Ҳамрохон Зарифӣ, Роғун ва "Бегуноҳии мусулмонон" дар Ню-йорк

Сиёсат 19.10.2012 19:38

ZarIIIFIIIҲамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳайати расмии кишварро дар кори Иҷлоси 67-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид раҳбарӣ намуд.

Ҳадаф аз ин сафар иштирок дар Маҷмаъи умумӣ ба самъи ҷомеъаи байналмилалӣ расонидани мавқеи ҷумҳурӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди Тоҷикистон буд.

Баҳси НБО "Роғун" дар СММ

Ду маврид аз суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи бештари расонаҳо қарор гирифт ва бозтоб пайдо намуд. Яке ҳамоно баҳси Роғун, ки гуфт, сохтани ин ниругоҳ ва истифода аз манобеъи энержӣ ҳаққи қонунии Тоҷикистон аст ва нуқтаи дуввум маҳкум намудани иқдомҳои исломситезӣ дар Ғарб буд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни таъкид ба ин, ки НБОРоғун ҳаққи комили Тоҷикистон аст, афзуд, набудани "ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории лозима" дар Осиёи Марказӣ ва сарфи назар шудани "манфиатҳои қонуниву ҳаётии Тоҷикистон" боиси он гаштааст, ки Тоҷикистон бештар аз даҳ сол ба ин ҷониб "дар шароити камбуди шадиди нируи барқ дар мавсими сармо ба сар мебарад."

Ҷаноби Зарифӣ дар паёмаш ба Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк, рӯзи 29-уми сентябр гуфт, дар ҳоле ки кишвари мо аз манбаъҳои дигари энержӣ маҳрум аст, аммо соҳиби захираҳои азими обист, бино бар "санадҳои байналмилалӣ, ҳаққи комил дорад, ки захираҳои табиии худ, аз ҷумла манобеъи обиро барои тавлиди нируи барқ, ба манфиати мардуми худ истифода барад."

Ин суханони вазири Тоҷикистон чанд соат баъд аз сухани Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон эрод шуданд. Вазири умури хориҷии Узбакистон ба мавқеъи қадимии Тошканд таъкид намуд ва гуфт, ки ҳаргуна иншооти азим дар рӯдҳои фаромарзӣ бояд бо назардошти ҳаққи кишварҳои поёноб сохта шаванд. Ӯ гуфт, дар сурати сохта шудани ниругоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистон Узбакистон ба мушкили об гирифтор хоҳад шуд.

Аммо Ҳамрохон Зарифӣ дар суханронии худ гуфт, кишвари мо бо ин ки мехоҳад аз манобеъи обӣ истифода кунад, ба манофеъи кишварҳои поёноб зиён ворид нахоҳад кард. Ӯ гуфт: "Лозим медонем, аз ин минбари баланд бо тамоми масъулият изҳор намоем, ки Тоҷикистон зимни истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетикии худ нияти пайгирӣ намудани танҳо манфиатҳои худ ба зиёни тараферо надорад. Баръакс, мо ҷонибдори самимии ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ ҳастем."

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, бояд тарафҳои зидахл аз изҳороту амалҳои шитобкорона ва ноозмуда, ки ба фазои дӯстию ҳамкорӣ ва равобити ҳасанаи ҳамсоягӣ созгор нестанд, худдорӣ кунанд.

Гуфтанист, чанде пеш раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов дар сафараш ба Қазоқистон гуфт, баҳсҳои марбут ба об дар Осиёи Марказӣ метавонанд, сабаби ҷанг шаванд.

Ишораи дигари ҷаноби Зарифӣ низ беш аз ҳама ба кишвари ҳамсоя рабт дошт. Вай гуфт: "Дурии ҷуғрофии кишвари мо ва набудани баромад ба баҳр монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори он мебошад. Дар чунин шароит, бешубҳа, фаъолияти бемамониати роҳҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ки Тоҷикистонро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷаҳони хориҷ мепайвандад, аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад."

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз СММ даъват кард, то дар соли 2013, ки бо ташаббуси Тоҷикистон "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" эълон шудааст, мушкили обу энержии минтақа ҳалли одилона пайдо кунад.

"Бегуноҳии мусулмонон"

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар Созмони Милал ҳамчунин таҳқиру тавҳини динҳо, аз ҷумла дини Ислом дар гӯшаҳои оламро маҳкум кард. Ӯ афзуд, "мо тарафдори эҳтироми гуногунии фарҳангиву динӣ ва гуфтугӯи байни тамаддунҳо барои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ мебошем. Ба ин муносибат, мо бисёр нигаронем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам, бо суистифода аз озодии баён, кӯшишҳои таҳқир намудани динҳо, хусусан дини мубини Ислом, ба мушоҳида мерасанд. Мо ин раванди номатлубро қотеъона маҳкум менамоем."

Ҳарчанд Ҳамрохон Зарифӣ ба сароҳат аз мавриди хосе ном набурд, аммо рӯи сӯхани ӯ ба филми "Бегуноҳии мусалмонон" буд, тавассути як шаҳрванди амрикоӣ сохта шуда ва дар шабакаи интернет ҳанӯз ҳам қобили дидан аст. Намоиши ин филм аз 11-уми сентябр ба ин сӯ боиси эътироз ва хушунатҳо дар саросари дунёи ислом шудааст. Дар вокунишҳои хушунатбор ба ин филм чандин нафар дар гӯшаҳои олам ҷони худро аз даст доданд ва аз ҷумла сафири Амрико дар Либӣ тавассути як гуруҳи тундрави исломӣ кушта шуд.

Ахиран дар иёлати Калифорнияи Амрико муаллифи филми "Бегуноҳии мусалмонҳо" Накула Басела Накула боздошт шуд. Аммо мақомот гуфтаанд, ки боздошти ӯ ба сохтани филми "Бегуноҳии мусулмонон" вобаста нест, балки Накула ҳангоми наворбардории филм шартҳои раҳоии худ дар зиндонро вайрон кардааст. Зеро ӯ барои қаллобии бонкӣ маҳкум ба зиндон шуда буд ва соли 2011 ба шарте раҳо шуд, ки як муддат бидуни иҷозаи намояндаи мақомоти назоратӣ наметавонад аз интернет истифода кунад.

Масоили дигар

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси 67-уми Маҷмаъи Умумии СММ дар ҷаласаҳои солонаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Гуруҳи 77 ва Чин, Гуруҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур ба хушкӣ ва Муҳовараи ҳамкории Осиё иштирок кард. Ӯ инчунин роҷеъ ба чанд масъалаи дигар низ мавқеъи Тоҷикистонро баён намуд.

Андар ислоҳоти СММ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар иҷлоси 67-уми Маҷмаъи Умумии СММ бори дигар ба масъалаи баланд бардоштани нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ба андешаи ӯ "ҳодисаҳои охирини олам бори дигар нишон доданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳониву минтақавӣ бе таҳкими нақши марказии СММ дар масъалаҳои байналмилалӣ ва бе таҳкими усули дастҷамъӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ дар асоси риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имконпазир нест". Аз ин лиҳоз Ҳамрохон Зарифӣ диққати ҳозиринро ба "зарурати ислоҳоти оқилонаи Созмон", "ислоҳоте, ки дар натиҷаи он Созмони Милали Муттаҳид тавонад, ба рӯйдодҳои ҷаҳон зуду шоиста вокуниш кунад ва бо таҳдидҳои сершумори ҷаҳони имрӯз ба таври муассир муқовимат намояд" ҷалб намуд.

Андар эҳтироми ҳуқуқи инсон

Ҳамрохон Зарифӣ дар суханронии худ дар иҷлоси 67-уми Маҷмааи Умумии СММ зикр намуд, ки яке аз дастовардҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид эҷод намудани меъёрҳои фарогир оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Ба андешаи ӯ ҳуқуқи инсон дар баробари сулҳ, амният ва рушд сутуни ин Созмонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон, ки ширкаткунандаи паймонҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи башар мебошад, барои таъмини ҳимоя ва ташвиқи ҳуқуқи инсон дар кишвар тадбирҳои лозимаро пайваста меандешад. Дар вобастагӣ ба ин ӯ иттилоъ дод, ки ба мақсади саҳмгузории бештар ба амалисозии ҳадафҳои олии Шӯрои ҳуқуқи инсон, Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намуд, то номзадии худро ба ин ниҳоди муҳим барои солҳои 2015-2017 пешниҳод кунад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ибрози умедворӣ намуд, ки дар ин маврид кишварҳои аъзои Созмон номзадии кишвари моро дастгирӣ хоҳанд кард.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле ин суханонро эрод намуд, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз ҷумла аз мавридҳои зиёди шиканҷа дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон дар нишасти дигаре дар Варшава изҳори нигаронӣ намудаанд.

Ҳамчунин ҳафтаи гузашта як нафар бо номи Ҳамза Икромзода дар зиндони шумораи яки Тоҷикистон даргузашт, ки наздикони ӯ ва созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ марги ӯро бар асари шиканҷа унвон кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд, Икромзода худкушӣ кардааст.

Ба ҳар ҳол узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башар масъулияти Тоҷикистон дар риояи ҳуқуқи башар ва мубориза бо шиканҷаро метавонад бештар кунад. 

Андар масъалаи Афғонистон

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба хуруҷи нируҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 таваҷҷуҳ намуда, аҳамияти фавқулъода зиёд пайдо кардани "мавзуи Афғонистон"-ро на танҳо барои минтақа, балки тамоми ҷаҳон таъкид сохт.

Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронии худ аз минбари СММ сари ин мавзуъ таваққуф намуда, зикр кард, ки "ёрии байналмилалӣ ба Афғонистон бояд, пеш аз ҳама, ба бозсозии иқтисодӣ, таҳкими бештари соҳаи иҷтимоӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва ғайра равона шавад". Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки "дар ин замина, амалӣ намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои газ ва ғайра, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа мепайванданд, аҳамияти зиёд доранд".

Вобаста ба ин мавзуъ Ҳамрохон Зарифӣ диққати ҳозиринро ба натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон ҷалб намуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар Конфронси зикршуда лоиҳаҳои мушаххаси минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун пешниҳод шуда буданд, ки ба барқарор намудани ҳамкории минтақавӣ бо иштироки Афғонистон мусоидат карда метавонанд. Вазир иброз дошт, ки "Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик дар бозсозии иқтисодӣ ва барқарорсозии зербинои иҷтимоии Афғонистон фаъолона иштирок менамояд". Ӯ илова намуд, ки "равандҳои ҳамкории минтақавии серсоҳа Афғонистонро низ ба таври пурра бояд фаро гиранд".

Ин ҷо бояд гуфт, ки дар воқеъ Тоҷикистон дар амри барқарории субот дар Афғонистон кумаки бедареғ карда ва мекунад. Аммо фасод ва девонсолории ҳоким дар миёни мақомоти Тоҷикистон ва тамоюли "афғонситезӣ" дар миёни бархе аз мақомоти тоҷик боиси он шудааст, ки Тоҷикистон натавонад ба бозори Афғонистон роҳ пайдо кунад ва аз фурсати муносиб барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии худ бо ин кишвар истифодаи лозимро бикунад. Аз ҷумла, Тоҷикистон имкони зиёди ҳамкорӣ дар пружаҳои энержӣ, сохтмони хати барқ, интиқоли он ва инчунин имкони ҳамкорӣ дар ироъаи фановариҳои коммуникатсионӣ ва технологияи иттилоотӣ ба бозори Афғонистонро дорад, аммо ин имконотро ба ихтиёри рақибони Узбакистонии худ раҳо кардааст.

Андар рафъи хатари минаҳои зидди нафар дар марзҳо

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бори дигар масъалаи бартараф кардани хатари минаҳои зидди пиёдагардро ба миён гузошт. Бо ишора ба Конвенсияи Оттава, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал омадааст, то ба истифодаи минаҳои зидди пиёданизом, ки боиси азобу бадбахтиҳои зиёд, кушта ва маҷруҳ шудани одамон, асосан афроди ғайринизомии бегуноҳу бедифоъ ва кӯдакон гардида, монеи рушду бозсозии иқтисодӣ мешавад, поён диҳад, Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни Маҷмааи Умумии СММ-ро ба ин масъалаи муҳим ҷалб намуд. Ӯ бо таассуф таъкид намуд, ки "азобу бадбахтиҳое, ки минаҳои зидди пиёданизом меоранд, домани аҳолии кишвари моро, ки канори сарҳади давлати ҳамсоя зиндагӣ менамояд, низ кашидаанд". Аз ин рӯ, Вазир хостори иҷрои комил ва муассири санади мазкур дар ҳамкорӣ бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор шуд. Ӯ бори дигар изҳор намуд, ки "Тоҷикистон тарафдори фаъоли минтақаи холӣ аз мина дар Осиёи Марказӣ мебошад".

Гуфтанист, то кунун садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз минаҳои коргузоштаи низомиёни узбак дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон кушта ва захмӣ шудаанд ва ин минаҳо ҳамчунон қурбонӣ мегиранд. Аммо Узбакистон ҳамчунон омодаи поксозии ин майдонҳои мина нест. Узбакистон ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз эҳтимоли вуруди ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба дохили он кишвар марзҳояш бо Тоҷикистонро дар солҳои 1993 то 1998 минакорӣ карда буд.

«Миллат»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97