Террори Имомназари маъюб фармоиш ё иғво?

Сиёсат 30.08.2012 14:54

Imomnazarov_imomnazarКуштори Имомназар Имомназаров дар ҳоле сурат гирифт, ки вай қаблан ба хабаргузориҳо гуфта буд, бо мусоидати Бунёди Оғохон ва даъвати мақомоти қудратии кишвар бо ваъдаи афв силоҳашро то тири охирин супурдааст. Ӯ иқрор карда буд, ки силоҳро супурдан намехост, аммо фармони Оғохон ва ваъдаи афви мақомотро пазируфта ва силоҳашро таслим кардааст.

Имомназаров дар охирин мусоҳибаи худ бо Рамзия Мирзобекова гуфта буд, ки музокира бо мақомотро дигар корсоз ва муҳим намешуморад. Ва ҳамаи чизро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунад. Вале агар ба қасди боздошт ба сари ӯ биоянд, таслим нахоҳад шуд ва мубориза хоҳад кард.

То ҳоли ҳозир ҳеҷ гуруҳе масъулияти куштани Имомназаровро бар души худ нагирифтааст.

Аъзои гурӯҳи 20-нафарии миёнрав дар қазияи Хоруғ, ки бо мусоидати онҳо оромиши нисбӣ ба ин шаҳр бар гашта буд, ин кушторро маҳкум карда, онро "аҳдшиканӣ" унвон намудаанд. Манбаъи "Озодӣ" аз қавли аъзои ин гуруҳ мегӯяд, "барои куштори шахси бесилоҳ ва бемор, ки пас аз амалиёти Хоруғ бо бархе аз вазирони қудратӣ ҳам мулоқот дошт, зарурате мавҷуд набуд. Зеро фармондеҳони собиқ, аз ҷумла Имомназар Имомназаров бидуни мушкилот барои пурсиш ба назди намояндаи додситонии кул ҳозир мешуданд".

Имомназар Имомназаров аз соли 1993 ба ин сӯ дар рӯи аробаи маъюбӣ мегашт. Ӯ зимни як бархурди миёни гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифини пешин маҷруҳ шуд ва пойҳояш кор намекард. Ӯ барои табобат чанд бор ба Маскав, Исроил ва Тошканд рафта буд, аммо натавонист дубора роҳ биравад. Ба гуфтаи наздиконаш Имомназар Имомназаров ахиран ба бемории қанд низ гирифтор шуда ва дар баданаш захмҳо пайдо шуда буданд, ки ба зудӣ шифо намеёфтанд ва бистарӣ буд.

Имомназаров аз фармондеҳони собиқи мухолифин ва дар замони даргириҳо сардори ситоди гуруҳи мусаллаҳи Алёш Аёмбеков буд, ки баъди даргузашти ӯ нуфузи бештаре касб кард. Ӯ як муддат раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон буд.

Радиои "Озодӣ" аз қавли манбаъи худ роҷеъ ба ҳодисаи куштори Имомназаров навиштааст, ки "садои таркиши норинҷак ва тирпарронии кӯтоҳмуддат яктарафа садо дода, Имомназар ва афроди гирду атрофаш муқобилият нишон надодаанд".

Мақомоти умури дохилии шаҳри Хоруғ мегӯянд, ангезаҳои ин қатл ҳанӯз маълум нест ва танҳо таҳқиқи ҳаматарафаи ҳодиса ошкор хоҳад сохт, ки дар куштори собиқ фармондеҳи мухолифин кадом гурӯҳе даст доштааст.

Худи И. Имомназаров зимни охирин мусоҳибаи худ аз сар задани ҳар гуна иғво ва ноором шудани вазъият ҳушдор дода буд. Ӯ аз ҷумла гуфта буд, имкон дорад нируҳои севвум ҳам даст ба иғво бизананд: "…Мардум фикр мекунад, ки шояд амалиёти дуввум оғоз шавад. Ва ин комилан имконпазир аст, зеро онҳо натиҷаеро, ки интизор доштанд, ба даст наоварданд ва бояд бо дастони холӣ бар гарданд, вале ин чизест, ки онҳо намехоҳанд. Агар онҳо босаводона натавонанд, ки амалкардҳои худро тарҳрезӣ ва амалӣ кунанд, чаро бояд мардум ҷуброни онро бипардозад. Амалкардҳои онҳо ба қарор ва ба созиши миёни Имом Оғохон ва Президент дар мавриди ҳалли мусолиматомези қазия мутобиқат намекунад. Комилан имкон дорад, ки онҳо ба ягон иғвое даст бизананд. Ва ё каси дигаре метавонад ба ин кор даст бизанад".

Зимни ин мусоҳиба И. Имомназаров ҳамчунин як рамзи ҳаводиси Хоруғро ҳам кушода буд. Ӯ ба сароҳат эълон кард, ки нируҳои хориҷӣ барои ташкили табадуллоти давлатӣ ба онҳо 7 миллион доллар ваъда намудаанд. Аммо ӯ ин пешниҳодро рад кардааст, зеро ба гуфтаи худаш имкон ва тавони ин корро надорад ва аз сӯи дигар ҳам ниёзеро барои ин намебинад. Аммо ҳоло маълум нест, ки гурӯҳҳои дигари маҳаллӣ ҳам инро рад кардаанд ва ё не. Имомназаров аз кишвари хосе дар ин маврид ном набурда буд, аммо дар Тоҷикистон ангушти иттиҳомро ба сӯи Русия мекунанд. Ҳоло тафтишот ҳақиқат ва дуруғи инро собит хоҳад кард.

Аммо ҷолибтар аз ин ҳам дар мусоҳибаи соли гузаштаи худ И. Имомназаров ҳамчунин гуфта буд, ки амрикоиҳо борҳо ба назди ӯ омада ва пешниҳодҳои мухталифе ба ӯ додаанд. Аз ҷумла, як пешниҳоди амрикоиҳо кушодани долони интиқоли маводи мухаддир ба Чин будааст. И. Имомназаров мегуфт, ки ҳама пешниҳоди меҳмонро ба мақомоти марбута, хоса ба генерал А. Назаров расонида буд.

Ба гуфтаи И. Имомназаров ӯ ин пешниҳоди амрикоиҳоро ҳам рад намудааст. Ӯ мегуфт, баъди даъвати Имом Оғохон дар соли 1995 ва ваъдае, ки ба Президенти Тоҷикистон супурда буд, даст ба маводи мухаддир назадааст. Ба андешаи И. Имомназаров амрикоиҳо мехостанд тавассути кушодани хати интиқоли маводи мухаддир ба Чин фасодро дар миёни мақомоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистон густариш диҳад. 

Дар ин амалиёт нируҳои давлатӣ бо муқовимати шадид дар ин маҳаллаи шаҳри Хоруғ рӯ ба рӯ шуданд. Нооромиҳо дар маркази вилояти Бадахшон аз 24 июли соли ҷорӣ ба дунболи амалиёти низомии нируҳои интизомӣ ва амниятӣ барои боздошти гунаҳкорон дар қатли Абдулло Назаров оғоз шуд.

Мақомот дар қатли А. Назаров чаҳор нафар аз афроди наздик ба Толиб Айёмбековро, ки муовинати фармондеҳи дастаи марзбонии Ишкошим буд, муттаҳам кардаанд. Ду нафар аз ин муттаҳамон қабл аз амалиёти Хоруғ таслим шуданд. Аммо баъди он ки муттаҳамони дигар аз ҳамкорӣ бо мақомот худдорӣ намуданд ва пинҳон шуданд, дар рӯзи 24 июл амалиёти алайҳи онҳо оғоз шуд. Дар ин амалиёт тибқи ахбори расмӣ 17 нафар аз нируҳои давлатӣ ва 30 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуданд. 

Баъд аз амалиёти Хоруғ, Додситонии кулли Тоҷикистон бо интишори иттилоияе дар канори Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Ёдгор Шоҳмусалламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, чаҳор фармондеҳи мухолифони пешин дар вилояти Бадахшонро муттаҳам ба иртикоби ҷароими мухталифе кард. Дар ин баёния аз И. Имоназаров яке аз ташкилкунандагони ҳодисаҳои Хоруғ ном бурда шуда ва аз ҷумла омадааст: "Имомназаров Имомназар Оғоназарович, соли таваллудаш 18.11.1964, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ. Маъюби дараҷаи якум мебошад.

Соли 1994 дар рафти бетартибӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ Имомназаров И.О. аз қисми поёнии сутунмӯҳрааш тир хӯрда, ярадор гардид ва баъдан қисми поёнии баданаш тамоман аз кор баромад.

Яке аз саркардаҳои ғайрирасмии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ВМКБ ба ҳисоб рафта, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, сангҳои қимматбаҳо (изумруд ва рубин) ва силоҳи оташфишонро роҳбарӣ менамояд.

Собиқ командири саҳроии қувваҳои опозитсионӣ мебошад. Пешвои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии дорои робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Гурӯҳи ҷиноии Имомназаров И.О. танҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 35-40 нафарро ташкил медиҳад. Бо зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории ҷиноятӣ дорад. Миёни шаҳрвандони афғон шахсони обрӯманд, аз ҳисоби истиқоматкунандагони вилояти Бадахшони Афғонистон мебошанд, ки ӯро сарпарастӣ намуда, барои амалӣ намудани "бизнес"-и ҷиноятиаш ёрӣ мерасонанд.

Шахсони зиёде, ки Имомназаров И.О. дар фаъолияти ҷиноятиаш бо онҳо ҳамкорӣ дорад, ба гурӯҳи ҷиноятии Аёмбеков Т. А. алоқамандӣ дошта, дар бисёр мавридҳо якҷоя амал менамоянд.

Бо гурӯҳҳои ҷиноятие, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия, Қирғизистон, Эрон, Британияи Кабир ва Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият менамоянд, робитаҳои телефонӣ дорад.

Солҳои 2005-2008 гурӯҳи ҷиноятии Имомназаров И.О. аз шахсоне, ки аз Афғонистон барои онҳо маводи нашъадор ва сангҳои қимматбаҳо мефиристоданд, қариб 300000 доллари амрикоӣ қарздор шуда буд.

Хешовандони наздикаш барои "бизнес"-и ҷиноятиаш ба ӯ кумак мерасонанд.

Дар шаҳри Хоруғ якчанд хонаҳои шахсӣ ва автомашинаҳои қимматбаҳои тамғаи "Тойёта Ланд Крузер", "Хаммер", "Фолсваген", инчунин автомашинаҳои боркаши тамғаи "Камаз" дорад. Дар қабати осоишгоҳи "Гармчашма"-и ноҳияи Ишкошим меҳмонхонаи "Андароб"-ро сохта, инчунин дар ҳудуди деҳаи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон меҳмонхона ва дар мкрн. УПД мағоза дорад."

Бино ба гузориши хабаргузориҳо субҳи рӯзи 22 август мардуми зиёде дар атрофи хонаи И. Имомназаров ҷамъ омада буданд. Қабл аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе манобеъи "Озодӣ" навиштанд, ки ҳудуди 3 000 нафар аз сокинони Хоруғ дар майдони Ваҳдати шаҳр ҷамъ омада ва ҷасади И. Имомназаровро низ бо худ овардаанд. Сокинони Хоруғ ин амалро навъе аҳдшиканӣ унвон мекунанд. Аммо мақомот то кунун изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки ин амал барномаи тарҳрезишудаи нируҳои давлатӣ барои аз миён бурдани яке аз сарони аслии гурӯҳҳои мухолифи муқовиматгар ва ба гуфтаи мақомот ҷинояткор дар Хоруғ буд ва ё дар амал иғвои гурӯҳи севвум, ки худи Имомназар Имомназаров ҳам аз он ҳушдор дода буд…

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97