Оташи эътирози "Корвон"-ро Убайдуллоев фурӯ нишонд

Сиёсат 24.09.2012 18:50

Сӯхтори "Корвон" боз як таҳдид дар остонаи Истиқлол

korvonЧор рӯзи дигар то остонаи ҷашни Истиқлол монда буд, ки дуди ғализе фазои Душанберо фаро гирифт. То расидани хабари оташсӯзӣ мардуми огоҳ нигарон буданд, ки боз чӣ офате ба сари кишвари азизи мо овардаанд.

"Корвон" оташ гирифт! Хабари шум зуд паҳн мешавад. Нафарони дилсӯз, ки ин хабарро мешуниданд, бо таассуф сар ҷунбондаву "бечораи тоҷирон" мегуфтанд. Аммо онҳое, ки борҳо аз бозор ноумед баргаштаву ҳамёнашон тавони пардохти қимматҳои ҳангуфтро надоштааст, бадбахтии хешро дар фаъолияти тоҷирон дида, бепарвоёна даст афшондаву мегуфтанд; "инсоф ҳам хуб чиз аст, агар онро бандагонаш риоят накунанд, пеши он Ҳақ ҳисобу китоб аст". 

Аммо замон ва шеваи ин оташсӯзӣ касро ба он гумон мебарад, ки кори дасти онҳоест, ки осмони софи моро дидан намехоҳанд ва сабри моро ҳар гуна имтиҳон мекунанд.

Оташсӯзии "Корвон" ду се ҳодисаро аввалтар аз ҳама дар ёд зинда мекунад; қатли Аҳмадшоҳ Масъуд, дар 11 соли пеш ҳудудан дар ҳамин шабу рӯз ба хотири барҳам задани субот дар минтақа, қатли вазири фарҳанги Тоҷикистон дар 8 сентябри соли 2001, оташсӯзии барқасдона дар Донишгоҳи тиббии кишвар ва ҳодисаҳои як моҳи охир дар минтақаи Бадахшон.

Агарчӣ бозорсӯзӣ дар Тоҷикистон ба хусус пойтахти кишвар ҳодисаи нав нест, ва агар иштибоҳ набошад, шашумин сӯхтор дар ҳамин бозорест, ки моли тоҷиронро туъмаи худ месозад. Аммо ин оташсӯзӣ гумон меравад, қаблтар аз ҳама ба хотири ноором сохтани кишвари мо роҳандозӣ шудааст. Албатта омилҳои дохилӣ ва рақобатҳои носолими тиҷорӣ ин баҳонаро ба дасти бадхоҳони ин Ватан медиҳад, то бар зидди мо аз он истифода шавад. Таҳқиқи ин ҳодисаро ба дасти комиссиюни тафтишотӣ месупорем ва меравем ба суроғи тоҷирони зарардида, ки бубинем чӣ ҳолу рӯзе доранд.

"Бозор сӯхт, хонам сӯхт"

Аксарияти зарардидагони бозор онҳоеанд, ки бо пули қарз машғули тиҷорати мол будаанд. Яке аз бонк, дигаре аз ёру ошно бо фоизи  баланд қарз гирифтаву тиҷорат доштанд. Аммо акнун суоле, ки ин тоҷиронро азият мекунад, ин аст: "Ин қарзро чӣ гуна бояд баргардонд? Товони моли худро аз кӣ бояд талаб кард? Гунаҳкори ин оташсӯзӣ кист? Чӣ гуна шуд, ки тамоми бозор ба якборагӣ ба коми оташ рафт ва дороиҳои онҳоро даркашид? Оё гунаҳкорони ин оташсӯзӣ ёфт ва ба ҷазои аъмолашон мерасанд?"

Ҳодиса дуруст ҳамон вақте иттифоқ уфтод, ки аксарият дӯконҳои  худро баставу ба хона баргашта буданд, баъзе ҳам, ки дар наздикӣ буданд, бо шунидани хабари нохуш ба он ҷо шитофтанд, то молҳои  худро аз оташ берун бикашанд, вале афсус илоҷе набуд. Оташ хеле шитоб дошт ва растаҳои бозорро забт мекарду молҳоро фурӯ дармекашид. Мардуми молдор доду фиғон мекард, яке; "хонам сӯхт", дигаре; сӯхтам -сӯхтам" мегуфту гиря дар медод. Ҳамагӣ дар ҳолати шок буданду намедонистанд, ки куҷо бараванду аз гиребони кӣ бигиранд, то ҷуброни молҳои ба коми оташ рафтаашонро биситонанд.

Мардум ин қадар бечора шуда буд, ки ҳеч илоҷе надоштанд, ҷуз тамошои бераҳмиҳои оташ ва фикр кардан ба қарзҳои гирифтаи худ, ки туъмаи ин оташ шуда буд.

Латофат, яке аз онҳое, ки молаш ба коми оташ рафтааст, мегӯяд, ки "ман аз бонк бо маблағи 23 ҳазор доллари амрикоӣ  қарз гирифта будам, то дар бозор тиҷорат кунаму зиндагиро пеш бубарам ва ҳоло ин бозор сӯхт. Ман чӣ кор карданамро намедонам. Қарзамро аз куҷо ёфта медиҳам, бо умеди ҳамин бозор будам, ман дигар шуғле надорам, намедонам, ба Русия  равам, лекин бо рафтан он ҷо чӣ кор мекунам, мани танҳо дар  шаҳри бегона. Намедонам, намедонам…"

Гулчеҳра, як бонуи дигар, ки низ дар "Корвон" ба савдои мол машғул буд, гуфт: "Борҳои ман дар ҳамон бозор буд, натавонистам борҳоямро аз коми оташ бигирам, ҳамааш сӯхт, хокистар шуд. Бо маблағи 40 ҳазор доллар қарз гирифта будам, ман фоизи ин пулро нав халос карда будам".   

Ҳабиба, як тоҷирзани осебдида ба мо гуфт; "ман дар вақти сӯхтор дар бозор будам, борҳоямро аз оташ халос мекардам, ба дигар сӯйи бозор мебурдам, боз баргашта мехостам дигар молҳоямро биёрам, медидам инҳояш нест. Аз пеши чашмам дуздҳо гирифта мебаранд, ба онҳо мегӯям, ки ин борҳо аз ман  аст, куҷо мебаред, мегӯянд, ин борҳо аз худи мост. Ва борҳоямро гирифта мебурданд. Ин мол ба мо насиб накард, ба онҳо чӣ насиб мекарда бошад"?

Ибодат, ки низ ҳамин ҷо тиҷорат доштааст, мегӯяд, ки ман он қадар аз бонк қарздор нашудам, аз шиносҳоям қарз гирифта будам. Қарзҳои онҳоро ҷамъ карда додам, фоидааш дар дастам буд, хостам саҳар рафта, аз бозори яклухти "Корвон" бор харидорӣ кунам то савдоро давом диҳам, лекин бегоҳ ин   хабари нохушро шунидам, баъзеи борҳоям дар бозор буд. Ҳудуди 5- 6 ҳазор доллари амрикоӣ сӯхтам...

Зарари молҳои бидуни кафолати "Корвон"-ро кӣ ҷуброн мекунад?

Алихон Рустамов, яке аз тоҷирони зарардидаи "Корвон", мегӯяд, ки ҳудуди 50 ҳазор доллари амрикоӣ аз ин сӯхтор зарар дидааст. Ӯ бо умед идораи ҳар масъулеро дар мезанад, то ба ӯ ва дигар ҳампешагони тоҷираш кумак бирасад. Ба гуфтаи ин тоҷир ҳудуди 25 - 30 нафар аз ин тоҷиронро медонад, ки тамоми дороиашон туъмаи ин оташсӯзӣ шудаасту онҳо ҳолати риққатборе доранд. Ин теъдод тоҷирони зарардида ҳатто нони хӯрдан дар хонаи худ надоранд, мегӯяд ин мусоҳиби мо.

Алихон Рустамов мегӯяд, созмонҳои имдодгар дар чунин ҳодисаҳои фавқулодда ба осебдидагон кумак мерасонанд, аммо то ҳол ҳич кумаке аз сӯи онон ба осебдидагони сӯхтори "Корвон" расонида нашудааст.

Аз сӯҳбати тоҷирони осебдида дар "Корвон" бармеояд, ки аксарият ҳич гуна шартномае бо маъмурияти бозор надоштаанд ва молҳои худро бидуни ҳич кафолате дар ин ҷо нигаҳ медоштаанд. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, аз онҳо барои ҳар гуна хидматрасониҳо, аз ҷумла нигаҳбонӣ ва бехатарӣ дар ин бозор маблағ талаб карда мешуд. Маркази бимаи "Тоҷиксуғурта" эълом кардааст, ки барои осебдидагони бимашуда ҷуброни зарарашонро мепардозад, аммо гумон намеравад, ки тоҷирон моли худро бима карда бошанд ва агар ҳам бимае кардаанд, бо маблағи начандон зиёд аст.

Ҳамин аст, ки осебдидагони "Корвон" намедонанд, аз куҷо талаби ҷуброни зарари моли худро бикунанд.                 

Оташ чу фитод, хушку тар сӯхт

Сӯхтор дар "Корвон" аз бузургтарин бозори пойтахт соати 18-и шоми рӯзи 5 сентябр рух дод ва чандин гектар аз масоҳати онро фаро гирифт. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса то ба ҳол шоҳиди ҳамчунин сӯхторе набудаанд ва метавон онро аз сӯхторҳои бесобиқа дар Тоҷикистон унвон кард.

Теъдоди зиёде аз мошинҳои оташнишонӣ дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд ва талош мекарданд, то ҳар чӣ зудтар алангаи оташро хомӯш кунанд. Дуди ғализи ин сӯхтор фазои пойтахтро ҳам фаро гирифта буд. Ҳудуди 2 ҳазор тоҷир, ки дар ин ҷо машғули тиҷорат буданд, аз 2 ҳазор доллар то 300 ҳазор доллар зарари молӣ дидаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории "ИТАР-ТАСС" гуфтааст, дар пайи сӯхтори бозори "Корвон" як нафар ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо шоҳидони воқеа рӯзи панҷшанбе, 6-уми сентябр, дар сӯҳбат ба хабарнигори радиои "Озодӣ" теъдоди қурбониёни сӯхтори бозори "Корвон"-ро бештар гуфтаанд.

Яке аз шоҳидон дар сӯҳбат бо ин расона бо гиря нақл кардааст, ки ҳангоми ба шиддат оташ гирифтани бозор, ду ҷавони наврас барои аз коми оташ берун бурдани молҳои наздиконашон вориди вагонҳои таспида шуда, аз шиддати гармо ҷон додаанд. Ин зан гуфтааст, ҳарчанд ин ҳодисаро бо чашмони худ медид, вале барои наҷоти ин ду наврас коре карда натавонист.

Ҳамчунин бархе дигар аз фурӯшандаҳо нақл кардаанд, ки як зани дигар барои гирифтани моли худ вориди бозор шуда, дигар берун наомадааст. Ба нақли шоҳидон, замоне ки сӯхтор идома доштааст, бисёре аз мардум дар талоши наҷот додани молҳои худ буданд ва маълум нест, ки теъдоди талафоти ҷонӣ чанд аст.

Агарчӣ ҳамчунин сӯхторе бесобиқа будааст, аммо барои аввалин бор нест, ки "Корвон" оташ мегирад. Дар гузаштаи начандон дур дар бозорҳои "Шоҳмансур", "Саховат", "Варзоб" ва ғайра низ сӯхтор сурат гирифта буд.

Сабаби сӯхторҳо дар бозорҳоро бархе ба рақобати миёни тоҷирон рабт медиҳанд.

Алангаи оташи "Корвон" тоҷирони норозиро ба хиёбонҳо кашонд

Аммо ин бор натанҳо алангаи сӯхтор дар "Корвон" бесобиқа буд, балки сабри тоҷирони зарардида аз ин оташсӯзӣ низ лабрез шуда буд, ки онҳо суҳи 6 сентябр аввал дар назди идораи масъулони бозор барои эътироз омаданд.

Хабарнигори радиои «Озодӣ» аз ҷои ҳодиса хабар додааст, ки теъдоди мардуми ҷамъомада аз ҳазор нафар бештар буда, дафтари мудирро бо сангу чӯб мезадаанд, ки ҳар чӣ зудтар ҳозир шавад. Дар соати ҳашти субҳ вазорати корҳои дохилӣ барои ҷилавгирӣ аз сар задани кадом ҳолати ногувор нируҳои иловагиро ба ин бозор сафарбар кардааст. Теъдоди ин нируҳо тақрибан ба 300 нафар мерасидааст. Онҳо бо ҷавшану чӯбдасти резинӣ дар пеши чашми мардум пайдо шуда, талош кардаанд, ки ҳодисаи нохуше сар назанад. Чун маъмурони бозор ҳозир нашуданд, ки посухи мардуми муътаризро бидиҳанд, онҳо ночор роҳ ба сӯйи марказро барои додхоҳӣ пеш гирифтанд. Аммо бо сабаби он ки роҳи нақлиёти мусофирбар баста шуда буд, гурӯҳи тоҷирони норозӣ пойи пиёда роҳӣ ба сӯи маркази шаҳр шуданд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ провакатсия мақомоти интизомии пойтахт кӯшиданд, то эътирозгаронро ором бисозанд. Ба ҳар сурат пешгирӣ аз мавҷи эътирозгарон осон даст намедод, ва анбӯҳи тоҷирони норозӣ то ба маҳаллаи «Текстил» расиданд, ин ҷо буд, ки милисаҳои ҳозир онҳоро савори автобус карда, барои мулоқот бо раиси шаҳр ба бозори "Корвон" оварданд.

Аммо бояд аз ҳақиқат нагузашт ва гуфт, ки ба фарқ аз бархе мавориди дигар, аз ҷумла аз ҳодисаҳои Бадахшон мақомоти интизомӣ ва амниятӣ дар ҳодисаи "Корвон" ҳирфаӣ ва оперативӣ амал намуданд. Муҳим аз ҳама ин аст, ки иттифоқи мудҳише рух надод, ягон эътирозгар дасту пояш нашикаст, хун нарехт ва касе ҳам боздошт нашуд. Эътироз фурукаш кард ва ба бенизомӣ боис нагашт. Агар бархе мавридҳоро, аз ҷумла даъвои баъзе аз хабарнигронро сарфи назар кунем, ки бо онҳо хашин бархурд шудааст, дигар милиса ва нируҳои вижа дар муносибат бо эътирозгарон бо таҳаммул буданд. Ва амале накарданд, ки боиси норозигии бештари мардум шавад.

Раиси шаҳр дар миёни алангаи эътирозгарони "Корвон"

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 6 сентябр дар бозори "Корвон" бо тоҷирони норозӣ мулоқот анҷом дод.

Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, тамоми соҳибкороне, ки аз бонкҳо қарз гирифта, машғули тиҷорат буданду дар сӯхтори ахири "Корвон" зарар дидаанд, мӯҳлати бозгардонии қарзҳояшон дароз хоҳад шуд.

Раиси шаҳр ҳамчунин ваъда додааст, ки зиёни соҳибкоронро аз ҳисоби молу дороиҳои раиси бозор Нуршед Машрабов ҷуброн хоҳанд кард. Шаҳрдори Душанбе афзуда, ба ин манзур комиссияи махсус ҳам созмон дода мешавад, ки ин ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард.

Убайдуллоев, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси Милли порлумони Тоҷикистон аст, ба гирдиҳамомадагон ваъда кардааст, ки афроди муқассир дар ин оташсӯзӣ ва масъулони бозор ба маҳкама кашида хоҳанд шуд.

Он замон вай таъкид карда буд, ки Нуршед Машрабов, соҳиби бозори "Корвон" ва писари Хол Машрабов, раиси пешини Кумитаи молиёт ва ноҳияи Рӯдакӣ, ҳоло "ба куҷое фирор" кардааст.

Аслан бояд гуфт, ки маҳз ташаббус, ҷасорат ва эҳсоси масъулият нишон додани Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, ки аз ба хушунат кашидани эътирози тоҷирон ва сӯистифодаи ин эътироз аз сӯи гуруҳҳои манфиатдор пешгирӣ намуд. Агар шаҳрдор субҳи зуд барномаҳои кории худро тағир намедод ва ба назди эътирозгарон намебаромад ва ё ду соат дертар мебаромад, тасаввур кардан мушкил нест, ки ин ҳодиса ба чӣ меанҷомид. Маҳз дар мазҳари ом зоҳир шудани шаҳрдор оташи хашму ғазабро фурӯ нишонд ва ба дили зарардидагон як зарра умед бахшид. Мешавад гуфт, ки ҷаноби Убайдуллоев дар фурсати лозим ва дар ҷои лозим зоҳир шуд ва эҳтимоли такрори як Хоруғи дигар ҷилавгирӣ кард.

То ҳоло ҳақиқат ҳамин аст, аммо фардо агар мақомот ба ваъдаи худ амал накунанд ва дар ин ҷаҳони пурҳодиса, ки мутаасифона Тоҷикистон дар сари роҳи бозиҳо қарор гирифтааст, ҳодисаи дигаре пеш биояд, намешавад гуфт, чӣ иттифоқе хоҳад уфтод.

Соҳиби бозор гуфт, сӯхтор барқасдона буд

Нуршед Машрабов, муассис ва молики аслии бозори "Корвон", гуфтааст, ки эҳтимоли барқасдона будани сӯхтори шаби гузашта дар ин бозор вуҷуд дорад.

Ӯ рӯзи 6 сентябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе  гуфт, дар маҳалли шурӯъи оташсӯзӣ васоили барқӣ мавҷуд набудааст. Ҳамчунин оташсӯзӣ "аз се-чаҳор ҷойи бозор" шурӯъ шудааст.

Аммо мақомоти расмӣ ҳанӯз иттилоъе дар бораи сабабҳои ин оташсӯзӣ пахш накардаанд. 

Н. Машрабов гуфт, ки дар бозор ба далели ин ки қаблан ҳам оташсӯзӣ рух дода буд, масъулон дурбинҳои мадорбаста гузошта буданд ва наворҳои видиёӣ дар ихтиёри тафтишот қарор дода шудааст.

Вай дар ҳоле ки аз тоҷирони зиёндида узрхоҳӣ мекард, гуфт, ки дуконҳои харобшуда дар оташсӯзӣ дар тӯли як моҳ бо маблағи соҳиби бозор ва бо кайфияти беҳтар бозсозӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи бозор низ иваз хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин эълом кард, ки тибқи таҳқиқоти аввалӣ беш аз 2000 тоҷир дар ин оташсӯзӣ зиён дидаанд: "Пеш аз ҳама худи мо, соҳибони бозор, аз ин ҳодиса зарар дидем."

Вай эълом кард, ки тоҷирони осебдида барои панҷ сол аз пардохти маблағи иҷораи дуконҳо озод хоҳанд шуд. Ҳамчунин, бонкҳои Тоҷикистон мувофиқат кардаанд, ки муҳлати бозпардохти қарзҳои тоҷиронеро, ки аз бонкҳо қарз гирифтаанд, барои ду сол дароз кунанд.

Бисёре аз тоҷирон низ муътақиданд, ки касе бозорро қасдан оташ зада ва онҳо хостори ёфтан ва муҷозоти омилони ин ҳодиса шудаанд. 

Таъсиси ҷоиза барои ошкор сохтани омилони оташсӯзии

Нуршед Машрабов, раиси бозори "Корвон" барои ошкор сохтани ҳувияти омилони оташсӯзӣ дар ин бозор подош таъйин кард.

Моликони бозори "Корвон" тасмим гирифтаанд, ҳар касе, ки барои ошкор кардани афроди гунаҳкор дар даст доштан дар оташсӯзӣ иттилоъи саҳеҳ ироа мекунад, соҳиби 150 ҳазор сомонӣ ё сӣ ҳазор доллар мешавад.

Нуршед Машрабов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид карда ва гуфтааст: "Фарқ нест, ин милитсия аст ё шахсони дигар. Муҳим ин, ки иттилоъи онҳо барои ошкор сохтани гунаҳгорони ин оташсӯзӣ кумак кунад."

Масъулони бозор мегӯянд, ки бахши умдафурӯшии ин бозор комилан тахриб шудааст.

Ин шашумин мавриди оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" аст, ки пайёмадҳои сангинтаре дар пай дошт.

Барои таҳқиқи авомили оташсӯзӣ ва арзёбии хисорати ворида аз он, гурӯҳе корӣ аз ҷумлаи намояндагони вазорати умури дохилӣ, кумитаи амният, додситонии кул ва кумитаи умури изтирории Тоҷикистон таъсис шуда ва машғули кор аст.

Хуб аст агар Нуршед Машрабов ва мақомоту идораҳои марбута зарардидагонро ҷуброн бипардозанд ва аслан ҳамин бозор дигар сохта нашавад, балки тарафи дигари он ҳам тахриб гардад. Ва ҳамаи бозорҳои умдафурушии пойтахт, ба ҷуз аз бозори меваву сабзиҷот барҳам дода шаванд. Ва ба ҷои онҳо мағозаҳои бузурги замонавӣ дар хориҷи шаҳр сохта шавад. Мисли ҳамаи шаҳрҳои бонизоми дунё.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97