ШАРФАИ ГОМҲОИ НОМУБОРАК… МЕШУНАВЕД!?

Сиёсат 26.07.2012 11:48

Ё назаре иҷмолӣ ба сиёсатҳои Амрико ва Ғарб дар Ховари Миёна. Баҳоре, ки интизорашро надоштанд. Тоҷикистон дар моварои манофеи  се бузургманиш.

azizi_sanginҲануз дар соатҳои аввалини баъди ҳамлаи террористӣ ба Ню-Йорк ва Вошингтон дар таърихи 11 сентябри соли 2001 таҳлилгарони сиёсӣ ҳадс зада буданд, ки дунё баъд аз ин ҳамоне нахоҳад монд, ки то ин замон буд. Ин маъниро онҳо дақиқан дар чеҳраи раиси ҷумҳури вақт Ҷорҷ Буши хурдӣ нахонда буданд, не, чун ин чеҳраи аз тарс карахту пӯкида дар он лаҳзае, ки ин хабарро дар гӯшаш гуфтанд, ҳеч маъниро, қатъан ҳеч маъниро ифода намекард, ҳамчунон ки як санг, як кулӯх ё як кунда ҳеч ангезае аз худ дар намеорад. Пас он ҳадси таҳлилгарони сиёсӣ бар чӣ пояе асос ёфта буд?

Идомаи "ҷанги сард"

Аввалан, баъд аз хотимаи "ҷанги сард" ва фурӯпошии Шӯравӣ (агар бар ин бовар бошем, ки бо фурӯпошии Шӯравӣ "ҷанги сард" хотима ёфтааст, ки сахт шубҳабарангез аст), Амрико бо як баҳонаи ҷиддӣ ва фарогире ниёз дошт, ки бар пояи он сиёсатҳои қудратталабона ва намоишкоронаи хешро ба ҳамон андозае, ки алайҳи Шӯравӣ ва бошгоҳи сотсиалистӣ ба роҳ монда буд, идома диҳад. Ин сиёсатҳо дар чӣ ифода меёфтанд? Қабл аз ҳама дар мусобиқаи таслиҳотӣ, такмили аслиҳаи ҷангӣ ва технологии ба хусус силоҳи атомӣ, афзудан ба тавлид ва фурӯши силоҳ ва аз ин роҳ беҳбуд бахшидан ба иқтисоди рӯ ба таназзул ниҳодаи Амрико; фишор, дастдарозӣ ва дахолат ба умури кишварҳои дигар ва аз ин тариқ бозӣ дорондан, манипулятсия ё аниқтараш кашонидани онҳо ба бозиҳои глобалие, ки дар онҳо манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии Амрико матраҳ мебошад. Ва билохира бунёди як низоми ҷаҳоние, ки бо хост ва иродаи Амрико ва фақат Амрико бичархад ва ҳеч давлат, қудрат ё низоми дигаре ин "таносуби" яккақутбиро халалдор насозад. Яъне баъд аз хотимаи "ҷанги сард" ин зовия дар сиёсатҳои Амрико холӣ монда ва баҳона барои идомаи сиёсатҳои пешин ва "одилона" ҷилва додани он сиёсатҳо ба ҷаҳониён аз дасташ рафта буд. (Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида гоҳо ба худаш ин ҳуқуқро ҳатто ҳам медиҳад, ки бидуни ҳеч "баҳона" ва бо "одилтарошӣ" низ ба умури дигар кишварҳо дахолат кунад, вале ин мавзӯъи дигар аст). Пас он пешгӯии муфассирони сиёсӣ роҷеъ ба ин, ки баъди санаи 11 сентябри соли 2001 як таҳаввулоти ҷиддӣ ва фарогире дар вазъи ҷаҳон ба вуқӯъ хоҳад пайваст, бар он поя асос ёфта буд, ки ин ҳамлаи ногаҳонӣ ва ғайриинтизор (ғайриинтизор будан ё набудани он ҳануз ҳам бо гузашти қариб 11 сол муаммоест сарпӯшида ва баҳсбарангез ), "даст"-ҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар пешбурди сиёсати ба истилоҳ "дахолати фаъолона" ба умури байналмиллал боз мекунад ва сиёсати хориҷии ин абарқудратро аз он марҳилаи даҳсолаи нисбатан рокид ва карахти баъди сукути Шӯравӣ ба маҷрои "табии"-и хоси худаш- пуршӯру моҷаробарангез ва ковбойӣ бармегардонад. Ва воқеан ҳам тамоми ҳаводиси баъди даҳаи охир дар авзои ҷаҳон далел бар ҳаққонияти он пешгӯиҳо буд.

Бозиҳои дугона ё чандгонаи шайтонӣ

Ҳануз дуду хокистари Маркази ҷаҳонии тиҷорат фурӯ нанишаста, ҳануз комиссиюнҳои тафтиши ин ҳаводис ба хулосае наёмада, ҳануз Шӯрои Амнияти Созмони Миллал "хамёзаи хоб" накашида, армадаи ҷангии ИМА мусаллаҳ бо навтарин ҷангафзорҳо ба хоки Афғонистон фурӯ рехт… Он чунон шитобзадаву саросемавор, ки гӯӣ мунтазири ҳамин як баҳона буданд ва ин бор ҳатто болои сар бардоштани "ливои демократи"- ашонро ҳам фаромӯш карданд. Дақиқтараш фаромӯш не, балки шармиданд аз боло кардани он? Охир чи тур метавонӣ як сарзаминро бо 150 ҳазор сарбози мусаллаҳ ва ҳазорҳо тайёраву дигар аслиҳаи ҷангӣ ба хоку хун кашонию гӯӣ, ман ба шумо демократия ҳадя меорам?! Ҳарчанд пасонтар, замоне ки бепоя будани баҳонаҳои асосиашон ба ҷаҳониён ошкор гашт, маҷбур шуданд ниқоб аз чеҳра барафкананд ва боз ҳамон "ливо"-и дар гӯша чангзада хобидаашонро боло кунанд. Вале суолоте аз қабили он ки ин ҳама лашкари чансадҳазор нафараи то гулӯ мусаллаҳи Амрико ва шарикони стратегиаш дар хоки Афғонистон ва баъдтар Ироқ - кишварҳои барояшон бегона -террор ва куштори мардуми осоишта, ба бозӣ даровардани қартаи қавмию нажодӣ дар Афғонистон ва суннию шиъа ва масеҳӣ дар Ироқ, (ки дар таърихи ин миллат собиқа надошта), рӯйдодҳои нангин, ғайриинсонӣ ва барбариёна дар зиндонҳои ин ду кишвар, ташкили дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва рейдҳои шабона ба хонаҳои мардум, ҳамлу нақли ғайриқонунии гаравгонҳо аз фазои кишварҳо ба Гуантанамо ва тамоми моҷарои нангини марбут ба ин зиндон ва даҳҳо намунаи дигари нақзи ҳуқуқи башар чи умумияте бо демократия доранд, беҷавоб мондаанд.

Ҳамлаи ғоратгарона болои Ироқ бо ҳамон шитобзадагӣ бидуни ризоияти Шӯрои Амнияти Созмони Миллал ва салоҳдиди ҷомеаи байналмиллал (ба ҷуз чанд "лаббайк"-гӯи худашон аз ҷумла сарвазири вақти Дания Андерс Фог Расмусен, ки баъдтар ба ивази ин ҳамкорӣ бо дастгирии Амрико мансаби муншии умумии НАТО-ро соҳиб шуд), сурат гирифт. Ҳоло кӯдаки гаҳвора ҳам медонад, ки тамоми баҳонаҳои ин ҷанг - соҳибияти Ироқ ба аслиҳаи кимиёвӣ ва биологӣ, омодагӣ ба тавлиди силоҳи атомӣ, ҳамкорӣ бо "Ал-қоида" ҳамагӣ дуруғ, пуч ва сохтаю бофтаи худашон будааст. Ин мавзуъҳо дар сенати худи Амрико дар парлумонҳои бисёре аз кишварҳои Аврупо аз ҷумла кишварҳои шарики Амрико дар ҷанг - Бритониё ва Дания баррасӣ ва бепоя будани баҳонаҳои ҳамла болои Ироқ собит гардид. Вале ин ки чаро касе аз оташдиҳандагони ин фоҷиаи хунин, ки ҳазорон куштаи бегуноҳ ва садҳо ҳазор бехону мон баҷо гузошту мегузорад ба масъулият кашида нашуданд, суолест басо вазнин, ончунон вазнин ки бори ҷиноятии як даҳсоларо мекашад ва ҷавобаш сукут аст, фақат сукут ва ҳамчунон вазнин, аз ҷумлаи ҳамон муаммои беҷавоби таърих, ки ба ҷуз сукути вазнин ҷавобе надоранд. Мушкил инҷост, ки ҳар гоҳ дар як кишвар ё ҳавзаи хориҷ аз манфиатҳои умумиғарбиашон ҳуқуқи башар поймол мешавад, инҳо (ИМА, Аврупо ) якдилона садо баланд мекунанд, ки ҳой, бубинед дар Судон, ё Куриёи Шимолӣ, ё Ирон, ё Сурия ҳуқуқҳои мардумро поймол мекунанд, бояд дахолат кунем ва ҳоказо. Вале роҷеъ ба бадтарин намунаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар оғози саддаи ХХ1 - рабудан, боздошти садҳо нафар бегуноҳ (чун тибқи муқаррароти байналмиллалӣ фақат додгоҳ салоҳияти гунаҳкор донистани шахсро дорад), дар зиндони Гуантанамо, корбасти ваҳшиёнатарин ва барбариёнатарин шеваҳои бозпурсии боздоштшудагон аз қабили нафасгир кардан бо об, фиристодани нируи барқ ба ҷисм, шикастани узвҳои бадан ва ғайра дар зиндонҳои Гуантанамо, Абуғурайб (Ироқ), Лашгаргоҳ, Пули чархӣ (Афғонистон) чизе гуфта намешавад. Ҳар гоҳе ки ин рӯйдодҳои нангин ва ғайриинсонӣ ошкор мешуданду мавҷи эътирозҳо дар дохили Ироқ, Афғонистон ва дигар гӯшаҳои дунё боло мегирифт ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар садо дар медоданд, ки ин шеваҳои бозпурс, бадтарин намунаҳои тортур ё шиканҷа ҳастанд, ки эъломияи ҳуқуқи башари СММ корбасташонро мамнуъ ва далоили эътирофоти аз ин бозпурсҳо ба даст омадаро холӣ аз арзиши ҳуқуқӣ донистааст, Амрико як посух дошт; мо даргири ҷанг алайҳи террор ҳастем ва тасмимро ҳам худамон мегирем, чи тортур ё шиканҷа ҳасту чӣ нест ва чӣ мамнуъ ҳасту чӣ раво. Агар ин посух сазовори як кишваре бошад, ки худро посдори демократия ва ҳуқуқи башар дар дунё меҳисобад, пас чи метавон гуфт роҷеъ ба он демократия ва ҳуқуқи башар, ки Муаммар Қаззофӣ дастафшону мутантан аз минбарҳо тафсираш мекард; мардуми Либиё маро дӯст медорад, ин аст демократия! Оё ин ду тафсир ду рӯяи ҳамон як сикка нестанд магар?

Охирин таҳаввулоти ин мавзӯъ; ба таърихи 11 марти соли равон вазири умури хориҷаи Дания Вили Совндал, ки кишвараш раёсати Иттиҳодияи Аврупоро низ ба уҳда дорад, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки иттилоот аз эътирофоте, ки бар асари тортур ё шиканҷа гумонбар ба даст омадаанд, наметавонанд арзиши ҳуқуқӣ - юридикӣ дошта бошанд. Вале дар он лаҳзае, ки ӯ ин ақидаро иброз кард, шояд ба истилоҳи худашон "kacket"-и (кулоҳи) сотсиалистиро ба сар дошт (Вилли Свандал раиси ҳизби Мардумии сотсиалистии Дания аст), чун рӯзи дигар Вазорати умури хориҷии ин кишвар изҳороте пахш намуд, ки ақидаи болоро ботил мекард.ба гумони ғолиб шарикони стратегии ин кишвар, аз ҷумла он сӯи обҳои бузург сим зада хотиррасон карданд, ки алъон Дания тамоми Аврупоро намояндагӣ мекунад ва ақидаи боло бояд аввал бо ҳамшарикон дар Аврупо ва НАТО ба мувофиқат мерасид.

Агар хонандаи ҳушманд таваҷҷуҳ карда бошад, дар ин як - якуним соли охир касе аз роҳбарияти Амрико ё шарикони стратегиашон дигар ба он шавқу шӯри пешина роҷеъ ба бунёди як ҷомеъаи демократию мардумсолор дар Афғонистон ҳарф намезананд. Баръакс ҳоло он ҷомаи пурнақшу нигору пурҷилои демократиашонро чаппа пӯшида, бо сарсахттарин душмани демократия- Толиб, (ҳамон Толибе, ки якҷо бо Ал - қоида тифлони домонпарварди худашон буданд), сари як деги ош нишастаанд. Роҷеъ ба ин ки Амрико дар Афғонистон як бозии дугонаӣ ё чандгонаи(?)  шайтониеро ба роҳ андохта буд, аз ину он ҷо сару садоҳое ба гӯш мерасиданд. Ҳамчуноне ки сиёсатмадоре бедордилу жарфандеш раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Абдулатифи Пидром дар мусоҳибааш бо Раҳматкарими Давлат ва Муҳаммад Ризо ("Миллат" 22. 02. 2012) ишораҳое карда ва далелҳое овардааст. Вале бо ифтитоҳи намояндагии Толибон дар Қатар ва сафари Ҷой Байден - муовини раиси чумҳурии Амрико ба Ховари миёна, Покистон ва Афғонистон парда аз рӯи ин бозиҳо барафканда шуд ва ин шахсияти дуввум дар раҳбарияти кишвар зимни ин сафарҳояш Толибонро дӯсти Амрико хонд. Охир маҷбур шуданд, то қартаҳоро боз бикунанд, чун дигар сар зери рег кардан фоида надошт, дунба барвақт намоён буд.

Шарикони стратегиашон ҳам дар ин авохир аз эҳтимолияти буғранҷ шудани авзоъ дар Афғонистони баъди хуруҷи нируҳои НАТО эҳтимолияти тақсими қудрат (хонда шавад; ишғоли қудрат аз ҷониби Толибон, чун режими Карзай мисли ин ки тавони муқовимат ба Толибонро надорад) изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла сарвазири Дания хонум Хелле Торнинг Симит, ки ҳоло салоҳияти аз номи тамоми Иттиҳоди Аврупо сухан гуфтанро дорад, 12 марти соли ҷорӣ изҳор дошт, ки бо хориҷ шудани нируҳо Афғонистонро як ақибрафти шадиде интизор хоҳад буд.

Билохира, агар хоста бошем, ба тамоми сиёсати хориҷии ИМА дар Ховари Миёна, ба хусус дар Ироқ ва Афғонистон, ин ду кишвари ба оташи ҷанг кашидаашон як чеҳраи одамӣ бидиҳем (ҳарчанд ин сиёсатҳо ғолибан ғайриинсонӣ будаанд) пас ҳамон башараи Ҷорҷ Буши хурдиро, ки дар оғоз тасвир кардем ба хотир оред, вале ин бор на карахту рангбохта, балки бо лабханде тамасхуромез, кулоҳу кузаи кавбойӣ дар бар, нишаста бар аспе кафкафшону лаҷомгусехта бо тасвире охирин намунаи "қаҳрамони"-ҳояшон 16 ҷасади атфолу занон ва алангаи оташи дардода дар китобҳои "Қуръон"-и маҷид… Агар бар ивази кулоҳи кавбойӣ кулоҳхуди чингизӣ ҳам гузоред, чандон иштибоҳе нахоҳед кард.

Аксари таҳлилгароне, ки дар сиёсатҳои Амрико ворид ҳастанд, зуҳуроти аҷоиберо мушоҳида кардаанд; ҳар раиси ҷумҳури ин кишвар бо ақоиде инсонпарварона, сулҳҷӯёна, чапгаро, мусолиматомез, суботафзо ва якрӯ вориди интихобот ва баргузида мешаванду сипас сиёсатҳои тақрибан акси инҳоро ба роҳ меандозанд ва дар охири марҳилаи раисиашон боз ба маҷрои аввал бар мегарданд, (шояд ба истиснои Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки моҷароҷӯю ифротӣ омад ва ҳамон тур рафт). Ёд доред, худи мардуми Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чи умед ва хушбинӣ аз рӯи кор омадани Барак Обама истиқбол карданд, воқеан ҷои хушбинӣ буд, мувофиқи ваъдаҳои ӯ, мебоист Гуантанамо ин дӯзахи ин дунёӣ дар тули як сол барои ҳамеша баста ва қазияи боздоштшудагон дар додгоҳҳои мулкӣ муҳокима мешуд. Нируҳои Амрико аз Ироқ ва Афғонистон хориҷ мегардиданд, сиёсатҳои хориҷии кишвар аз таҳдиду фишор ба сӯи нармӣ, тафоҳум ва мусолимат гароиш меёфтанд, барои ҳалли одилонаи моҷарои Ховари Миёна, ташкили давлати мустақили Фаластин гомҳои мусбат бардошта мешуданд ва ғайра ва ҳоказо. Инак соли чаҳорум ва охирини раёсати Обама сипарӣ мегардад. Чи бардоштем? Ҳеч. Баръакс таҳлилгарон бар инанд, ки имрӯз даргирии Амрико дар низоъҳои байналмиллалӣ аз ҳарвақта дида (ҳатто аз давраи Ҷорҷ Буш ҳам) ба маротиб бештар аст, роҷеъ ба Гуантанамо ва оқибати он ҳеч садое дар намеояд, қазияи Фаластин аз гузашта ҳам печидатар ва амалкарди Исроил золимонатару густохонатар шудааст.

Чаро чунин падида, яъне калавишҳо дар мавқеияти раиси Ҷумҳури Амрико лангардор рух медиҳанд ва дунёро низ аз паси худ ба туғёну талотум мекашонанд?

Аз яхбандон то ҳамоғӯшии сӯзон

Мо Амрикоро кашф намекунем, агар бигӯем, ки сиёсатҳои хориҷии ИМА бар рӯи чаҳор "наҳанг" устуворанд ё аниқтараш чаҳор "лобии" нируманде, ки рӯи сиёсатҳои хориҷии Амрико таъсиргузор ҳастанд: Тавлидоти силоҳу васоити ҷанг, сармоядорони бузург, ҷомеаи яҳудӣ, масеҳиён, консервативҳои ифротгаро. Ҳатто як нигоҳи сатҳӣ ба таҳаввулоти ҳамин чаҳор соли охири қазияи Фаластин кофист моро ба ин бовар кашонад, ки воқеан ҳам сарриштаи ин калобаи саргум дар дасти лобии яҳудиёни Амрикост. "Аз яхбандон то ҳамоғушии сӯзон" - чунин арзёбӣ мекунанд бисёре аз шореҳони сиёсӣ, таҳаввулоти ин чаҳор солро дар муносиботи Барак Обама ва сарвазири Исроил Бенҷамин Натанёҳу. "Нахустин мулоқоти Обама ва Натанёҳу дар фазои сард ва бидуни натиҷае ба поён расид навишта буд, аз ҷумла рӯзномаи бонуфузи "Берлингске тиденде"-и Дания 21 ноябри соли 2007. Обама барои бунёди Фаластини озоду мустақил ва қатъи фаврии ҳамагуна сохтмон дар навоҳии ишғолӣ пофишорӣ кард, ки аз ҷониби Натанёҳу пазируфта нашуд". Вале дар дидорҳои минбаъдаи Обама бо Натанёҳу бо раиси Ҷумҳурии Исроил Шимон Перез дар мулоқотҳояш бо намояндагони лобии созмони происроилии Айпак (Aipac) аз он пофишориҳо нишоне ҳам намонда буд ва ин дидорҳо дар "фазои гарму самимонаву дӯстона, якдигарфаҳмӣ доир мегардиданд." Зиёда аз он Обама калимаи хеле фаъолона бо "худдори"-и фаластиниҳо аз эълони истиқлол аз тариқи СММ пофишорӣ кард. Тахриби манзилҳои фаластиниҳо ва эъмори худсаронаи хонаҳо барои яҳудиён дар манотиқи ишғолӣ "нафаси тоза" пайдо намуд…

Таҳлилгарон иллати асосии чунин калавишҳои амплитудаиро дар мавқеъгирии раисони Ҷумҳурии ИМА дар дурангӣ будани воқеияти Амрико мебинанд. Яъне он воқеияте, ки дар маъракаҳои сиёсӣ, интихоботӣ ва ғайра аз тариқи расонаҳо ба мардум гуфта мешавад, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур дар "шоу" - ҳои бошукӯҳу пурҳаёҳу "фаришта"-ҳои поку мубарро будани худро ба намоиш мегузоранду оне ки аз ҳама хушгуфтортар, "пок"-тар, пулдортар ва эътимоду сармоягузории он ба чаҳор "наҳанг" сазовортар буд, баргузида мешавад. Профессори Донишгоҳи технологии Масачусетс Хоам Хамски, яке аз маъруфтарин донишмандони имрӯзи Амрико бидуни ҳеч пардапӯшии дипломатӣ изҳор доштааст, ки "Низоми сиёсии имрӯзи ИМА ба ҳеч ваҷҳ намоёнгари мардум намебошад… Ҳарду ҳизб (демократҳо ва ҷумҳурихоҳон) ҳам амалан дар ҷайби қишри сарватманди ҷомеа аст". Баъд бо тадриҷ дар пешорӯи раиси ҷадид сӯроби сарди воқеияти дуввум қад алам мекунад, "оре медонем, ту "фаришта"-и поку маъсум ҳастӣ, ваъдаҳои бисёре ҳам додӣ ба ҷаҳониён, вале манофеъи стратегии Амрико, амнияти миллии кишвар, манофеи ҳизб тақозо мекунанд, ки…" Вақте ҳам Обама мегуфт: "Фаластин бояд озоду мустақил бошад, ҳануз ҳамон "фариштае" буд, ки пешонияш ба девори сарди воқеияти пасипардагии Амрико барнахӯрда буд…

Баҳоре, ки нтизорашро надоштанд (Баҳори араб ё хазони араб?)

Замоне ки дар биёбони араб насими баҳорӣ шурӯъ ба вазидан кард, дар Амрико ҳануз яхбандон буд. Бад-ин маънӣ, ки ҳануз фазои сиёсии ин кишвар ғайриинтизор омодагии таҳаммул, пазириш ва бурузи аксуламалеро дар баробари раъду барқи ғуррону хурӯшони осмони араб надошт. Чаро ғайриинтизор? Ба хотири ин ки чуноне пештар ҳам ишораҳое кардем, тақрибан дар баробари ҳар ҳаводису таҳаввулоте дар ҷаҳони муосир рух медиҳад, суроби гоҳо ошкору рӯшан, гоҳо ноаёну хираи ин абарқудрат қад алам мекунад.Вале ин дафъа ғофил монданд, шояд ба иллати гирифториҳои шадид дар Ироқу Афғонистон "набарди сартосарӣ аллайҳи террор" ва полоиши террористи №1 Уссома бини Лодан ва ё итминони дӯстони содиқашон дар ин минтақа - аз Ҳусни Мубораки Миср гирифта, то нафтҷалобони халиҷӣ, ки "дар Бағдод ҳамоно оромист" ғофил монданд. Вагарна режими Муборак бо 1, 5 миллиард доллари солона, баъди Исроил дар дунё дуюмин, бузургтарин пазирандаи кумакҳои низомӣ аз Амрико маҳсуб мегардид. (Ба ивази гузаштҳояш ба Исроил ва хиёнатҳояш ба Фаластин). ИМА ва шарикони стратегиаш замоне ба худ омаданд, ки аллакай замин дар зери пойи пешвоёни худкомаи араб месӯхт ва ҳаводисро ба "маҷрои дилхоҳ" равона кардан ва аз манофеъи стратегии худ (хонда шавад, режимҳои барояшон содиқ) ҳимоят намудан дер шуда буд. Ин ҷо буд, ки вазири умури хориҷаи ИМА Ҳиллари Клинтон ҳанӯз 7 ноябри соли 2011 зимни мулоқоте дар Пажуҳишгоҳе миллию демократии Вашингтон бо ишора бо "баҳори Араб" иқрор кард, ки "замона ҳоло на ба манофеи мо созгор аст, ин воқеиятест, ки бояд пазиро бошем".

Мегӯянд, Ҳусни Муборак то охирин лаҳазоти фурӯ рехтани ҳокимияташ мунтазири занги телефон аз фаросӯи обҳои бузург буд. Мӯйсафед бо ин ҳасрат- ҳасрати садоқати фиребхӯрда ба хок ( ё сари дор? ) хоҳад рафт…

Замоне ҳам, ки ба худ омаданд, тибқи одат "ливо"-и фаромӯшшуда ва чангзадаи "демократи"-ашонро рӯи даст бардоштанд ва аз дӯстони дирӯзаашон тақозо карданд, ки "ба садои мардум гӯш бидиҳанд". (Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико), гӯё замоне, ки онҳо пуштибонашон буданд, гӯш мекарданд. Ду дона аз ин ливоҳои чангзадаро ба дасти лагандбардорони халиҷиашон - Саудӣ ва Қувайт, ки режимҳошон нишоне аз демократия ва мардумсолорӣ надорад, доданд, ки дар пешорӯи раиси ҷумҳури Сурия Башор-ал-Асад диҳанд ва талаб кунанд, ки демократияро риоя намоянд. Чӣ масхарабозие!

Хонаи Худо ё силоҳхона?

Сиёсатҳои дурӯя ва бозиҳои пасипардагии Амрикою шарикони стратегиаш дар олами араб, акси он чиро, ки умедвор буданд, ба бор овард. Тибқи як назарсанҷӣ, ки охири соли гузашта анҷом шуда, 83 фисади мисриҳо ба ин ақидаанд, ки сиёсатҳои ИМА барои густариши сулҳ ва субот дар олами араб мусоидат намекунад. Дар ин авохир як гурӯҳ ба ном "бунёдгарони демократия"- фиристодагони Ғарб, ки 16 нафарашон амрикоӣ буданд, бо иттиҳоми даст доштан дар ҷосусӣ ва иғвопароканӣ дар Миср ба маҳкама кашида шуданд. Вазири ҳамкории байналмиллалии ин кишвар Файза Абдул Никоъ дар мақолае дар рӯзномаи "Ал-Аҳром" зимни баррасии сиёсатҳои ИМА дар қиболи таҳаввулоти ҷадид дар дунёи араб аз ҷумла навишт ки "Амрико ин кишварҳоро ба самти манофеъи худ ва Исроил тела медиҳад".

Чун аз Саъудӣ ёдовар шудем, мехоҳам нуқтаеро тазаккур диҳам, ки дар ин авохир боиси сару садоҳое дар доираҳои сиёсии Аврупо гардид: Васоити ахбори Шветсия ошкор карданд, ки вазорати дифоъи ин кишвар махфиёна барои сохтмони як корхонаи бузурги тавлиди силоҳ аз ҷумла ракетҳои навтарин дар Арабистони Саъудӣ қарордодеро ба имзо расонидааст. Қарордод лағв, вазири дифоъи Шветсия Дик Стринг аз вазифа барканор шуд. Арабистони Саъудӣ дуввумин ва бузургтарин харидор дар бозори силоҳи Амрико маҳсуб мешавад. Бо арзи маъзарат аз руҳи поки Хоҷаи Шероз:

"Мо муридон рӯ ба сӯи Каъба чун орем чун.

Рӯ ба сӯи хонаи кавбой дорад пири мо.

" Хонаи Худоро ба силоҳхона табдил карданд…

Ин рӯйдодҳо ва далоили дигаре, ки зикрашон рафт, аз як сӯ баёнгари воқеияти сиёсатҳои дуррангаи Ғарб дар баробари дунёи араб ва Ховари миёна аст, ки аз минбарҳои баланд худро ҷонибдори субот ва пешрафти ин манотиқ эълон медоранду "чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд". Аз сӯи дигар ниқоб аз чеҳраи ҳукуматдорони худкомае бармеафканад, ки ба хотири ҳифзи ҷоҳу ҷалоли худ метавонанд ҳама арзишҳои инсонӣ, миллӣ, меҳанӣ ва минтақавиро пушти по бизананд.

"Чаро?"-ҳои пурмуаммо

Замоне ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхту қудратҳои "хайрхоҳ"-и гирду атроф бо дахолатҳои пинҳониву аёнӣ, фурӯши силоҳу муҳимот ба тарафҳои даргир ба ин оташи хонабарандоз руған мерехтанд, Амрикои дар ҳама ҷо ҳозиру нозир гӯё ба даҳон об гирифта буд, аз худ ҳеч ангезае нишон намедод. "Манофеъи стратеги"-аш матраҳ набуд, мусалламан ё шояд ҳатто манофеъи стратегиаш инро тақозо мекард, ки "карру кӯру гунг" бошад. Ҳоло чӣ боис шуда, ки муддатест Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи ИМА қарор гирифтаву рафту омади мақомоти баландпояи ин кишвар ба Душанбе зиёд шуда ва эшон аз "дӯстиву ҳусни тафоҳум" миёни ду кишвар дам мезананд.

Бадеҳист, ки ҳар кишвар муносибати худро бо кишваре дигар аз дидгоҳи худ ва ба пояи манофеъи муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба роҳ мемонад. Бигирем, ки мо бар ин андеша нестем, равобити Никарагуа, Муғулистон ё Мозамбикро бо Тоҷикистон зери суол бубарем, ки чаро ин тур ҳаст ё он тур. Вале вақте абарқудрате мисли ИМА, ки тамоми дунёи имрӯзро (ва берун аз онро ҳам) қаламрави манофеъи стратегии худ эълон дошта, бо истифода аз қудрат (низомӣ, пулию молӣ, технологӣ) ва ба бозӣ даровардани (манипулятсияи) ин фишангҳо ва имконот, сарнавишти миллатҳо, кишварҳо ва минтақаҳоро ба "маҷрои дилхоҳ" мекашонад, ҷои нигаронӣ ва андешидан аст. Ҳоло Тоҷикистон амалан дар як муҳосираи фарогири иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ аз ҷониби ҳукумати Узбакистон қарор дорад ва ин вазъ дахолати фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад. Дар ғайри аз он бурузи як инфиҷори фалокатборе дар ин минтақа аз эҳтимол дур нест. Вале муроҷиатҳои пай дар пайи Тоҷикистон роҷеъ ба амалкарди зиёнбор ва барқасдонаи Узбакистон ҳамоно аксуламали чандон муассире аз ҷониби Созмонҳои байналмиллалӣ, Амрико ва шарикони стратегиаш ва ҳатто ҳамон ИДМ - и фалаҷ ҳам ба бор намеоранд. Чаро?

Замоне ҳам, ки дар Андиҷон ва манотиқи дигари Узбакистон қатли ом сурат гирифт ва Созмонҳои хуқуқи башар ва васоити ахбори Ғарб инро "хунбортарин фоҷеа" ва Ислом Каримовро "қассоби Андиҷон" унвон карданд, ҳукуматдорони Ғарб ҳамчунон хомӯш буданд. Чаро?

Ҳамасола даҳҳо нафар шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон бар асари тиру минаҳои сарҳадбонони узбак куштаю захмӣ мешаванд, ки чунин бархӯрди душманона дар дунёи муосир камтар назир доштааст ва намунаашро шояд танҳо дар муносиботи миёни Исроилу Фаластин ё Куриёи Шимолию Куриёи Ҷанубӣ тавон диду бас. Он ду моҷаро ҳамеша мавриди гуфтугӯю қазовати доираҳои сиёсии дунё ҳаст, вале ин моҷаро чунон содда гирифта, чунон содда талаққӣ мешавад, ки гӯӣ фақат як саги "беодоб"-е, ки бар ак-акаш хомӯшии шабонаро халалдор кардаасту дигар ҳеч, кирои аксуламале нест. Чаро?

Агар хоҳем ба ин "ЧАРО?"-ҳо ҷавоб бигӯем, ҳамон як посух ба майнаамон бо исрор "дар мекӯбад": Бархӯрди дурӯя ё дуахлоқонаи доираҳои сиёсии Амрико ва Ғарб ба ҳаводиси ҷаҳони имрӯз, бархӯрде, ки бар адолат, некхоҳӣ, муросо ва демократия не, чуноне ки вонамуд мекунанд, балки ба судҷӯӣ, рақобат, манфиатталабӣ, тамаъ ва дурӯғ такя мезананд. Фаразан як лаҳза тасаввур кунем, ки Бухорою ҳама захоири газаш (ки дар лӯлаҳои Аврупо рӯзу шаб ҷорист) қаламрави Тоҷикистон аст (ва ҳазор лаънат бифиристем ба арвоҳи нопоки хиёнаткорони миллати тоҷик) манзара ранги дигаре хоҳад дошт.

Дар моварои манофеи се даъвогари бузургманиш

Ҳоло Тоҷикистон дар моварои манофеъи се "даъвогар"-и бузургманиш қарор дорад: Русия, ки бо доштани калонтарин пойгоҳи низомӣ ҳамоно ҷаҳд дорад, нуфузашро дар ин минтақа ҳифз кунад. Амрико, ки бар асари сардии равобит ва коҳиши эътимодаш бо Покистон, бурунрафт аз Афғонистон то охири соли 2014, эҳтимолияти ташдиди авзоъ дар робита бо барномаи ҳастаии Ирон бо "роҳи ҳалҳо"-и дигаре ниёз дорад. Ва билохира режими Ислом Каримов, ки дерест гирифтори синдроми "тоҷикофобия" (дардест вазнин, Худо осон кунад,) асту мехоҳад Тоҷикистонро ба зону бинишонад ва на фақат Тоҷикистон, балки дар қаламрави Осиёи Вусто (бо дигар ҳамсоякишварҳо ҳам даргир аст) нуфузи ҳалкунанда дошта бошад. Таваҷҷуҳ кардед, ки Узбакистон нагуфтам, режими Ислом Каримов гуфтам. Ба ин маънӣ, ки ҳар тасмиме ки ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин вазъият мегирад, бояд бар пояи ин андеша қарор бигирад, ки Узбакистон ин режими Каримов нест. Режим аз байн меравад, вале ин ду миллат бояд бо ҳам дар созиш ва ҳусни ҳамҷаворӣ зист ва рушд кунанд. Биноан ҳар тасмим боястӣ бо назардошти Узбакистони баъди Каримов, амнияти минтақа ва манофеи лаҳзагӣ не, балки босуботу пойдор гирифта шавад. Иштибоҳ кардаанд онҳое (ки ба гумон доираҳои сиёсии Амрико низ) умед доштанд Русия (махсусан баъди моҷарои халабонҳою фишорҳо ба муҳоҷирон) ва ба сардӣ гароидани муносиботаш бо Тоҷикистон нуфузаш дар ин минтақа коҳиш меёбад ё ҳатто ин фазоро холӣ мекунад. Русия имрӯз он кишвари шокзадаи баъди фурӯпошии Шӯравӣ нест, он кишвари саргарму калавандаи елтсинӣ ҳам нест, кишварест, ки савори аспи ҷавмасти амбитсияҳои дурпарвоз, мехоҳад мақому қудрати аз дастрафтаашро дар саҳнаи сиёсии дунё барқарор кунад. Магар ҳаводиси Чеченистон, он чӣ дар Гурҷистон гузашт мавқеаш дар робита бо бунёди пойгоҳҳои зиддимушак дар Аврупои Шарқӣ, мавзеъгириаш алайҳи сиёсатҳои Ғарб дар баробари таҳаввулоти дунёи араб ва ғайра аз ин хусус далолат намекунад? Бо дубора курсии раиси ҷумҳурро соҳиб шудани шахсияте миллатгаро, иззатталаб ва хунсард мисли Владимир Путин ин тамоюлҳо шиддати бештаре пайдо хоҳанд кард ва Русия талош хоҳад варзид, ки нуфузашро болои кишварҳои пасошуравӣ ва фаротар аз он низ биафзояд.

Пас Тоҷикистонро дар назари аввал гӯё ҷуз ин илоҷ намемонад, ки ба равиши об бел бизанад ва бубинад, ки амвоҷ ба кадом самт телааш медиҳад. Вале дар сурати оқилона ба кор даровардани қартаи худ Тоҷикистон ин шонсро ҳам дорад, ки бо истифода аз мухолифатҳо ва заъф дар манофеи ин се кишвар ва афзалияти андаки худ дар баъзе маворид, холҳои сиёсӣ ба даст орад ва ин холҳоро гаронтар ба савдо гузорад. Ба таври мисол кишвари мо бо назардошти равобиту имконоти густурдааш бо Ирон, Русия, Чин, Афғонистон ва таваҷҷуҳи афзояндаи Амрико ба Тоҷикистон ин имконро дошт ва ҳануз ҳам дорад, ки мизбонии яке аз гуфтушунидҳои байналмиллалӣ оид ба барномаи ҳастаии Иронро ба уҳда дошта бошад. Ё ҳадди ақал дар ин самт талош варзад ва худро дар маърази гуфтугӯҳои байналмиллалӣ қарор бидиҳад. Ҳикоят мекунанд, замоне ки Ӯлҷабоев (тибқи ривоёт аз боҷуръаттарин раҳбарони Тоҷикистони давраи Шӯравӣ) муншии аввали ҳизби Коммунисти Тоҷикистон будааст, аз минбари баланди ҷаласаи умумишӯравӣ, масалан ин тур ваъда медодааст: "Мо имсол, якҷо бо бародарони узбак ба давлат 5 миллион тонна пахта месупорем". Ҳиссаи Тоҷикистон дар ин рақам шояд даҳ фисад буда, вале Ӯлҷабоеву Тоҷикистон мавриди таъриф ва назари неки Никита Хрюшов (роҳбари вақти Шӯравӣ) ва Маскав қарор мегирифтаанд. Намедонам воқеият дорад ё хайр, вале ҳикмате дорад ин ҳикоят. Ба ин маънӣ, ки хештанро вонамудан, аз ҳастии худ башорат додан, худро ба моварои ҳаводис афкандан беҳтар аст, аз он, ки сарду сокиту сар дар гиребон бишинӣ.

Низоми дунёи муосир мутаассифона чунон шакле гирифта (ё чунин шакл додаанд онро), ки кишварҳои хурду камқудрат, агар хоҳанд камтар ҳадафи дахолат ва дастдарозии дигарон қарор бигиранд, маҷбуранд, хоҳу нохоҳ худро зери "бол"-и яке аз абарқудратҳо бикашонанд. Аз ин рӯ хӯрда гирифтан ба Тоҷикистон, ки чаро ба Русия наздик аст ва ё кӯшиши хилоф андохтан дар муносиботи Тоҷикистон бо Русия, ки қазияи халабонҳо аблаҳонатарин намунааш буд, корест ғайримантиқӣ ва зиёновар. Ҳама дигар бартариятҳояшро нодида гирем ҳам, аз он 1, 5 миллион муҳоҷири кории тоҷик, ки бештар аз буҷа ба кишвар пул ворид мекунанд ва ҷумҳуриро аз як таркиши иҷтимоӣ эмин медоранд, чашм пӯшида наметавонем. Вале ин ҳаргиз маъное надорад, ки Тоҷикистон бо шароити бади кору зиндагии муҳоҷирон, бархӯрдҳои ғайриинсонӣ бо онҳо муросо кунад ё аз талошҳои ҷиддӣ ва босубот баҳри ба ватан баргардонидан ва ба кор таъмин намудани онҳо иҷтиноб варзад. Ва ҳам табиист, ки ҳамагуна муносиботи кишвари мо бо Русия ва бо ҳар мамлакати дигар ҳам боясти комилан бар пояи эҳтироми тарафайн, ҳифзи эътибор ва манзалат, осебнопазирии манофеи миллӣ ва меҳанӣ сомон бипазирад.

Русия ҳамон хирсест, ки мешиносемаш ва бо хулқу хуяш одат кардаем… Амрико ковбойест, моҷаропеша, савдоӣ ва ношинохтанӣ. Мешунавед садои суми аспашро пушти дарвозаҳои Тоҷикистон, шарфаи қадамҳоеро, ки ҳар куҷое расад барорад дуд, мешунавед?...

 Азиз Сангин шаҳри.Копенгаген, барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97