Амалиёт алайҳи собиқ фармондеҳони мухолифин дар Хоруғ

Сиёсат 25.07.2012 15:46

khorog1111kjНируҳои давлатии Тоҷикистон амалиёти низомиро алайҳи баъзе нируҳои мухолифини пешин дар Бадахшон, ки дар куштор қочоқ муттаҳам мешаванд,  оғоз кардаанд. Ҳукумат ин нируҳоро дар қатли Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон муттаҳам медонад. Бино ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ аз рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳудуди 3 ҳазор сарбоз ба Бадахшон эъзом шуда буданд. Дар ҳоли ҳозир ҳама гуна иртибот бо Бадахшон қатъ шудааст. Инчунин сомонаи "Азия плюс", ки рӯзи гузашта хабари эҳтимоли даргирӣ ва мусоҳибаи фармондеҳони пешинро нашр намуда буд, масдуд гаштааст. Ин хабаргузорӣ рӯзи гузашта мусоҳибаи Толиб Аёмбековро дар иртиботи вазъи Хоруғ ва тадбирҳои боздошти гумонбарон пахш карда буд. Бино бар хабарҳо чандин нафар аз ду тараф дар ҷараёни ин даргириҳо кушта шудаанд.

 

Азия плюс баста масдуд шуд

Марат Мамадшоев, сардабири ҳафтаномаи "Азия Плюс" мегӯяд, ки Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон шурӯъ аз шоми 23-юми июл, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи Оҷонси иттилоотии "Азия Плюс"-ро қатъ кард. Ва ҳоло дар тамоми манотиқи кишвар имкони боз намудани сомонаи "Азия плюс" номумкин шудааст.

Бо вуҷуди ин, хабаргузории "АП" хабари дар шаҳри Хоруғ кушта шудани Нафасбек Дилшодов, прокурори ноҳияи Рушон дар як инфиҷорро тавассути васоили электронӣ нашр кардааст. Хабари дигаре аз вазъи шаҳри Хоруғ ва атрофи он дар даст нест.

Бино ба хабарҳои дарёфтии дигар, нируҳои интизомӣ ва амниятӣ дастур гирифтаанд, ки атрофи ҷамоъати Язгуломро низ таҳти назар қарор диҳанд. Нигаронии мақомот аз он аст, ки имкон дорад бархе аз афрод дар ин минтақа даст ба иқдомоте бизананд ва ба гуруҳҳое, ки алайҳи онҳо амалиёт идома дорад, бипайванданд.

Тибқи иттилоъи бархе манобеъ ва ҳамчуне, ки аз мантиқи иттилоияи КДАМ ва ВКД низ бар меояд, бархурд миёни нируҳои давлатӣ ва размандагони мухолифини пешин дар дохили шаҳри Хоруғ ҳамчунон идома дорад. Аммо аз мизони талафот ва хисорот маълумоти расмие мавҷуд нест.

Бар асоси гузоришҳои тайиднашудаи дигар, гӯё бархе аз ин нируҳо, аз ҷумла Толиб Аёмбеков ба он тарафи марзи Афғонистон гузаштаанд. Ин гузориш тайид нашудааст. 

Кушта шудани Ёдгор ва писари Толиб Аёмбеков

Гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокӣ аз талафоти ҷонист. Бар асоси хабарҳои расида, вале тайиднашуда, Ёдгор Шоҳмусалламов, яке аз фармондеҳони мухолифини пешини давлат, бародари Водиш Шоҳмусалламов, фармондеҳи аршади собиқи мухолифин, ки дар рустои Поршнев истиқомат мекард, дар амалиёт кушта шудааст.

Бар асоси ахбори бархе манобеъи дигар писари Толиб Аёмбеков низ дар ин даргириҳо кушта шудааст.

Би-би-сӣ аз қавли манобеъи худ менависад, нируҳои давлатӣ бо истифода аз зиреҳпӯшҳо ба се маҳаллаи шаҳри Хоруғ, аз ҷумла Шошхоруғ, УПД ва Бархоруғ тирандозӣ кардаанд. Хабарнигори Озодӣ аз Хоруғ навиштааст, ки дар ин даргириҳо аз чархболҳо низ истифода шудааст.

Вақти таҳияи ҳамин хабар баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе манобеи хабарӣ мегуфтанд, ки дар маҳаллаи мавсум ба Бизмичи шаҳри Хоруғ даргириҳо миёни нируҳои давлатӣ ва афроди ба гуфтаи давлат табаҳкор идома дорад.

Зимнан, авоили моҳи ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ нерӯҳои амниятӣ, интизомӣ ва низомии Тоҷикистон тамриноти муштараке таҳти унвони "Ҳифз-2012" анҷом доданд, ки тӯли як ҳафта идома дошт. Дар ин размоиш аз нируи ҳавоӣ низ истифода шуда ва сарбозону афсарон наҳваи анҷоми амалиёте муштаракро тамрин кардаанд.

Ҳоло иртиботи телефонӣ ва ҳама гуна навъҳои мухобирот ба тарафи Бадахшон қатъ карда шудааст. Имкони тамос бо хабарнигорони маҳаллӣ бо телефон вуҷуд надорад.

Танҳо чанд хабари нотамом аз тариқи Фейсбук аз оғози амалиёти низомӣ хабар доданд. Раиси ҲСДТ дар Бадахшон Алим Шерзамонов ба хабарнигори симои "К-плюс" арз намуд, ки иқдоми низомӣ ба фоҷиаи кулли минтақа мерасонад. Зеро барои оғози ҷанги шаҳрвандии нави Тоҷикистон қувваҳои зерипардаи зиёде манфиатдор мебошанд.

Иттилоияи расмии КДАМ ва ВКД

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии "Ховар" иттилоияи расмии муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар он омадааст: "Тавре ки хабар дода будем, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ, соати 17.30 дақиқа ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич - сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шуд.

Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ-сардори қитъаи сарҳадии Ишкошим содир гардидааст.

Айёмбеков Толиб ва ҳаммаслакони ӯ аз иҷрои талаби мақомоти тафтишот оид ба ҳозир шудан ва ҷавоб гуфтан дар назди қонун саркашӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Айёмбеков гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таъсис дода, дар давоми солҳои зиёд бо қочоқи маводи мухаддир, маҳсулоти тамоку ва сангҳои қиматбаҳо машғул шуда, чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бандитизм ва ғайраро содир намудааст.

Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти беҳуда дар байни сокинони осоишта бо супориши Президенти мамлакат комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва уламои динӣ, фаъолони вилоят дар давоми се рӯз бо Айёмбеков Толиб ва тарафдорони ӯ чандин маротиба вохӯрда, пешниҳод намуд, ки силоҳҳоро ба замин гузошта, ҷинояткоронро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд.

Айёмбеков Толиб ин пешниҳодро қатъиян рад карда, баръакс ба гирдоварии ашхоси мусаллаҳи ҷиноятпеша оғоз намуд ва ба муқовимати мусаллаҳона шурӯъ кард.

Бинобар ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъият дар шаҳри Хоруғ оид ба дастгир кардани аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояткор ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо субҳи 24 -уми июл амалиёти махсус оғоз гардид.

Итминон дорем, ки мардуми шарафманди шаҳри Хоруғ ва вилоят чунин амалҳои ғайриқонунии ҷинояткоронро маҳкум намуда, барои ҳифзи оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

Мардуми кишвар дилпур бошанд, ки ҷинояткорон дастгир шуда, дар назди қонун ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт".

Хабарҳои зиду нақиз дар бораи талафот

Хабаргузориҳои Интерфакс ва ИТАР-ТАСС аз қавли одамони боэътимоди худ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар дар ҷараёни ин амалиёт субҳи рӯзи сешанбе чанд нафар аз нируҳои муқовиматкунанда бо қувваҳои давлатӣ кушта ва боздошт шудаанд. Аз ҷумла, ба қавли Интерфакс 5 нафар шаҳрванди Афғонистон низ дар миёни боздоштшудагон ҳасанд.

ИТАР ТАСС баъдтар гузориш дод, ки 9 нафар аз кормандони сохторҳои низомии кишвар дар ҷараёни ин амалиёт кушта ва 25 нафар ҳам маҷруҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи наздик ба вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки ниҳодҳои қудратӣ дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз Муҳаммадбоқир Боқиров яке аз сарварони дигари ба қавли ин манбаъ ошубгарро боздошт кардаанд. Аммо манобеи расмии ниҳодҳои амниятии кишвар ҳануз ин хаббро тасдиқ накардаанд.

Нигаронии бадахшониҳои Маскав

Дар ҳамин ҳол ҷамъияти бадахшониҳои Русия аз вазъияти пешомада нигарон аст. Зодагони Бадахшон дар Маскав дар ҷаласае, ки дар робита ба вазъи Хоруғ доир намудаанд, тасмим гирифтанд то дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия гирдиҳамоӣ доир намоянд.

Ин гирдиҳамоӣ дар соати 11 рӯзи 24 июл доир шуд, аммо бино бар гуфтаи иштирокдорони он ба далели он ки бидуни иҷоза доир шудааст, аз сӯи ОМОН-и Маскав пароканда шудааст. Зодагони Бадахшон дар Маскав мегӯянд, ки онҷо наметавонанд бо хешовандонашон дар тамос бошанд ва аз ин рӯ аз сарнавишти онҳо нигарон ҳастанд.

Тазоҳургарон дар назди сафорати Тоҷикистон аз мақомоти давлати Тоҷикистон даъват мекунанд, то дар зудтарин фурсат ба амалиёти низомӣ поён диҳанд ва вазъро ором намоянд.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав зимни суҳбате бо "Миллат" хабари тазоҳурот дар назди сафорати Тоҷикистонро тайид кард ва гуфт, бо намояндагони тазоҳургарон суҳбат намудааст. Ба гуфтаи сафир, сокинони Бадахшон аслан дар мавриди вазъияти мавҷуд иттилои дақиқ надоранд ва мехоҳад, ки воқеъияти ҳолро бифаҳманд, ки дар он ҷо чӣ ҳодиса дар ҷараён аст.

Тазоҳургарон дар назди сафорати Тоҷикистон ҳангоме, ки соати Душанбе 17, 30 буд, ҳамчунон ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, ки тазоҳургарон аз мақомоти маҳаллии Маскав барои идомаи тазоҳуроти худ дар рӯзи 25 июл низ дархости иҷоза намудаанд.

                                                               Охирин хабар

Охирин хабаре, ки аз минтақа Би-би-сӣ -и русӣ ва хабарнигори "Озодӣ" мухобира кардаанд, ҳокӣ аз кушта шудани ҳудуди 100 нафар дар ин даргириҳо мебошад. Ин хабаргузориҳо инчунин навиштаанд, ки бемористонҳои пойтахт, барои қабули захмиҳо омода мешаванд. Ин хабарҳоро мақомот ба таври расмӣ тайид намекунанд.

Вазорати дифоъ дар даргирӣ иштирок надорад

Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбе эълон намуданд, ки дар ин амалиёти  Хоруғ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷузъу томҳои тобеъи вазорати дифоъ ширкат надоранд.

 Ба гуфтаи мақомоти вазорати дифоъ неруҳои ин вазорат дар ҳоли омодабош қарор доранд ва ҷузъутомҳои ин вазорат дар Бадахшон манотиқи марзии кишвар бо Афғонистонро таҳти назорат доранд, ки бо истифода аз ин вазъият гурӯҳҳои харобкор аз он сӯи марз ворид нашаванд.

 Фаридун Маҳмадалиев, сухангуи вазорати дифоъ дар робита ба амалиёти Хоруғ гуфтааст, ки хабарҳои расмӣ дар даст надорад, вале иттилоъоти ғайрирасмӣ нишон медиҳад, ки  амалиёт бо шиддат идома дорад.ҳарчанд ин манбаъ гуфтааст чархболҳои вазорати дифоъ дар интиқоли маҷруҳин истифода мешаванд.             

 Ҳамчунин бино ба хабари манобеъи муътамат қушунҳои ҷузвутоҳои вобаста ба раёсати қушунҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ низ, ки ҷузъи артиши муназзам, яъне қувваҳои мусаллаҳ ҳисоб мешаванд, дар ин даргириҳо ширкат надоранд.

Ахбори расмӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар натиҷаи амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон 40 нафар аз аъзои ин гурӯҳ , аз ҷумла 8 нафар шаҳрвандони Афғонистон дастгир шуда ва 30 нафари ба гуфтаи мақомот ҷинояткор дар натиҷаи муқовимати шадиди мусалаҳҳона нобуд карда шуд. Тавре Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон гуфтааст, дар натиҷаи амалиёт аз ин гурӯҳ 100 мил яроқи оташфишони гуногунтамға ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шуд. Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев дар ҷараёни амалиёти махсус 12 нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба ҳалокат расида ва 23 нафар захмҳои гуногун бардоштанд. Аз байни аҳолии осоишта касе ҳалок ва ё захмӣ нашудааст. Амалиёт идома дорад.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97