Имомназар кушта шуд ва митинг дар Хоруғ идома дорад

Сиёсат 22.08.2012 21:19

ImomnazarИмомназар Имомназаров бонуфузтарин фармондеҳи собиқи мухолифон дар Бадахшон ва яке пешвоёни ғайри ин минтақа, ки мақомот уро дар ҷиноятҳои мухталифе муттаҳам эълон кардаанд,  субҳи рузи 22 август, соати 4 субҳ бар асари ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳ кушта шудааст.

Манобеъи огоҳ гузориш додаанд, ки ба манзили Имомназар Имомназаров дар маҳаллаи АПД як гуруҳи номаълум аввал норинҷак партоб намуда ва баъди мавриди ҳамлаи автомат қарор додаанд. Бар асари ин ҳамла Имомназар Имомназаров дар хонааш ҷон дода ва бародараш захм бардоштааст. Бародари Имоназаров феълан дар бемироистон аст. Бино ба хабарҳо як бародари дигари Имомназаров бо номи Султоназар Имомназаров зимини амалиёти рузи 24 июл кушат шуда буд.

Куштори Имомназар Имомназаров дар ҳоле сурат гирифт, ки вай қаблан ба хабаргузориҳо гуфта буд, бо мусоидати Бунёди Оғохон ва даъвати мақомоти қудратии кишвар бо ваъдаи афв силоҳашро то тири охирин супурдааст. У иқрор карда буд, ки силоҳро супурдан намехост, аммо фармони Оғохон ва ваъдаи афви мақомотро пазируфта ва силоҳашро ба таслим кардааст. Имомназаров дар охирин мусохибаи худ бо Рамзия Мирзобекова гуфта буд, ки музокира бо мақомотро дигар корсоз ва муҳим намешуморад. Ва ҳамаи чизро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунад. Вале агар ба қасди боздошт ба сари у биоянд, таслим нахоҳад шуд ва мубориза хоҳад кард.

То ҳоли ҳозир ҳеҷ гуруҳе масъулияти куштани Имомназаровро бар души худ нагирифтааст.

Бино ба охирин хабари расида аз Хоруғ, фардо, панҷшанбе, 23 август иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар ин бора як вакили маҳаллӣ ба аҳли тазоҳурот дар маркази шаҳр хабар додааст. Ба ин нишаст се вазири қудратӣ низ даъват шудаанд ва қарор аст, дар иҷлосия  ду масъала баррасӣ шавад: хуруҷи нирӯҳои ҳукуматӣ аз қаламрави Хоруғ ва қонунӣ кардани намоишҳои эътирозӣ. Гирдиҳамомадагон дар маркази шаҳр гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд.

Мегӯяд, талаби ягонаи тазоҳуркунандагон ин аст, ки нерӯҳои давлатӣ бояд қаламрави шаҳрро тарк намоянд.

Б гуфтаи ин манбаъ, ин гирдиҳамоӣ нисбат ба тазоҳуротҳои қаблӣ хеле ҳам густурдатар аст. Агар дар гирдиҳамоиҳои гузашта бештар занон ва ҷавонон ширкат меварзиданд, дар гирдиҳамоии кунунӣ ба шумули занон ва ҷавонон, инчунин кормандони идораҳои давлатӣ ва рӯшанфикрон ҳам ширкат доранд. "Як тафовути назарраси ин гирдиҳамоӣ дар он аст, ки сокинони Хоруғ ин навбат бо хонаводаҳояшон дар майдон ҷамъ шудаанд".

Ба назари тазоҳуроткунандагон, шахси силоҳдор новобаста аз он, ки ба кадом ҷониб, чӣ аз ҷониби ҳукумат ва чи ҷониби дигар вобаста аст, барои ҷомеа хатар дорад ва ҳодисаи қатли Имомназар Имомназаров исбот кард, ки вуҷуди онҳо барои амнияти шаҳрвандон хатарҳоеро дар пай дорад.

Гирдиҳамомадагони Хоруғ, инчунин мардум аз навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва водии Язғулом пайвастаанд.

Гурӯҳе аз эътирозгар мегӯянд, агар нерӯҳои хориҷ нашаванд, "онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд баромад ва дар муқобили нерӯҳои давлатӣ бо истифода аз сангу чӯб истодагарӣ хоҳанд кард". Як манбаи наздик ба Радиои Озодӣ дар маркази Бадахшон гуфт, то нимаи аввали рӯз касе аз масъулони намояндагони давлат ба назди тазоҳурокунандагон ҳозир нашудааст.

Имомназар Имомнзаров, яке аз чаҳор раҳбарони ба гуфтаи мақомот гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон буд, ки ба маҳзи кушта шудани генерал Абдулло Назаров дар нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ ангушти иттиҳом ба сӯяш дароз карда шуд. Мақомот дар қатори Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов ӯро низ дар қочоқи маводи мухаддир,  сангҳои қиматбаҳо, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳам барнагардондани қарзҳои бонкӣ муттаҳам донистанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран бо нашри баёнияе гуфтааст, ки И. Имомназаров бар асари як таркиш дар манзилаш кушта шудааст. Ва қазияи куштори у таҳқиқ хоҳад шуд. Додситонӣ ҳамчунон гуфтааст, ки И. Имомназаров дар ташкили муқовимати мусаллаҳона алайҳи неруҳои давлатӣ дар рузи 24 июл саҳм доштааст. Дар натиҷаи ин муқовимат даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб аз ду ҷониб кушта шуданд. Додистонӣ И. Имомназаровро яке аз ташкилкунандагони ҳаводиси Хоруғ унвон кардааст.

Аммо чизе, ки мусаллам аст, ҳазорон нафар дар эътироз ба куштори И. Имомназаров ба ҷодаҳои Хоруг рехта ва хостори хориҷ шудани неруҳо аз дохили шаҳр мебошанд. Ин тазоҳургарон мегуянд, ки то охирин лаҳза муқовимат хоҳанд кард.   

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97