"Назарияи ҷанги тамаддунҳо" ва дурнамои рушди ҷомеъаи башарӣ

Сиёсат 23.08.2012 10:41

 

Hokim_davlatov(поёнии мақола)

…Назарияи "Ҷанги тамаддунҳо"-и С. Ҳангтинтон бар асоси мавҷудияти тамаддунҳои мухталиф ва махсусиятҳои вижаи фарҳангӣ, динӣ ва анъанаҳои онҳо дар ҷаҳони муосир таҳия шудааст.

Раванди ҷаҳонишавии иқтисод ба заъиф шудани нақши давлатҳои миллӣ мусоидат мекунад, аммо ва ҳамзамон тақвияти эҳсосоти "ҳувияти тамаддунӣ" мешавад. (Яъне халқу миллатҳо маҷбур мешаванд дар талош шаванд, ки хостгоҳи фарҳангӣ, динӣ, анъанавӣ ва ҳамҷавории худро суроғ бигиранд). Ғарб дар ин миён, барои густариши султаи худ, мардумони ғайри ғарбиро ҳадафи таҷовуз қарор медиҳад, мардумонеро, ки талош доранд, тарзи хоси зиндагии худро ҳифз кунанд. Назарияи "муқовимати тамаддунҳо" ба ҳамин гуна шакл мегирад.

Ба назари Ҳангтинтон бештарин таҳдид ба низоми ҷаҳонии дар ҳоли шаклгирӣ "тамаддуни исломӣ" дар иттиҳод бо конфутсия мебошад. Муаллифи ин назария дар ояндаи наздик низоъҳои минтақаиро дар Ховари Миёна, минтақае, ки султаи қудратҳоро бо дард қабул мекунад, пешбинӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки то охири асри 19 ду тамоюл дар олами ислом мушоҳида мешуд, яке муҳофизакорӣ ва дигаре модернистӣ. Муҳофизакорон талош мекарданд, ки исломро ба шакли ибтидоӣ ва аслии худ бар гардонанд. Дар ҳоле ки модернистҳо барои дар мавридҳои хос ба воқеъиятҳои ҷаҳони муосир ҳамгом сохтани он талош мекарданд. Дар ин миён мубориза ба зиди истеъмор ва ё мустамликадорӣ дар тули асри ХХ боиси ба таври бесобиқа сиёсӣ шудани ислом гашт, ки дар натиҷаи он идеяи исломи сиёсӣ ба миён омад (исломизм).

Ҳангтингтон таъкид мекунад, ки "низоъҳои тамаддунӣ" бар ивази муқовиматҳои идеологии ду система - сотсиализм ва капитализм ба миён омаданд. Дар низоъҳои идеологӣ муқовиматҳо хосияти ақлонӣ ва ё интелектуалӣ доштанд, муборизаи идеяҳои бузург вуҷуд дошт. Ба назари муаллифи ин назария, аммо дар низоъи миёни тамаддунҳо муқовимат комилан дар як фазои дигар сурат мегирад, фазои ғайри қобили пешбинӣ ва давомдор. Шояд ба он далел, ки тафовути фарҳангҳо ва мазҳабҳо амиқтар аз фарқиятҳои идеологӣ ва иқтисодист.  

Аммо дар асл дар дунёи муосир мубориза барои соҳиб шудан ба захираҳои табиӣ таҳти пушиши "ҷанги тамаддунҳо" пеш бурда мешавад. Ҳадафҳои иқтисодӣ гуруҳи давлатҳоро маҷбур мекунад, ки алайҳи як ё якчанд давлати дигар муттаҳид шаванд. Аммо аз он ҷо, ки барои таъсиси чунин иттиҳоди давлатҳо идеяи коромад ва бузург вуҷуд надорад, ба сабабу баҳонаҳои одӣ, аммо муассир рӯ меоранд; ягонагии фарҳангӣ, мазҳабӣ ва бовару расму анъанаҳо. Наздикии ҷуғрофии кишварҳо ба вуҷуд омадани иттиҳодияҳо ва шаклгирии тамаддунҳоро осонтар мекунад.

Аммо рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар дунёи муосир боиси он шудааст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ аз таъсиси иттиҳоди давлатҳо бар мабнои асли наздикии ҷуғрофӣ фаротар рафта ва иттиҳодияҳое бо кишварҳои фароминтақаӣ аз назари иқтисодӣ ва сиёсӣ таъсис додаанд.

Агар назарияи Ҳангтинтонро ба инобат бигирем, бо баҳонаи густариши арзишҳои демократияи ғарбӣ ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи атомӣ намояндагони корпаратсияҳо ё гуруҳҳои фаромилӣ қудратҳои динӣ, иқтисодӣ ва геополитикии дунёро моли худ карда ва ба сурати истисноӣ тамоми захира ва имконоти ҷаҳони муосирро мудирият мекунанд.

Барои расидан ба ҳадафи худ ин гуруҳҳо атеизмро, ки дар ҷаҳони ислом бо ҳассосияти зиёде ба он муносибат мешавад, баъди вуруди нируҳои Шӯравӣ ба Афғонистон алайҳи низоми коммунистӣ истифода намуданд, ки дар натиҷа ба суқути низоми сотсиалистӣ ва давлати СССР анҷом ёфт.

Мушкилоти мусулмонҳои Косово ва Албанияро ба ҳадафи эълони ҷанг барои пора намудани Югославия истифода намуданд. Низоми асримиёнагии Толибон ва ҳамлаи террористии Ал - қоидаро ба унвони дастак ва баҳона барои ҳамла ба Афғонистон ба кор бурданд. Ва нақзи ҳуқуқи шиаёни курдистонро барои эълони ҷанг бо режими Саддом Ҳусейн. Дар тули ду соли охир нируҳои тундрави исломиро барои амалӣ намудани тарҳи "баҳори арабӣ" дар Африқои Шимолӣ асбоб қарор доданд ва акнун аҳли суннати дунёи арабро ба унвони силоҳе ба муқобили режимҳои Сурия ва Эрон истифода мекунанд. Даҳсолаҳост, ки мусулмонони уйғур ба муқобили Чини коммунистӣ истифода мешаванд ва акнун талош хоҳад шуд, ки ҲНИТ ба унвони як омили бесуботкунандаи авзоъ дар Тоҷикистон истифода шавад, то дар ояндаи қобили пешбинӣ ин кишвар аз суботу сулҳ бархурдор набошад. 

Таҳлили мазкур моро ба ин қаноат мерасонад, ки барои намояндагони ин гурӯҳи фаромилии баргузидаи Худо бисёр муҳим аст, ки дар кишварҳои дорои тамаддуни қадимӣ ва хоса соҳиби захираҳои табиӣ ва молӣ субот пойдор набошад, дар пешбурди сиёсатҳои давлатӣ истиқлол надошта бошанд ва иродаи худро амалӣ карда натавонанд.

Маълум аст, ки бо вуҷуди он ки мардумони олам ба ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангии ғарб муқовимат нишон медиҳанд, аммо боз ҳам омода нестанд, ки комилан ба сатҳи тамаддуни ибтидоии худ бар гарданд. Зеро фарҳангҳо омезиш меёбанд ва ҳамгироӣ пайдо мекунанд. Равандҳои дар ҳоли рушд дар ҷаҳони муосир баёнгари он аст, ки тамаддунҳои мавҷуд ба ҳам наздик мешаванд ва дар ниҳояти амал имкон дорад, як тамаддуни бунёдӣ ва фарогир ё универсалие бар асоси усули адолат ва баробарии миллатҳо шакл бигирад.  

Ҳам дар назарияи сиёсии либералӣ ва ҳам дар таълимоти марксистӣ идеяи тамаддуни воҳид ё ягонаи умумибашарӣ, ки битавонад башарро ба сӯи ваҳдат пеш бибарад, мавҷуд аст. 

Динҳои муосири ҷаҳони имрӯз монеъи аслии фароянди ҷаҳонишавӣ ва ё якпорчасозии ҷаҳонӣ мебошанд. Ҳол он ки дар ниҳоят ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ бар сари офариниши олам,  ягонагии Худо ва аз як реша бархостани ҳамаи одамон ва халқҳо ваҳдати назар доранд.

…Шакли олии муносибати рӯҳонии инсон ба олам дар муҳаббат зоҳир мешавад. Тавассути ишқ инсон ба олами мавҷуд, ба Худо ва ба рӯҳи худ пайванд мегирад. Зимни он инсон натанҳо афроди дигарро мешиносад, балки худ, моҳияти олам, ҳастӣ ва Худро дарк мекунад. Аз назари динҳои ҷаҳонӣ агар ишқ ба Худои ягона зоҳир шавад, пас бар асоси ин мантиқ ҳамаи одамон дар рӯи Замин сарфи назар аз ранги пӯст, миллият, таалуқоти мазҳабӣ ва баромади иҷтимоӣ аз сӯи Худо офарида шудаанд ва дорои зот ё сифати худоӣ мебошанд. Ва ин ҳар нафарро вазифадор мекунад, то бо нафари дигар мисли як наздик ё пайванди худ бо ишқу муҳаббат ва эътимод муносибат кунад. Ва дар ин маҷмӯъи муносибатҳо озодии ҳар нафар ба шарти озодии ҳама табдил мешавад. Танҳо дар сурати ҳамин гуна муносибати иҷтимоӣ ҳар нафар ва дар маҷмӯъ ҷомеаи башарӣ метавонад ба ниҳояти озодиҳои худ даст биёбад.

Аммо барқарор намудани чунин тарзи муносибатҳои ҷамъияти идеалӣ дар шароите, ки имконоти инсонҳо маҳдуд аст, давлатҳо рушди якнавохт ва муносиб надоранд, ҷангҳо барои ҳавзаи нуфуз ва манобеъи табиӣ идома дорад, дар ояндаи наздик вуҷуд надорад. Аммо ин ба он маъно нест, ки башарият барои расидан ба як ҷомеаи бо муҳаббат ва эътимоди умумӣ дар дурнамо низ талош накунад. "Муҳаббат ба Ватан аз муҳаббат ба хонавода оғоз мешавад", гуфтааст Френсис Бекон. Раванди ҳамгироӣ низ бояд сайри худро аз боло бурдани эътимод дар хонавода, деҳа ноҳия, шаҳр, вилоят, давлат, ҷомеъаи давлатҳо ва дар ниҳоят ҷомеъаи ҷаҳонӣ оғоз кунад.

Бо назардошти фарояндаҳои ҷаҳонишавӣ, ислом дар зоти худ ба ҳизб ниёз надорад. Бинобар ин то замоне, ки дар Тоҷикистон ҳизби исломӣ вуҷуд дорад, он таҳдиде ба суботи кишвар ва низоми дунявии он боқӣ мемонад. Бинобар ин беҳтарин ҳадя ба мардуми Тоҷикистон метавонад ихтиёран аз миён бурдани ҲНИТ бошад.

Дар ғайри сурат ман қатъан мутмаинам, ки танҳо таъсис ва роҳандозии як ҳаракати умумимиллӣ барои ҳимоят аз низоми дунявӣ метавонад, ки ба таҳавулоти сиёсӣ ва таъсиси давлати исломӣ аз сӯи гурӯҳҳои мазҳабӣ муқовимат кунад.

Ҳамчунин бовар дорам, ки дар Тоҷикистон ба андозаи кофӣ нируҳои солимфикре мавҷуданд, ки аз ин ҳаракати пуштибони низоми дунявӣ пуштибонӣ кунанд ва ба қувваҳои мазҳабӣ- сиёсӣ имкон надиҳанд, ки барномаҳои худро дар робита ба мазҳабисозии умумии ҷомеъа ва муносибатҳои иҷтимоӣ амалӣ кунанд ва худашон хоҷа ё раҳбари ин тарзи зиндагӣ ва ин муносибатҳо бошанд.

Ҳоким Муҳаббатов,

раиси Ҷумбиши миллии Тоҷикистон

 

Пасгуфтор ба мақолаи Ҳоким Муҳаббатов дар бораи ҲНИТ

Хонандаи азизи "Миллат", бо ҳамин матлаб нашри силсиламақолаи Ҳоким Муҳаббатов таҳти унвони "Ихтиёран пароканда намудани ҲНИТ беҳтарин ҳадя ба миллати тоҷик" ба поён расид. Аммо нашри ин матлаб дар миёни хонандагон ва ҷомеъаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталиферо ба думбол дошт. Бархе аз он ҳимоят, баъзе онро маҳкум ва баъзе ҳам як ҳушдор унвон намуданд. Албатта табиист, ки бархе аз дӯстон аз нашри он ба шиддати тамом нороҳат ва асабонӣ шуданд. Ҳақиқат ин аст, ки агар фарз бар ин бошад, ки мо ҷомеъаи демократӣ ва маданӣ месозем, ҳар нафар ба гуфтани ҳарфи худ ихтиёр дорад ва ҳар каси дигар ҳам ихтиёр дорад, ки ин фикри гуфташударо қабул ва ё рад кунад. Ҳикмати бузурге аст, аз як нобиға, ки мегӯяд, ман омодаам, дороиямро ба гарав бимонам, то бидонам, ки рақибам дар бораи ман чӣ фикр мекунад. Дӯстони наҳзати исломӣ ҳаргиз набояд аз нашри ин матлаб ва хоса аз "Миллат" нороҳат бошанд. Ҳарчанд метавонанд ба ҳар шева ва гунае ба мақола вокуниш намоянд.

Масъалаи дигар ин аст, ки дар ҳақиқат нашри мақолаи Ҳоким Муҳаббатов ҳаргиз ба он маъно нест, ки нашрияи "Миллат" ва кормандони он ба ҳамаи андешаҳои муаллиф мувофиқ ва ё мухолифанд. Як чиз мусаллам аст, ин матлаб ҳақиқатеро бозгӯ мекунад, ки афроде ҳам ба ин тарзи ҷаҳонбинӣ мавҷуданд ва ҳаққи гуфтани фикри худро доранд. Дар ҷомеъаи демократӣ ҷои баҳс надорад.

Аммо чизе, ки ҷои шигифтӣ дорад ин аст, ки дар шароити имрӯзи мо ҳар иқдомеро, ки аҳзоби сиёсӣ, хоса ҲНИТ мехоҳад анҷом диҳад, давлат онро супориш ва ё хости хориҷиҳо мепиндорад. Дар навбати худ, аҳзоби сиёсӣ низ ба ҳамин маризӣ гирифторанд. Ва ҳар назаре, ки дар мавриди онҳо садо диҳад, агар ба нафъи онҳо набуд, онро закази давлат унвон мекунанд. Мисли ҳамин матлаби ахир. Ҳаволаи ҳар кас ба Худо. Аммо мо бояд бигӯем, (албатта барои хонандаи худ, на барои масъулини аҳзоб), ки муаллиф зимни навиштани матлаб дархост ва ё амри касеро иҷро карда ва ё накардааст, мо намедонем ва ба он коре ҳам надорем. Ҳақиқат ин аст, ки муаллифи матлаб як шахсияти ҳақиқӣ ва гузашта аз он матраҳ дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва хориҷ аз он ҳаст. Ва ҳар касе эроде ва баҳсе дошта бошад, бояд бо ӯ дар миён бигузорад. Ба мантиқи онҳое, ки дар саҳифаи рӯзномаҳо ба супориш иҷро кардани "Миллат" пардохтанд, бояд бигӯем, агар фардо посухе ба ин матлаб нашр шавад, пас Ҳ. Муҳаббатов бояд фикр кунад, ки "Миллат" боз супориши каси дигареро иҷро кард?

"Миллат" то кунун истиқлоли амали худро то ҳадди имкон аз ҳама, ҳам аз мақомот ва ҳам дар назди аҳзоби сиёсӣ ҳифз кардааст ва хоҳад кард. Ин усули аслии кори мо аст, рӯзе, ки агар ин корро натавонем бикунем, нестем. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ба фарқ аз бархе аҳзоб, на бо касе сулҳ кардем ва на ҷанг. Ва ба касе ҳам мисли бархе дӯстон ва аҳзоб машрӯъият ва ҳувияти козиб набахшидем, ки маҷбур бошем супориши ӯро иҷро кунем.

Аммо шояд ду маврид боис шудааст, ки таваҷҷуҳи бештаре ба ҳаракатҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон бештар шавад. Яке ҳаводиси Ховари миёна ва Шимоли Африқо, ки яке пушти дигаре дар ин минтақа исломхоҳонӣ сиёсӣ ба қудрат мерасанд ва пуштибонии Амрико аз онҳоро касе наметавонад, инкор кунад. Масъалаи доғтарини дунёи ислом қазияи Фаластин аст, аммо президенти нави Миср, Мурсӣ, ки намояндаи ихвониҳо аст, дар ин масъала ҳич фарқе аз Ҳуснӣ Муборак нишон надодааст. Ва нахоҳад дошт. Зеро пешопеш кафолати ӯро Амрико гирифта буд, вагарна ҳаргиз пирӯзии ӯро Ғарб эътироф намекард. Мисле, ки пирӯзии ҳақиқии демократии Ҳамосро ҳанӯз ҳам эътироф намекунад. Дар Сурия, ки пойгоҳи аслии муқовимати Фаластин ва Лубнон аст, низ ихвониҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ- исломӣ бо пуштибонии Амрико ба муқобили режим меҷанганд. (Боз инро ба маънои ҳимояти мо аз режими Асад надонед.) Ин ҳама ба мардум ин баҳона ва ин ҳақро медиҳад, ки дар бораи сарнавишти худ фикр кунад, ки бо мо дар ин кашмакаши қудратҳо чӣ рух хоҳад дод. Ва исломхоҳони сиёсии мо мабодо мавриди фиреб ва истифода қарор намегиранд? Ин нигаронии қонунӣ аст, ин ҳақро аз мардум нагиред, балки ба ин нигарониҳо бояд посух дод, азизон.

Дигар ин ки мавзеъгирии ҲНИТ дар мавриди ҳаводиси ахири Хоруғ шубҳа ва гумону ихтилофотеро дар миёни ҷомеъа ва ҳатто дохили ин гурӯҳ ба вуҷуд овардааст. Мавқеъи ҲНИТ дар мавриди ин қазия мавқеъи як ташкилоти сиёсӣ набуд, балки як мавзеъгирии ғайри усулӣ ва дурӯя буд. ҲНИТ дар ин қазия табиати бетафовутӣ, ноогоҳӣ аз бофти иҷтимоии ҷомеъа, муҳофизакорӣ ва аз ҳама даҳшатнок фурсатталабиро ба намоиш гузошт ва манфиати гурӯҳии худро аз масъалаи умумӣ болотар гузошт. ҲНИТ дар изҳоротҳо гӯё аз давлат, аммо дар расонаҳо ва амал аз ҷониби дигар боз ҳам гӯё ҳимоят мекард. Ин мояи шубҳа ва гумон аст. Ба ин шубҳа ва гумон бояд посух гуфт. Аммо боз намегӯем, ки ҲНИТ дастури кадом доираи дохилӣ ва ё хориҷиеро иҷро кардааст. Мо ба дӯст ва ҳамватан бовар дорем. Сарбаланд бошед ва ҳар субҳ худатонро нав кунед!

Бо салом ва иродат сардабир

                                                                                                                
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97