Изҳори таассуф ва ташаккури вазири дифоъ

Сиёсат 02.08.2012 11:33

Амалиёт идома дорад ё ба ҳадаф нарасид? Чор фармондеҳе, ки ҳадафи амалиёт буданд, куҷо шуданд?

hayrulloev-baВазири дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 31 июл дар нишасте бо аъзои кумитаи 20-нафараи муташаккил аз мақомҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, аз ҳамкории мардум ва талошҳои масъулон барои таъмини амният ва бозгашти оромиш ба вилояти Бадахшон қадрдонӣ кард.

Вай бо ибрози таассуф аз кушта шудани теъдоде ғайринизомӣ дар ҳодисаҳи охири Хоруғ, гуфт: Ба унвони як мақоми давлатӣ ва низомӣ аз кушта шудани афроди бегуноҳ дар ҳодисаҳои охири минтақа мутаассиф аст.

Ба гузориш хабаргузории Авесто, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ҳамчунин аз намояндагони Карим Оғохон, раҳбари фирқаи исмоилия барои ташвиқи шӯришиён ва мардум ба таҳвили аслиҳаи худ ва муаррифии афроди шӯришӣ ташаккур кард.

Тибқи эъломи вазорати дохилаи Тоҷикистон, ҳудуди 140 ҳазор нафар аз пайравони фирқаи исмоилия дар вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунанд.

Вазири дифои Тоҷикистон, ки барои баррисии охирин вазъияти вилояти Бадахшон ба шаҳри Хоруғ сафар кардааст, афзуд: Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ барои ибрози ҳамдардӣ бо мардуми ин минтақа дар моҳи сенябри соли ҷорӣ дар ҳаштодумин соли таъсиси ин шаҳр ширкат хоҳад кард.

Хайруллоев бо ишора ба талоши зиёди давлат барои коҳиши хисороти ҷонӣ ва молии ин ҳодиса гуфт: Давлат барои нишон додани ҳусни нияти худ на танҳо чандин бор оташбасро тамдид кард, балки аз афроди саршиноси вилоят хост то шӯришиёнро ба супурдани силоҳҳои худ тарғиб кунанд.

Вазири дифои Тоҷикистон афзуд: Давлат барои таҳаққуқи ин амр ҳатто ба ҷуз таъкид бар боздошт ва муҳокимаи се нафар омили аслии террори генерал Абдуллоҳ Назаров, раиси кумитаи амнияти вилояти Бадахшон, бақияи афродро аз пайгарди қонунӣ озод кард, то силоҳҳои худро ба мақомҳои амниятӣ диҳанд.

Қатли раиси кумитаи амнияти вилояти худмухтори Бадахшон сабаб шуд то давлати Душанбе иқдом ба фиристодани нируҳое аз воҳидҳои горди раёсати ҷумҳурӣ, вокуниши сареъи кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати дохила ба минтақа кунад, ки ин амр ба даргирии нируҳои ду тараф сабаб шуд ва ба гуфтаи манобеи давлатӣ то кунун беш аз 40 кушта бар ҷо гузошта аст.

Аз ҷумла бар асари ин даргириҳо 17 нафар аз нируҳои давлатӣ кушта ва теъдоди 30 нафар ҳам маҷрух шудаанд. Давлат дар рӯзи 25 июл баъди кушта шудани теъдоде аз сарбозони худ ва шиддат гирифтани муқовиматҳо, ба хотири густариши бештар пайдо накардани он ва ҷилавгирӣ аз хисороти бештар аз як сӯ ва аз сӯи дигар таҳти фишори кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ амалиёти Хоруғро қатъ намуд. То кунун Русия, Ирон, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба ҳаводиси Хоруғ изҳори назар намуда ва хостори таъмини амният ва ҳуқуқи шаҳрвандон ва сокинон дар маҳалли баргузории амалиёт шудаанд.

Аз ҳамаи кишварҳо танҳо Чин ба сароҳати тамом аз давлати Тоҷикистон пуштибонӣ кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин гуфтааст, аз талошҳои давлати Тоҷикистон дар ҷиҳати таъмини субот дар Бадахшон пуштибонӣ мекунад.

Аз нируҳои дохилӣ низ ҲКТ ва ҲУСДТ аз баргузории амалиёти низомӣ истиқбол накарданд ва хостори ихроҷи воҳидҳои артиш аз Бадахшон шуданд. Ин ду ҳизб ба сароҳати тамом амалиётро маҳкум намуданд.

Аммо ҲНИТ дар баёнияи худ роҷеъ ба ҳаводиси Хоруғ дар сар задани ин ҳаводис фармондеҳони собиқи худро муттаҳам донист ва гуфт, онҳо барои ҳамкорӣ бо давлат дар амри пайдо кардани қотилони А. Назаров ҳозир нашуданд. Яъне ҲНИТ дар пеш омадани вазъияти мазкур амалан нируҳои шӯришии мусаллаҳро муттаҳам донист.

Аммо ахиран маълум шуд, ки Сабзаалӣ Мамадризоев, раиси ҲНИТ дар вилояти Бадахшон дар ҷараёни ҳаводиси чанд рӯзи ахир кушта шудааст. ҲНИТ ин хабарро тасдиқ карда ва изҳори умедворӣ кардааст, ки мақомот ҳодисаи мазкурро таҳқиқ хоҳанд кард ва қотилони ӯро ҷазо хоҳанд дод.

Раҳбарони ҲНИТ дар ҳоле ба ин хушбоварӣ суҳбат мекунанд, ки рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият" навиштааст, ки раиси ҲНИТ дар Бадахшон узви гурӯҳи ҷиноии Толиб Аёмбеков ва дар ҷамъоварии аъзои дастаи мусаллаҳи ӯ фаъол будааст.

ҲНИТ ба далели ноором нашудани вазъият аз ҳар гуна изҳори назари қотеъ дар ин маврид худдорӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳои ахири расонаҳо раиси бахши шаҳрии ҲНИТ низ аз чанд рӯз ба ин ҷониб дар Хоруғ нопайдо шудааст. Ҳоло ҲНИТ ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.

Акнун аз ду рӯз ба ин ҷониб расонаҳо аз оғози халъи силоҳ хабар медиҳанд. ВКД хабар додааст, ки то кунун 200 силоҳ дар шаҳри Хоруғ бо миёнравии фаолони шаҳр ва халифаҳо ба мақомоти зирабт таҳвил шудааст. Аммо тарафи дигар, яъне гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ то кунун ин хабарҳоро тайид ё рад накардаанд. Чизе маълум аст, ин аст, ки дар воқеъ гуруҳе аз намояндагони ҳукумат бо миёнравии намояндагони Бунёди Оғохон бо Имомназар Имомназаров, яке аз пешвоёни гурӯҳҳои мусаллаҳ гуфтугӯ кардаанд. Охирин хабаре, ки аз қавли Имомназаров мухобира шуд, ин буд, ки мо омодаем бо миёнравии САҲА протоколи халъи силоҳро имзо кунем. Ва шарти онҳо ин буд, ки воҳидҳои низомӣ аз дохили шаҳр хориҷ шаванд ва ба ҷуз аз ду нафаре, ки дар куштори А. Назаров даст доранд, каси дигаре ба муҷозот кашида нашавад.

Ҳоло аз ҳеч гуна натиҷаи ин музокирот ва ба тавофуқ расидани тарафҳо хабар дода намешавад, аммо гуфта мешавад, ки халъи силоҳ идома дорад. Аз сӯи дигар, расонаҳои давлатӣ ба шиддати тамом роҷеъ ба ҷиноятҳои чаҳор нафар И. Имомназаров, Т. Аёмбеков, М. Боқиров ва Ё. Мамадсаломов суҳбат мекунанд. Дар чунин шароите оё ин чор нафар, ки сарварони аслии гурӯҳҳои мусаллаҳ мебошанд, омодаи гузоштани силоҳҳои худ ҳастанд?

Ҳадафи аслии амалиёт низ боздошт ё нобудии ҳамин чаҳор нафар буд. Аммо то кунун на хабари боздошт ва на хабари нобудии ҳеч яке аз ин чор нафар нашр нашудааст. Пас суоли матраҳ якест; амалиёт идома дорад ё ба ҳадаф нарасид?      

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97