Аз оғози дубораи ҷанг ҷилавгирӣ кунед!

Сиёсат 28.07.2012 18:23

Муроҷиатнома

AkbarshoМо аз воқеъаҳои чанд рузи ахир дар шаҳри Хоруғ, рехтани хуни тоҷик ва идомаи ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Бадахшон ба даҳшат омада,  изҳори таассуфи амиқ мекунем. Ба андешаи мо ҳануз ҳам фурсати  бо роҳи мусолиматомез ва бидуни истифода аз неруи низомӣ ҳал кардани масъалаи боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров аз ихтиёр хориҷ нашудааст. Ҳама гуна сулҳи бадтарин аз ҷангу хунрезӣ беҳтар аст.

Чуноне, ки  ҳама гуна хушунат дар боздошти гумонбаронро маҳкум мекунем, ба шиддати тамом қатли генерал Абдулло Назаровро низ маҳкум менамоем. Гунаҳкорони ин куштор  бидуни шак бояд дар асоси қонунҳои мавҷуда боздошт ва муҷозот шаванд. Ба ҳеҷ ваҷҳ беҷазо гузоштани ин афрод қобили қабул нест.

Аммо ҳодисаҳои чанд рузи охир маълум кард, ки бо роҳи истифода аз артиш  ва хушунат ин кор имконпазир нест. Идомаи хушунатҳо метавонад боиси густариш пайдо намудани бенизомӣ ва эътирозҳо дар манотиқи дигар шавад.

Ҳоло вазифае, ки ҳамаи мо дорем дар ҳамин ҳолат хатм намудани низоъ ва даргирӣ мебошад. Идома пайдо кардани ин бархурдҳо метавонад боиси он гардад, ки дастҳои хориҷӣ дар қазия дароз шаванд ва гуруҳҳои муқовиматгар пуштибонони хориҷӣ пайдо намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба мавқеъи ҷуғрофӣ ва ҳассосиятҳои хоси Бадахшон ин кор аз имкон берун нест. Он гоҳ якпорчагии Тоҷикистон мавриди таҳдид қарор хоҳад гирифт. Қарзи фарзандӣ ва хамдиёрии мо тоҷикон  ҳифзи Истиқлол ва якпорчагии Ватани маҳбубамон –Тоҷикистони азиз  аст. Ба ин далел, бояд бо ҳар роҳу васила аз густариши хушунат ва бархурдҳои бештар ҷилавгирӣ карда шавад.

Ҳоло боз расонаҳои хабарӣ аз имкони шуруъи дубораи даргириҳо ва амалиёти низомӣ иттиоъ медиҳанд. Умедворем, ки раҳбарияти Тоҷикистон ба баргузории дубораи амалиёти низомӣ иҷоза нахоҳад дод.

Ба назари мо роҳи аслии берун рафтан аз ин вазъият ва ҳалли буҳрони пешомада бозгашт ба масири мусолиматомез ва хориҷ намудани воҳидҳои низомӣ аз ҳудуди Бадахшон аст.

Бо умеди оромӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз,

Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва сарпарасти раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР

Ҳайдаршоҳи Акбар, собиқ вазири кишоварзӣ ва вакили мардумӣ дар Шурои Олӣ

Азизи Хошок, сардабири нашрияи «Ҳамватан» дар шаҳри Маскав, собиқ вакили мардумӣ

Толибшоҳи Сайидзода, барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Абдулқодири Алавӣ, профессор, шаҳри Маскав

Раҳматкарими Давлат, журналист

 

Муҳаммадвафо Ризозода, журналист

 

Наҷмиддини Шоҳинбод, нависанда


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97