Пантуркизм маҳалгароиро дар Тоҷикистон доман мезанад

Сиёсат 22.08.2012 09:08

Тоҷик бояд бидонад, ки пантуркизм маҳалгароиро доман мезанад

GulovТоҷикон бояд бидонанд падидаи маҳалгароиро шароити зиндагии гузаштаи тоҷикон замина гузоштааст. Дар равиши дарси таърих хонандагон донанд, ки дар гузашта дар натиҷаи ҷангҳои сулолавӣ, турктозиҳо бисёре аз мардумони тоҷик, хориҷ аз қаламрави тоҷикон ва қисме кӯҳистонро макони зист қарор доданд. Дар натиҷа равобити байниҳамдигарии онҳо канда шуд. Тоҷики дар кӯҳистони Қаротегину Дарвоз зиндагӣ дошта, даҳсолаҳо бо тоҷики Самарқанду Ҳисор во нахӯрд.

Робитаи иқтисодию сиёсии онҳо заъиф ва баъзан тамоман канда мешуд. Халқи тоҷик ба қисматҳо тақсим шуда, дар давлатҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Ташаккулёбии халқи тоҷик дар давраи ҳукмронии тоҷикони дурандеш - Тоҳириёну Саффориён сар шуду дар давраи Сомониён ба охир расид. Забони тоҷикӣ ташаккул ёфту забони Мовароуннаҳру Хуросон шуд. Он чӣ ки барои миллати тоҷик зарур буд, арзи вуҷуд кард. Забони эҷодкардаи Рӯдакию Фирдавсӣ ҳуқуқи байналмилалӣ пайдо кард. Вале давраи турктозиҳо сар шуду ба парокандагии халқи тоҷик расонд. Вақте ки муҳити ягонаи иқтисодию фарҳангии тоҷикон аз байн рафт, оҳиста-оҳиста алоқаи байниҳамдигарии тоҷикон суст мешуд, онҳо барои ҳамдигар бегона шуданд.

Шароитҳои ба вуҷуд омада, ба баланд шудани маърифати сиёсии мардум имконият намедод. Дар ин давра сиёсатмадоре аз қабили Яъқуб ибни Лайс, Тоҳир ибни Ҳусейн, Абумуслими Хуросонӣ, Исмоили Сомонӣ, ки қувваҳои ҳиссиёти баланди миллӣ доштаро муттаҳид карда, давлати ягонаи тоҷикиро ба вуҷуд биёрад, набуд. Хонандагонро мефаҳмонам, то бидонанд, ки замони дар натиҷаи дигаргуниҳои ба амал омада, баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия рӯй дод, гурӯҳҳои зидди амирӣ - ҷадидон пайдо шуданд, ки онҳо дар тамоми соҳаҳо навгониҳоро мехостанд. Барои ба мақсади худ расидан онҳо рӯзномаҳо чоп мекарданд. Аксарияти ин рӯзномаҳо ба забонҳои узбакӣ ва тоторӣ чоп мешуданд. Аксари ҷадидон дар Истамбулу Боку ва дигар марказҳои пантуркизм паҳн шуда, таҳсил карда буданд. Бо вуҷуди баъзе ақидаҳои пешқадам доштани ҷадидон, онҳо ақидаҳои пантуркистии худро дар байни мардум паҳн мекаданд ва таъсири патуркизм пурқувват мешуд. Таҳаввулоте, ки дар Осиёи Миёна баъди забти он аз тарафи Русия ба амал омад ба паҳншавии пантуркизм мусоидат кард. Чархи таърих дар ин давра ҳам ба манфиати тоҷикон кор накард. Оқибатҳои он баъди Инқилоби Бухоро ва тақсимоти миллӣ - маъмурӣ дар Осиёи Миёна маълум шуд.

Мавқеи ҷуғрофии бобу маҳали турктозиҳо

Дар байни таърихнигорон ақидае вуҷуд дорад. Мамлакатҳои Англия ва Ҷопон, ки аз қитъаҳо ҷудоянд, ба таҷовузи хориҷиён кам дучор шудаанд. Мавқеи ҷуғрофии онҳо имкон медод, ки онҳо мустақилона зиндагӣ кунанд. Идеяҳои таҷовузкор кам ба онҳо таъсир кардааст. Вале онҳо аз комёбиҳои дигар халқҳо баҳраманд мешуданд. Аз навигариҳои илм ва маърифати дигар давлатҳо тавассути киштиҳои тиҷоратии худ шинос мешуданд. Ингуна муҳит дар ин мамлакатҳо ҳиссиёти миллатдӯстиро мустаҳкам кард, мардум анъанаҳои миллие доранд, ки ба онҳо ҳамеша содиқанд. Садсолаҳо мегузараду мардум анъанаҳои миллии худро нигоҳ медоранд. Одатҳои маҳалгароӣ барои ин мардум бегона аст. Вале тақдири халқи тоҷик дигар хел сурат гирифт. Баъди ғоратгариҳои юнону мақдуниҳо, арабу муғулҳо турктозикҳо, сар шуданд. Ҷои мактабхонию маърифатомӯзиро ба шамшеру камон сару кор гирифтан сар шуд. Тоҷик аз тарси ғорат шудан ва наҷоти аҳли хонаводааш ҷойгузин дар кӯҳистон шуд. Ин вазъият тоҷиконро пароканда кард.

Ҷанги дохилӣ монеъи миллат шудани тоҷик шуд

Ба падидаҳои ватанхоҳӣ ва миллатдӯстӣ, ки дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ зуҳур карда буданд, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 халал расонд.

Шахсиятҳое, ки барои ҳукумронӣ кардан талош мекарданд, тавонистанд, ки зуҳуротҳои маҳалгароиро ба манфиати худ истифода баранд ва мардумро ба гурӯҳҳои худ ҳамроҳ карданд. Раванди таърих дар ин давра бар зидди тоҷикон боз кор кард.

Дар бораи сабабҳои рӯй додани воқеаҳои солҳои 1992-1997 бисёр мегӯянд ва менависанд. Рафти таърих бисёр саҳифаҳои таърихи он давраро рӯшан хоҳад кард. Вале ҳоло ҳаминаш аниқ маълум аст, ки манфиатҷӯёни ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он хело зиёд будаанд.

Мехоҳам барои исботи фикр, воқеаеро аз ҳодисаҳои он давра ба хотир оварам. Дар солҳои бозсозии Горбачёвӣ аввалин  шуда, барои ташкил кардани давлати мустақил, ҷумҳуриҳои назди Балтика муборизаро сар карда буданд. Дар ҷумҳурии Литва, ки қисми зиёди аҳолии он поландиҳо (полякҳо) буданд, ҷосусони давлати пуриқтидори ҳамсоя ба таври шаддид ба мардум фаҳмондан мехостанд, ки забони давлатӣ агар литвонӣ шавад, аз ин ба халқҳои Литва зарари калоне мерасад. Яъне забони русӣ забони давлатӣ бояд бимонад. Бинобар ин имконият додан даркор нест, ки Литва соҳибихтиёр шавад. Вале халқи бомаърифат ва дурандеши поланд ба иғво дода нашуд ва ба мустақилияти Литва халал нарасониданд. Давлати ҳамсояи он Поланд (Полша) ба ҳамватанони бурунмарзии худ ҳушдор дод, ки сиёсати ҷудоихоҳонаи поландиҳои Литваро тарафдорӣ намекунад. Литва ҳақ дорад тақдири худро худ ҳаллу фасл кунад. Иғвогариҳои зиёд ҳам ба муқобилити яроқноки гурӯҳҳои муқобил оварда нарасонд. Ҷомеъаи Литва муттаҳид ба душманон ҷавоб гуфт. Имконоти сар задани ҷанги шаҳрвандӣ аз миён рафт. Мардуми бомаърифати Литва барои соҳиби мансаб шудан роҳи муборизаи осоиштаро афзалтар донистанд. Аммо дар Тоҷикистон дар давраи саршавии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 садҳо ҷавонон аз қафои авбошони мансабталабу миллатгаро рафтанд. Даҳҳо ҳамватанони бегуноҳ туъмаи хиёнаткориҳои онҳо шуданд.

Ҷавонон бояд аз вабои маҳалгароӣ огоҳӣ дошта бошанд

Ба ҷавонон бояд маълум бошад, ки маҳалгароӣ натиҷаи бемаърифатии маҳалгароён аст. Ин падидаи шум натиҷаи таҳаввулоти шахсиятҳои нохалаф, кӯтоҳандеш ва камсавод аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд, шахсиятҳои маҳалгаро ҳеч гоҳ соҳиби эҳтироми ҳамкорон намешаванд. Зеро рафтори онҳо ба манфиати ҷамъи ҳамкорон ва роҳи иҷрои вазифаҳои дар пеш истода нест. Маҳалгароии шахсиятҳо боварии мардумро мекоҳонад, одамон бо ҳам унс гирифта наметавонанд. Ин гуфтаҳо зуҳуроти заминаҳоеянд, ки маҳалгароиро "зиндаю ҷовид" нигаҳ медоранд.

Ҳангоми дарс хонандагон ба пурсиши муаллим бисёр падидаҳои маҳалгароиро номбар мекунанд. Масалан, хонандагони синфи 11-ум нақл карданд, ки тоҷиконе, ки Русия мераванд, аз рӯи маҳалли худ ҷойгир мешаванд. Бо вуҷуди он ки бисёр тоҷикон ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд, зиддиятҳои тоҷиконро шахсиятҳои бетарбия, ки аз Тоҷикистон рафтаанд, тезу тунд, мекунанд. Ҳамин ашхоси нохалаф вазъияти Тоҷикистонро ҳам бад мекунанд.

Ислом ҳам натавонист тоҷикро муттаҳид кунад

Дар водиҳои Вахшу Ҳисор, дар Душанбе масҷидҳое пайдо шуда буданд, ки онҳоро раштиҳо, кӯлобиҳо, ҳисориҳо, узбакҳо барои ҳар қабилаи худ сохта буданд. Дин, ки мақсади он муттаҳид кардани мардум аст, мавқеи муттаҳидкуниро иҷро накард. Ҷои муқаддас - масҷидҳоро ба мақсади ҷамъ кардани ҳамшаҳриҳо истифода мебурданд. Баъзан ин ҷой ба мақсади ғайбати одамони дигар ноҳияҳо истифода бурда мешуданд. Ин падида оҳиста- оҳиста аз байн рафта истодааст. Вале мутаассифона чунин анъана вуҷуд дошт. Аз тарафи бо ном диндорон корҳое карда мешуд, ки хилофи талаботи ислом буданд (мусулмонон бародари мусулмон, ҳамаи одамон баробару бародаранд ва ғайра). Сабаби мавҷуд будани чунин зуҳурот фаъолияти "хуб"-и ҷосусони хориҷӣ ва надоштани эътиқоди комили исломӣ, паст будани маърифати исломии мардум буд.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки ягонагии халқҳоро ягонагии дину мазҳаб ҳам таъмин карда метавонад. Масалан, насрониёни гурҷию арманӣ дар давраи гузашта, ба тарафи давлати насронии Рум мегузаштанд. Дар давраи муқовимати империяи Рум бо давлати Сосониён, халқҳои гуногуни империяи Сосониёнро, ки ба дини зардуштӣ эътиқод доштанд, ягонагии динашон муттаҳид карда буд. Мухолифини ҳокимияти Шӯравӣ тудаҳои меҳнаткашонро дар зери шиори муҳофизати ислом ба тарафи худ ҷалб карда буданд ва муддати дароз муқовимат карданд. Ақидаҳои исломгароӣ сиёсатмадорони исломгароро дар Эрони имрӯза, дар Туркия ва Мисру Афғонистон ба сари ҳокимият оварданд.

Вале падидаи маҳалгароиро дар ҷумҳурии мо ин қувваҳо аз байн намебаранд. Зеро худи тарафдорони исломгароӣ маҳалгароянд.

Имрӯз давлати ҳамсоя, ки роҳбаронаш мусулмонанд, зидди равнақу тараққии Тоҷикистонанд. Ба сохтмони ниругоҳи барқии Тоҷикистон халал мерасонанд. Куҷост идеяи исломии "мусулмонон бо ҳам бародаранд"?!

Дар Амрико зангӣ президент шуд, дар Тоҷикистон чӣ?!

Одамонро дар вақти сафарҳо ба Эрону Туркия, мамлакатҳои Аврупо якдилии шаҳрвандонашон ба ваҷд меоварад. Дар вақти интихоботҳо одамон дар атрофи ҳизбҳояшон муттаҳид мешаванд.

Ба фикри ман шаҳрвандони ИМА ҳангоми интихоби президент ба тарафдории Барак Обама овоз дода, шахсияту имкониятҳои ӯро ба назар гирифтанд. Дар мамлакате, ки нажодпарастӣ дар авҷи аъло буд, зангӣ ва эътиқодманди дини ислом овозҳои бештареро соҳиб шуд.

"Аҳднома"-ро риоят кунед!

Халқи тоҷик ҳам анъанаҳои нек, маданияти баланд дорад. Ин замина имконият медиҳад, ки ақли солим боло мегираду қарордодҳои созишномаи "Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон" иҷро мегарданд. 9 марти соли 1996 "Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон" қабул шуда буд, ки онро 30 ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ имзо гузошта буданд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар Тоҷикистон заминаи хуби роҳи бунёди ҷомеаи озоду демократиро дорад. Иҷрои талаботҳои дар аҳднома дарҷ гардида, на танҳо барои таъмини сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ, инчунин аҳамияти хуби ватандӯстӣ дорад. Талаботи асосии аҳднома истифодаи ризоияти миллӣ баҳри пешрафти кишварамон мебошад. Бинобарон, ҳама тарафҳои "Аҳднома"-ро имзо карда, масъулияте ҳис кунанд, то ки рафтору кирдори онҳо барои иҷрои талаботҳои ин ҳуҷҷати муҳим ёрӣ расонад.

Сайидмаҳмад Гулов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97