҳу суботи ба даст овардаро ҳифз намоянд ва онро чун гавҳараки чашм эмин доранд. Онҳо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози ба сулҳу салоҳ расидан ва сарманшаи давлатсозии навини тоҷикон мебошад.
Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲУСДТ:
- Ба андешаи ман таҷлили бо шукуҳонаи Иҷлосияи 16 - ум зарурат надорад. Ба он хотире, ки то ҳол коршиносон ва таърихчиён дақиқ накарданд, ки ин ҷаласа ҷаласаи тақдирсоз аст, ё ҷаласаи тақдирсӯз. Имрӯз як гуруҳ мардуме, ки аз ин ҷаласа манфиъат бурданд, онро тақдирсоз мегӯянд. Ва коршиносоне, ки ғайрирасмианд мегӯянд, ки тақдирсӯз аст, зеро ки баъди ин ҷаласа то муддати чор сол ҷанги шаҳрвандӣ идома кард ва иқтисодиёт кулан аз байн рафт. Пас аз он дар ҷумҳурӣ маҳалбозию хешу таборбозӣ зиёдтар шуд. Мегӯянд, ки он ҷаласаи таърихӣ аст, вале мусбату манфӣ буданашро мардум ошкоро намегӯянд. Баъди имзои Созишномаи сулҳ мардум аз он сулҳ низ умеди бештаре доштанд. Вале баъди имзои сулҳ баъзе амалиётҳои зидди мардумӣ ошкоро амалӣ шуданд ва бархе аз мардум ватани худро тарк намуданд ва шаҳрвандии кишварҳои дигарро қабул намуданд. Ба ҳамин хотир барои ба таври бо шукуҳона ҷашн гирифтани ин иҷлос ҳунӯз барвақт аст. Бигузор, мардум ва аксари коршиносон назарашонро бигӯянд, ки ин Иҷлосия тақдирсоз аст ё на.
Абдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор:
- Мо бе ин ҳам он қадар ҷашнҳои зиёде дорем, ки баъзан, фикр мекунам, зимомдорони вақт масъулияти худро танҳо дар баргузории ҷашнҳо мебинанд. Набояд аҳаммияти Иҷлосияи 16-умро аз аҳаммияти ҷашни Истиқлол болотар бурд. Метарсам, ки ба зудӣ исми ноҳияеро Иҷлосияи 16-ум нагузоранд, он гоҳ ҳеч фарқе миёни мақомдорони замони Шӯравӣ ва бархе аз мақомдорони имрӯз нахоҳад монд. Кош, зиндагии мардумро ба сатҳи замони Шӯравӣ боло мебурданд, кош, шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа мақомеро медошт, ки шаҳрванди Шӯравӣ дошт...
Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ, вакили парлумон:
- Аз нуқтаи назари таҳлилӣ ва муҳиммияти масъала агар андеша кунем, албатта ин ҷашнгирии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои олии ҷуҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Хуҷанд шуда гузашт, бояд ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ қайд кунад. На бо ин гуна як шаҳомату дабдабаи серҳаракату сермасраф, балки бояд дар дили ҳар як фарди тоҷикистонӣ, ҳамчун як рӯзи ид қайд карда шавад. Чунки баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ заминаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҳамон соли 1924 оғоз ёфт, Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат, дар вартаи парокандагӣ қарор дошт ва маҳз ҳамин хиради азалии мардуми тоҷик, вакилони ҳамондавраи Шӯрои олии ҷумҳурии Тоҷикистон боло гирифту мардум дар атрофи якпорчагии Тоҷикистон муттаҳид шуданд ва ана ҳамин ҳукумате, ки фалаҷ шуда буд ва бисёр нотавонбинони миллат ва давлати мо нақшаи тақсим кардани Тоҷикистонро мекашиданд, ба ҳамин хотима гузошт ва ҳукуматро барқарор кард.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳанӯз шуруъ аз воқеъаҳои август (ГКЧП), ки дар Маскав шуда буд, ана ҳамин ҳолатро дар Тоҷикистон пешбинӣ карда буд ва қарор қабул кард, ки аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ берун шуда ва соҳибихтиёрии худро ҳамчун партияи мустақил дар кишвари соҳибистиқлол эълон намуда ва дар Вазорати адлия Ҳизби коммунист ҳамчун ҳизби мустақил ба қайд гирифта шуд. Ва аз ҳамон вақт ин ҷониб бештар аз 20 сол мешавад, ки Партияи коммунистии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ, ҳамчун як ташкилоти сиёсӣ - ҷамъиятӣ, ки таҷрибаи хеле бою ғанӣ дорад зери рақами як ба қайд гирифта шудааст ва фаъолият дорад. Мо албатта дар ин марҳила дороиҳоямонро аз даст додем, вале ин баҳс мавзуи дигар аст. Албатта фармони президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи миллӣ кунонидани моликияти ҳизб қабул карда шуд ва ҳизби Коммунист оиди даъвои молу мулк ба Суди Конистутсионӣ муроҷиъат карда буд солҳои 92 - 93, вале худи Суди Конститутсионӣ то имрӯз на фармони президентро тасдиқ кард ва на даъвои моро ҳал кард. Аммо ба ҳар ҳоле ин сессияи тақдирсоз буд, агар ин сессияи тақдирсоз намешуд, имрӯз дар ин ҳолати имрӯза будани Тоҷикистон аз имкон берун буд. Чунки медонед, ки Тоҷикистон ба қисмат ҷудо мешуд. Барои ҳамин ҳар касе ҳар чизе мегӯяд, намегӯяд, мо бевосита дар ҳамон давра иштирокчии фаъоли ин воқеъот будем, мо хуб медонем, ки ин Иҷлосия иҷлосияи тақдирсоз буд ва ҳеч кас моҳияти таърихии инро рад карда наметавонад. Маҳз ҳамин Иҷлосияи 16- уми ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ интихоб карда ва дар ҳайати СММ дохил шуд. Сарфи назар аз мавқеъи сиёсиамон, аз мавқеъи гуруҳию нажодию ғайраву ғайраҳо бояд мо рост истода инро эътироф кунем. Иҷлосияи 16 - ум Тоҷикистонро аз сепаратизм, аз парокандашавӣ, аз ҷудоихоҳӣ раҳонид ва он ҳамчун як давлати соҳибистиқлол эътироф шуд.
Субҳониддини Зуҳуриддин, бозорнишини дипломдор:
- Ба фикри ман ҷашни ҳамасолаи Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои олии Тоҷикистон аслан зарурате надорад. Аз як сӯ баъд аз ин иҷлосия, ки бояд оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хомӯш мешуд, ки нашуд , бараъкс он дубора аланга гирифт. Хисороти моливу ҷонии давлату миллати Тоҷикистон аз ин ҷанги бародаркуш маҳз аз соли 1992 то соли 1997 ба бор омад. Ба назари ман ин иҷлосияро таърихӣ ба хотири он мегӯянд, ки ҳукумати феълии Тоҷикистон дар он замон ба сари қудрат расид. Бовар кунед, агар кадрҳои Иҷлосияи 16-ум ба нафақа бароянд, кадрҳои нав ба ин иҷлосия чандон дигар таваҷҷуҳе нахоҳанд кард. Беҳтар аст, ба ҷои сарфи беҳудаи маблагҳои буҷаи давлат барои таҷлил аз 20 солагӣ, ё 25 солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои олии Тоҷикистон, мактабе ё шифохонае ё ягон коргоҳи истеҳсолӣ сохта шавад. Таърихи будан ё набудани ин иҷлосияро бояд таҳлилгарону муаррихон дар доираи баргузории мизи гирду конфронсҳои гуногун баҳсу мунозира кунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин иҷлосия дар кадом шароит ва бо мудохилаи мустақими кадом кишварҳои манфиатдор, баргузор шуд.
Сайидиброҳими Назар, муовини раиси ҲНИТ:
- Албатта Иҷлосияи 16 - ум ин як воқеъаи таърихӣ буд, инро ҳеч кас инкор карда наметавонад, вале на ба ин ҳадде, ки мо имрӯз аз он ба ин андоза баҳодиҳӣ мекунем. Ба назари ман ба ин ҳад арзиш надошт. Дуруст аст, ки Иҷлосияи 16 - ум дар қатори дигар воқеъаҳо моҳият дошт, вале на ба он қадре, ки имрӯз арзёбӣ мешавад. Чунки баъди он кашмакашиҳо давом доштанд, чӣ қадар ҷангҳову низоъҳои дохилӣ низ буданд. Аз рӯи он одат ва психологияе, ки мо дорем, дар ҳукумати Тоҷикистон ва ё мардуми Тоҷикистон дорад, дар ҳама кор зиёдаравӣ мекунем. Дар ин маврид низ зиёдаравӣ карда истодаем.