Охирин таҳаввулоти Хоруғ

Сиёсат 26.07.2012 14:51

DSC_0109__Ин акс тавассути гуруҳи ташаббускори ҷамъияти бадахшониёни муқими Маскав ба идораи «Миллат» фиристода шудааст.

 Дар ин акс собиқ мактаб интернати маказии шаҳри Хоруғ дар ҳоли сухтан аст. Соат ва таърихи рӯзи дақиқи ин сухтор ҳам аниқ нест.

Ин акс дар ҳоле мухобира шудааст, ки мақомот дар гузоришҳои худ идаъо мекунанд, ки зараре ба мардум ва обеъктҳои мулкӣ ва ғайринизомӣ нарасидааст. 

Гуфтанист, амалиёти алайҳи гуруҳҳои ба гуфтаи мақомот ҷиноӣ ва дар куштори сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон Абдулло Назаров даст дошта, рӯзи 24 июл оғоз шуда буд. Давлат гуфтааст, ки дар ҷараёни ин амалиёт 42 нафар, аз ҷумла 12 нафар корманди ниҳодҳои давлатӣ ва 30 нафар аз дастаҳои мусаллаҳ кушта шудаанд. Аз субҳи рӯзи гузашта миёни тарафҳои даргир оташбас эълон шудааст, ки то кунун идома дорад.

То кунун ҳама гуна иртибот бо шаҳри Хоруғ қатъ аст. Имкони мухобираи хабар вуҷуд надорад ва танҳо тавассути алоқаи кайҳонӣ мумкин аст робита барқарор кард.

Ба иттилои як ширкати туристии австралӣ, ки сайёҳонро барои саёҳат ба Бадахшон фиристодааст, ҳудуди 100 нафар аз сайёҳони хориҷӣ , ки бояд рӯзи 24 июл Хоруғро тарк мекардаанд, натавонистаанд аз ин шаҳр берун шаванд. Ба иттилои хабаргузории «Азия плюс», ки ин сайёҳон шаҳрвандони ИМА ва Канада будаанд ва ин ширкати туристӣ ба хотири таъмини амнияти муштариёни сайёҳи худ асмоии онҳоро ба сафоратхонаҳои Аврупо ва ИМА ирсол доштааст. Намояндаи ин ширкати туристӣ гуфтааст, ки яке аз ин сайёҳон, ки телефонии моҳвораӣ дорад, бо онҳо дар тамос аст ва ба гуфтаи ин сайёҳ, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар шаҳр зиёд аст ва бо сабаби набудани иртибот вазъияти буду боши онҳо маълум нест.

Ҳамчунин 70 нафар аз кормандони созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон дар муҳосараи Хоруғ қарор доранд ва имкони берун рафтан аз шаҳрро надоранд. 

Ба навиштаи «АП» намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо муроҷиат ба мақомоти интизомӣ дархост кардаанд, то барои берун шуданашон аз шаҳри муҳосирашуда мусоидат кунанд.

Бино ба хабарҳои охир, манобее аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтаанд,ки тақрибан ҳамаи афроди боздоштшуда дар амалиёти Хоруғро ба Душанбе интиқол додаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар ин амалиёт, 40 узви  гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97