Пас аз Путин чиро метавон интизор шуд?

Сиёсат 28.10.2012 17:09

putin2555Сафари ахири президенти Русия ба Тоҷикистон бо вуҷуди бозтоби густурда дар маҳфилҳои сиёсӣ ва расонаҳои хабарӣ як қатор масъалаҳоеро ба миён меорад, ки ҳанӯз аз назар ва таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарон берун мондааст.

Агар дар бораи сиёсати дохилии Тоҷикистон сухан равад, ин сафар нишон дод, ки мақомоти ҳукумат дурнамо ё стартегияи дохилии босамар надоранд.

Ба ҳар сурат, натиҷаи музокирот ин буд, ки аз асноди эълоншуда ҳеч кадоме ба сифати ҳуҷҷати аз ҷониби Душанбе таҳияшуда муаррифӣ нашуд. Оё ин маънои онро дорад, ки ҳукумат ба буҳрони амиқи кадрӣ ва ё фикрӣ гирифтор асту дар замони гирудорҳои глобалӣ наметавонад дар ростои манфиатҳои милливу давлатӣ амал кунад? Масалан, "плани Крупнов", ки қабл аз омадани Путин муаррифӣ шуд ва ворид кардани 12 миллиард доллар ба иқтисоди (аслан бахши энергетикаи) Тоҷикистонро дар 20 соли оянда пешбинӣ мекунад, боз ҳам ба назари коршиносон бештар манфиатҳои Русияро ҳимоя менамояд. Аммо лоиҳаҳои ҷониби Тоҷикистон кадоманд, ки тавонанд манофеи моро дар назар бигиранд?

Эътимод ба қирғизҳо, беэътимодӣ ба мо, чаро?

Бубинед, ҳатто Қирғизистон, ки иттифоқан масоил ва мушкилоти ҳаммонанд бо мо ва дар баъзе ҳолат вазъи сангинтар аз моро дорад, тавонист бо Кремл муомилаҳоеро анҷом бидиҳад, ки то андозае ба манфиатҳояш мувофиқ меоянд. Дар Душанбе бояд ин суолро ҷиддӣ матраҳ кунанд, ки чаро Путин розӣ шуд "дар ҳолатҳои таҳдид ба амният ва истиқлоли Қирғизистон низомиёни рус ҳамроҳ бо нируҳои мусаллаҳи қирғиз фаъолият кунанд", аммо ба Тоҷикистон чунин тавофуқе сурат нагирифт?

Ба ин суол метавон ба наҳваи гуногун посух дарёфт кард, вале ҳамаи ҷавобҳо моро ба як нукта рӯ ба рӯ мекунанд; итминон!

Яъне бояд ба ин паҳлӯи масъала низ ҷиддӣ таваҷҷуҳ кард, ки оё дар ҳақиқат Маскав ба Душанбе эътимод мекунад ва агар намекунад, чаро?

Имиҷи мансабдорон, ҳикмати Суҳроб Шарипов ва интихобот

Паҳлӯи дигаре, ки аз натоиҷи сафари Путин ба Душанбе бармеояд, ин аст, ки вазъ ва имиҷи бархе аз масъулини тоҷикро хатшадор кард. Бахусус онҳоеро, ки дар маҳзари ом мегуфтанд "хоки Тоҷикистон моли падари касе нест, ки онро бидуни пардохти маблағ ва муфт ба касе бидиҳем". Пас ин гуруҳ масъулин чӣ гуна бояд рафтор кунанд ва чӣ гуна тавофуқи ҳосилшударо бо Маскав тавҷеҳ мекунанд?

(Шояд ба мантиқи Суҳроб Шарипов, собиқ раиси МТС, ки гуфта буд, «заминро дар Мурғоб ба Чин намедодем, хитоиҳо то Хоруғро забт мекарданд, ҳеч коре карда наметавонистем.» Акнун вобаста ба ин мантиқ бояд бигӯем, агар пойгоҳро ба русҳо намедодем, русҳои 201 -ум куҷоро забт мекарданд?) 

Инчунин гумонҳое вуҷуд доранд, ки пас аз сафари Путин ба Душанбе шояд тамоюли сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ тағйир ёбад. Яъне акнун эҳтимолан Душанберо ба сифати ҳукумати бештар ба Кремл тамоюлдошта муаррифӣ кунанд. Айни ҳолатро мо дар соли 2004 - 2005 ҳам дида будем. Як сол пеш аз интихоботи парлумонӣ, вақте нируҳои мухолифи ҳукумат Эътилофи интихоботи шаффофу демократиро таъсис додан мехостанд, масъулини ҳукумат то ҷое нигарон шуданд. Аммо чун масоили ба вуҷуд омадаи он замон миёни Тоҷикистон ва Маскав ҳал шуд, авзоъ ба нафъи мухолифин начархид. Балки баръакс ҳукумат шанси бештар пайдо кард ва худро бештар қавӣ эҳсос кард. Ба хотир биёред, таҳаввулоти баъдиро…

Оё имкони такрори вазъи ҳаммонанд вуҷуд дорад?

Маълум нест, ки ин суолро ягон касе матраҳ кардаву сараш меандешад ё не, аммо набояд сари он танҳо фикр кард, балки бояд баррасӣ низ намуд, ки агар чунин ҳолате пеш биёяд, он то куҷо ба манфиатҳои милливу давлатӣ ва ҳатто манофеи ҳукумат дуруст меояд? Хоса бо ин ки кишварҳои дигари абарқудрат пас аз сафари Путин ба Бишкеку Душанбе манфиатҳои худро дар минтақа зери по диданд. Ва ҳам бо ин ки масъалаҳои Хоруғро ҳоло ҳам ба пуррагӣ ҳалшуда пиндоштан иштибоҳе беш намебуд…

Албатта ҳукумат метавонад жестҳое аз худ ба унвони кишварҳои ғарбӣ бадар кунад. Жестҳое мисли аз зиндон берун андохтани чанд нафареро, ки дар Ғарб дар ҳолатҳои зарурӣ қазияашонро сиёсӣ маънидод мекунанду баъди ҳал шудани масъалаашон бо Душанбе онҳоро фаромӯш месозанд, ё додани кадом имтиёзи содае ба ҷомеаи шаҳрвандӣ. Дуруст ин корҳоро кардан мумкин, аммо бояд низ дарк кард, ки ИМА -ву Аврупоро бо ин наметавон қаноъат дод. Ин як. Дуввум, хеле шуд, ки дар бораи танҳо байрақ кардани арзишҳои демократӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ суҳбатҳо анҷом мегирад ва мафҳуми тозае низ пайдо шуда; "демократияи нафтолуда"!

Ин ҳам ҳақиқат аст, ки Тоҷикистон замини нафтхез надорад. Бо вуҷуди ин, Ғарб дар ин ҷо манфиатҳое суроғ дорад, ки пас аз сафари Путину имзои созишномаҳову баёнияҳо онҳоро поймолшуда дид. Дар ин сурат барояшон танҳо чанд жести ҳукуматӣ басанда аст? Мисли Қирғизистон, ки то як инқилоби дигару сарнагун сохтани ҳукумати Атамбоев ҳамагӣ чанд қадам боқӣ монда буд…

Ислом Каримов дарди сари минтақа

Ҳоло мешавад сафари Путин ба Тоҷикистону Қирғизистон ва инак сафари оғозшудаи Назарбоев ба Маскавро бо сафари Роберт Блейк - ёвари котиби давлатии Амрико ба Осиёи Миёна дар моҳи август монанд кард. Бархеҳо ҳоло бовар доранд, ки Путин дар ин "мусобиқа" ғолиб омад. Чун бисёриҳо Кремлро ба надоштани стратегияи муайяну мушаххас дар ин минтақа муттаҳам мекарданд, акнун гуфта мешавад, он дарёфт шуд. Вале ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия дар ин росто як дарди сар доранд: Ислом Каримов!

Ба эҳтимоли қавӣ дар Душанбе байни Путину Раҳмон мавзуи Узбакистон матраҳ шудааст. Масъалаҳои энергетикии Тоҷикистон, ки Каримовро сахт нороҳат мекунанд, низ. Маълум аст, ки имзои чанд баёнияи муштарак асли масъаларо рӯнамо намекунад. Кремл дар ин росто низ амбитсияҳои хос дорад ва ба як монополисти бузурги минтақавии энергетикӣ табдил шуданист. Вале шояд бо ин ки ҳоло намехоҳад Тошкандро аз ин бештар ба ғазаб биёрад, аз расмиёти бештар дар Душанбе дар масоили энергетикӣ, хоса Роғун худдорӣ кард. Бубинед, дар суҳбатҳои расмиаш Путин танҳо дар бораи ниругоҳҳои хурду миёна суҳбат мекард, на ниругоҳҳои бузурге мисли Роғун. Дар ҳоле ки дар Бишкек тавофуқоти қаблие дар бораи "ҳамтақдири" Роғун - ниругоҳи Қамбарота ҳосил шуду бисёриҳо интизор доштанд дар Душанбе низ чунин хоҳад кард, то тавонад Тошкандро ба оғӯши худ баргардонад. Аммо ҳоло Кремл мехоҳад Тоҷикистон Роғунро дар доираи консорсиуми ширкатҳои русӣ (аз чор ширкат ном бурда мешавад) бунёд кунад. Ва бо ҳамроҳ кардани Узбакистону Қазоқистон ба ин лоиҳа. Сафари дирӯз сурат гирифтаи Назарбоев ба Русия низ аз ин зовия баррасӣ мешавад. Вагарна дидорҳои паёпаи президенти русу қазоқро дар доираҳои таҳлилӣ чизе монанд ба шӯхӣ кардаанд. Сафари ахир бошад, тибқи гумонҳо, бештар масоили минтақавӣ, хоса мушкилоти бо Тошканд доштаи Русияро бояд дар бар гирад. Назарбоев, ба ҳар сурат, хеле шуд худро оқсақоли минтақа медонад. Ва тибқи хабарҳо дар долонҳои Остонаву Кремл асноде таҳия мешавад, ки баҳсҳои энергетикиву обии минтақа ва мавқеи кишварҳои поёнобро дар бар мегирад.Оё ба ин муваффақ мешаванд?

Љанги №6

Бахусус бо Ислом Каримове, ки минтақаро аз ҷанги нав ҳушдор доду ҳоло дар доираҳои коршиносӣ низ суҳбатҳо аз ҷанги №6 зиёд аст. Ба ғайр аз ин, зимни сафари Блейк ба минтақа шартномаҳое оид ба сармояи 2,8 миллиард доллар, 5 миллиард доллар аз Кореяи Ҷанубӣ (аз он 3 миллиард сармояи бевосита) ва тавофуқот барои харидории амрикоиҳо аз маҳсулоти Узбакистон барои гуруҳҳояшон дар Афғонистон ҳосил кардаанд.

Ҳамин тавр, ИМА дар якуним моҳи ахир, тибқи хабарҳо ба Тошканд сармояи зиёд, ҷойҳои нави корӣ ва ба элитаи узбак имкони "фурӯбарии" маблағҳои зиёдро фароҳам овард. Воқеан, мансабдорони узбакро маҳз ана ҳамин маблағҳои ҳангуфт мехӯронанд, на муҳоҷирини бечораи аз Русия баргашта…

Пас Роберт Блейк дар Осиёи Миёна ғолиб омад, ё Путин?

Путине, ки масъалаҳои ҳалношуда бо Каримов дорад. Тоҷикистон ҳам…

Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази

таҳқиқоти сотсиологии  "Бозтоб"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97