Муовини вазири дифои Русия: "Ҳоло фурсати он нест, бигӯем, кӣ мебозад ва кӣ мебарад: Мо ё Амрико"

Сиёсат 21.08.2012 09:41

Anatoli_AntonovАнатолий Антонов, муовини вазири дифоъи Русия рӯзи 9 август пас аз дидори худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон раванди музокирот бо мақомоти тоҷик дар мавриди будубоши бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишварҳои собиқи шӯравиро мусбат хонд.

Дар ҳоле ки муовини вазири дифъои Русия пас аз музокироташ бо мақомоти тоҷик хушҳол ба назар мерасид, гуфт, шояд барои шумо маълум аст, ки музокироти мо дар робита ба замони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистон зимни ин сафараш мулоқот анҷом додааст ва тамоми ин гуфтугӯҳо дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом шудааст. Анатолий Антонов гуфт, дар ҳеч яке аз ин дидорҳо дар мавриди пардохти пул барои иҷораи пойгоҳи низомии Русия суҳбат нашудааст.     

Ӯ афзуд, ки бо супориши вазири дифоъи Русия барои боздид аз вазъи пойгоҳи низомии кишвараш ба Тоҷикистон омадааст, то бубинад ки ин пойгоҳ дар кадом ҳолат қарор дорад ва мардуми Тоҷикистон ба ҳузури низомиии русҳо чӣ назаре доранд. Ҳамчунин гуфт, ки ӯ омадааст, то бо мақомоти тоҷик аз ҳамкориҳои низомӣ -техникӣ ва ба хусус аз боби кумакҳои низомӣ суҳбат бикунад. Ба гуфтаи ин мақоми низомии Русия, мардуми Тоҷикистон аз ҳузури пойгоҳи Русия дар ин кишвар розӣ ҳастанд.

Муовини вазири дифоъи Русия аз имзои тафоҳумномаи миёни Маскав ва Душанбе барои идомаи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.  Антонов гуфт: "Бастаи пешниҳодии  Маскав барои идомаи ҳузури пойгоҳи 201 дар ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли гузашта дар ихтиёри Ҳукумати ин ҷумҳурӣ қарор гирифт."

Муовини вазири дифоъи Русия мегӯяд, зимни музокирот бо мақомоти тоҷик ин нукта таъкид шуд, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон зомини амнияти минтақа ва амнияти Тоҷикистон аст.

Анатолий Антонов пас аз анҷоми музокироти ҳайъати низомиёни рус бо мақомоти тоҷик дар бинои Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, гуфтугуҳо сари пойгоҳи низомии Русия идома дорад, ва ҳеч ҷонибе қасд надорад, ки ҳаққи ҷонибе дар ин миён нақз бишавад ва ба ҷонибе беэҳтиромӣ сурат бигирад.

Аз муовини вазири дифоъи Русия пурсидем, ки "оё ин имкон вуҷуд дорад, ки пойгоҳҳои низомии амрикоӣ ва ё НАТО дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шавад?", ӯ гуфт: «Воқеан суоли бисёр ҷолиб аст барои посух гуфтан, аммо ба ин суол на бояд ман посух бигӯям. Зеро тасмими ин ё зарурати ин ки чӣ гуна пойгоҳ ва чӣ гуна объекти низомӣ дар ин қаламрав ҷойгир бояд шавад,  бастагӣ ба хостаҳои мардуми Тоҷикистон, президенти ин кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон дорад. Ҳеч касе дигар, ман фикр мекунам, наметавонад ҷойи ҳукумати Тоҷикистон инро муайян ва таъин кунад.  Фикр мекунам, ки раҳбарияти Тоҷикистон бисёр озмуда ва фаҳмида ҳастанд ва худ самти сиёсати хориҷии худро муайян мекунанд.» 

Аммо ба гуфтаи муовини вазири дифоъи Русия , баъд аз хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон  имкон дорад вазъият дар минтақа ноамн бишавад. Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё пас аз соли 2014-ум дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон пойгоҳҳои низомӣ пайдо хоҳанд шуд, гуфт, Русия зуҳури пойгоҳҳои хориҷӣ дар марзи СПАД-ро қабул надорад ва пайдо шудани онҳо дар ҳудуди кишварҳои узви ин паймон хилофи созишномаҳои муштарак аст. Вай ташкил ва таъсиси пойгоҳҳи низомии Амрико дар қаламрави Осиёи Миёнаро нозарур хонда ва бо ишора ба тасмими сарони созмони СПАД гуфт, танҳо дар сурати тавофуқи дастҷамъии онҳо кишварҳои хориҷӣ метавонанд пойгоҳ таъсис диҳанд.

Анатолий Антонов дар посух ба ин суоли "Миллат", ки "дар Тоҷикистон хелеҳо мутақоиданд, ки Русия аллакай мавқеияти худро дар кишварҳои Осиёси марказӣ дар баробари Амрико аз даст додааст, шумо дар робита ба ин чӣ назар доред?" гуфт:  "Дар мавриди бохтан ё аз даст додани мавқеияти Русия дар кишварҳои ОМ мехоҳам бигӯям, ки ба назари ман ОМ ин казино (қиморхона) ё майдони кадом бозие нест, ки бихоҳем муайян кунем, ки дар он кадоме дар баробари касе мебозад ва мебарад. Антонов афзуд, фикр мекунам, ҳар як мамлакат манофеъи миллии худро дар ин ё он минтақа дорад ва барои амалисозии он талош меварзад. Ва ин ҳоло дар дунё ин қадар масоили ҳалталаб аст, ба мисли терроризми байналмилалӣ ва хатароти он, ки фурсати он нест, ки бихоҳем баҳс бикунем, ки кӣ дар куҷо мебозад ва кӣ бурд мекунад ва ба кӣ бештар расида ва ба кӣ камтар.

Ҳоло муҳимтарин масъала, ки ба андешаи ман, ҳам дар пешорӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳам Федератсияи Русия аст, ин хатари ба дасти терроризм уфтодани унсурҳои аслиҳаи ҳастаист. Ва агар худое нахоста, ин аснод ва ин аслиҳаи қатли ом ба дасти террористон биуфтад. Ин мудҳиштарин бадбахтии башар, ба хусус дар ин минтақа хоҳад буд".

Анатолий Антонов ҳамчунин ба ин суоли мо, ки "дар робита ба кӯчидани бунёдгароёни мусаллаҳ аз ҷануб ба шимоли Афғонистон ва тақвият ёфтани ин гуруҳхо дар марз бо Тоҷикистон ва фаъол шудани толибон дар шимол, шумо дар мавриди муташанниҷ шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи марказӣ чи назар дорад?" гуфт: "Ман фикр мекунам, зуҳури ҳар гуна гурӯҳ, сохтор, ки ба амнияти миллии Тоҷикистон таҳдид бикунад, воқен ин як хатар ба бесуботӣ дар ин кишвар аст. Албатта Тоҷикистон ҳоло тамоми нируро ба харҷ медиҳад, то хатаротро рафъ бисозад ва тамомияти арзии худ ва истиқлоли худро ҳифз бикунад. Мехоҳам арз бикунам, ки ҳамун узви СПАД Русия ҳамеша барои бартараф кардани ҳама гуна таҳдидот ва хатарот ба амнияти миллии Тоҷикистон ва субот дар минтақа (регион) ҳамкорӣ ва талош кардааст ва дар оянда низ ҳама гуна кумакро дареғ намедорад".

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97