Мушкили Хоруғро кӣ бояд ҳал кунад, худамон ё хориҷиҳо?!

Сиёсат 20.09.2012 13:43

khorog_11Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияи ахири худ, ки 6-уми сентябри соли ҷорӣ интишор додааст, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда, ки барои таҳқиқи шаффофи ҳаводиси Хоруғ шароити муносибро фароҳам оварад.

Ин  Иттиҳодия аз ҷумла хостори таҳқиқи марги Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон ва Имомназар Имоназаров, аз фармондеҳони мухолифини пешин шудааст.

 Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияи худ меафзояд, мақомоти Тоҷикистон дар баҳсҳои додгоҳии марбут ба ҳаводиси Хоруғ, аз қонунмандӣ кор бигиранд.

"Бо назардошти ваколат ва нуфузе, ки дар аксари манотиқи Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо дорад, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) метавонист бо ворид шудан  ба ин минтақа, ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқиша ва бӯҳронҳо ба ҳукумати Тоҷикистон машваратҳои солим диҳад",-таъкид шудааст дар баёния.

Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими кишвар имкони ворид шудан ба ин вилоятро бидиҳад.

Суоли мо аз мусоҳибонамон ин аст, ки оё ба созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ имкони ба таври расмӣ вориди ин қазия шуданро бояд дод ё не? Ва агар ин кор сурат бигирад, ба нафъи ҳалли қазия аст ва ё ба зарари он?

Мирсаиди СултMirsaud_sultonон, коршиноси масоили расонаҳо:

Албатта фароҳам шудани имкони вуруди созмонҳои байнулмилалӣ, ба хусус созмонҳои башардӯстона ба Бадахшон, ки дар ин бора дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо омадааст, айни ҳол муҳим аст. Зеро кумаки ин созмонҳо, аз қабили Фонди Оғохон, ба мардуми ин минтақаи кӯҳистон хеле назаррас аст.

Аммо ба назари ман, сабаби аслии нигаронии Иттиҳодияи Аврупо, чуноне дар изҳороти ин созмон низ ишора шудааст, адами дастрасӣ ба иттилоъи дақиқ дар бораи вазъи Бадахшони Тоҷикистон аст. Яъне ноогоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъи Бадахшон чунин нигарониҳоро ба бор меорад. Ҳодисаҳои ахири Бадахшон бештар аз сӯи расонаҳои ғайрирасмӣ ва хориҷӣ баррасӣ гардид, ки аксаран дар асоси шунидаҳо ва назарҳо нашр мешуданд. Аммо нақши расонаҳои расмӣ дар баррасии ин ҳодисаҳо камтар эҳсос мешуд. Аз сӯи дигар маҳдудиятҳои  дастрасӣ ба бархе аз расонаҳои интернетӣ боиси афзоиши ҳадсу гумонҳо дар матолиби хабарнигорон ва таҳлилгарон шуд. Аз ин рӯ расонаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи моро зарур аст, ки дар расонидани иттилоъ аз вазъи ин минтақа фаъолтар бошанд. Имрӯз Тоҷикистон бештар ба расонаҳои бонуфузи русизабону англисизабони ватанӣ, беш аз ҳама расонаҳои фаъоли интернетӣ ниёз дорад, то ҷаҳониёнро дар чунин ҳолатҳо бо асли воқеа ва вазъият ошно кунанд. Дар замони ҷаҳонишавии системаи иттилоърасонӣ холӣ нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ ва ё маҳдуд намудани он бар зарари ҳар як кишвар аст, чунки ин холигоҳро ахбори сарчашмаҳои хориҷӣ ва овозаҳо пур хоҳанд кард ва дар он ҳарфи аввалро дигарон хоҳанд гуфт, ки метавонад ҳар гуна нигарониҳоро дар пай дошта бошад.

amniyt_abdunazarovАмният Абдуназаров, муовини раиси ҲУСДТ:

Ба назари ман Тоҷикистон, ки узви созмонҳои давлатӣ ва байналмилалӣ аст, яъне ба хусус созмонҳои Аврупо ва аъзои СММ аст, ин ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ, вақте ки ҷаноби раиси ҷумҳур ҳамчун сарвари давлат дар он созишномаҳо имзо гузошт, бояд ин паймонҳоро иҷро кунад. Ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтироми адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамчун эҳтиром ба Сарқонуни кишвар ва он созишномаҳои байнидавлатӣ бояд ин созмонҳоро иҷозаи вуруд бидиҳад. Зеро дар ҳалли ин мушкилот ва ин амалиёт бисёр қазияҳое мавҷуданд, ки ҳалли худро пайдо накардаанд ва то андозае ҳам зидди мардумӣ ҳастанд. Ба ҳамин хотир бояд ин ташкилот ва созмонҳо ворид шаванд ва бифаҳманду барои ҳалли қазия кумак бикунанд. Ин қазия дар Бадахшон қабл аз интихобот ба вуқуъ пайваст ва ҳамзамон ба хотири як фард шуда, дар тамоми Хоруғ қариб дар чаҳор кӯчаи он ҷанг  ба амал омад. Ба ҳамин хотир ширкати ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба хотири ҳалли ин қазия зарур аст. Ва ин то андозае нуфузи раиси ҷумҳур ва ҳамчунин ҳуқуқбунёдии кишварро метавонад баён кунад.

Ва агар ҳукумат ба ин иҷоза надиҳад, ин маънои онро дорад, ки дар кишвар диктатура аст ва ҳеч демократияе вуҷуд надорад. Аз ин рӯ ба хотири эҳтиром ба миллат, ба Сарқонун ва ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва ба хотири обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ бояд иҷозат дода шавад. Ба андешаи ман барои фаҳмидани ҳақиқати ҳодиса ба ҷуз аз ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ низ ҷалб карда шаванд. 

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот ва робитаҳои иҷтимоии ҲХДТ:

 Ин кори дохилии як давлати мустақил аст. Дар доираи салоҳиятҳои худи ҳамин ҷумҳурӣ ман фикр мекунам, масъала ҳал мешавад. Чунки сохторҳои интизомию дигару дигарҳо кор карда истодаанд. Масъала умуман роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Ба ҳамин хотир ман фикр намекунам, ки дар ҳамин раванд, як навъ мудохила мешавад. Худи ҷаноби олӣ, президенти мамлакат дармарҳилаи аввали ҳамин нобасомониҳои шаҳри Хоруғ бо ҳамаи ҳамон сафирҳо вохӯрӣ гузаронида буд. Ва онҳоро фаҳмонида буд, ки чи гуна вазъият асту чи гуна ҳал мешавад. Аз ин рӯ тамоми имконияту воситаҳоро раҳбарияти ҷумҳурии мо дорад, ки ин кори дохилии худро худ ҳал кунад.

Акнун он Созмонҳо низ мехоҳанд дар ҷараён бошанд ва мехоҳанд мустақим дар ҷараён бошанд, лекин мо сохторҳои марбута дорем, ки тавассути онҳо аз раванди он дар ҷараёни рафти ҳалли қазия бошанд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97