Ихтиёран пароканда шудани ҲНИТ беҳтарин ҳадя ба миллати тоҷик аст

Сиёсат 08.08.2012 08:39

Hokim_davlatovИн мақола дар як моҳи пеш омода шуда буд ва бояд ба 15 солагии Сулҳи тоҷикон бахшида мешуд. Аммо ба мулоҳизоти мухталиф ман аз нашри он худдорӣ намудам. Аммо баъди сар задани ҳаводиси Хоруғ ва даргирии низомӣ, бо вуҷуди он ки баъзе мулоҳизоте низ дар ин матлаб вуҷуд дорад, ки метавонад боиси вокуниши шадиди гуруҳҳои мазҳабӣ шавад, тасмим гирифтам, ки бо дермондагӣ онро нашр кунам. Ҳадаф аз он пардохтан ба омӯзиши сабаб ва хостгоҳи ин ҳаводис аст.  

Ҳарчи қадар ба интихоботи ноябри соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ наздик мешавем, ба ҳамон андоза нируҳои мухталифи сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъолтар мешаванд. Қарори ихроҷи нируҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон ба омодагии ин нируҳо таъсири қобили мулоҳиза дорад ва баъди баромадани онҳо имкони фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар Афғонистон ва кишвраҳои Осиёи Миёна қавӣ мешавад. Таъсири бештари ин нооромиҳоро Тоҷикистон эҳсос хоҳад кард, ки дар қаламрави он танҳо ҳизби исломии расмӣ ҲНИТ фаъолият мекунад, ки метавонад ба ин раванд мусоидат намояд.

Бо таваҷҷуҳ ба қувваи ҷозибаи идеяҳои мазҳабӣ, ки ба сифати асбоби таъсиргузорӣ болои афкори умумӣ истифода мешаванд, аз сӯи нируҳои дигаре ҳам талоши таъсиси ҳаракат ва ҳизбҳои бо гароиши мазҳабӣ ба манзури пуштибонӣ аз ҲНИТ сурат хоҳад гирифт. Масалан, бархе гурӯҳҳо аз поёни соли гузашта ба ин сӯ талош кардаанд, ки ба таври ғайри қонунӣ аз номи Ҷумбиши миллии Тоҷикистон истифода намоянд. Бо вуҷуди эътирози раҳбарияти ҶМТ ин гурӯҳи афрод рӯзи 3 май асноди худро барои сабти ном ба Вазорати адлия пешниҳод намуданд. Вале вазорати адлия бар асоси қонунӣ ин дархости онҳоро рад намуд… Дар асоси матолиби нашрнамудаи матбуот роҷеъ ба ҳаракатҳои ин гурӯҳ метавон хулоса гирифт, ки дар чаҳорчӯби барномаи ин гурӯҳ ҳимояти пардапӯшона аз ҲНИТ ҷой дорад. Ва дар назархоҳии ин гурӯҳ низ раиси ҲНИТ дар миёни номзадҳои интихоботӣ бар дигарон "пешӣ" дорад.

Ҳамчунин талошҳои сабти ном намудани Ҷумбиши ҷавонони Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад, ки раҳбарони он ҳам бар мабнои андешаҳои мазҳабӣ такия доранд. Ҷумбиши ҷавонони Тоҷикистон ҳам робитаи мустақим бо гурӯҳҳои ҷавонони мазҳабӣ доранд. Маълум аст, ки пойбандӣ ба идеяҳои мазҳабӣ дар миёни ҷавонон афзоиш меёбад ва густариш пайдо мекунад, ки ин ҳол метавонад дар оянда боиси мушкилот барои ҳамаи ҷомеъа шавад. Ва қисми фаъоли ҲНИТ бо густариши нуфузи худ тавассути Ҷумбиши ҷавонон метавонад, ки нақши муҳиме дар интихоботи оянда иҷро кунад. Ҷумбиши ҷавонон тавассути робитаҳои худ бо мухолифони берунӣ метавонад нақши манфие дар авзоъи сиёсии Тоҷикистон бигузорад. 

Таъсири чандбуъдӣ ва баҳсбарангези омили исломӣ дар афкори миллӣ ва ҳаёти сиёсӣ, ки имрӯз дар Тоҷикистон атрофи он баҳсҳои доғе ҷараён дорад, таҳлил ва баррасии амиқи коршиносонаро тақозо мекунад. Дар идомаи ин матлаб ман бархе мулоҳизоти худ роҷеъ ба пайдоиш, шаклгирӣ, рушд, ҳолати кунунӣ ва пайомади манфии амалкарди гуруҳҳои мазҳабиро барои зиндагии сиёсии Тоҷикистон баён мекунам ва ҳамчунин бархе пешниҳодотро дар мавриди сарчашмаҳои таърихӣ ва ташаккули андешаи миллӣ ироъа мекунам.

Қисми 1

Таърихчаи пайдоиш ва шаклгирии гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва шаклгирии ҳаракатҳои мазҳабӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон ва таъсири онҳо дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар таҳқиқотҳои илмӣ ва оммавии зиёде мунташир шудааст. Дар ин матолиб назарҳо ва мавқеъҳои мухталифе дар бораи ин гурӯҳҳо баён шудааст, аз маҳкумият то ҷонибдории қотеъи онҳо. Бештар матолибе ба назар мерасад, ки ба ин гурӯҳҳои мазҳабӣ - сиёсӣ назари манфӣ доранд. Барои мисол дар моҳи феврали соли 2011 дар як пойгоҳи таҳлилии анкабуди ҷаҳонӣ як матлаби чанд муаллиф Салим Одинаев, доктори илми таърих, Ваҳҳоб Назаров, номзади илми сиёсатшиносӣ ва Зафар Нураҳмадов зери унвони "Нируҳои муҳаррики терроризм дар Осиёи марказӣ. Аз Ҳаракати исломии Узбакистон то ҲНИТ" нашр шуда буд. Мақолаҳои зиёди дигаре ҳам дар ин маврид дар расонаҳо нашр шудааст.

Эълони бозсозӣ дар СССР роҳро барои пайдоиш ва таъсиси ташаккулҳои нави иҷтимоӣ ва сиёсӣ боз кард. Дар аксари ҷумҳуриҳо ин нируҳои тозатаъсис ба худ тамоюли миллӣ-ватандорӣ, миллатгароёна ва ё аз ҷумла дар Тоҷикистон мазҳабӣ ба худ касб намуданд.

Дар соли 1989 бо фосилаи кӯтоҳе дар Тоҷикистон аввал Ҷумбиши миллӣ - ватанхоҳии "Растохез", ба думболи он "Лаъли Бадахшон" ва дар соли 1990 ҲДТ таъсис шуданд. Дар моҳи июли соли 1989 ин нируҳо бо пуштибонии ҳаракати зиёиён муваффақ шуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон забони тоҷикиро мақоми давлатӣ эъто кунанд.

Тобистони соли 1990 дар шаҳри Аштархон анҷумани Ҳизби наҳзати исломии СССР барпо шуд. Он вақт дар ин анҷуман фиристодагони Тоҷикистон фаъол будани худро ба намоиш гузоштанд. Баъди бозгашт аз Аштархон вакилони тоҷик корҳои фаъолонаро барои таъсиси ҲНИТ оғоз намуданд, ки дар аввал дар назди худ барномаи тундгароёнаи таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистонро гузошта буданд. Баъдтар пешвоёни ҲНИТ иқрор намуданд, ки онҳо ҳанӯз дар поёни солҳои 70- ум дар Қурғонтеппа ба таври махфиёна ҳизби худро таъсис намуда буданд.

Ташкили митинги моҳи феврали соли 1990 бо баҳонаи роҳ надодан ба вуруди арманиҳои муҳоҷир аз сӯи нируҳои мухолиф боиси бенизомӣ ва хунрезӣ шуд. Ҳарчанде, ки нируҳои миллӣ ва озодиҳоҳӣ дар он давра қувваи пешбарандаи таҳаввулот буданд, аммо Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, қозии вақти мусулмонон ва намояндагони дигари руҳониёни расмӣ фаъолияти бештаре нишон доданд, ки дар натиҷаи он гурӯҳҳои мазҳабӣ дар бовар ва роҳи худ бештар қаноат пайдо карда, тавонмандии сиёсии худро озмоиш намуданд. (Маълумоти бештар дар ин бора дар мақолаи "Тураджонзода - мутант религии и политики" дар сомонаи "Ховар" вуҷуд дорад). Ҳаводиси февралӣ як озмоиш ва тамрини генералӣ барои намоишҳои дурударози нируҳои мазҳабӣ шуд, ки баъдтар мунҷар ба ҷанги дохилӣ гардиданд.

Тирамоҳи соли 1991 баъди шикасти ГКЧП дар Маскав нируҳои мухолифин дар Душанбе тазоҳуроти давомдореро ба роҳ монданд. Таҳти фишори ин тазоҳурот президенти вақт Қ. Маҳкамов ба истеъфо рафт, ҳайкали Ленин барканда шуд ва фаъолияти ҲК боз дошта шуд. Нируҳои мазҳабӣ дар натиҷаи ин митингҳо мавқеъи худро дар дохили нируҳои миллӣ ва демократии оппозитсионӣ ҳар чи бештар мустаҳкам намуданд. Онҳо ҳарчи бештар ба ҳақиқати идеологияи худ қаноат пайдо намуда, боварашон ба иҷро шудани вазифаи дар пешашон гузошта, таъсиси давлати исломӣ низ қавитар шуд.

Нируҳои мухолифин, ки дар соли 1991 интихоботи раёсати ҷумҳуриро бохта буданд, аз натиҷаҳои интихобот ба шиддат норозӣ буданд ва поёни моҳи марти соли 1992 ба тазоҳуроти дурударози худ дар майдони Шаҳидон оғоз намуданд. Ҷонибдорони ҳукумат низ дар ин муддат дар майдони дигар ба тазоҳурот пардохтанд.

Ин ҳодисаҳо дар даҳаи аввали моҳи майи ҳамон сол мунҷар ба хунрезӣ шуданд ва митинги ҷонибдорони ҳукумат бо ҳамин ба поён расид. Дар натиҷа Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ рӯи кор омад. Агар моҳи март ва апрел дар майдони Шаҳидон намояндагони оппозитсияи миллӣ ва демократӣ суҳбат мекарданд, дар поёни апрел ва дар аввали май микрофони майдон дигар фақат дар ихтиёри намояндагони ҲНИТ ва руҳониён буд, ки дигар ба таври ошкор дар бораи таъсиси давлати исломӣ ҳарф мезаданд. Мудирияти авзоъ ва раҳбарии тӯдаҳо дигар комилан дасти гурӯҳҳои мазҳабӣ қарор гирифта буд ва пешвоёни ҳаракатҳои миллӣ ва демократӣ дар нақши дуввум қарор доштанд, зеро дигар қувваи воқеъӣ надоштанд. 

Нируҳои мазҳабии сархуш аз шаҳди пирӯзӣ ба тадриҷ ба ҷорӣ намудани тартиботу шароити худ оғоз намуданд, ки натиҷаи он ташаннуҷи авзоъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ шуд. Дар моҳи июни соли 1992 нахустин бархӯрдҳо дар се ноҳияе оғоз шуданд, ки дар солҳои 70-ум нахустин ҳастаҳои ҲНИТ ба вуҷуд омада буданд.

Баъди истеъфои Р. Набиев таҳти фишори мухолифон дар моҳи сентябри соли 1992 низоъи миёни тоҷикон боиси нигаронии амиқи Русия ва Узбакистон шуд.

Ваколати Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ба думболи сесияи 16 -уми ШО қатъи фаъолият намуд, зеро интизориҳои мардумро натавонист бароварда кунад ва ҳам имкони онро низ надошт, барои он ки ҷанги оштинопазир идома дошт. 

Ахбори воқеъӣ ва қобили эътимодро дар мавриди саркӯби нируҳои оппозитсия дар Қурғонтеппа, Ромит ва Ғарм дар тирамоҳи соли 1992 собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон А. Чубаров дар мақолае бо номи "Моя война: Сто десять боевых выходов" нашр кардааст.

Абдулло Ҳабибов, яке аз собиқ сиёсатмадорони аршади Тоҷикистон дар мусоҳибае гуфтааст, ки "ҳамаҷо ин овоза ба по буд, ки ҳукумати исломӣ таъсис мешавад, ба ҳамин хотир кишварҳои зиёде, ки дар Тоҷикистон манфиат доштанд, аз ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ҳимоят накарданд. Талабҳое, ки исломиҳо ва коммунистҳо пеш мегузоштанд, ба ҳам зиду нақиз буданд. Ба ин далел ҷанг оғоз шуд ва марҳилае оғоз шуд, ки дигар хориҷ аз идора ва назорат буд.

Роҳбарияти кишвар бо ин вазъият коре карда наметавонист, ва Русияву Узбакистон бошанд чунин фаъол шудани нируҳои мазҳабиро наметавонистанд таҳаммул кунанд".

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ба ин тарз ҳаводиси он солро арзёбӣ мекунад: "…Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ барои баргузор кардани интихоботи шаффофи парлумонӣ таъсис шуда буд. Интихобот қарор буд дар моҳи ноябр баргузор шавад, зеро парлумоне, ки вуҷуд дошт дар шароити вазъияти фавқуллодаи соли 1990 интихоб шуда буд ва ифодагари рӯҳияи таҳаввулотҳои он замон набуд. Он парлумон як парлумони Ҳизби коммунист ва ҳукумат буд. Аммо баргузории интихоботи озодро ҳукуматдорони вақт ба маънои хатар ва шикасти худ қабул намуданд.

Барои ҳамин ба таври таъҷилӣ мардуми Кӯлобро бо баҳонаи он ки исломгароҳо ҳукуматро забт намудаанд, ба майдон кашиданд. То ҳоли ҳозир ман ягон таҳқиқоти бетарафонаеро, ки чи гуна исломиҳо ҳукуматро забт намуда бошанд, надидам. Ягон намояндаи исломиҳо то рӯзи 5 май, ки митингҳо пароканда шуданд, дар ҳукумат набуд.

Аммо дар натиҷа мо, мутаассифона, дидем, ки ҳукумат бо Узбакистон забон як намуд."

Маълум нест, ки чаро Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода худро аз шумори касоне намедонад, ки он замон дар қудрат саҳм доштанд. Ӯ, ки узви раёсати ШО Тоҷикистон буд ва ҳокимияти қонунгузории кишварро намояндагӣ мекард. Дар тӯли чанд соли фаъолият ба ҳайси қозии мусулмонон ва вакили ШО ӯ шахсияти як пешвои харизматики мазҳабӣ, сухангӯ ва арбоби сиёсиеро, ки тавони аз пушти худ бурдани тудаҳоро дорад, касб намуд.

Он вақт барои ба даст овардани ҳадафи сиёсӣ ҳизбҳо нақши умда намебозиданд. Вазъи огаҳии ҷомеъа аз омилҳои исломӣ монанди як маҳлули фавқушабаҳ буд. Ғализат ё консентратсияи маводи ҷомид  (твердое вещество) дар моеъи шавфқушабоҳ ҳаду ҳудуди худро дорад. Баъди он кристализатсия ногузир мебошад, аммо барои ин мусоидати иловагӣ зарур аст, масалан дар матраҳ намудани мавзӯъ ё меҳвар. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, ки масҷиди марказии Душанберо ба қароргоҳи мухолифон ва нируҳои зидди коммунистӣ табдил карда буд, ба ҳайси ҳамин меҳвар қарор гирифт, ки дар атрофи ӯ нахустин таҷамӯъ ё ба истилоҳ кристализатсияи нируҳои сиёсии бо тамоюли мазҳабӣ ба вуҷуд омад.

Ҳаводиси соли 1992 нишон дод, ки нируҳои дорои тамоюли мазҳабӣ имконоти худро беш аз ҳад арзёбӣ намудаанд. Баъди оғози ҷанги дохилӣ пешвоёни мухолифин Тоҷикистонро тарк намуданд ва дар Афғонистон Ҳаракати исломии Тоҷикистонро таъсис доданд. Ҳастаи аслии ин ҳаракатро аъзои ҲНИТ ва инчунин гурӯҳҳои ҷангие ташкил медоданд, ки таҳти раҳбарии ҳамин ҳизб барои муқовимат бо нируҳои ҳукумати Тоҷикистон таъсис шуда буданд…

Пешвоёни Ҳаракати исломии Тоҷикистон (ҳИТ) дар кишвари мизбон, назар ба раҳбарияти ин кишвар, бештар аз сӯи гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ ва созмонҳои ғайри давлатӣ пуштибонӣ медиданд. ҲИТ аз сӯи кишварҳои мухталифи мусулмонӣ дастгирии техникӣ, низомӣ ва молӣ мешуд.

Дар баробари он ки ҲИТ аз сӯи мақомоти расмии Афғонистон пуштибонӣ мешуд, ин ҳаракат инчунин бо Толибон, бархе гурӯҳҳои Ал-Қоида ва ҷудоиталабони чечен низ музокира мекард. Ҳамон замон буд, ки Ҳаракати исломии Узбакистон ба фаъолиятҳои Ҳаракати исломии Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Яке аз роҳбарони ИДУ эътироф намуда буд, ки дар солҳои 1992-1997 ҲИУ дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҷониби ҲИТ ба муқобили ҳукумати Тоҷикистон ҷангидааст.

Ҳамзамон бо ҲИТ дар шаҳри Маскав Маркази ҳамоҳангсозии нируҳои демократии Тоҷикистон таъсис шуд, ки боз ҳам ба таври мустақим аз ҷиҳати молӣ ва сиёсӣ вобастаи Ҳаракати исломии Тоҷикистон буд.

Тадриҷан ҲИТ муваффақ шуд, аз худ як ҳаракати исломии муътадил ва арҷгузор ба арзишҳои демократиро ба намоиш бигузорад.

Ба ҳамин тартиб, марҳилаи сохтакорӣ ва намоишии раванди аз як ташаккули низомӣ - сиёсӣ ба як эътилофи исломӣ - демократӣ табдил шудани Ҳаракати исломии Тоҷикистон оғоз гашт. Ва ба ҳам омадани нируҳои демократӣ ва миллӣ бо ҲНИТ боиси таъсиси ташаккули наве бо номи ИНОТ шуд. Ва аз он замон ба баъд ИНОТ шиорҳо ва талабҳои бештар демократиро пеш мегузошт, ки ҳадафи аслиро пардапӯш менамуданд.

Метавон ёдовар шуд, ки дар замони ҷанги дохилӣ бо пуштибонии ҲНИТ водии Рашт ба пойгоҳи нируҳои мазҳабии байналмилалӣ табдил шуда буд.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Маскав нируҳои мусаллаҳи ИНОТ бо нируҳои ҳукуматӣ идғом шуданд ва 30 дарсади ҳукумат дар ихтиёри намояндагони ИНОТ қарор гирифт, ки аксари ин вазифаҳо дар сохторҳои давлатӣ ба намояндагони ҲНИТ вогузор шуданд.

Баъди имзои созишномаи сулҳ ва тай шудани марҳилаи низомӣ ҲНИТ ба ҳайси як ҳизби комилҳуқуқ ҳаққи фаъолиятро пайдо намуд ва дар интихоботи парлумонии соли 2000-ум фаъолона иштирок намуд.

Коршиносон тайид мекунанд, ки таҳлили муқоисавии дидгоҳҳои аввалияи раҳбарони ҲНИТ дар солҳои 1999-2000-ум баёнгари он аст, ки бархе аломатҳои мусбат дар таҳаввули фикрии онҳо ҷониби амалгароӣ ва эътидол мушоҳида мешавад. Дар Ойинномаи худ ҲНИТ Конститутсияи Тоҷикистонро, ки характери дунявӣ дорад, эътироф кардааст. Ҳарчанд, ки дар ҳамон солҳо низ бархе таҳлилгарон бозгашти ҲНИТ ба майдони сиёсии Тоҷикистонро ба масобаи як минаи ба тадриҷ тарканда монанд мекарданд, ки дер ё зуд бояд мунфаҷир шавад. ҲНИТ барои расмӣ намудан ё ба расмият шинохтани худ шадидан ва бо силоҳ  мубориза кардааст. Ба бовари бархе таҳлилгарон расмӣ ё легализатсияи ҲНИТ ба ивази баҳои ҷони 50 то 150 ҳазор нафар сокини осоиштаи Тоҷикистон мумкин шуд.

Ғайри одилона тақсим шудани вазифаҳои саҳмияи 30% ИНОТ аз сӯи ҲНИТ иттиҳоди нируҳои мазҳабӣ сиёсиро ба ҳам зад. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, ки муовини аввали сарвазир тайин шуда буд, роҳи мустақил аз ҲНИТ-ро бо ҷонибдоронаш пеш гирифт. Нируҳои миллӣ ва демократӣ низ аз ҲНИТ ҷудо шуданд. Аз он замон ба баъд афроди мазҳабие, ки аз муҳофизакории ҲНИТ норозӣ буданд ва ё ба вазифае тайин нашуда буданд, донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои исломии хориҷ таҳсил мекарданд, ба фаъолиятҳои мустақилонаи сиёсӣ таҳти номҳои салафӣ ва ваҳҳобӣ ва ғайра пардохтанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама ҲНИТ барои ҳамаи нируҳои исломгаро ба унвони як паноҳгоҳ ё ба истилоҳ "крыша" -и сиёсӣ боқӣ мондааст. 

ҲИУ, ки бисёре аз кишварҳо онро чун созмони террористӣ шинохтаанд, ҳамчунон бо ҲНИТ робита дорад.

Коршиносон тайид мекунанд, ки бо вуҷуди баёнияҳои чандинкарати раҳбарони ҲНИТ, ва ҲИУ ин ду созмон ба ҳам робита доранд, ҲНИТ бо доштани мақоми расмӣ дар дохили Тоҷикистон фаъол мебошад ва ҲИУ дар Афғонистон ва Покистон, ки бо кумаки ҲНИТ дар  дохили Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа амалҳои террористиро ба роҳ мемонад ва ба ин усул аз худ дарак медиҳад.

Дар моҳи сентябри соли 2010 дар ноҳияи Рашт корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа 25 сарбоз кушта шуд ва ҲИУ тайи баёнияе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Аммо тафтишот собит намуд, ки аксари аъзои гуруҳи мусаллаҳ узви ҲНИТ мебошанд.

Маълум шудааст, ки аъзои ин ҳизб дар чунин иқдомҳо даст доранд. Аммо шеваи вокуниши ҲНИТ дар чунин мавридҳо ин аст, ки баъди сар задани ин гуна амалҳои ҷинояткорона, аз баҳри аъзои худ мегузарад.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзе ба дарозои 1400 километр дорад. Хуруҷи нируҳои амрикоӣ аз Афғонистон метавонад таъсири  барангезандае ба авзоъи Тоҷикистон дошта бошад. Ҷангиён дар шимоли Афғонистон талош хоҳанд кард, ки ба манзури ёфтани ҷойгоҳ ва паноҳгоҳ марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро убур кунанд. Инчунин тасаввур меравад, ки ҷангиёни Толиб ва Ал-Қоида низ маҳали буду боши худро ба кишварҳои Осиёи миёна мунтақил намоянд.

Фаъолшавии гурӯҳҳои мухталифи террористӣ дар шимоли Афғонистон ва аз ҷумла ҲИУ ба сароҳат баёнгари он аст, ки низоъ ба дохили минтақаи Осиёи Миёна мунтақил хоҳад шуд ва масири интиқол аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

ҲНИТ ва пуштибонони байналмилалии он вазъияти хатарнокеро ба вуҷуд меоранд, ки бар асари он Тоҷикистон ба як пойгоҳи стратегӣ барои густариши фаъолияти онҳо ба кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия табдил хоҳад шуд. 

Ҳоким Муҳаббатов,

 раиси Ҷумбиши миллии Тоҷикистон

                        (Давом дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97