Дар мубориза бо …Тошканд

Сиёсат 12.10.2012 14:55

Путин бо сафари худ ба Душанбе ба Осиёи Миёна ҷанг меорад ё сулҳ?

"Меояд… намеояд…"

kreml_va_qasri_millatАгар ба ҳаводиси сиёсии ахири Тоҷикистон таваҷҷуҳи амиқ намоем, ҳамаи мавзуъҳоро гӯё дар як нукта гиреҳхӯрда мебинем: Путин зимни сафари худ ба Душанбе чӣ медиҳад ва чӣ мегирад?

Бештар аз ин, бархе таҳлилгарон омадан ё наомадани президенти нав-куҳнаи Русия ба кишвари моро зери суол қарор медиҳанд. Ҳоло сухан аз он ҳам намеравад, ки чаро Путин аз замони расман ба сари қудрати сиёсӣ расидан, зарур донист, ки ба Бишкеку Остона ду дафъаӣ сафар анҷом бидиҳаду дар ин миён Душанберо "нодида гирифт". Ин ҳам муҳим нест, ки президент Раҳмон аз аввалинҳо шуда Путинро бо ғалабааш дар интихоботи ахири президентӣ муборакбод гуфт ва лаҳзаҳои аввали ба Кремл ворид шудани президенти нав-куҳна, бо ӯ ду бор суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ҳатто мегуфтанд, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, мавзуи ҳузури низомии Русия дар кишвари моро на бо Медведев, балки бо Путин ҳал кунаду сабаби "кашолкорӣ"-и ин мавзуъ дар ҳамин аст. Президенти Русия инро ҳам ҷиддӣ нагирифт. Гап дар дигар ҷост. Путин маҳз бо кишвар ва сарвароне ҳамкор будан мехоҳаду ба онҷо сафар анҷом медиҳад, ё вомехӯрад, ки масъалаҳояшро то замони мулоқоти ӯ дигарон ҳал кардаанд. Яъне системае, ки ӯ дар муҳити сиёсиву иҷтимоии Русия сохтааст, ҳамин аст, ки ҳар сухани узви командааш аз ҷониби шарикон ё онҳое, ки худро шарики Путин медонанд, бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Далел, ҳамин сафари ахири ӯ ба пойтахти Қирғизистон аст, ки то омадани президенти рус тамоми масъалаҳои бо Бишкек доштаи ҷониби Русия тақрибан ҳаллу фасл шуда буданд. Ин зарурат ҳам ҳосил шуд, ки президент Атамбоев ва сарвазири вақти Қирғизистонро чанд маротиба ба Маскав даъват кунанду ба қавле онҳоро "дар ҷояшон шинонанд". Зеро Бишкек он замон сару садое пароканда буд, ки русҳо ба қавлашон ваъда накардаанд ва ҳаққи иҷораи пойгоҳи низомии худ дар хоки Қирғизистонро то охир напардохтаанд. Гуфта шуд, ки ин "ноз" -и ҳукумати қирғиз ба як мавзуъ рабт дошт; фаҳмидан мехост, ки Маскав бо онҳо ҷиддӣ кор кардан мехоҳад ё не, агар не, пас онҳо бояд дунболи Амрико бираванд. Кремл оромона иддаои Бишкекро қабул кард ва дар навбати худ ба қирғизҳо гӯшзад намуд, ки онҳо ҳам аз Русия воми андаке надоранд…

Хулоса, ҳамаи масъалаҳо пушти сар монданд, ҳарфу даъвоҳо шунида шуданд ва ахиран шаби дери (соати 23. 10) 20 сентябр Путин вориди Бишкек гардид. Ва дар як рӯз ҳамаи санадҳои лозим аз ҷониби президенти русу ҳамтои қирғизаш ба имзо расид.

Бояд дар назар гирифт, ки президенти Русия бисёр кам мешавад шабона сафар анҷом диҳад. Дар ёдҳо ҳамон парвози шабонаи Путин дар тирамоҳи соли 2001 мондааст, ки ӯ ба Осиёи Миёна, аз ҷумла Душанбе анҷом дод. Вазъият ҳаминро тақозо мекард, чун он шабу рӯз нируҳои ғарбӣ бояд аз тариқи хоки Осиёи Миёна вориди Афғонистон мегардиданду гуфта мешуд, ки дар ибтидо Кремл ба чунин иқдом ризоят надодааст ва пас аз он ки ба минтақа омад, "масъаларо дар ҷояш ҳал кард" - у рафт. Дуруст аст, ки то имрӯз касе нагуфт, ки чаро он замон Русия дар аввал норозӣ буду ба зудӣ мавқеи худро дар бораи гузаштани нируҳои НАТО аз тариқи Осиёи Миёна ба Афғонистон иваз кард. Вале бо омадани Путин гӯё ҳамаи масъалаҳо ҳал гардид; гургҳо ҳам сер шуданду барраҳо низ сиҳат монданд.

Агар дар ин байн, аниқтараш пас аз 11 сол, мавзуъи бозгашти нируҳои НАТО ба миён намеомад. Соли чандум аст, ки кишварҳои ғарбӣ дар бораи "иҷрои муваффақонаи рисолати худ дар Афғонистон" ҳарф мезананд ва мегӯянд, ки акнун бояд хоки ин кишварро тарк гӯянд. Инсофан бояд гуфт, чанд соли пеш чунин даъворо русҳо ҳам доштанд, ки ҳоло бояд Афғонистонро нируҳои ғайр тарк созанд. Ҳатто даъвоҳое низ вуҷуд дошт, ки пас аз вуруди нируҳои ғарбӣ ба ин кишвар парваришу интиқоли маводи мухаддир афзоиш ёфтааст. Русҳо мегӯянд, ин сиёсати хоси кишварҳои ғарбист, то интиқоли маводи мухаддир ба Русияро бештар кунанду мардуми ин давлатро гирифтори нашъамандӣ. Амрикоиҳо ин ҳарфҳоро бадгумоние беш намедонанд, аммо қумандони марҳуми Бадахшон Имомназар Имомназаров (ки мақомоти тоҷик ӯро дар фурӯшу интиқоли маводи мухаддир муттаҳам медонистанд) дар ин бора маълумоти ҷолибе пешниҳод кард. Бино ба навиштаи нашрияи "Миллат", ки аз як суҳбати ӯ иқтибос меоварад, Имомназар гуфтааст, чанд намояндаи кишварҳои ғарбӣ наздаш омадаву пешниҳод кардаанд, ки ба Чин долони интиқоли маводи мухаддир боз кунад. Агар чунин пешниҳоде ҷой дорад, пас мешавад дар изҳороти қаблии мақомоти рус оид ба нашъаманд кардани шаҳрвандони ин кишвар кадом як ҷиддиятеро пайдо кард ва гуфт, ки дар ҳақиқат маводи мухаддир ба қатори сиёсатҳои хоси мақомоти ғарбӣ дохил аст. Вале ин баҳси мавзуъи дигарест, ҳарчанд ба мавзуъи зери назари мо иртиботи бевосита дорад…

Ҳоло суҳбати мо сари хурӯҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон аст, ки бояд то соли 2014 анҷом гирад. Барои бисёрии таҳлилгарон ин нуқта як муамморо мемонад, ки дар ин байн чаро муносиботи ИМА бо шарики санҷидашудааш - Покистон вайрон шуду Исломобод якбора роҳро барои хурӯҷи нируҳои ғарбӣ баст? Акнун кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд аслиҳаву муҳиммоти худро тариқи се кишвари Осиёи Миёна - Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Баъдан Русия ҳам худро дар ин лоиҳа ҳамроҳ кард (ҳоло тибқи хабарҳо мувофиқа ҳосил шудааст, ки тариқи шаҳри Уляновск НАТО нируҳои худро бадар хоҳад кард), то фоидаи пулӣ ба даст оварад. Вале ҷиддитар аз ин маълумоти дигаре буд: НАТО мехоҳад як қисми аслиҳаву муҳиммоташро ба кишварҳои Осиёи Миёна ҳадя кунад ва боқимондаи онро барои ҳифз нигаҳ дорад. Муаммо сари ҳамин аст; чаро онҳо намехоҳанд ҳамаи силоҳашонро бо худ бубаранд? Назарҳое ҳам ҳаст, ки ин миқдори силоҳу муҳиммот ё барои коҳиш додани нуфузи низомии Русия дар минтақа, ё барои танг кардани таъсири афзояндаи Чин, ё барои ҷанги эҳтимолӣ бо Эрон дар Осиёи Миёна нигаҳдорӣ мешавад. Русҳо дар назардошт бо ин ҳоло хабар пахш кардаанд, ки мехоҳанд дар минтақа корхонаи истеҳсоли силоҳ ташкил кунанд. Зеро Осиёи Миёна то ин замон бештар аз силоҳу муҳиммоти русӣ истифода мекарду ҳоло ҷои онҳоро амрикоиҳо танг кардан мехоҳанд. Як мавзуъи баҳси Бишкеку Маскав низ саҳмияҳои корхонаи низомии "Достон" буд, ки дар сафари ахири Путин гӯё ба он ҳам нуқта гузошта шуд. Ҳоло баҳси дигари ҳалношуда бо Тоҷикистон мондааст. Гап сари пойгоҳи низомии русҳо дар Тоҷикистон ва муҳлати будубоши онҳо меравад. Душанбе ин масъаларо дар сатҳи начандон баланди Кремл - муовини вазири мудофиа ҳал кард, ки ба назари таҳлилгарон имкон дорад ба имиҷи кишвар латма ворид кунад. Барои русҳо ин шояд мояи сарбаландӣ бошад; бо Медведеви президент масъаларо ҳал накардед, акнун бо муовини вазир ҳал кунед!

Аммо як масъалаи дигари ҳалношуда байни Русияву Тоҷикистон боқӣ мондааст; ниругоҳи Роғун! Пеш аз ин Путин зимни сафари худ ба Бишкек муваффақ шуд, ки ниругоҳи Қамбарота - 1 -ро низ аз рӯи формати маблағгузориву судоварии 50/50 ҳал намояд. Аммо маълум аст, ки чунин бархӯрдро бо Душанбе карда наметавонад. Ба ҳар сурат Тоҷикистон Роғунро моликияти миллӣ эълон кардааст. Сафари ахири муовини сарвазири Русия Шувалов ба Душанбе бояд маҳз ба мавзуъи Роғун рабт дошта бошад. Зеро дар моҳи август ӯ ба Бишкек низ сафар дошту мавзуъи ниругоҳро мусбат ҳал кард ва инак бо омадани Путин дар ин бора санад ба имзо расид. Аммо пеш аз сафари худ ба Душанбе, ё пас аз он (ибтидои моҳи октябр) президенти Русия бояд ба Исломобод сафар анҷом диҳаду ҳамроҳ бо раҳбарони Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон масоили энергетикиро баррасӣ намояд. Ба таври дигар Русия мехоҳад ба як монополисти бузурги энергетикии минтақа табдил ёбад. Бунёди Роғун ин тасмими Русияро қавитар менамояд. Аз ин ҷост, ки саҳим шудан дар ин лоиҳаро Кремл аз мавзуъи будубоши низомиёнаш дар Тоҷикистон камтар намедонад. Ба сохтмони Роғун ҳукумати Ислом Каримов сахт муқобилият дорад. Аз ин ҷост, ки ҳоло шартномаҳои энергетикии Кремл бо Бишкеку Душанберо баъзе аз коршиносон ба сифати асбоби фишор ба "Тошканди ғарбгаро" нисбат медиҳанд. Дар Бишкек Путин гуфт, мехоҳад дар лоиҳаҳои калонҳаҷми энергетикии Осиёи Миёна Узбакистону Қазоқистонро ҳам саҳим кунад. Яъне гӯё миёнарави баҳсҳои минтақавӣ мехоҳад бошад. Вале Ислом Каримов дар ҷараёни сафари ғайримунтазирааш ба Остона, ки пешопеши сафари Путин ба Қирғизистон сурат гирифта буд, ҳушдор дод, ки эҳтимоли ҷангҳои обӣ байни Узбакистону Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад. Ин изҳороти президенти узбакро то ҷое ҳушдор ба Русия маънидод кардан мумкин аст.

Пас, сафари навбатии Путин ба Тоҷикистон сурат мегирад ё не, оё Душанбе розӣ мешавад, ки дар бунёди ниругоҳи Роғун Кремлро ҳамроҳ созад(?), метавонад аз суолҳои аслии рӯз бошанд.

Бештар аз ин бояд аз худ ҷиддӣсуол кард; оё сафари Путин ба Душанбе ба Осиёи Миёна ҷанг меорад ё оштӣ?

Раҷаби Мирзо,

раҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии "Бозтоб"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97