Сайидмаҳмад Гулов: Ҳодисаҳои Хоруғ сӯиқасд ба миллати тоҷик аст

Сиёсат 14.08.2012 10:32

GulovАз давраи соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон 20-сол гузаштааст. Бо вуҷуди ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами зиндагӣ- муваффақиятҳои соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ боз вазифаҳои азиме дар пешанд. Душманони миллати тоҷик, ки ситоди пурқудрати муборизаи зидди ному нишони тоҷикиро таҳия кардаанд ва фаъолияти онро ҳозир ҷоннок кардаанд ва муддатҳост, ки дар ин муборизаҳо таҷриба андухтаанд, таҷрибаи муборизаҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ аз бар кардаанд, боз ба ҷунбиш омаданд. Онҳо ҳар мавқеи сусту падидаҳои харобкунандаи кишвари моро барои зарбазанӣ истифода мебаранд.

Воқеаҳои моҳҳои охир (ба хусус июли соли 2012) нишон медиҳад, ки ҷои заъфи фаъолияти роҳбарон, қувваҳои қудратӣ, афкори ҷомеаро дарёфт кардаанд. Онҳо барои дар амал тадбиқ кардани амалҳои шуми худ шахсиятҳои нохалафро метавонанд истифода кунанд. Бо вуҷуди ин ки ин воқеаҳо хусусиятҳои манфиатҷӯӣ доранд, ашхоси нопӯхтаро ба тарафи худ ҷалб карда метавонанд. Ин ҳодисаҳо имрӯз дар давраи хело ҳассос ва тақдирсоз барои ҷумҳӯрӣ - даврае, ки душманони мо барои сохтани нирӯгоҳи барқии Роғун халал ворид мекунанд, рӯй доданд. Гунаҳкори ин кист таърих ба ин ҷавоб мегӯяд. Вале ин ҳодисаҳо барои зиндагии мо душворӣ пеш меоранд. Ба ҳар ҳол душман ҷои заъфи фаъолияти ҷомеаи моро эҳсос кард ва вазъиятро дар шарқи кишвар тезу тунд сохт.

Антивирус дар шароити ҷаҳонишавӣ

Набояд фаромӯш кард, ки дар шароити қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон пойдор мондани миллат ва менталитети он ба он вобаста аст, ки на танҳо миллат дастовардҳои илму техникаро аз бар кунад, худшиносии миллӣ низ бояд побарҷо бошад.

Азбаски кишвар дар даврае қарор дорад, ки ҷаҳони сармоядорӣ пай дар  ҳам ба бӯҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва сиёсӣ дучор мешавад, идеяҳои идеологии ин мамлакатҳо ба рафти инкишофи кишвари мо таъсир расонида метавонанд. Дар чунин вазъият тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти калон пайдо мекунад. Зарур аст, ки қувваи эҷодкоронаи оммаи халқро барои ҳалли масъалаи тарбияи ҷавонон равона кард. Ташаббуси мардумӣ дар ин кор зарур аст. Дар ин замони ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон метавонад на танҳо арзишҳо, комёбиҳои дигаронро аз худ кунад, инчунин дар зери таъсири маданияти нодаркори ҷаҳонӣ бимонад, ки барои мардуми бофарҳанги мо шоистаи қабул нестанд. Аз ин ҷост зарурияти тарбияи ватандӯстӣ.

Хиёнат ба Ватан

Таърихи Ватанамонро омӯхта, медонем ки гурӯҳҳое ба мақсади соҳиб шудан ба мансабе ба ватани худ хиёнат мекарданд. Ин хиёнаткориҳо сабабҳои зииёде доранд; - паст будани сатҳи маърифатнокӣ, набудани худогоҳӣ, дар сатҳи паст будани тарбияи ватандӯстию миллатдӯстӣ. Набуданд ҷумбишҳое, ки заминаи хиради миллии мардумро бедор кунанд. Барои анҷом нашудани чунин ҳодисаҳои нанговар корҳои зиёди тарбиявӣ бояд бурд.

Аз хидмат дар сафи лашкари миллӣ дурӣ ҷустани бисёр ҷавонон, дар хориҷи кишвар монанди ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, аз меҳнати ҳалол даст кашидани бисёр ҷавонон, маҳалгаро будани бисёр ҷавонон нишонаи он аст, ки ин шахсон ҳиссиёти ватандӯстӣ надоранд.

Пас чӣ бояд кард?

Тарбияи ватандӯстӣ бояд барои камолоту меҳандӯст будани ҷавонон мусоидат кунад. Муҳити солимеро бояд ба вуҷуд овард, ки барои камолоти маънавӣ ва ҷисмонӣ имконият шавад. Барои ба ҳадаф расидан ба ин мақсад чӣ кор бояд кард?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд чунин уҳдадориҳоро ёдрас кардааст: "Фарзандонро дар рӯҳи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоем. Идеяҳое, ки ба ҷавонон талқин карда мешаванд, бояд мазмуни амиқи идеявӣ-назариявие дошта бошад, ки бо далелу мисолҳои ҳаётӣ -воқеӣ асос ёфта бошанд. Ақидаҳо, идеяҳо агар ҳаётӣ бошанд, онҳо ҳамон қадар қобилияти таъсиррасонӣ доранд. Суханони панддиҳанда -муаллим бояд аз самими қалб гуфта шуда бошанду шунавандаро мубталои ин идеяҳо кунанд.

Шахси ба таълими ҷавонон машғул буда, бояд пеш аз ҳама худаш намунаи ахлоқи баланду меҳнатдӯст бошад.

Хирадмандони маҳалдӯст ва маҳалгароёни бехирад

Мақсади мо он аст, ки маҳалгароиро, ки падидаи зараровар аст, маҳкум кунем. Дар зиндагӣ ба шахсиятҳое во мехӯрем, ки онҳо хусусиятҳои маҳалгароӣ дошта бошанд ҳам, барои ободии Ватанашон ҷонбозӣ мекунанд, барои халқи диёрашон шароити хуби зиндагиро ташкил мекунанд. Волии Бухоро Исмоили Сомонӣ ба хазинаи давлати Сомониён на ҳама даромади Бухороро медод. Мақсади Исмоил халал расонидан ба кори давлатдории бародараш Наср набуд. Ӯ захираҳои Бухороро барои ободии Бухоро сарф кардан мехост ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бухоро ободтарин макони Мовароуннаҳр шуд.

Вале барои ҷомеа гурӯҳи дигари маҳалгароён хавфноканд. Онҳо, ки аслан шахсиятҳои бефарҳангу кӯтоҳбинанд, бештар барои он мекӯшанд, ки бо ёрии ҳамкорони худ камбудиҳои худро рӯпуш кунанд, ба ҳукмронии мутлақи худ муассисаро идора кунанд, қобилияти хуби корӣ ва тахассусӣ надоранд, аммо мехоҳанд бо ҳамкории ҳамшариён дар вазифа мондагор бошанд.

Маҳалгароӣ метавонад ба мафкураи ҳамдигарфаҳмӣ халал расонад, нобоварии одамонро аз ҳамкору рафиқ дур намояд, иттифоқи ҳамкоронро вайрон кунад. Ин падида ба чизи аз ҳама муқаддас барои ҳамкорон- дӯстию ёрии байниҳамдигарӣ зарар ворид мекунад. Коллектив ҳамон вақт муваффақият ба даст меоварад, ки дар байни ҳамкорон ҳамдигарфаҳмӣ бошад, ҳамкорон дӯсту тифоқ бошанд. Дар ҷомеаи ҳамкорон барои иҷрои вазифаҳо фазои дӯстию рафоқат шарти зарурист. Вале зуҳури маҳалгароӣ оқибати ногувор дорад. Мутаассифона дар кишвари мо ин падида сахт реша давондааст ва он ба кирме монанд аст, ки шираи дарахтонро макида, барои хушк шудани дарахт мусоидат мекунад. Ин падидаи номатлуб авзои ҷомеаро носолим мегардонад.

Маҳалгароии мо дастхӯши душманони хориҷӣ

Ин зуҳуротро шахсони табааи дигар мамлакатҳо ҳам ҳис кардаанд. Дар китоби "Проблемы этнических меньшинств в Таджикистане", ки масъалаи вазъи иҷтимоии Тоҷикистонро мавзӯи тадқиқ қарор додааст, қайд карда шудааст, ки "Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремизми миллатгароӣ вуҷуд надорад… Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ маҳалгароӣ рӯ ба инкишоф дорад, нисбат ба миллатгароӣ. Ин зуҳурот муносибатҳои миллиро ба дараҷаи дуюм мебардорад".* Дар ҳамин китоби номбурда гуфта шудааст, ки татқиқоти гурӯҳҳои гуногуни респондентҳо муаян кард, ки ҳақиқатан дар Тоҷикистон муносибатҳои миллӣ муътадил аст. Дар ҳамин таҳқиқот оварда шудааст, ки аксарияти миллатҳои камшумори Тоҷикистон ба пурсиши тадқиқотчиён; "Шумо ҳодисаҳои беэътиноӣ нисбати миллатҳои камшуморро дар Тоҷикистон мушоҳида кардаед?" аксарият ҷавоби рад додаанд. Махсусан чунин зуҳуротро онҳо дар таҷрибаи ҳаррӯзаи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ки онҳо бошандагони муқими онанд, мушоҳида накардаанд. Аммо маҳалгароӣ ҳамчун падидаи номатлуб бо тамоми зуҳуроташ дар ҷумҳурӣ пойбарҷост.

Даст ба гиребон шудани маҳалгароёни тоҷик дар Русия

Бояд гуфт, ки маҳалгароӣ ҳамчун одати зараровар дар давраи Шӯравӣ низ вуҷуд дошт. Маҳалгароӣ зуҳуроти дигари бегонапарастиро ба бор меорад.              

Дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ вақтҳои охир мақолаву хабарҳое чоп мешаванд, ки аз ҷанҷолу хархашаҳои тоҷикон дар Русия хабар медиҳад. Сабабҳои он ҳамон анъанаҳои пештара байни тоҷикон - маҳалагароист. Барои барканор кардани ин падида чӣ бояд кард?

Шахсиятҳое, ки дар мансабҳои баланди давлатию ҳукуматӣ кор мекунанд, аз ин падида орӣ бошанд ва ҳама кӯшишҳоро ба он харҷ кунанд, то дар он сохторҳое, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд, ин падида роҳ наёбад. Ба кор қабул кардани одамон аз рӯи маҳорати кордонӣ сурат бигирад. Шахсони ба падидаи маҳалгароӣ роҳ медода, бояд ба ҷазо гирифтор карда шаванд. Ба тарбияи ватандӯстӣ бештар бояд эътибор дод. Усулҳо ва роҳҳои тарбияи ватандӯстиро бояд беҳтар кард. Барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардан ба донишомӯзон таърихи ҳақиқии халқи тоҷикро бояд омӯзонд. Хонандагонро дар рӯҳияи идеяҳои байналмилалӣ бояд тарбия кард, вале онҳо бояд бидонанд, ки таърихи нигоҳдории забон, урфу одат, соҳибихтиёриву дигар арзишҳояш бо амалу фаъолияти тоҷикон алоқаманданд. Ҳама он муваффақиятҳое, ки дар соҳаҳои иқтисодиёту маданият, иҷтимоиёт ба даст омадаанд, асосан бо меҳнати тоҷикон ба даст омадааст. Барномаҳои мактабҳо ва донишкадаҳо бояд ба он мусоидат кунанд, ки толибилмон зарурияти якдилӣ ва якдигарфаҳмиро фаҳманд, онҳо ба муваффақиятҳои халқи тоҷик фахр кунанд.

(давом дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97