Русия мехоҳад Амрико шикасти худро дар Афғонистон эътироф кунад

Сиёсат 13.10.2012 12:41

lavrov_vaҲошияи иҷлоси 67 -уми Маҷмаъи умумии СММ майдони муносибе барои гуфтугуҳои миёни давлатҳо ва ояндаи СММ аст.

Буҳрони Сурия ба дасти аксари хайатҳо ин баҳонаро додааст, ки аз коромад будани низоми институти СММ изҳори шубҳа ва гумон кунанд. Ҳоло ҳайатҳои ҳудуди 200 кишвари олам дар Ню-йорк ба сар мебаранд ва намояндаи Русия гуфтааст, ки ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, ки аз нақши калидии СММ дар ҳалли қазияҳои байнулмилалӣ коста шавад. Аз ҷумла, намояндаи Русия таъкид намудааст, ки Кремл Амрикоро водор хоҳад намуд, ки пеш аз хуруҷ аз Афғонистон дар мавриди барномаи анҷом додааш дар он кишвар ва роҷеъ ба мандате, ки Шӯрои амният ба он дода буд, гузориш диҳад. Ин талаб дар ҳар сурат ба дастболоии Русия анҷом мешавад.

Яке аз мавзуҳои аслии суханронии Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маҷмаъи умумӣ ва дар мулоқот бо Андерс Расмуссен, дабири кули НАТО дар рӯзи ҷумъа талаби гузориш дар мавриди натиҷаҳои ҷанг дар Афғонистон аст. Як узви ҳайати Русия ба рӯзномаи "Коммерсант" гуфтааст, "Нируҳои мусоидат ба таъмини амният дар Афғонистон бо ваколати Шурои амнияти СММ амал мекунанд. Ва агар ин нируҳо мехоҳанд аз он кишвар берун шаванд, пас бояд дар мавриди иҷрои ваколате, ки 11 соли пеш аз Шурои амнияти СММ гирифта буданд, гузориш диҳанд ва ё дар сурати ғайр шикасти худро эътироф намоянд".

Ин тавр гузоштани масъала, ба назари дипломатҳои русӣ дар ҳар сурат ба нафъи Русия анҷом мешавад. "Агар ИМА ва НАТО бигӯянд, ки ваколати худро бо муваффақият ба анҷом расониданд, дар он сурат Русия далеле бар муқобили боқӣ мондани ин нируҳо дар Афғонистон хоҳад дошт. Зеро Амрико қасд дорад, баъди соли 2014 дар Афғонистон 34 пойгоҳи низомӣ бунёд кунад. Аммо агар ҳам Амрико эълон кунад, ки террористонро нест карда ва суботу низомро дар Афғонистон барқарор намудааст, дар он сурат зарурати ин пойгоҳҳо дар чӣ аст? Яке дигареро инкор мекунад", - мегӯяд, дипломати узви ҳайати Русия.  

Бо ин ҳол Маскав ба ин бовар аст, ки Амрико водор хоҳад шуд, эътироф намояд, ки ваколати Шӯрои Амнияти СММ дар Афғонистон ба иҷро нарасид. Зеро авзоъ дар Афғонистон ҳамчунон бесубот аст. Ва ба гумон аст, нируҳои Афғонистон баъди соли 2014 битавонанд ба сурати мустақил амниятро таъмин кунанд. Дар соли 2012 51 нафар аз сарбозони НАТО дар Афғонистон ба дасти худи нируҳои амниятӣ ва артиш ё пулиси Афғонистон кушта шудаанд.

Аммо агар ИМА ва НАТО нахоҳанд, ки дар ША СММ роҷеъ ба Афғонистон ва иҷро шудани ваколати Шӯрои Амният гузориш диҳанд, (ки нахоҳанд дод), Русия ду аҳроми фишорро метавонад мавриди истифода қарор диҳад. Якум, ҳаққи Вето. Як дипломати узви ҳайати русӣ мегӯяд; "Мо дигар барои баргузории чунин амалиётҳо ба НАТО ва ИМА иҷоза намедиҳем. Ва Чин ҳам дар ин маврид бо мо ҳамфикр аст". Аҳроми дигари фишори Русия ин қатъи ҳамкорияш бо Амрико ва НАТО дар мавриди Афғонистон аст.  

Расонаҳои русӣ гуфтаанд, ки ба матраҳ намудани ин масъала Русия мехоҳад ба НАТО ҳушдор диҳад, ки агар тавофуқ дар мавриди ҷойгиркунии сипари мушакӣ (ПРО) Маскавро қаноъат надиҳад, ҳузури баъдии нируҳои ин эътилоф дар Афғонистонро ба чолиш мекашад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97