Водии Фарғона минтақаи нави тохту тозҳои қудратҳо

Сиёсат 07.09.2012 11:40

Таниш миёни Минску Бишкек

fargonaРӯзи сешанбеи 28 августи соли ҷорӣ ҷамъе аз муътаризон дар назди сафоратхонаи Белорус дар Бишкек шишаи панҷараҳои ин сафоратхонаро шикастаанд. Мардуми ҷамъомада бастани сафорати Беларус дар Бишкек ва истирдоди Ҷониш Боқиевро талаб доранд.

Дар ин рӯз дар назди сафорати Беларус дар Бишкек беш аз 50 нафар даст ба эътироз зада, талаби ба назди онҳо баромадани сафири Минск Виктор Денисенкоро кардаанд. Сафир Денисенко ба назди эътирозгарон ҳозир нашуд ва баъди шикастани шишаҳои сафорат ба ин маҳал нируҳои изофии пулис оварда шуданд.

Ин қазия таниши дипломатӣ миёни Бишкеку Минскро, ки бо талаби истирдоди Ҷониш Боқиев оғоз ёфт, бештар кард.

Нигаронии вазорати хориҷаи Белорус

Расонаҳои Белорус аз қавли намояндаи вазорати хориҷаи кишвари худ гуфтаанд, ки дар робита ба ҳодисаи рухдода дар назди сафорати Беларус дар Бишкек кордори сафорати Қирғизистон дар Минскро ба вазорати хориҷаи Беларус фаро хондаанд. Ӯро ба таври қатъӣ дар мавриди ғайри қобили қабул будани чунин аъмоли иғвоангез, ки фаъолияти ниҳоди дипломатӣ ва кормандонашро таҳти хатар мегузорад, ҳушдор додаанд. Ҷониби Беларус таъмини ҳифозати қавии сафорати худро тақозо кардааст.

Ҳамааш аз нашри як акс оғоз шуд

Қазия аз он ҷо шуруъ шуд, ки рӯзи душанбе 27 август дар назди сафорати Беларус ҳомии ҳуқуқи қирғиз Ондуруш Тӯхтаносиров ба нишони ҳамдилӣ бо фаъоли белорусӣ Михаил Пашкевич ба танҳоӣ саҳнаи эътироз доир кард.

Ба навиштаи радиои "Озодӣ" Пашкевич баъди нашри акси Ҷониш Боқиев, ки бо вуҷуди таҳти таъқиби байналмилалӣ қарор доштан дар кӯчаҳои Минск озодона сайругашт мекард, аз ҷониби ин раҳбари собиқи хадамоти амнияти раиси ҷумҳури Қирғизистон паёми зиддунақизи "табрикӣ" гирифтааст.

Акси Ҷониш Боқиев дар Интернет рӯзи 17 август нашр шуд ва алакай рӯзи 21 август Бишкек аз Беларус боздошт ва истирдоди ӯро тақозо кард. Тақозое ки Минск аслан посухе ба он надод ва дар натиҷа, Бишкек рӯзи 24 август сафираш Эрик Асаналиевро "барои машварат" аз Минск пас хонд. Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар изҳороте сароҳатан гуфт, ки ин иқдом ба "набуди посухи мақомоти зидахли ҷониби Белорус ба ёддошти лафзии 21 август ва изҳороти вазорати хориҷа аз 22 август дар мавриди ҳузури шаҳрванди Қирғизистон Ҷонибек Боқиев дар қаламрави Белорус бастагӣ дорад."

Ин вазорат гуфт, Боқиев "барои ҷиноёти хеле сангини қаблиаш аз сӯи Қирғизистон ва Интерпол таъқиб мешавад." Дар ин изҳорот Минск ба иҷро накардани Паймони кумакҳои ҳуқуқии байни кишварҳои ҳамсуд айбдор мешавад. Ин паймон, ки шароити таъқиб ва истирдоди афроди гумонбар дар паҳнои пасошӯравиро танзим мекунад, иттифоқан дар пойтахти Беларус тасвиб шуда, паймони Минск ном дорад.

Аскар Бешимов, муовини вазири хориҷаи Қирғизистон баъд аз мулоқоташ бо сафири Беларус гуфт, зоҳиран ин яхи сӯитафоҳум байни ду кишвар кам-кам об мешавад: "Мо аз ин изҳори нигаронӣ ва ҳайрат кардем, ки додситонӣ гуноҳҳои сирф ҷиноиро ҳамчун таъқиби ақидаҳои сиёсӣ таъбир мекунад. Ва агар қаблан мукотиба фақат байни ду додситонӣ буд, ҳоло ба ин раванд вазорати хориҷа ҳамроҳ шуд. Мо мунтазири посухем. Онҳо розӣ шуданд, ки баъди ҳар 3-4 рӯз дар бораи иқдомоти анҷомдодаашон ба мо маълумот бидиҳанд."

Вале сардабири нашрияи "Наша нива" -и Белорус Андрей Динко тағйир ёфтани мавзеъи Минск дар мавриди истирдоди Боқиевҳоро хеле дур аз эҳтимол медонад: "Мантиқи рафтори Минск маъмулан ё аз манофеъи иқтисодӣ бармеояд ё аз заруриёти сиёсиаш дар дохил. Равобити Беларус бо Қирғизистон хеле ночиз аст, ки латмае ба тавони молии давлати Александр Лукашенко бизанад. Аз сӯи дигар, додани паноҳгоҳ ба Боқиев як ҷузъи муҳими бозии сиёсӣ дар дохил буд ва Лукашенко бо ин мехоҳад имиҷи худ ҳамчун муборизи оштинопазир бо ҳар навъ инқилобро ба намоиш гузорад."

Ангушт сӯи Тоҷикистон ҳам ишора мекард

Қурмонбек Боқиев, ки баъди эътирозҳои моҳи апрели соли 2010 тарки мақом кард ва моҳе баъд ба Беларус паноҳ бурд, ҳамроҳ бо беш аз 20 мақоми вақти қирғиз, аз ҷумла бародар ва раҳбари хадамоти амнияташ Ҷониш ё Ҷонибек, аз сӯи Бишкек дар иртикоби қазияи ҳалокати зери 100 эътирозгар таҳти таъқиб қарор дорад.

Қаблан расонаҳои русӣ хабар дода буданд, ки пайвандони Боқиев дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва худи Боқиев тариқи Тоҷикистон ба Белорус гурехтааст.

Баъдан Абдулло Назаров, сарвари раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, хабари баъзе расонаҳо дар бораи ҳузури пайвандони раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард.

Абдулло Назаров зимни як мусоҳибаи худ, гуфта буд, ки "баъзе кишварҳои абарқудрат хостори оромии авзои минтақа нестанд ва талош доранд, ки суботро ба ҳам бизананд. Онҳо ҳаракат карданд, ки дар Тоҷикистон ҳамин гуна нооромиҳо рӯй диҳанд ва аммо натавонистанд. Ҳукумати Тоҷикистон побарҷой аст, нируманд аст, қавӣ аст, фақат аз ин рӯ онҳо натавонистанд, ки ин корро анҷом диҳанд. Ва аммо дар ҷое, ки занҷираи заъиф ёфтанд, корашонро карданд. Умуман, ин гуна ҳодисаҳо дар Қирғизистон бори аввал рӯй надодааст, дар даврони шӯравӣ ҳам, дар Ош миёни қирғизҳову узбакҳо ҳамин гуна муноқиша рух дода буд. Он ҷо ҳам вазъи фавқулоддаву соати комендантӣ ҷорӣ карда буданд. Бетартибиҳои зиёд рӯй дода буд он вақт. Абарқудрат бо истифодаи ҳамин чиз ва бо назардошти он ки дар он мавзеъ ҳамин гуна нозукиву ҳассосият аст, барои мавқеъашро дар минтақа устувор кардан, ҳамин корро анҷом додааст. Ин ҷо ягон каси дигар айбдор нест. Баъдан, заъфи мақомоти худи Қирғизистон ҳам ҳаст, ки ин ҳодисаҳоро пешгирӣ карда натавонистанд. Дар ҷое, ки ҳукумат қавӣ нест, дар ҷое, ки мухолифони ҳукумат мардумро мехезонанд, дар ҷое, ки мақомоти махсус амнияти мардумро таъмин карда наметавонанд, ҳамин хел ноҷӯриҳо мешавад. Ва чӣ қадаре, ки ноҷӯриву нооромӣ бошад, ҳамон қадар гурӯҳҳои ҷинояткор аз он манфиат мебардоранд".

Амрико дар паи бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ

Дар ҳоле дар Қирғизистон ҷониби сафоратхонаи Белорус сангандозӣ мешавад, ки Леонид Сажин, генерали қазоқ дар як мусоҳибааш бо "Интерфакс" таъкид кардааст, ки Амрико дар назар дорад ба хотири истиқрори нируҳо ва таҷҳизоти низомии худ дар Узбакистон, мавқеияти манфии сиёсӣ ва иқтисодиро дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод кунад.

Генерали қазоқ гуфтааст: "Тибқи эъломи расонаҳо дар Узбакистон, Вашингтон гуфтугӯҳои худро бо Тошканд оғоз карда аст ва дар ин гуфтугӯҳо дар назар дорад, ки бидуни эҷоди пойгоҳи низомӣ ва анбори таҷҳизот, бахши муҳиме аз таҷҳизоти худро пас аз соли 2014 ва хуруҷи нируҳо аз Афғонистон дар Узбакистон қарор диҳад ва ин масъала ба эҳтимоли зиёд иттифоқ хоҳад афтод.

Генерал Сажин мегӯяд: Ин тасмим қабл аз рӯй гардондани Ислом Каримов аз Русия ва хуруҷи вай аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2012 иттифоқ афтода аст.

Коршиносони сиёсӣ муътақиданд, ки бакоргирии имконот ва таҷҳизоти низомии амрикоӣ тавассути Узбакистон, ки ҳануз ба ин кишвар дода нашуда аст, паёмадҳои манфии сиёсӣ ва иҷтимоӣ натанҳо барои Русия, балки барои кишварҳои минтақа дорад.

Ба гуфтаи ин генерали қазоқ зоҳиран Амрико дар Афғонистон зидди Толибон меҷангад, аммо дар воқеъ онҳо бо додани таҷҳизоти худ ба Узбакистон, Толибонро ба ин минтақа мекашонанд.

Ба эътиқоди вай, бо ҳузури низомии Амрико дар Қазоқистон, идеологияи зиддиамрикоии Толибон байни мардуми маҳаллии Узбакистон қатъан бо ҳузури Амрико дар минтақа мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки эҳсосоти зиддиамрикоӣ ба эҳсосоти зиддидавлатӣ дар Узбакистон табдил хоҳад шуд.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97