Қ. Қоимдодов: Итминон дорам, ки президент ба ягон генерал ва вазири қонуншикан имтиёз намедиҳад

Сиёсат 17.08.2012 09:25

Qozidavlat_QoimdodovАсолати касбӣ, амри виҷдон ва масъулияти шаҳрвандиам маро водор менамояд, ки дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ вокуниш намоям.

Сараввал ба аҳли оилаи фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба пайвандони қурбонӣ сабри ҷамил хоҳонам.

Сафорати Тоҷикистон дар Беларус шоҳиди он аст, ки тамоми шаҳрвандон, созмонҳо ва ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин кишвар аз рӯзи аввал чун ватанпарастони асил аз бозтоби ҳодисаҳои Хоруғ дар канор набуданд. Онҳо мавқеи Ҳукуматро ҷонибдорӣ карда, баҳри рафъи мушкилот андешаҳояшонро баён намуданд.

Аммо алҳол ман на чун дипломат, балки ба ҳайси шаҳрванд, собиқ муовини Раиси Шӯрои Олӣ, узви ҳукумат ва шоҳиди талошҳои зиёди Президент баҳри оромӣ ва сулҳи Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон, рушд ва ҷаҳиши иқтисодии Бадахшон, барномаи эъмори иқтисод, раҳоии ин минтақаи кӯҳсор аз бунбасти коммуникатсионӣ андешаҳои худро рӯи коғаз меорам, зеро як омили нооромӣ - ин рашки сиёҳ, адовати душманони миллат нисбат ба ғамхориҳои Президент дар ҳаққи ин мардум ва ин сарзамин маҳсуб мешавад.

Дар мавриди маъракаи таблиғу тафсири ҳодисаҳои Хоруғ ҳаминро бояд махсус зикр кард, ки мутаассифона, иғроқ ва маълумоти тахминӣ ба авҷи аълои худ расид. Албатта, воҳима, ки доимо силоҳ ва фишанги асосии иғвогарон буд ва мемонад, дар ин ҷо ҳам фаровон истифода шуд. Саъдии бузург фармудааст:

Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Бадбахт ҳастанд, он зумра хабарчинҳо, ки бо далелҳои дурӯғ ба оташи даргириҳо ҳезум мепартоянд. Дар ҳар гузориши иғвогарона ба чашм мехӯрад, ки "артиш аз Бадахшон бароварда шавад!"

Дар замони Шӯравӣ мо шиор мебардоштем, ки "Артиши Амрико аз Ветнам бароварда шавад". Ин мантиқ дошт, яъне артиши бегона ба хоки давлати мустақил даромадааст. Аммо артиши Тоҷикистон тибқи қонун ҳуқуқ ва салоҳияти ҳаракату мавзеъгирӣ дар тамоми нуқоти кишвари худро дорад, лекин дар кадом ҳолат ин артишро истифода мебарад - ин баҳси дигар аст. Дувум, гурӯҳи тафтишотӣ ва ҷузъу томҳои зудамали ВКД ва КДАМ-ро артиш гуфтан иштибоҳ аст. Ин ҷузъу томҳо ба хотири халъи силоҳ ва боздошти ҷинояткорон сафарбар шудаанд.

Ҳанӯз зимистони соли 1993 Сарвари давлат пеш аз сафари нахустинам ба ВМКБ ба ҳайси муовини Раиси Шӯрои Олӣ ба ман дастур доданд, ки набояд оташи даргириҳо дар Бадахшон забона занад. Вазъи он замон аз имрӯз даҳчанд вазнинтар буд. Тамоми қувваҳо ва душманони дарунию берунӣ Бадахшонро барои майдони ҷанги тӯлонӣ омода намуда буданд. Дар он шабу рӯз дар баробари идора кардани ҷумҳурӣ барои наҷоти Бадахшон ситоди алоҳидаи махсус созмон ёфт, ки шахсан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазир Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси ВМКБ шодравон Ғарибшо Шаҳбозов барои сар назадани даргириҳо дар Бадахшон ҷадал намуданд. Аммо имрӯз мо ошкоро иқрор мекунем, ки як қатор намояндагони Фронти халқӣ, қумандонҳои ҷангӣ гурӯҳҳои низомӣ куллан дар итоати Ҳукумат набуданд. Онҳо шабу рӯз боисрор талаб мекарданд, ки қувваҳо ба ВМКБ дароварда шавад. Сарвари давлат бо қатъият гуфт, ки ба марзи Бадахшон бидуни корвони ёрии башардӯстона ман як мил силоҳро ҳам гузарондан намемонам. Ман дар яке аз суханрониҳоям соли 1995 зикр кардам: "Мо фаъолон ваъда дода будем, ки Бадахшонро бе дахолати мақомоти қудратии ҷумҳурӣ тинҷ мекунем. Аҳду паймон кардему ин маконро минтақаи сулҳ эълон намудем. Акнун дақиқкорона андеша ронем, ҷангро то маркази вилоят кӣ овард? Мо худамон. Он яроқи оташфишоне, ки дар дасти фарзандонамон аст, он маҳсули "заҳмати" худи мост. Қолину палосҳои худро барои "ҳимоя"-и хеш барои хариди яроқ ройгон додем. Чаро имрӯз барои милитсия пул ҷамъ намекунем." ("Аз сӯзандагӣ ба созандагӣ" Саҳ. 117.)

Ба ман 24 июл, пас аз ин ҳодисаҳо даҳҳо сиёсатмадорон ва кормандони ташкилотҳои мухталифи ИДМ муроҷиат намуда, дар мавриди вазъ суол мекарданд. Ман вазъро айнан бо чунин далелҳо ва оморҳо шарҳ додам.

Мутаассифона, ҳодисаҳои авбошии Хоруғро як қатор расонаҳои иғвогар аз камбизоатӣ ва шароити бади иҷтимоии мардуми вилоят меҳисобанд. Ин ҷо ба чанд далелу омор муроҷиат мекунам.

Як марди солхӯрда барҳақ мегӯяд: "Ба ёд орем, ки эҳтиёҷмандон барои ба Бадахшон расидан ё дар муддати 10-15 рӯз барои савор шудан ба ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе мемонданд, ё аз Душанбе ба Хуҷанд парида, аз он ҷо ба шаҳри Оши Қирғизистон мерафтанд ва аз Ош бо мошинҳои раҳгузар ба Помир меомаданд. Ростӣ, азоби алиме дошт, мардуми мо!

Ҳоло ба шарофати иқдоми ҷасуронаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди ҷониби Бадахшон ва аз Бадахшон ба давлатҳои ҳамсарҳад рӯз аз рӯз ободтар мегарданд".

Ман аз далели мӯътамад истифода мебарам. Ҳангоми сафари кории Президент ба шоҳроҳи сохташаванда дар мавзеи Девдара расман хабар доданд, ки аз ду тараф роҳ минакорӣ шудааст. Муҳофизон қатъиян муқобили ҳаракат буданд. Ҳамчунин имкони аз тарафи марз оташ кушодан мавҷуд буд. Президент каме хашмгинона гуфт:

- Бо як-ду мина мо аз нияти ободкорӣ даст намекашем!

Ва худаш пешопеш ба роҳ даромад. Имрӯз ҳазорҳо нафар роҳгузарон ҳамду сано мегӯянд.

Соли 1992 Сарвари давлат дар мавриди ба эътидол даровардани вазъи Бадахшон муроҷиатнома қабул карда буд. Сарвари давлат аз рафти дастрасии мардуми Бадахшон ба ин ҳуҷҷат пурсид.

- Эмомалӣ Шарифович, дар Бадахшон телевизиони Тоҷикистон мавҷ надорад, - гуфтам ман.

Пас аз муддати начандон тулонӣ Сарвари давлат моро дар маҷлис табрик кард, ки дар Бадахшон телевизиони ҷумҳурӣ ба кор даромад. Имрӯз 99 фоизи барномаҳои шабакаи аввал, 89 фоизи барномаҳои телевизиони "Сафина" дар Бадахшон фаъол аст.

Тибқи иттилои расмӣ дар ду соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 иншоот бо маблағи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, 34 иншоот бо ҷалби маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ, 46 иншоот бо маблағи ширкатҳои хусусиву шахсони алоҳида дар ҳоли бунёдшавианд. Зимни сафар ба Бадахшон Президенти кишвар барои бунёди биноҳои хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, таваллудхона ва қасри варзиш дар маркази вилоят хишти асосӣ гузошта буд. Сохтмони онҳо низ шурӯъ гардид. Нақшаҳои генералии шаҳри Хоруғ, марказҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон низ тасдиқ гашта, Ҳукумат ба татбиқи онҳо сар кард. Барои сохтани марказҳои замонавӣ банаворгирии маркази ноҳияи Рӯшон ва омодасозии нақшаи генералии маркази ноҳияи Ванҷ низ ба субут расид.

Дар давоми соли 2012 интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар 44,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 33% зиёд шудааст. Дар иртибот ба ин пасандози мардум низ дар бонкҳо якбора 60% афзуда, он ҳоло ба 62,1 млн. сомонӣ расидааст. Гарчанде дар ин пасандозҳо меҳнати фарзандони мо, ки берун аз Ватан кор мекунанд, низ ҳаст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки зиндагии аҳолии вилоят тадриҷан беҳтар гардидааст ва ин раванд дар ҳоли рушд аст.

Дар маҷмӯъ, тайи 42 сафари кории Президент ба Бадахшон (дар замони Шӯравӣ - аз соли 1959 то 1989 роҳбарони дараҷаи аввал се маротиба ба Бадахшон сафар карда буданд) 1276 иншооту муассиса ва ширкат ба истифода дода шуд.

Ман солҳои тӯлонӣ дар Ҳукумат танзимгар ва ҳамоҳангсози барномавии шабакаҳои Оғохони IV будам. Президент ба таҳким ва иҷрои лоиҳа таваҷҷӯҳи хосса дошт ва тӯли 8 соли корӣ ягон маротиба барои баррасии он вақту имконро дареғ намедошт.

Воқеан, ҳоло ошкоро мегӯям, ки аз оғози давраи ҳамкориҳо бо Ташкилотҳои Оғохон аз сабаби набудани маълумоти кофӣ мухолифини ин равобит кам набуданд. Ҳатто бисёр ҳамкорони мо ба ин равобит ҷомаи сиёҳи сиёсӣ пӯшонида, садди роҳи ҳамкорӣ мешуданд. Аммо Президент, баръакс, қатъиян хостгори равобити ҳамаҷониба бо Ташкилотҳои Оғохон шуд.

Ман боз аз як баҳс дар ин мавзӯъ ёдовар мешавам. Ҳангоми баррасии сохтмони НБО-и "Помир-1" як гурӯҳ аъзои Ҳукумат муқобили сохтмон баромаданд. Онҳо даъво доштанд, ки мо иншооти стратегиро ба хориҷиён медиҳем. Президент ба онҳо савол дод:

- Пас аз бунёди нерӯгоҳ Оғохон онро ба куҷо мебарад?

Ҳама хомӯш буданд…

Он вақт як қатор давлатҳои бо мо шарики стратегӣ ҳам ин ниятро ғаразнок маънидод карда буданд.

Ман бори аввал бо супориши Президент ба қароргоҳи Мавлоно Ҳозиримом Оғохони IV сафар намуда, масъалаи равобитро бо Аълоҳазрат баррасӣ намудам. Мардуми Бадахшон ва тамоми исмоилиёни ҷаҳон ҳусни нияти неки Президентро чун паёми ҳамраъйӣ қабул карданд. Орзу ва омоли мардум пас аз ҷудоии 150-сола амалӣ гардид ва он имрӯз ба таври назаррас беҳ мегардад. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарздиҳии бонкӣ шумораи соҳибкорон низ ҳар сол бештар мегардад. Танҳо соли гузашта 1657 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 678 соҳибкор ба андозбандӣ ҷалб гардида, нисбат ба соли муқоисавӣ 110 нафар зиёд гардидаанд. Яъне, вақте соҳибкорӣ пеш меравад, албатта, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Акнун ба рақамҳои қиёсӣ назар кунем. Дар 20 соли охир ба вилоят сармояе равон гардидааст, ки дар 50 соли қаблӣ ҳамин миқдор маблағгузорӣ шуда буд. Бо кӯшиши бевоситаи Президент бо сармояи хориҷӣ 4 купрӯки байнидавлатӣ мавриди истифода қарор гирифт, 20 ширкату созмони муштарак таъсис ёфт. Агар дар 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ 38 километр қубури об кашида шуда бошад, пас дар 20 соли охир ин рақам 400 километрро ташкил дод.

Акнун омилҳои ин нооромиҳоро шарҳ медиҳам:

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду марҳилаи бӯҳрони иқтисодӣ бо зарари кам баромада, баръакс дар самтҳои асосии макроиқтисодӣ пеш рафт. Барномаҳои стратегии энергетикӣ, саноат ва рушди коммуникатсия суръати инкишофро суст накарданд. Сармоягузорӣ ба сохтмон дар якуним соли охир дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Молдова, Украина, ӯзбекистон мутаносибан бештар гардид. Дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ низ дар сатҳи ИДМ назаррасанд. Ҳамаи ин далелҳо рақобатпазирии ҷумҳуриро дар бозори Осиё пурқувват намуд. Бо вуҷуди муҳосираҳои иртиботию минтақавӣ ва баланд бурдани тарофаҳои нақлиётии транзитӣ қобилияти содиротии Тоҷикистон афзоиш ёфт. Омор шаҳодат медиҳад, ки бо чунин суръат Тоҷикистон дар 5 соли оянда дар содироти мева, об, алюминий бартарии комил ба даст меорад. Барои ноил шудан ба ин суръат дар Тоҷикистон имконият мавҷуд аст. Аммо танҳо вазъи сиёсии ногувор метавонад садди роҳ гардад.

Омили дуюм, ин имиҷи сиёсӣ ва эътибори байналхалқии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Аллакай Тоҷикистон дар ҳалли қазияи Афғонистон ва муаммоҳои сарбастаи муҳосираи Эрон мавқеи калидӣ дорад.

Абарқудратҳо эътидол ва ояндаи рушди Афғонистонро бе Тоҷикистон тасаввур карда наметавонанд. Ғарб дар оромиву суботи Афғонистон Тоҷикистонро як омили муҳими кафолат медонад. Дипломатияи тоҷик дар ин самт комёбиҳои калон ба даст овард. Модели пешниҳодии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди эҳё ва барқароркунии Афғонистон аз ҷониби давлатҳои узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) мусбат арзёбӣ гардид. Интиқоли нерӯҳо аз Афғонистон саҳмияи ҳамсояҳоро кам мекунад. Танҳо нооромиҳо дар марз метавонад Тоҷикистонро аз ширкати фаъолона боздорад. Аллакай дар як қатор расонаҳои ғарбӣ самти марзи Тоҷикистону Афғонистонро хатарнок тасвир мекунанд. Ин фарзияро олимону пажӯҳишгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ карданд.

Саввум. Қариб як сол боз дар атрофи барномаи энергетикии Тоҷикистон баҳсҳои шадид ва дар пайи он ҳамлаҳои ноҷавонмардона авҷ гирифтааст. Ҳатто агар мо дар ин маврид далел наорем ҳам, танҳо чунин ҳодисаҳои нанговар ба осиёби душманони берунии мо об мерезанд. Имрӯз танҳо даргириҳои дохилӣ метавонанд таваҷҷӯҳро ба бунёди нерӯгоҳҳои азим кам кунанд.

Ба омили чорум аллакай расонаҳои Ғарб ишора мекунанд. Тоҷикистон дар бозори энергетикии Осиё рақиби асосии Ӯзбекистон аст. Лоиҳаи САSА-1000 имконоти содиротии кишварро 40 фоиз баланд мебардорад. Вале сармоя аз нооромӣ сахт метарсад. Дар ду ҳафтаи охир ҷанги сарди иттилоотӣ ба муқобили Тоҷикистон метавонад садди роҳи сармоягузорӣ гардад.

Панҷум, набояд сарфи назар кард, ки иддае аз собиқ мухолифини бурунмарзӣ ва ҳизбҳои навтаъсис ҳодисаҳои Хоруғро моҳирона ба манфиати шахсӣ истифода мекунанд. Аксарияти ин нафарон солҳои тӯлонӣ аз ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ВМКБ бехабаранд. Аммо аз дур барояшон таънаву маломат кардан хеле осон аст.

Мо бояд сабабҳои ҳодисаро низ фош бигӯем. Ман шоҳид будам, ки борҳо Сарвари давлат, созмондиҳандагони гурӯҳҳои яроқнок ва собиқ қумандонҳоро авф карда буд. Тибқи қарордод ва дастурҳо онҳо ба сохторҳои давлатӣ омезиш ёфтанд, вале мутаассифона, баъзеи онҳо вазифаҳои хидматиро сӯистифода карданд. Аслан ҷинояти куштори як роҳбари идораи қудратӣ яку якбора сар назадааст. Дар як қатор расонаҳо зикр мешуд, ки сохторҳои амниятии Бадахшон дар мубориза бо маводи мухаддир ва қочоқи мол саҳлангорӣ мекунанд. Дар сатҳи миёнаи идораҳои қудратӣ ба вазъ рӯякӣ баҳо медоданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар 15 соли сулҳи умум Бадахшон барои Президент дар мадди аввал меистод. Вале сохторҳои марбута, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ на ҳамаи захираҳои сулҳи куллро истифода намуданд. Онҳо дар мубориза ва пешгирии қонуншиканиву ҷинояткориҳо бояд мунтазири амри боло нашуда, дар чаҳорчӯбаи ваколату салоҳияташон рӯзмарра кор мебурданд.

Ман қатъиян муқобили дасисаҳои расонаҳо дар бораи "тозакунии этникӣ-мазҳабӣ" мебошам. Мусулмонони шиаи Тоҷикистон иршоду ҳидоятҳои Мавлоно Ҳозиримомро баҳри риояи сулҳ иҷро мекунанд. Набояд таърихи талхи ҳазорсолаи Бадахшонро фаромӯш кард, ки ҳокимону шоҳон, амирону хонҳо роҳи исмоилиёнро ба даргоҳи Имом мебастанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо супориши бевоситаи Президент барои тамоми сохторҳои мазҳабии мусулмонони шиаи исмоилӣ роҳи васеъ кушод. Дар Душанбе калонтарин Маркази Исмоилия дар Осиё ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамзамон қобили ёдоварист, ки Мавлоно Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ ягона лидери мазҳабии дунё аст, ки дар ҳар дуо ва иршоди муборакашон аз сулҳ, ваҳдат ва ҳамраъйии тамоми дину оинҳои дунё фатво медиҳад. Дар муроҷиати навбатии худ ба Шӯрои миллии ҷамоати Тоҷикистон Аълоҳазрат муридонашро ба оромӣ даъват намуда, ҳалли қазияи Хоруғро салоҳияти сохторҳои давлатӣ донистааст.

Итминони комил дорам, ки Президенти кишвар ягон ҷинояткор ва қонуншиканро бе ҷазо намемонад, ба вазир ва генерал ё ягон шахси мансабдори қонушикан имтиёз намедиҳад. Бо супориши Сарвари давлат идораҳои қудратӣ ба ҳодисаҳои Хоруғ дар доираи қонун баҳо хоҳанд дод.

Ҳамзамон ман ба гурӯҳи 20-нафараи Хоруғ, ки дар халъи силоҳ саҳм гузоштанд, арзи сипос менамоям. Ман чун фарзанди Бадахшон аз тамоми гурӯҳҳо ва силоҳбадастон илтиҷо мекунам, ки дар тафоҳум бо сохторҳои қудратӣ сулҳу оромиро дар Бадахшон таъмин намоянд.

Иттиҳоду ваҳдати мо аз ҳамдигарбахшист ва ҳамдигарфаҳмии мо давлату давлатдориро пойдор мегардонад.

Биёед, сафобахшу тасаллобахши дилҳои ҳамдигар бошем.

Ќ.Ќоимдодов

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Беларус

манбаъ: «Ховар»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97