Баъди 15 соли сулҳ ва оштӣ рехтани хунро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Сиёсат 02.08.2012 12:15

khorog_today_1Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқотӣ ва стратегии назди Президенти ҶТ:

-Таърих ҳуҷҷате аст, ки солҳо онро аз ёд намебарад. Аз ин сабаб дар бисёри мавридҳо он боз такрор мешавад ва натиҷаҳояш боз ба мардум акс мешавад. Бинобар ин ҷо гуфтан мумкин аст, ки он ашхосу қувваҳое, ки даҳшати ҷангро диданд ва дар он бевосита ширкат доштанд, ба онҳо имконият дода шуд, ки онҳо ислоҳ шаванд ва дигар ба он роҳ барнагарданд, маълум шуд, ки  кам дарсе омӯхтаанд. Ин ба ҳама дахл дорад. Албатта ин ҳаводис барои мо хеле ва хеле мудҳиш аст. Вале бояд гуфт, ки ҳодисаҳои Хоруғ, ҳодисаҳои Бадахшон ин воқеъоти худи safarovsayfulloТоҷикистон нест. Инҷо бозингарони бузурге ҳамроҳ ҳастанд, аз берун. Қабл аз ҳама аз он тарафи сарҳад. Пеш аз ин ҳодисаҳо ҷангиёни афғон дар назди сарҳад ҷамъ омаданд ва мехостанд, ки ба Тоҷикистони азизи мо ворид шаванду халал ворид кунанд ва сарҳадро шикананду ғайраҳо. Ва қувваҳои низомии мо ҳамроҳи қувваҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марз рафта буданд, ки дар он ҷо пеши инро бигиранд. Вале мутаассифона дар дохили кишварамон боз қувваҳое пайдо шуданд, ки онҳоро ба ҷанг кашиданд ва нагузоштанд, ки осудаю тинҷ бо душманони бурунмарзӣ ё душманони терроризми байналмилалӣ биҷанганд.

Иштибоҳ ин ҷо дар он буд, ки таҳқиқот ба таври ғайри низомӣ анҷом наёфт ва дар онҷо низомиҳо даст пайдо карданд, яъне дар ин ҷо муқовимат ангеза додани як тараф тарафи дигарро ба ҳаракатҳои ҷудоӣ майл дод, лекин дар маҷмуъ мавқеъи ҳукумат, мавқеъи низомиҳо дуруст буд, чунки бо ҷинояткорон бо тарзи дигар рафтор кардан маънӣ надошт. Ҳукумати Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ дар ҷаҳонӣ дар се чаҳор рӯзи авали ин ҳодисаҳо мавқеъаш заъиф буд ва натавонист ба пурсишҳо ҷавоб додан, лекин минбаъд фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми ҷомеъаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт, чунки ҳукумат барои ҳифзи сарҳади худаш, барои ҳифзи амнияти шаҳрвандонаш ба он гурӯҳҳои ҷинояткор ва он гурӯҳҳое, ки аз он тарафи сарҳад мехостанд сарҳади Тоҷикистонро дар он кӯҳистони бисёр дур убур кунанд, ба муқобили онҳо рафта буд ва ин вазифаашро дар назди халқи худ иҷро намуд.

Ва албатта ин ҳодисаҳо бетаъсир нестанд, сулҳи моро хатчадор месозад, вале дар маҷмӯъ не. Чунки мардуми мо боз як бори дигар симои онҳоро мебинад, ки чи нируҳое сиёсати кишварҳои бузургро ба сари мо бор мекунанд ва аз телевизионҳо ҷор мезананд, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон барои Бадахшон ҳеч коре накардааст. Ҳол он ки ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки агар аз рӯи шумори аҳолӣ гирем, ба Бадахшон дар соҳои охир бештар ва зиёдтар маблағ сарф шудааст. Ва зоҳири Хоруғ то дараҷае тағийр ёфтааст, ки ҳеч вақт чунин набуд.

Saidibrohimi_nazar01Саидиброҳими Назар, муовини раиси ҲНИТ:

Вақте ки хун мерезад, дигар он ба одам чи манфиъат медиҳад ҷуз афсӯсу надомат. Акнун худованд гузаштагонро раҳмат кунаду ҷояшонро ҷаннат кунад ва ақли солимро ба кор дароварад, ки рехтани хун ҳаргиз ба нафъи Тоҷикистон нест. Ин ҷанг ба нафъи ҳеч гуруҳу қавме нахоҳад буд, балки ба нафъи бегонагон ва душманони миллат аст. Ин чизе ки дар Бадахшон шурӯъ шуд, худо кунад, ки ақли солим ба кор ояду ҳал карда тавонанд. Воқеан куштори генерал маҳкум аст ва ҷинояткорон бояд ёфта ва муҷозот шаванд, аммо на ба шакли артиш бурдану ноором сохтани вазъ. Ман гумон мекунам, ки мақомоти худи дохилаву амният қудрат доштанд, ки онҳоро пайдо созанду ҷазо бидиҳанд. Бинобар ин ман,  умед ба худо мебандам, то талошҳое карда шавад, то роҳи баақлонаи бидуни хунрезиро пайдо кунанд. Ва дар баробари ине, ки куштори генерал Назаров маҳкум аст, мо куштори бераҳмонаи раиси бахши ҲНИТ дар вилоят бародар Сабзаалиро низ маҳкум менамоем ва бояд қотилони ӯ пайдо карда шаванд ва мавриди ҷазо қарор бигиранд. Албатта ҳар як амали ноҷое, ки мешавад, на танҳо сулҳи Тоҷикистон хатчадор мешавад, ин ҷо амнияти ояндаи кишвар ва минтақа низ зери хатар қарор мегирад.

Дар амале, ки дар Бадахшон шурӯъ шуд, худо кунад, ки ақли солим боло гираду сари ҳамдигарфаҳмӣ биёянду нагузоранд то ин ҷо гурӯҳҳое манфиъатдор дасти худро дароз созанду манфиъат бубаранд. Худо накарда кор аз дасти ҳар ду тараф берун барояд, бар зарари ин ватан аст. Барои ҳамин ман дуо мекунам, ки ақли солим боло гираду тинҷ шавад.  

MaratМарат Мамадшоев, журналист:

Дар муташанниҷ шудани авзоъ дар Хоруғ бештар аз ҳама раҳбарияти мақомоти интизомии Тоҷикистон гунаҳкор аст. Онҳо ба ҳарфи шахсони маъруфу боэътибор ба мисли академик Мамадшо Илолов дар ин маврид, ки аз истифодаи нируи низомӣ худдорӣ бояд кард, амал накарданд.

Ин қазия, аз ҷумла ҳодисаи марги генерал Назаров, бояд бо ҷалби коршиносон ва ҳуқуқшиносони мустақил, амиқ ва мунсифона таҳқиқ шавад. Ба он хотир, ки аз пеш омадани ҳамчунин вазъият дар оянда ҷилавгирӣ шавад.    

Islom_RahimovИслом Раҳимов, журналист:

Баъди чанд соли оромӣ ва хатми хунрезӣ дар Тоҷикистон бӯи хун аз Хоруғ ба машом мерасад, ки ин албатта барои тоҷикон ҳодисаи нангин аст.

Ин ҳолат ҳамон афсонаи русиро ба хотир меорад, ки гурги гурусна баъди сер шуданаш уллос мекашад ва фаромӯш мекунад, ки дар маъракае ҳаст. Шояд гурӯҳҳои силоҳбадаст ва онҳое, ки ба бетартибӣ сарукор доштанд, мисли ҳамон гург ноҷӯрӣ ва амалҳои ғайриқонунии худро дар ҳолати амният раво диданду ба уллоскашӣ сар карданд!? Ва ё ба ибораи тоҷикӣ гӯем, буқаи сершуда ба шохзанӣ сар мекунад. Шояд дар ин чанд соли осоиштагӣ онҳое, ки ба худашон итминон доштанд ва шикам сер мекарданд, ба шохзанӣ гузаштанд ва надониста монданд, ки шохи ростшудаашонро шохбанд ҳукумат аст. Ва ё мақоли қадима, ки "шӯхӣ накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб", фаромӯшашон гашта!

Ин ҷо як чизи аламовари дигар аст, ки ба амалиёти қувваҳои ҳукуматӣ баъзеҳо дар Фейсбук ва ё дигар расонаҳо характери маҳалгароёна медиҳанд ва гӯиё ин ба муқобили мардуми Бадахшон аст. Аммо дар ин маврид, яъне дар мавриди Хоруғ он амалиёт бар зидди ҷинояткорон аст.

Моҳи ноябри соли 1998 дар чор рӯзе, ки дар Хуҷанд тирпаронӣ ва ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев ба амал омада буд, чӣ қадар мардум сарсон шуданд. Дар Хоруғ ҳам аз сабаби оташкушоӣ ҳоли мардум табоҳ гардид, ки ин амри муқаррарӣ дар ҳар ҷанг аст. То ҳол мардуми Хуҷанд таъсири бади он ҷанги 4-рӯзаро ҳис мекунанд.

Ҳодисаи Хоруғ ва аз ин пеш ҳодисаи Рашт боз як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки қувваҳои дохилӣ ва хориҷии душмани Тоҷикистон мавҷуданд. Аз ин рӯ пеш аз ҳама мақомоти қудратӣ бояд, ки бо мардуми оддӣ ҳамкории худро ҷонок намояд ва корҳои тарғиботу ташвиқотӣ ва идеологӣ ҷоннок карда шавад, то ин ки пеши роҳи  ҷалби мардуми авом ба гурӯҳҳои силоҳбадаст гирифта шавад.

Мо мегӯем; Ваҳдат, Ваҳдат, Ваҳдат. Дар телевизион, радио ва дигар расонаҳо ваҳдатсароӣ мекунем, аммо барои расидан ба ваҳдати воқеӣ талош карданамон номаълум аст. Хоҳ нохоҳ маҳалгароӣ дорем, идораҳоро минтақавиву маҳаллӣ кардем, (ба ин расонаҳои хабарӣ мисол аст, ки шимоливу ҷанубиву ғарбиву шарқӣ кардем, аз дигар сохтор сухан намекунам) ва ин ҳолатамон магар ваҳдатзост?

Ҳар ҳодисаи нохуш боз як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки барои Ваҳдати воқеӣ, барои ягонагии самимӣ, барои муросо кӯшиш кунем. Аз ваҳдати забонӣ, аз ватандӯстии намоишии телевизионӣ, аз сулҳҷӯиҳои муғризона парҳез карда, ба Ваҳдати қалбҳо, ба садоқати самимӣ ба Ватан ва дар симои ҳар тоҷик хоҳ шимолӣ, хоҳ ҷанубӣ, хоҳ шарқӣ ва хоҳ ғарбӣ ТОҶИК-ро бинем он гоҳ сулҳ, оштӣ, муросо, миллат побарҷо хоҳад монд.

Orzu_HamidovОрзуи Ҳамид, сардабири нашрияи "Пажвок":

Ходисае, ки дар Хоруғ рӯй дод, воқеан, барои аксари ҷомеаи тоҷик ғайримунтазира буд. Бо вуҷуди оне, ки пештар сару садоҳо дар мавриди худкомагии баъзан "авторитет"-ҳои авбошмаоб дар Бадахшон миёни ҷомеа паҳн шуда ва ҳатто латукуб кардани нафарони додситонӣ низ расонаӣ гардид, аммо қатл кардани нафари аввали Кумитаи амният дар ин минтақаро дараҷаи баланди таҳқир ва нописандӣ ба қонунҳои давлативу арзишҳои инсонӣ метавон ном бурд.

Ба назари мо ташкили амалиёти поккории гурӯҳҳои ҷинояткор саривақтист, вале то ҷое мушоҳида мешавад, на ҳамаи паҳлӯҳои он пеш аз шурӯи амалёт омӯхта шудаанд. Аммо тавре аз воқеоти шабеҳи минтақаҳои дигари кишвар огоҳем, тамоми гурӯҳҳои дохиливу хориҷӣ аз ин воқеот истифода бурдан мехоҳанд. Махсусан, ҳоло ки муносибатамон бо ҳамсоякишвар - Узбакистон нохуб аст, мебояд дар ташкили ба ин монанд амалиёт нақшабандии ҷиддӣ кард ва оддитрин ҷузъиёти он набояд сарфи назар шавад. Агар ин амалиёт бо тамоми ҷузъиёт пештар омӯхта мешуд, шояд, кор то ба ин ҳад намерасид.

Гузашта аз ин, бисёр гурӯҳҳои фурсатталабе дар дохил ва хориҷ ҳастанд, ки аз андак воқеа мехоҳанд, манфиатҳои худро бароварда созанд. Ҳол он ки амалиёте шабеҳи Хоруғ воқеаи андак нест. Масалан, хеле содда метавонанд ин мавридро ворид шудани халал дар сулҳу субот ва зери суол бурдани ваҳдати миллӣ унвон кунанд. Дар ҳоле ки ҷонибҳои сулҳи кишвар вориди ин муноқиша нестанд. Ба истиснои кушта шудани раҳбари бахши ҲНИТ дар Бадахшон, ки ахиран дар сомонаи "Ҷумҳурият" аз ӯ ба масобаи ҳамкори балвогарон ёд шудааст.

Чизе аз ҳама баҳсбарангез ин аст, ки дар тамоми эътирозҳо муътаризон берун шудани нируҳои ҳукуматиро аз ҳудуди Бадахшон тақозо мекунанд. Мардуми Афғонистонро фаҳмидан мумкин, ки дар эътирозоти худ берун шудани нируҳои Амрико ва шарикони онро аз кишварашон тақозо мекунанд. Аммо аз Бадахшон, ки ҳудуди Тоҷикистон аст, тақозои берун шудани нируҳои ин кишвар комилан аз ақлу мантиқ дур аст. Берун шудани нируҳо аз Бадахшон дар ин сурат мантиқан аз даст додани Бадахшон ва онро хоки бегона муаррифӣ кардан аст. Аслан, хунрезӣ аз бадтарин корҳои инсонист, ки ҳар инсони солимақл онро маҳкум мекунад. Мо ҳам хостори хунрезӣ нестем, аммо амнияти Тоҷикистон ва якпорчагии онро болотар аз ҳама аҳдоф медонем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97