Шеваи муосири фаъолияти ҲНИТ

Сиёсат 16.08.2012 10:49

Ҳар касе, ки бовар дошта бошад, ки ба қудрат расидани ҳизби исломӣ имрӯз имкон надорад, иштибоҳ мекунад

Hokim_davlatovДар Тунис, Миср ва Либӣ гуруҳҳои мазҳабӣ бо пуштибонии Амрико ва Ғарб ба қудрат расиданд, дар Сурия ҳамин гурӯҳҳо бо пуштибонии боз ҳам Амрико ва муттаҳидонаш бар ивази ҳазорон қурбонӣ талош доранд, режими Асадро суқут бидиҳанд. Дар навбат кист?

Сар аз соли 2010 ба ин сӯ ҲНИТ шеваи ё тактикаи ҷадиди фаъолияти худро оғоз кардааст, ки ҳадафи он ба давлати исломӣ табдил додани ҷомеъаи исломӣ дар кишвар мебошад. Ҳоло маъракаи густардае барои ворид намудани ислоҳот ба Қонуни асосӣ ва дигаргунсозии пояҳои анъанавии ҷомеъа дар ҳоли ҷараён аст. Дар меҳвари ин фаъолиятҳои ҲНИТ ҳазфи истилоҳи дунявӣ ё асли дунявияти низом қарор дорад, ки ҲНИТ ин усулро монеъи қонунии роҳи ба ҳадаф расидани худ медонад.

Ҳамзамон бо дифоъ аз ривоҷи арзишҳои мазҳабӣ дар ҷомеъа, ҲНИТ ҳамчунин қонунӣ намудани бисёрникоҳӣ ё чандзанӣ ва пушидани ҳиҷобро низ тақозо мекунад. Мухолифати ҲНИТ бо Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки ба масҷид рафтани ноболиғон ва сохтмони масҷидҳоро танзим мекунад, дар ҳамин росто қобили арзёбист.

Дар чанд соли пеш, вақте таҳти фишори гуруҳҳои мазҳабӣ ва бар хилофи одатҳои миллӣ дар гузару хиёбон ва муассисаҳо занони зиёди чодарпуш пайдо шуданд, вазорати маорифи Тоҷикистон алайҳи ин кор иқдом кард ва ба мухолифат ва муқовимати шадиди ҲНИТ рӯ ба рӯ шуд. Чунин амалкард, бори дигар ҳадафи аслии ин ташаккули сиёсиро ба намоиш гузошт, ки он ҳам исломисозии ба тадриҷи ҷомеъа бо ҳадафи дар ниҳоят ба нестӣ бурдани асли дунявияти низом мебошад.

Пешвоёни мазҳабӣ духтарони тоҷикро аз пушидани либоси муосир манъ мекунанд ва аз онҳо тақозо доранд, ки сатр, ҳиҷоб  ва бурқаву ниқоб бипушанд ва бар асоси меъёрҳои 1500 соли пеши ибтидои ислом тафаккур кунанд.     

Ҷолиб ин аст, ки худи ҷонибдорони "исломи суннатӣ ё анъанавӣ" либоси муосири аврупоӣ ба бар мекунанд, савори мошинҳои хориҷиянд, дар назди дурбинҳои телевизион ҳам ҷилва мекунанд ва таблиғи сиёсии худро ҳам хуш доранд.

ҲНИТ дар симои ҳар нафаре танҳо объекти дасткоришаванда ё манипулиятсияи мазҳабиро мебинад.  

Системаи омӯзишие, ки фаъолони исломӣ, аз ҷумла намояндагони ҲНИТ таҳия намудаанд, барои омодасозии ходимони ояндаи мазҳабӣ истифода мешавад. Раҳбарони ҲНИТ ба омӯзиш додани кӯдакон дар чунин мактабҳо назар ба мактабҳои муосирро афзалтар медонанд. Онҳо ҷонибдори аз синнӣ хурдӣ ба кӯдакон додани дарси мазҳабӣ ҳастанд.

Ҳадафи ин кор қобили дарк аст. Дар ин синну сол ҳар чизеро, ки ба кӯдак талқин кунӣ ба осонӣ қабул мекунад. Ва ҲНИТ фаъолона барои ба даст овардани ҷону дили мактабиёни тоҷик бо шиори гӯё ҳимояти ҳуқуқи мактабиён дар пушидани либоси мазҳабӣ ва иҷозаи хондани намоз барои мактаббачаҳо дар масҷид талош мекунад. Таҳти таблиғоти ҲНИТ солҳои охир фишорҳои мазҳабӣ ба кӯдакони тоҷик афзоиш пайдо кардааст. Барои ҲНИТ ҳатто чӣ беҳтар аст, ки кӯдакон аслан ба мактаби дунявӣ ё муосир нараванд. Маҳз ба ҳамин хотир, дар бархе манотиқе, ки ҳавзаи нуфузи суннатии ҲНИТ ба шумор мераванд, кӯдакон то синфи 5 таҳсил намуда, аз идомаи рафтан ба мактаби умумӣ худдорӣ мекунанд.

Кор то ҷое расидааст, ки на танҳо хонандагони мактабҳои умумӣ, балки донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба хотири рафтан ба намози ҷумъа дарсгурезӣ мекунанд.

Яъне талошҳои ба як системаи омӯзиши мазҳабӣ табдил додани низоми таҳсилоти дунявӣ мисли офтоб рушан аст. Ба манзури омодасозии пайравон ва мубалиғони худ ҲНИТ бо истифода аз имконоти молие, ки дорад ва бо кор гирифтани робитаи худ бо кишварҳои хориҷӣ, ба сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои динӣ ба он кишварҳо мусоидат мекунад. 

Раванди омодасозии "толибони тоҷик" то соли гузашта як тамоюли умумӣ касб карда буд. Коршиносон мисолҳои фаровони ба гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, мисли Ал-Қоида, ҲИУ, Толибон, Ҳизби таҳрир, ҷараёнҳои Салафия ва Ҷамоъати таблиғ ҳамроҳ шудани хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷиро тасдиқ мекунанд.

Аммо чаро ҳукумат, вақте ки фаъолони мазҳабӣ, қонунро зери по мекунанд, мактабҳои махфӣ ташкил медиҳанд ва ё кӯдаконро барои таҳсилоти мазҳабӣ ба хориҷи кишвар мефиристанд, бояд ба ин равандҳо вокуниш нишон надиҳад? Бо назардошти он ки имкон дорад, муҳассилини мактабҳои мазҳабӣ таҳти нуфузи гуруҳҳои ифротӣ қарор бигиранд ва ё ба ҷараёнҳои ғайри маъмулии исломӣ майл пайдо намоянд, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ҳудуди 2 ҳазор муҳассилини ин муассисаҳои мазҳабиро ба ватан бар гардонад. Ва табиист, ки нахустин шуда, ҲНИТ алайҳи ин иқдом садо баланд намуд. Зеро хатмкунандагони муассисаҳои мазҳабии хориҷӣ баъди бозгашташон ба кишвар ба сафҳои ҲНИТ мепайванданд ва ба мубалиғони фаъоли он табдил хоҳанд шуд. Аммо даъвати ҷавонони тоҷик аз мактабҳои мазҳабии хориҷӣ ва муқовимат ба ин раванд ба он оварда расонд, ки акнун ҷавонони тоҷик ба таври ғайри расмӣ барои таҳсил ба чунин мактабҳо мераванд ва аз мадди назари ҳукумат дур мемонанд.  

Нируҳои мазҳабӣ-сиёсӣ ба хотири расидан ба ҳадафи худ омодаи ҳар гуна макру ҳилла ҳастанд, то мардуми мусулмонро итминон бидиҳад, ки аз онҳо пайравӣ намоянд.

Гузашта аз ин, иқдомҳои феълии ҲНИТ баёнгари он аст, ки ин ҳизб омодааст, дар ҳар фурсати муносиб, зарфияти низомии худро барои расидан ба ҳадаф истифода кунад. Фаъолшавии бошитоби гуруҳҳои ифротии мазҳабӣ дар саросари олам тайи даҳсолаҳои ахир ба ҳамоиши ҲНИТ ба ифротгароёни исломӣ мусоидат намудааст.

Ба бовари бисёре аз муҳаққиқон таҳаммулпазирии этникӣ ва мазҳабӣ барои тарроҳон ва раҳбарияти ҲНИТ қобили ҳазм нест. Дар ҷомеъаи Тоҷикистон бар мабнои тафовуте, ки миёни арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ вуҷуд дорад, ихтилофи назар миёни ин ду тарзи биниш мавҷуд аст.

Дар давлатҳои мутамаддин ва миллии муосир ҷомеъа таҷассумгари ҳамаи арзишҳои зотии мардум, аз ҷумла анъанаҳои миллӣ буда, дар шароити Тоҷикистон бояд бозгӯкунандаи арзишҳои исломӣ низ бошад. Аммо ҲНИТ умдатан ба ҳимояти арзишҳои исломӣ машғул аст ва арзишҳои миллӣ ва хоса этникиро сарфи назар мекунад ва онҳоро вобаста ба давраи то исломӣ медонад.

Арзишҳоеро, ки ҲНИТ таблиғ мекунад, аз ҷумла ҳиҷоб, бисёрзанӣ, намози занон дар масҷид ва муносибати хос бо руҳониён ва ғайра ба усули умумии давлати дунявӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ мутобиқат ва ҳамхонӣ надорад.       

Мавзеъгириҳои ҲНИТ дар аксари маврид ба арзишҳои миллӣ, анъанаҳо, мавзеъҳои шарҳвандӣ ва миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ-этникӣ ва забонӣ дар таноқуз қарор дорад.

Мушкили муҳими идеологӣ мавқеъгирии гуруҳҳои исломӣ - сиёсӣ дар баробари "давлати миллӣ" аст. Усул ва шеваҳое, ки истифода мешавад, раванди омодагӣ барои дар оянда таъсис додани як давлати фаромиллии исломӣ дар шакли хилофати исломиро ба ёд меорад, ки онро Ҳизби таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон таблиғ мекунанд.    

Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ ва барқароршавии робитаҳои ҲНИТ бо марказҳои исломӣ ва идеологии ҷаҳон, дар мавқеъгири раҳбарони он таҳти таъсири афкори панисломӣ ва фаромиллӣ дар мавриди тарзи давлатдорӣ ва ҷомеъа таҳаввули ҷиддие ба вуқуъ пайвастааст. 

Ба эътиқоди муҳаққиқон шакл гирифтани нируҳои сиёсие, ки ба усули умумии давлати миллӣ мухолифат доранд, хатари воқеъӣ ба вуҷуди давлатдории Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҳануз дар асрҳои VIII-IX гузаштагони мо бо вуҷуди дар қаламрави Хилофти арабӣ ба сар бурданашон мубориза мекарданд, ки расмҳои мазҳабӣ бо забони модарӣ иҷро шавад. Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро таҷлил мекарданд ва арзишҳову боварҳои миллиро то замони мо оварда расониданд. Вале акнун ҲНИТ ҷонибдори комилан арабӣ кардани ҳамаи маросимҳои динист. Аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ феълан таблиғоти густардаеро барои ба атфол гузоштани номҳои арабӣ пеш мебарад. Феълан пайравони ҲНИТ ба таври оммавӣ ба иваз кардани номҳои худ, ки номҳои ғайри арабӣ доранд, оғоз намудаанд.

Қисмати аъзами ҷомеъаи Тоҷикистон акнун аз он нигарон аст, ки насли нави тоҷикони исломгаро мафҳуми миллатро аслан рад мекунанд. Шаклҳои печидаи таблиғ ва усули таъсиргузории шадиди гуруҳҳои мазҳабӣ ба афкори ҳанӯз шакл нагирифтаи ҷавонон ба он оварда расонидааст, ки қисме аз ҷавонони тоҷик кайҳо Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ қабул надоранд. Ҳоло он ки Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон аст, ки ҳамчунин ба ҷашни миллӣ барои бисёре халқҳо табдил шудааст. Ва маҳз бо таваҷҷуҳ ба собиқаи ин ҷашн се соли пеш СММ Наврӯзро мақоми байналмилалӣ дод. Гуруҳҳои мазҳабӣ ба решаи арзишҳо ва боварҳои миллии тоҷикӣ табар мезананд.  

Руҳониёни исломӣ ба шеваи пӯшиши либоси исломиёни кишварҳои хориҷӣ тақлид мекунанд. Ва баъди он бо пуштибонии умумии ҲНИТ ва пайравонаш ба таври умумӣ ба пӯшидани либосҳои арабӣ-покистонӣ, бурқа, ҳиҷоб ва ниқобҳои хос на танҳо дар вақти намозгузорӣ, балки дар кӯчаву хиёбон ва муассисаву мактабҳо оғоз мекунанд. Коршиносон аз хатари хазандаи толибсозии ҷомеъа ҳушдор медиҳанд. Ҳамаи ин метавонад заминаеро барои ба вуҷуд омадани ихтилоф ва эҳтимолан, ҳатто низоъ миёни ҷонибдорони исломи анъанавӣ ва исломи мудерн ба вуҷуд биорад.

Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки Тоҷикистон аз нигоҳи нуфузи гуруҳҳои ифротгаро осебпазир аст. Мушкилоти фаровони иқтисодӣ ва бадтар шудани шароити зиндагӣ дар кишвар метавонад баҳонаи хубе бошад барои гуруҳҳои ифротгаро, ки ҷомеъаро ба тарафи андешаҳои мазҳабӣ савқ бидиҳанд ва алайҳи ҳукумат истифода намоянд. 

Раванди ба шиддати исломишавии ҷомеъаи Тоҷикистон дар шароити кунунии мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки маҳсули дар инзиво қарор гирифтани кишвар аст, имкон дорад, ба нафъи ҳаракатҳои исломӣ тамом шавад ва дар оянда хатари ҷиддиеро ин гуруҳҳо барои низоми дунявӣ ба бор хоҳад овард.

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҲНИТ дониста ва амдан ба мулоҳизоти тактикӣ мавқеъи худро роҷеъ ба масоили иқтисодӣ матраҳ намекунад. Зеро андешаи иқтисоди исломӣ ба таври куллӣ аз он чи ки то кунун дар Тоҷикистон ба номи иқтисод вуҷуд доштааст, фарқ мекунад.  

Ҳоло ҳар маҳалла ва микрорайон масҷид ва муллои худро дорад. Маҳз ҳамин муллоҳо ахлоқи ҷомеъаи камсаводро ба намоиш мегузоранд ва ба густариши таҳаммулнопазирӣ мусоидат мекунанд. Ҳар мулло сарфи назар аз сатҳи донишаш худро ҳокими руҳи мардум мешуморад ва даъват мекунад, ки ҳар кореро мардум бикунад, ки ӯ мегӯяд ва танҳо ба ҳарфи ӯ гуш фаро диҳанд. Аксари низоъҳо дар масҷидҳо миёни ҳамин муллоҳои анъанавӣ ва толибони муосири тоҷик ба вуҷуд меояд. Далели ин низоъҳо, гоҳо хайрияҳоест, ки мардум ва тоҷирон, гоҳо хориҷиён эъто мекунанд ва баъзан ҳам бар сари таъсиргузорӣ бар руҳу равони мардум миёни муллоҳо низоъ мехезад…

Дар ин миён руҳониёни расмӣ ба таври қобили мулоҳизае нуфузи худ миёни ҷавононро гум мекунанд. Ҷавонон ба касоне рӯ меоранд, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд. Нируҳои мазҳабӣ ҳар оина орзу доранд, ки Тоҷикистонро як давлати исломӣ бубинанд ва ҳаргиз аз ин орзуи деринтизори худ, яъне исломисозии ҷомеъаи Тоҷикистон рӯ намегардонанд.

Барои ҳамин шаклҳою шеваҳои мухталиф ва "муқаддаси" табдили ҷомеъаи кунунӣ ба як ҷомеъаи мазҳабиро матраҳ мекунанд. То ҳокимиятро ба даст бигиранд ва шароити мазҳабиро дар кишвар ҷорӣ намоянд. Зоҳиран бошад, вонамуд месозанд, ки ба ҳукумате ба ҷуз қудрати илоҳӣ ниёз надоранд.  

Аз моҳи ноябри соли 2011 ба ин сӯ раҳбарони ҲНИТ аз оғози як марҳилаи дигари таъқибу фишори давлат болои ташкилотҳои мазҳабӣ ва ходимони динӣ дар ҳамаи ҷо ҳарф мезананд. Онҳо пурзур шудани назорат болои муассисаҳои динӣ, мадрасаҳо, аз наворфурушиҳо ҷамъоварӣ шудани дискҳои руҳониён ва қатъи мактабҳои ғайри қонунии диниро дар назар доранд.

Мақомоти Тоҷикистон бидуни далел ба манбаҳои сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии ҲНИТ баъди "баҳори арабӣ" таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Рӯзи 23 майи соли равон Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ баъди санҷиши семоҳаи ҲНИТ эълон намуд, ки бархе камбудиҳо дар супурдани андоз маълум шудааст ва дар натиҷа ҲНИТ 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт намудааст. Ва зимни таҷлил аз рӯзи ҷавонон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ эълон намуд, ки ба он варзишгароне, ки дар бозиҳои Олимпики Ландан медал ба даст меоранд, ҲНИТ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим хоҳад кард. Ин саховатмандие, ки аҳзоби дигари ғайри мазҳабӣ наметавонанд ба намоиш бигузоранд, аз куҷост? Чунин ҳол як бори дигар собит мекунад, ки ҲНИТ манбаъи таъминоти молии хуби хориҷӣ ва дохилӣ дорад. 

Бар асоси таҳқиқоте, ки миёни 1500 нафар сокини Тоҷикистон анҷом шудааст, мудири маркази омӯзишии "Шарқ" Музаффар Олимов чунин натиҷа мегирад: Дар пасманзари афзоиши таваҷҷуҳи мардум ба гирифтани таҳсилоти мазҳабӣ зарфи 10 соли охир ба таври чашмгире сатҳи маълумотнокии умумии мардум паст рафтааст. Таҳқиқот собит кардааст, ки дар ин муддат таваҷҷуҳ ба омӯзиши Ислом якбора боло рафтааст. Ин метавонад дар оянда пайомади ҷиддие ба думбол дошта бошад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки иқдомоти ҳукумат дар ҷиҳати ислоҳот ва ё маҳдуд кардани пушидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ натиҷаи баръакс дода истодааст…

Бино ба суханони Олимов як қисми начандон бисёри сокинони кишвар ҳамчунон хоҳишманди он аст, ки дар шароити давлати исломӣ ба сар бубарад. Мисли он ки дар соли 2010 низ зимни як назархоҳӣ ҳудуди 7 % гуфта буданд, ки мехоҳанд дар давлати исломӣ зиндагӣ намоянд. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 низ ҲНИТ ҳудуди 7% овози интихобкунандагонро ба даст овард. Бисёриҳо он вақт гуфтанд, ки ҲНИТ раъйи бештареро соҳиб шудааст. Аммо таҳқиқотҳо собит мекунад, ки асосан ба ҲНИТ ҳамон қисми мардуме райъ медиҳанд, ки мехоҳанд, Тоҷикистонро давлати исломӣ бубинанд. 

Ҷолиб ин аст, ки қайд намудааст М. Олимов, вақте суол матраҳ шуд, ки Шумо шиаҳоро пайрави ислом медонед, 12,8 % пурсидашудагон посухи "не" додаанд. Бинобар ин вақте ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди маркази исмоилиён дар Душанбе иҷоза дод, нороҳатии роҳбарияти ҲНИТ ба он беасос набуд. Пас дар бораи кадом таҳаммулпазирии мазҳабӣ метавонем суҳбат кунем.

Натиҷаи як таҳқиқоти дигаре, ки таҳти пушиши САҲА маркази "Коршинос" зери унвони "Тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон" анҷом додааст, баёнгари он аст, ки 87 % пурсидашудагон аз густариши ифротгароӣ ҷиддан нигарон ҳастанд. Ва 24 % ҳам ба нуфузи ислом болои сиёсати давлатӣ таъкид намудаанд.

Аз таърихи начандон дури Тоҷикистон ҳам метавон роҷеъ ба зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ мисол овард. Дар соли 1998 яке аз раҳбарони ҲНИТ, ки он вақт бар асоси саҳмияи 30 % муовини вазири фарҳанг буд, ба таври ошкор яке аз шоирҳои тоҷикро барои навиштани шеъре дар бораи Фирдавсӣ таҳдид ба нобудӣ карда буд. Он шеър дар нашрияи "Ҷунбиш" чоп шуда буд, ки ман сардабири он будам ва танҳо баъди муроҷиъати мо ба Президент ва раиси КОМ ин масъала хомуш шуд.

Дар моҳи майи соли равон суханронии Зафар Мирзоён роҷеъ ба адабиёт, "Шоҳнома" ва Қуръон боиси баҳси тунде миёни донишҷӯён, зиёиён ва мазҳабгароҳо шуд. Дар нашрияи "Имрӯз нюс" баъди ин маҳфил як луқмае пайдо шуд, бо номи "Дар Донишгоҳи миллӣ исломро таҳқир карданд". Муаллифи ин матлаб иддаъо дошт, ки дар андешаи худшиносии тоҷикон "Шоҳнома"-ро болотар аз Қуръон медонад.

Мирзоён бештар аз 30 сол ба омӯзиши таърихи тоҷикон, "Шоҳонма" ва масоили худшиносӣ машғул аст. Дар суханронии худ ӯ гуфта буд, ки "Шоҳнома" шаҳодатномаи худшиносии мардуми иронитабор аст ва бисёре аз шахсиятҳои бузург аз "Шоҳнома" чун Қуръони форсӣ ёд кардаанд.

Дар ин суханронӣ таъкид шуда буд, ки дар ҳудуди асри VIII халифаҳои Бағдод ба иҷозаи дар Бухоро ба забони тоҷикӣ гузоштани намозро дода буданд, аммо Ҳорун -ар Рашид, халифаи замони Аббосиён инро мамнӯъ кард ва ба думболи он қатли оми халқи тоҷик, хоса касоне, ки ба тоҷикӣ намоз мегузоштанд, оғоз шуд. Баъди чунин суханони ин донишманд дар мавриди Ҳорун- ар Рашид як донишҷӯи ҳиҷобпӯш баланд шуда, З. Мирзоёнро дар таҳқири ислом муттаҳам мекунад.  

Ин донишманд мегӯяд, ки "метавон ба Худо, Аллоҳ бовар кард ва ҳамзамон тоҷик боқӣ монд, зеро давлат ва кишвари мо бар мабнои Қонуни асосӣ дунявӣ аст ва афзоиши сатҳи фанатизм метавонад ба фоҷеъа мунҷар шавад. Асри XXI асри давлатҳои мазҳабӣ нест, ин асри ҳукуматҳои таҳаммулпазир ва мутамаддин аст". Аз таърих барои мо маълум аст, ки муллоҳо дар қабристони умумӣ дафн намудани Фирдавсиро иҷоза надода буданд, ҳамчунин Ибни Сино, Носири Хусрав, Хаём ва дигарон таҳти таъқиби мазҳабӣ қарор гирифта буданд. 

Дар соли 2001 Рудакӣ Самадов, раҳбари ҷамъияти зардуштиён бо номи "Маздоясно" ба қатл расид. Аксари таҳлилгарон ба ин бовар буданд, ки сабаби куштори ӯ маҳз таҳаммулнопазирии мазҳабӣ буд.

31 декабри соли 2011 дар Душанбе Парвиз Давлатбеков, ки дар тан либоси Бобои барфӣ дошт ва мехост пайвандони худро ба соли нави милодӣ табрик кунад, кушта шуд. Шоҳидон мегӯянд, ки ӯ аз тарафи гуруҳи ҷавононе кушта шуд, ки фарёд мезаданд: Ту кофирӣ"…

Дар талоши ҳақ будан, худопарастӣ, аз вуҷуд ва қалби худ дур кардани ҳасад, таҳаммулпазир ва бахшанда будан, дар талоши илм будан, ҷониби камолот ва худшиносӣ саъй намудан, ҳаёти худро ба корҳои нек ва некӣ бахшидан, муносибати шоиста намудан бо атрофиён меъёрҳое ҳастанд, ки ҳар мусулмон бояд онҳоро риоя кунад. Аммо суоле, ки матраҳ аст, ин аст, ки рӯҳониёни феълӣ ва пешвоёни ҲНИТ ва аъзои он то куҷо ин талабот ва шароити ахлоқиро ба ҷо меоранд? Ба таври рӯшан посухи ин суол манфӣ аст. Ҳар касе, ки бовар дошта бошад, ки ба қудрат расидани ҳизби исломӣ имрӯз имкон надорад, иштибоҳ мекунад. Аммо он вақт ҳизби исломӣ ҳаргиз ҷомеъа дунявии тоҷикро, ки барои татбиқи шароити дунявӣ ва қабули шароити давлати исломӣ ҳам омода нест, ба назар нахоҳад гирифт.

Ҳоким Муҳаббатов,

раиси Ҷумбиши миллии Тоҷикистон

(Давом дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97