ДАБИРИ КУЛИ СММ ВА "ГОВОРЯЩАЯ ГОЛОВА" БЕЛОГО ДОМА"

Сиёсат 22.09.2012 16:00

Тоҷик бимирад Бан Ки Мунро чӣ ғам аст?

BankimunRogunsqoi_GESҶаноби дабири кул, аввал амалҳои ғайриинсонии Ислом Каримовро баррасӣ кунед!

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо пахши баёнияе кишварҳои Осиёи Марказиро барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили обу энержии минтақа даъват кард. Аммо дар асл ҳадафи ин баёния ҷонибдорӣ аз мавқеъи Узбакистон дар баҳси Роғун аст.

Тибқи иттилоъи маркази иттилоотии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), Бан Ки Мун дар баёнияи худ аз иқдоми Бонки Ҷаҳонӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар заминаи дарёфти роҳҳои алтернативии манобеъи энержӣ истиқбол кардааст.

 Ҳамчунин ҷаноби Мун идомаи сармоягузории умури бозрасии тарҳи "Роғун"-ро муҳим дониста ва афзудааст, ки натиҷаи ин таҳқиқот дар тасмимгирии ниҳоӣ ва дуруст дар мавриди ин тарҳ гоми муҳиме хоҳад шуд.

Дабири кулли СММ афзудааст: "Ин амр ба эҷоди шароити мусоид барои музокироти судманд дар заминаи ҳалли масоили обу энержӣ миёни кишварҳои ҳамҷавор замина хоҳад гузошт."

Бан Ки Мун бар ин назар аст, ки тамоми масоили обу энержии минтақа бояд бар пояи қонунҳои байналмиллалӣ ҳалли худро пайдо кунанд.

Вай аз кишварҳои минтақа даъват кардааст, ки дар ин замина бояд аз кумакҳои Мирослав Енча, фиристодаи вижаи СММ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода кунанд.

Дар як ҳафтаи ахир барои бори дуввум аст, ки созмонҳои байналмиллалӣ аз талошҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар қиболи тарҳи ниругоҳи "Роғун" ва роҳҳои алтернативии таъмини барқ дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд.

Ба навиштаи Би-би-сӣ Кэтрин Эштон, масъули дипломатии Иттиҳодияи Аврупо дар охири ҳафтаи гузашта бо пахши баёнияе низ аз ин иқдоми Бонки Ҷаҳонӣ истиқбол карда ва изҳор дошт, ки натиҷаи бозрасии тарҳи "Роғун"-ро бесаброна интизор аст.

Дар баёнияи ин масъули ИА аз ҷумла омадааст: "Арзёбиҳои мазкур ба муколамаи васеъ ва созанда байни давлатҳои кишварҳои минтақа дар мавриди ин тарҳ ва ҳамкорӣ дар заминаи истифодаи нируи обӣ ва захираҳои обии байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт."

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки ин тарҳ танҳо дар асоси арзёбиҳои техникиву иқтисодии мустақилу мӯътабари байналмиллалӣ ва таъсири эҳтимолии он татбиқ карда мешавад.

Ба эътиқоди Кэтрин Эштон, бояд манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ба қадри зарурӣ ба назар гирифта шуда ва чунин тасмиме бояд гирифт, ки бозгӯи муқаррароти ҳамкории ин кишварҳо бошад.

Зимнан, дар ҳафтаи гузашта Бонки Ҷаҳонӣ эълом карда буд, ки сармоягузории тарҳи бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии "Роғун"-ро аз сар гирифта ва ҳамчунин барномаеро барои дарёфти роҳҳои алтернативи таъмини камбуди барқ дар Тоҷикистон рӯйи даст гирифтааст.

Сароҷ Кумар Ҷа, масъули Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мусоҳиба бо сайти расмии ин ниҳоди молӣ гуфтааст: "Мо тарҳи бозрасии "Роғун"-ро ба ин далел сармоягузорӣ кардаем, ки мехоҳем мизони устуворӣ ва хатароти сар мезада аз онро биомӯзем. Ҳамчунин мехоҳем бидонем, ки ин тарҳ ба кишварҳои поёноб чи асароте хоҳад гузошт. Натиҷаи ин бозрасӣ дастраси умум мешавад ва кишварҳои поёноб барои муҳокимаи он ҷалб мешавад." Ӯ афзудааст, ки ин раванд тӯлонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, натиҷаи ин бозрасӣ дар соли 2013 таҳия шуда ва марҳилаи муколама бо кишварҳои поёноб оғоз мешавад. "Бонки Ҷаҳонӣ масъулияти назорат бар ин муколамаро дорад ва талош мекунад, ки музокирот бар пояи далел ва арқом сурат бигиранд."

Аммо ба назар мерасад, ки ба далелҳои гуногун ин ниҳоди молии байналмиллалӣ талош дорад замони анҷоми бозрасии тарҳи "Роғун"-ро ба дарозо бикашад. Ҳамон гуна, ки "РусАл"як ширкати русӣ бо сарварии Дерипаска бо хостаҳои Узбакистон амал карда, фурсати тиллоиро барои бунёди Роғун бузургтарин тарҳи энержии Тоҷикистон аз мо гирифт. Акнун Бонки ҷаҳонӣ ва ҳам Бан Ки Мун раҳбари СММ таҳти нақораи Узбакистон ба рақс даромадаву мехоҳанд, фурсати дигаре аз зиндагии шоистаро аз мардуми Тоҷикистон бигиранд.

Аз ин рӯ беҳтар аст, ки давлати Тоҷикистон қарордод бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди бозрасии тарҳи ин ниругоҳро бекор карда ва ба сохтмони он дубора иқдом кунад.

Шояд камбуди сармоя ва фишорҳои Узбакистон, аслитарин мухолифи сохтмони "Роғун", ки ҳам сиёсати бадхоҳона ва ғайрибашардӯстонаеро дар қиболи мардуми Тоҷикистон аз сар гирифта, аз қабили қатъи газу барқ дар сармои шадиди зимистон чандин сол ба ин сӯ, имконоти давлати Тоҷикистон барои идомаи сохтмон дар ин ниругоҳро маҳдуд сохта ва моро ночор сохтааст, ки натоиҷи бозрасии ин тарҳро интизор бошем.

Аммо ба назар мерасад, ки на Бонки Ҷаҳонӣ ва на СММ-ро сарнавишти беш аз 7 миллион тоҷики дар сармои шадид бидуни рӯшноӣ ва гармӣ қарор дошта ба ташвиш намеоварад, балки нигарониҳои Ислом Каримов, ки аз диктаторони аршади минтақа аст, бештар таваҷҷуҳи ононро ҷалб месозад.

Аз ин рӯ танҳо роҳе, ки боиси наҷоти миллати мост ва ҳам давлати Тоҷикистонро аз сарафкандӣ дар назди раъияти сармохӯрда дар зимистонҳои пешорӯ халос хоҳад кард, такя ба иродаи мардум ва истодагарӣ барои бунёди ниругоҳи Роғун ба ҳар қиммате хоҳад буд.

Зеро тарҳи бунёди ниругоҳи "Роғун" аз тарҳҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки давлат талош мекунад бо пешрафт дар иҷрои он муассирияти сиёсати иқтисодии худро ба намоиш бигзорад.

Мутаассифона, тарҳи Роғун, ки гуфтем, бузургтарин тарҳи энергетикӣ ва иқтисодии минтақа мебошад, ба як баҳси сирф сиёсӣ табдил шудааст. Ва акнун қудратҳои бузург талош доранд, бо ба бозӣ даровардани ин тарҳ ҳам аз Узбакистон имтиёз бигиранд ва ҳам аз Тоҷикистон. Иштибоҳ ин буд, ки Тоҷикистон ба оғози дубораи сохтмони Роғун дертар иқдом кард ва аз он ҳам иштибоҳи муҳимтарин ин ба Роғун кашидани пои Бонки Ҷаҳонӣ буд, яъне Амрико ва кишварҳои ғарбӣ. Акнун бо хориҷ шудани Узбакистон аз ОДКБ ва дубора рафтанаш ба оғуши Амрико як шарти Ислом Каримов бидуни шак мухолифати Ғарб ба тарҳи Роғун аст. Зоҳиран маълум аст, ки Амрико ба Узбакистон ин қавлро додааст, ки Тоҷикистонро дар сохтмони Роғун таҳти фишор қарор хоҳад дод. Сафари соли гузаштаи Ҳ. Клинтон ба минтақа изҳороти рӯирости ӯ дар пуштибонӣ аз Узбакистон дар сохтмони Роғун мебоист давлатмардони моро ҳушёр мекард ва дар тӯли як сол кореро дар ин замина анҷом медоданд. Аз ҳамон вақт ба сароҳат маълум шуда буд, ки Амрико дар ин баҳс дар ҷониби Узбакистон аст. Аммо сиёсатгузорон ва дипломатияи Тоҷикистон коре дар ин росто анҷом надоданд. Балки таҳти фишори Бонки ҷаҳонӣ бархе аз тарҳои сохтмон мутаваққиф шудаанд.

Мусаллам аст, ки ҳам Сароҷ Кумар Ҷа, масъули Бонки ҷаҳонӣ дар умури Осиё ва ҳам Бан Ки Мун коре ва ғаразе ба "Роғун" ва миллати тоҷик надоранд. Вале маҷбуранд, ҳарфҳои хоҷаи худро такрор кунанд. Дабири кул ва Бонки ҷаҳонӣ, ба истилоҳ "говорящая голова" Белого дома" мебошанд, на бештар аз он.

Аммо набояд фаромуш кард, ки амалӣ шудан ё нашудани ин тарҳ ба раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар дар соли 2013 низ асаргузор хоҳад буд. Ва муҳимтар аз ҳама сиҳатии миллати моро, ки сармояи аслии як давлат маҳсуб меёбад, тазмин хоҳад кард. Вагарна агар сар ба тасмими Бонки Ҷаҳонӣ ва ҷаноби Бан Ки Мун бигузорем, баҳор норасида ин миллат аз сармо хоҳад мурд.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97