Пойгоҳҳои низомӣ: Ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ ё ба зар,

Сиёсат 29.07.2012 11:57

аммо бо баҳои ҷони мардум

poygohi_nizomiКари Мартин, раиси маркази транзити Манас дар дидор бо намояндагони маҷлиси Қирғизистон амалкарди иқтисодии ин пойгоҳро барои Қирғизистон тавзеҳ додааст. Ӯ зимни ин мулоқот бо вакилони парлумон таъкид доштааст, ки танҳо дар соли 2011 ин марказ 150 миллион доллар барои давлати Бишкек даромад овардааст.

Бо вуҷуди ҳосили даромади чашмгир аз ба иҷора додани Манас барои пойгоҳи Амрико, масъалаи тамдиди ҳузури низомиёни амрикоӣ пас аз соли 2014 дар Қирғизистон ба мушкиле дар сиёсати хориҷаи ин кишвар табдил шудааст. Ва бинобар тавофуқи қаблӣ Амрико бояд пас аз соли 2014 аз Манас хориҷ шавад.

Ин дар ҳолест, ки баҳси тамдиди қарордод барои ҳузури ройгони пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки соли 2014 ба поён мерасад, низ доғ аст.

Аз ин баҳсҳо маълум мешавад, ки ду абарқудрат ҷанги шох ба шохеро дар минтақа роҳандозӣ кардаанд, ки эҳтимоли афзоиши хатарот ва сар задани ҷанги нави ҷаҳониро дар минтақа пешгӯӣ мекунад. Аз мустақар шудани пойгоҳҳои низомии қудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақа, хоҳ ройгон ва хоҳ ба ивази миллионҳо доллар, хатари ба бозори силоҳ табдил шудани минтақаро бештар мекунад ва маълум аст, ки ҷуброни ин зарар бар дӯши мардумони ин минтақаст, ки бо баҳои ҷони худу азизонашон ва аз даст додани зиндагӣ тамом хоҳад шуд.

Зимнан, Амрико аз соли 2001 дар Қирғизистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм лангар партофт ва бо гузашти беш аз як даҳа аз ҳузураш дар минтақа ҳамоно хиёли тарки онро надорад. Ба гуфтаи коршиносон барномаи ҳузури низомии Амрико дар минтақа барои дарозмуддат пешбинӣ шудааст ва ин қудрати ҷаҳонӣ бо ҳар қиммате ҳузурашро дар ин ҷо таъмин хоҳад кард.

Русия ҳам, ки дар минтақа собиқаи ҳузури низомӣ дорад, намехоҳад барои рақиби пурқудрати худ Амрикои ҷаҳонхоҳ ҷо холӣ кунад. Дар ҳоли ҳозир Русия на бо пардохти маблағе барои иҷора, балки бо зӯр мехоҳад ҳузури худро дар минтақа таъмин кунад.

Формуле, ки дигар замонаш гузаштааст.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97