Ба узви ҲИУ кӣ шиносномаи "сохта" додааст?

Сиёсат 31.08.2012 16:31

HIUБино ба иттилои хабаргузории "Интерфакс" як шаҳрванди сӣ солаи Тоҷикистон, ки ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мешавад, аз сӯи маъмурони пулиси Маскав боздошт шудааст.

Мақомоти интизомии Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро "узви фаъоли гурӯҳи террористӣ" номида, афзуданд, ки "ӯ аз соли 2004-ум ба ин сӯ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт."

"Интерфакс" менависад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон қаблан аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт шуда, ба Тоҷикистон таслим шуда буд. Аммо ин бор ӯ бо ҳуҷҷати тақаллубӣ ё сохта дигарбора ба Маскав омада, ҳангоми боздошт шиносномаи тақаллубии ӯ аз сӯи мақомоти интизомии Русия тасарруф шудааст. Дар ин шиноснома акси ӯ ширеш шуда, вале бо номи дигаре сабт ёфтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97