Оё аз ҳукумати Ислом Каримов беҳбуди муносиботу ҳамкориро метавон интизор шуд?

Сиёсат 02.11.2012 15:01

Emomali_Rahmon_va_Iclom_KarimovБарқияи табрикотӣ ба

Президенти Ҷумҳурии

Ӯзбекистон Ислом Каримов

Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич,

Дар ин рӯзҳо ба санаи барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Ӯзбекистон 20 сол пур мешавад.

Аз Шумо хоҳиш мекунам ба муносибати ин воқеаи фархундаи  таърихи навтарини муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтаринамро қабул фармоед.

Мо дар Тоҷикистон анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳоямонро қадр мекунем.

Мо аз рӯзҳои аввали истиқлолияти миллиамон ба онҳо такя намуда, сайъ мекунем, ки тамоми маҷмӯи ҳамкории амалии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар заминаи принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми якдигар ва ба инобат гирифтани манофеи тарафайн, ки дар санадҳои асосии танзимкунандаи  муносибатҳои дуҷонибаи имрӯзаамон асос ёфтаанд, бемайлон  густариш диҳем.

Мехоҳам аз имконияти мусоид истифода карда, қайд намоям, ки саъю кӯшишҳои якҷояамон мусоидат мекунанд, ки на фақат ба ситезаҷӯӣ ва хавфу хатари имрӯза муқобилат намоем, балки муносибатҳои кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нави тараққиёт ба нафъи халқҳоямон ва ба хотири таҳким бахшидани суботи минтақа низ барорем.

Ба Шумо, мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич, тансиҳатии бардавом ва беҳбудии ҳамаҷониба ва ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу субот ва инкишофи минбаъдаро орзӯ менамоям.

28.10.2012

Барқияи сипоси

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ислом Каримов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Барои табрикоти самимона ва орзӯҳои неки Шумо ба муносибати 20- солагии барқароршавии муносибатҳои байни кишварҳоямон изҳори сипос мекунам.

Муносибатҳои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз умқи асрҳо сарчашма мегиранд, умумияти таърих, дин, расму анъанот, масоили умумӣ, ки онҳоро халқҳоямон ҳал менамуданд, моро дар роҳи расидан ба беҳбуди, ҳаёти арзандаи мардумамон ҳамеша муттаҳид месохтанд. Аминам, чунин муносибатҳо, ки аз имтиҳони замон гузаштаанд, минбаъд ҳам боқӣ мемонанд.

Аз фурсат истифода намуда ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавому муваффақиятҳо ва ба халқи Тоҷикистон беҳбудию комрониро таманно мекунам.

29.10.2012

Qodirshoi_MuruvatҚодиршои Мурувват, сармуҳаррири нашрияи "Паёми Ала Тоо", Бишкек

Сафарҳои ахири Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Қирғизистону Тоҷикистон хоҳу нохоҳ дар раванди ҳаводиси сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикии минтақа таъсири худро боқӣ хоҳанд гузошт. Ҳатто он гуруҳи коршиносон, ки ба натоиҷ ва дурнамои санадҳои имзошуда миёни Русия ва ду ҷумҳурии минтақа нохушбинона (песимистона) назар дӯхтаанд,  наметавонанд ин ҳақиқатро инкор созанд, ки тавофуқоти ба даст омада таҳаррукотеро дар муносиботи байни кишварҳои ҳамсоя дар бар хоҳад дошт.

Ин равандро дар Қирғизистон ба таври возеҳ метавон эҳсос намуд. Ба дунболи ақди чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ ва низомӣ миёни Русия ва Қирғизистон дар давраҳои коршиносии ин ҷумҳурии минтақа нисбати зарурати тақвияти ҳамкориҳои танготанг бо Тоҷикистон дар бахши истифодаи муассири захоири энерживу об изҳори назарҳо ироа гардид. Дар зимн, Алмос Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳимоят аз тарҳи сохтмони иншооти бузурги энергетики Камбар Ота -1 болои рӯдхонаи Норин, аз Узбакистон даъват кард, то дар бунёди он худро саҳим созад. Ба гуфтаи вай, ин ниругоҳ ҷиҳати обёрии боэътимоди заминҳои кишоварзии ҷумҳурии ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.

Ба назари банда чунин мавзеъгирии мақомоти олирутбаи Қирғизистон ва давоири коршиносии он наметавонад дар таҳкими равобити ҳасана бо Тоҷикистон бетаъсир бошад. Тошканд низ аз ин раванд беиттилоъ нест ва дар он ҷо хуб ин нуктаро дарк мекунанд, ки дар сурати ба ҳам омадани мавқеъ ва манофеъи ду кишвари саргаҳи захоири оби минтақа бо онҳо муқовимат чандон осон нахоҳад буд. Гузашта аз ин Узбакистон бо берун шудан аз Қарордоди амнияти ҷамъӣ худро дар назари Русия то ҳадде беэътибор намуда ва инро низ дарк кардааст, ки сафарҳои раҳбари ин кишвар ба Қирғизистону Тоҷикистон то ҷое аз ҳамин иқдоми Тошканд ангеза гирифтааст.

Ва боз рӯиҳамрафта муносибате, ки тайи солҳои ахир миёни Узбакистону Тоҷикистон ба миён омадааст, аз ҳар нигоҳ ғайритабиӣ ва ғайримантиқӣ буда, наметавонад дер идома кунад. Дар Узбакистон ба иловаи чанд миллион тоҷик, инчунин узбактаборон низ аз рукуди муносибот бо ҷумҳуриҳои ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон нороҳат буда, хостори нармиш дар убуру мурури хати марзӣ мебошанд.

Дар кулл, тоҷикону узбакҳо дорои суннат ва анъанаҳои мушобеҳ буда, ба якдигар ниёз доранд. Сокинони оддии ин ҷумҳурӣ мардумони дилсоф ва меҳмоннавоз мебошанд ва дар нисбати тоҷикон ягон ғараз ва кина надоранд. Ёдам меояд. Зимистони соли 1995 дар роҳ ба шаҳри Самарқанд мошинам аз масир хориҷ шуда, садама дид. Марди узбактабор мошинамро ба ҳавлиаш кашола карда, маро дар меҳмонхонааш ҷой кард. Фардои он рӯз радиатори дасти дуввумро аз куҷое оварда, ба мошинам часпонд. Ин одам маро то марзи Панҷакент бадрақа карда, маблағе аз ман талаб накард. То ҳол ин лутфу меҳрубонии ӯро фаромӯш накардаам.

Ба он умед мебандем, ки ҳусни нияти сарони Тоҷикистону Узбакистон метавонад сардиҳои феълӣ дар муносибати ду кишвари ҳамсояро гармӣ бахшида, робитаҳоро барқарор созад.

Ziyratshoi_AhmadshoЗиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, журналист:

- Ба назари ман то он замоне, ки дар Узбакистон Ислом Каримов сари қудрат аст, кадом таҳаввулоти ҷиддиеро дар муносиботи миёни Душанбе ва Тошканд, набояд интизор шуд. Ислом Каримов дар масъалаи калидии мавриди баҳси ду кишвар, яъне ниругоҳи "Роғун ", мавқеъи қотеъона дорад ва бар сари он ҳеч созишеро қабул надорад. Бо назардошти он ки давлати Тоҷикистон низ ба ҳеч далел намехоҳад, ки аз тарҳи сохтмони Роғун даст кашад, беҳбуди равобит миёни ду кишвар дар кутоҳмуддат баъид ба назар мерасад. Аз сӯи дигар дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмони дар ин ниругоҳ бо талаби Бонки Ҷаҳонӣ мутаваққиф шудаанд ва бояд натоиҷи бозрасии асароти зистмуҳитии ниругоҳи Роғунро интизор шуд. Шояд баъд аз он мавқеъи ду ҷониб каме нармтар шуда, мақомоти сиёсии Узбакистон дар мавриди ҳали ин мушкилот бо ҳукумати Тоҷикистон музокироти ҷиддиро шуруъ кунанд. Аммо боз ҳам ягона роҳи ҳалли ихтилофоти сарзада миёни Душанбе ва Тошканд нишастан сари мизи музокирот аст. Танҳо ба ин васила метавон сари масоили мавриди баҳс, бо гузаштҳои мутақобил ба созиш расид. То ҷое маълум аст, ҷониби Тоҷикистон чандин дафъа эълом кардааст, ки омода аст дар бораи масоили мавриди нигаронии Тошканд буда, мустақиман вориди гуфтугӯ ва музокирот шавад. Аммо таври маълум раҳбарияти Узбакистон ҳамоно ба такрор бар асароти харобовари бунёди ниругоҳи Роғун дар Тоҷикистон таъкид карда, мавқеъи дигареро қабул надорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин гуна мавзеъгириҳои давлати феълии Узбакистон метавон хулоса кард, то замоне ки Ислом Каримов дар сари қудрат аст, ба созиш расидани ду кишвар хеле мушкил аст.

Вале ҳеч режиме дар баробари хостаҳо ва ниёзҳои мардум наметавонад то абад пойдор бошад. Балки ин мардум аст, ки худ сарнавишти худро таъин мекунад, дер ё зуд ногузир бояд ҳамкориҳо сурат бигиранд. Сарнавишти тоҷикон чунин будааст, ки тӯли 70 соли ҳокимияти шӯравӣ симхорҳои ҳокимияти диктотурӣ миёни ду бародару ду хоҳар сангар гузошт ва солҳо дар ду сӯи Омӯ онҳо рӯз мешумурданд то ба дидори ҳам бирасанд. Билохира он девор шикасту симхорҳо аз ҳам рехт ва дида ба дидор расид. Имрӯз мутаассифона ин ҳиҷрон бар асари симхорҳои буланди марзи Узбакистон боз ҳам азизонеро аз ҳам ҷудо сохтааст. Аммо билохира як рӯзе ин симхорҳо ва ин садҳо низ фурӯ хоҳад рехт. Беҳтар ин аст, ки давлатмардон худ иқдом кунанд, то садҳо барчида шаванд.

Najmiddini_ShohonbodНаҷмиддини Шоҳинбод, коршинос:

Се ҳафта пеш аз ҳуҷуми Ҳитлер ба Фаронса Вазорати умури хориҷа ба Фаронса номаи табрикотӣ мефиристад. Файласуфи оворагард Диде Марше бо ханда мегӯяд, ин табрикот аломати ишораи ҳуҷум аст. Дар асл ҳам пас аз се ҳафта урдуи Ҳитлер ба Фаронса ҳуҷум овард.

Аммо аз табрикоти тарафайни сарварони Тоҷикистону Узбакистон бӯи умеди ҳамкорӣ меояд. Сараввал Эмомалӣ Раҳмон самимона ҳамтояшро табрик кард. Дар табрикоти ҷавобӣ низ аломати оштӣ эҳсос мешавад. Акнун Узбакистон бояд ба гузашт ва оштӣ шуруъ кунад. Зеро бе Роғун ҳам обанбори Фарҳод ва тақдири Мирзочӯл ва Дилварзин дар Тоҷикистон аст. Ба замми ин таваҷҷуҳи кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон Ислом Каримовро мулзам кард. Ҳамкории иқтисодии Чин ва Покистон бо Тоҷикистон низ бозори Узбакистонро танг карда метавонад. Дар сурати пайдо шудани сармоягузор ба КАССА - 1000 ва роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон- Узбакистон аз бозори энергетикии Покистон Афғонистон маҳрум мешавад.

Кушиши оштии ҳамсоя ҳамзамон ба хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон рабт дорад. Инқилоби Ҷунбиши Исломии Узбакистонро аз берун бидуни ҳамкорӣ бо Тоҷикистон саркӯб кардан имконнопазир аст. Тибқи гузоришҳо фаъолони ҶИУ торафт ба марзи Узбакистон наздик меоянд. Дар маҷмуъ дер нест, ки Узбакистон барои равобити васеътар иқдоми навбатӣ кунад. Айни ҳол дар ҷадвали варзишии сиёсӣ ҳисоб 1-0 бар фоидаи Тоҷикистон аст.

Islom_RahimovИслом Раҳимиён, журналист, вилояти Суғд

Воқеан мардуми тоҷику узбак асрҳои зиёд дар паҳлӯи ҳам зистаанд ва шабоҳату монандии зиёд ба ҳамдигар доранд ва ба таъбири Президенти Узбакистон Ислом Каримов "тоҷику узбак як миллатанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд". Сардшавии муносибати ду кишвар дар ҷабҳаҳои гуногун аслан барои тоҷикону узбакҳои маскуни ҳарду кишвар фоидабахш набуд. Аз ин рӯ мардуми авом ва туҷҷор кушода будани марз, равуо бо ин кишвар, барҳам дода шудани низоми раводидро орзуманданд. Қазия ва мухолифати кишвари ҳамсоя дар сохтмони ниругоҳҳои Тоҷикистон воқеан ташвишовар буд.

Аз ин ки Президенти Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Ислом Каримов барқияи шодбошӣ фиристод ва пас аз як рӯз барқияи ҷавобӣ омад, хеле хурсандам. Зеро умед ба ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар зинда гашт. Худи ман вақте ки матни ду барқияро хондам, дар дил умед пайдо кардам, ки бе мушкилӣ ба тамошои Самарқанду Бухоро рафтанам мумкин хоҳад шуд.

Дар ҳарду барқия ишора ба ҳамкорӣ мешавад ва ин матлаб аз забони ду сарвар садо додааст. Худо кунад, ки ҳамкориҳо судманд гарданд ва дигар дар саҳифаҳои матбуот хабарҳои даҳшатноки латукӯби сарҳадбонони узбак тоҷиконро, аз мина фавтидани кӯдаки ноболиғи деҳаҳои назди марзии кишвари мо, мухолифати кишвари ҳамсоя ба сохтмонҳои кишвар роҳ наёбанду ҷои онҳоро хабарҳои бунёди корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбакистон, барҳам дода шудани низоми раводид байни ду кишвар, ба гастрол омадани аҳли ҳунари Узбакистон ба Тоҷикистон, баргузоршавии фестивали дӯстии Тоҷикистону Узбакистон ва оила бунёд кардани ҷавони душанбегӣ бо гулдухтари тошкандӣ бигирад.

Abubakri_fayzaliАбубакри Файзалӣ, муҳоҷир,шаҳри Маскав:

- Фикр мекунам, муносиботи ду мардум-тоҷикон ва узбаконро бо он баҳсе, ки ҳамин рӯз сари масоили обии минтақа пайдост, наметавон ба ҳадди ислоҳношуданӣ арзёбӣ кард. Ин ки сарони ин ду кишвар муносиботи дипломатии худро таҳният гуфтанд (агарчи лафзиву расмӣ ҳам бошад), хушбинӣ бояд кард, ва ин ҷои дастгирист ва онро бояд, ки тарғиб намуд.

Аз муносиботи миёни Тоҷикистону Узбакистон, махсусан кобинаи Ислом Каримов бояд онро интизор шуд, ки кишварҳои бузургтари минтақа дар кадом мавқеъ худро қарор хоҳанд дод. Мавзуи сардшавии муносиботи мо ва ҳамсоякишвари мо, албатта, мушкилотест, ки аввалан ба иқтисод рабт дорад, ки олудаи сиёсат шудааст ва фикр мекунам, ки ба чанд тараф кашидани мо ва ҳамсояҳои мо аз суи ин бузургони минтақаиву ҷаҳонӣ боиси ин нофаҳмӣ гардидааст. Яъне, на раҳбарияти Узбакистон ва на раҳбарияти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи вобаста ба об комилан мустақил нестанд ва таъсири ҷиддие дар сиёсаташон дар ин мавзуъ аз кишварҳои дигар доранд.

Пеш аз ҳама таҳрикҳое, ки Русия моро дар бораи сохтани ин ниругоҳ ба ин гуна садди баланд ва бо ширкаташ дар сохтмони он доду фиребамон кард, вазъро расонаиву буҳронитар намуд. Ва мо ба ин фиребҳои русҳо ғарра шудему ҳангомаву дабдабае барои сохтмони ин ниругоҳ то ба Сурайё бардоштем.

Баъдан Дмитрий Медведев, (дар замони президентии хеш) ба Тошканд рафту бо дастгирӣ аз мавқеи Каримов ба ивази харидории газ аз ин кишвар Тошкандро бар сари мо барангехт ва худаш хомӯшу хап ба Кремл бозгашт. Худи Ислом Каримов ва роҳбарияти ин кишвар низ дақиқан медонанд, ки ба тундӣ кашидани ин мавзуъ ва умуман муносиботи сард бо ҳамсояи наздик, иловатан ки тули чандин садсола ҳамзистӣ доранд, ба манфиати кадоме аз тарафҳо нахоҳад анҷомид ва вазъи сиёсиву иқтисодии ин ду кишварро дар сурати идомаи чунин мавқеъгирӣ, буҳронитар хоҳад кард.

Мушкилро бояд ҳал кард ва набояд интизор шуд, ки он бузургу варамида шавад ва битаркад ва ҳамаро оганда кунад. Бояд сарони кишварҳои мо мавқеи ихтилофу сангаргириро ба мавқеи муносиботи дӯстонаву мӯнисонаи чандинасраи тоҷикону узбакон бадал кунанд ва ба хотири манофеи миллӣ аз манофеву муносиботи шахсӣ гузар кунанд. Ҳич кас аз худи мову узбакон дида барои ҳалли ин мушкил ҳавасмандтар нест ва гузашт кардан дар ин мавзуъ муносибатро беҳ мекунад. Хоҳу нохоҳ, бо вуҷуди садҳо соли сангаргириҳо бояд сари мизи гуфтушунид нишаст ва бояд ки ҳар ду тараф гузаштҳое бикунанд. Ва бояд, ки имрӯз, ҳанӯз, ки кургиреҳи ресмони ин мавзуъ ҷиғилтар нашудааст, ин гуна гузаштҳоеро ҳарду ҷониб бикунанд.

Худо кунад, ки ҳамин таҳниятгӯиҳо сароғози барқарории муносиботи пешинаи дӯстонаи Тоҷикистону Узбакистон  гардад.

Usmonali_HakimovУсмоналӣ Ҳакимов, муҳосиб-иқтисодчии "Тоҷикаагролизинг":

Умедворем, ки муносиботи дипломотии ин ду давлати ҳамсоя, ки ойину расми муштарак доранд, пас аз муддате дубора эҳё мешавад ва қалбҳои мардумони тоҷику узбакро гарм месозад. Бо ташаббус ва ибтикори раисони ҷамоҳири Тоҷикистону Узбакистон дубора мо аз бунбасти дипломотӣ раҳоӣ меёбем ва иншооллоҳ аз ин ба баъд муносиботи мо дар ҳама соҳаҳо тағйир хоҳад ёфт. Агар ин кор амалӣ нашавад, дар шароити буҳрони сиёсии мавҷуда ҳар ду кишвар зарари калон хоҳанд дид. Аз қадимулайём мо дар ҳамҷаворӣ ва дӯстиву рафоқату бародарӣ зиндагӣ доштем ва ин анъана идома хоҳад ёфт. Муҳим ин аст, ки мо бидуни ҳамдигар рушд ёфта наметавонем. Агар Узбакистон потенсиали нафтӣ дошта бошад, мо соҳиби захираҳои калони обием, ки то имрӯз онро ба нафъи кишварҳои поёнобӣ ва бо назардшти талаботи онҳо ҳаллу фасл карда истодаем. Аз ин ки муддате муносиботи сард миёни ин ду кишвар вуҷуд дошт, иддае аз кишварҳо зиёд табли шодӣ мезаданд ва ин тарзу шеваи кори онҳост, ки мехоҳанд ба як тир ду нишон бизананд. Вале ақли солим ва тафаккури созанда ҳамеша ғолиб мегардад ва ҳама мушкилоту ғалатфаҳмиҳо аз байн меравад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар Узбакистон на камтар аз 9 миллион тоҷик зиндагӣ дорад. Умедворем, ки тамоми мушкилоту ғалатфаҳмиҳо сари мизи машваратӣ ҳал мешаванд ва муносиботи мо мисли солҳои пешин гарму дӯстона боқӣ мемонад.

Nazarshoi_davlatНазришоҳи Давлат, таърихшинос:

Аслан халқи тоҷик мардуми хушбовару тезбоваранд. Шояд ин хушбоварии мардуми тоҷикро дигар ҷониби кишварҳо дарк намуда бошанд. Чанд ҳафтае қабл низ ҳангоми боздиди президенти Русия Путин дар Тоҷикистон чанд санадҳои ёддоштӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба имзо расиданд. Аз ҷумла як санади ёддошти тафоҳуми дар масъалаи аз байн бардоштани боҷи гумрукӣ оиди интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ивази ба мухлати 30 сол ройгон мустақарр сохтани дивизияи 201 - ум имзо шуда буд. Чанд муддате нагузашта, аниқтараш имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки аллакай ҷониби Русия дар мавриди ин санад боз шартҳои худро бор намуда истодааст ва хуласи калом намехоҳад боҷи гумрукиашро барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон лағв намояд. Албатта маълум аст, ки ҳеч гоҳ инро бекор намекунад ва агар рафту каме сабукӣ намояд дар ин масъала, ҳатман нархи маҳсулоти худро боло хоҳад бурд, яъне ҳамон масали "ду понздаҳ як сӣ" - ро ба хотир меорад. Ҷониби Узбакистон, ҳукумати Ислом Каримов низ ҳамчунин барҳурд мекунад. Мо борҳо шоҳиди мушкилотҳои эҷоднамудаи ҳукумати Каримов будаем. Мушкилоте, ки дар кашонидани бору колоҳои ҷониби Тоҷикистон тавассути роҳи оҳани худ эҷод мекунад, инро набояд фаромӯш созем. Инчунин қатъ намудани газ дар соли гузашта, ки боиси сару садоҳое шуд, инҳоро аз хотир набояд баровард. Акнун бо як мубодилаи шодбошии президентҳои ин ду кишвар наметавон бо итминони комил ҳадс зад, ки муносибатҳо байни Тоҷикистону Узбакистон беҳтар хоҳанд шуд. Набояд инро фаромӯш сохт, ки асри ҳозир асри муносибатҳои бозорист ва ҳар як амалу коре нархи худро дорад. Бо умеди чунин шодбошиҳо ҳам пурра такия кардан нашояду роҳҳои дигари ҳамкориҳоро дар масъалаи кашонидани бору колоҳо ва масъалаи газ бояд ҷустуҷӯ кард. Дур нест баъди чанде боз муҳлати шартнома дар бораи интиқоли газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба поён мерасад ва худ шоҳид хоҳем гашт, ки то куҷо муносибатҳои ин ду ҳамсоякишвар рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97