Путин бо Ислом Каримов дар ғайби Тоҷикистон чӣ нақша кашиданд?

Сиёсат 09.06.2012 12:38

Putin__KarimovСафари Владимир Путин, соҳиби Кремл ба Тошканд аз пуртаваҷҷуҳтарин рӯйдоди ин ҳафта барои тоҷикон буд. Коршиносон бо назардошти муносибатҳои миёни Душанбеву Тошканд сари он баҳс мекунанд, ки дидори Владимир Путин ва Ислом Каримов барои ҳамкориҳои ояндаи Маскаву Душанбе чӣ таъсире хоҳад дошт. Бо ин суол, ки «Аз сафари ахири Путин ба Узбакистон мо чиро бояд интизор дошта бошем?, ба суроғи чанде аз ҳамватанон рафтем:

Хилватшоҳи Маҳмуд,таҳлилгар:

 - Аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки албатта Русия тибқи ин меъёрҳо ба ҷараён ворид мегардад, боздиди Путин аз Тошканд бозгӯкунандаи муносиботи дуҷонибаи Кремлу ҳукумати феълии Узбакистон маҳсуб меёбад. Агар фаромӯш накарда бошед, моҳи ноябри соли 2004 зимни сафараш ба Душанбе оқои Владимир Владимирович бо ҳукумати Тоҷикистон зери созишномае имзо гузошт, ки дар асоси он бояд барои эҳдоси НБО-и Роғун Русия (ширкати РусАл ва БазисЭлементи он кишвар) ҳудуди беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекард, аммо баъдтар шарту шароитҳои худро ошкору ниҳон пешниҳод кардан гирифт ва оқибат иҷрои ин тарҳ зери суол рафт.

Ҳоло бубинем, ки ҳадафи сафари Путин ба Тошканд аз чӣ иборат аст ва паёмади он барои Тоҷикистон чӣ хоҳад буд. Русия тӯли солҳои ҷои по доштанаш дар кишварҳои пасошӯравӣ фаротар аз ҳама манфиатҳои худро ба назар гирифта, муносиботашро ба роҳ мемонад. Байид аст, ки ин дафъа низ президенти Русия аз ҳамин зовия ба мавзӯъ дахл кард ва сафари худро низ анҷом дод.

Аммо мавзӯъи баҳси бунёди Роғун ва сарбанди 335-метраи он ба ҳеч ваҷҳе намешавад дар дидори дуҷонибаи сарони Узбакистон ва Русия матраҳ шавад, зеро он манфиатҳои Душанберо нодида мегирад. Ҳамин тавр, паёмади ин дидору мулоқот барои Тоҷикистон бетаъсир хоҳад буд, агар дидгоҳи тарафи асосӣ- Душанбе ба назар гирифта нашавад.

Дилбар Самадова, муовини раиси ҲУСДТ:

- Саволи нисбатан аламовар, барои он ки ба Узбакистон рафту ба мо таваҷҷуҳ накард. Ба ҳар ҳол медонед, манро шахсан ҳамаи ҳодисаҳои ахир ҳамчун як фарди меҳандӯст, миллатдӯст бетараф гузошта наметавонад. То мо тоҷикҳо худамон андеша нанамоем, сарҷамъ нашавем ва ғами миллатамонро худамон нахӯрем, ягон миллати дигар дар фикри проблемаҳои мо нахоҳад буд. Яъне ҳоло вақт аст, ки нисбати ин рӯйдодҳо фикр намоем, яке аз инҳо муносибати ҳамон Бонки ҷаҳонӣ нисбати мо чи гуна ғаразнок буд. Ин ҳама дарак аз он медиҳад, ки меҳани мо ҳамчун як кишвари кучак, на он қадар таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамояд.  Чунин муносибатҳо моро ёдрас аз он мекунад, ки бори дигар сари андешаи проблемаҳои худӣ бошем ва ҳукумати имрӯза на ба корҳои беҳудаву баҳуда, балки танҳо дар ғами миллат бошанд ва танҳо дар ғами ватан. Гумон мекунам, ки аз ҳама чиз як чизро умед кардан ин амали хуб аст. Ба ҳар ҳол аз ин сафари Путин ба Тошканд як чизи хубро орзу мекунем. Вале ба ҳар ҳол аз ин сафар аввал ба Қазоқистон ва ба Узбакистон омадану аз мо гузашта ба Хитой рафтан камтар одамро ба шакку тардид мегузорад. Ва гӯё мо дар назди онҳо як кишвари назарногир ва кучаке бошему он қадар кирои таваҷҷуҳи онҳо набошем.

Ин сафар бе гуфтугӯ аз он дарак медиҳад, ки Русия аз мо бисёр чиз мехоҳад. Боз ҳам мехоҳад, ки мо тобеъи ӯ бошем, боз ҳам мехоҳад, ки дастнигари ӯ бошем ва ғайраву  ҳоказоҳо. Албатта ин ҳама бе ягон ғараз буда наметавонад.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор:

- Ман фикр мекунам, ки ин сафар ҳеч гардиши қобили таваҷҷуҳеро ба вуҷуд намеоварад. Алъон Русия дар минтақа ба таври возеҳ аз Тошканд, дар ҳоли бархӯрдаш бо Душанбе ва Бишкек ҷонибдорӣ менамояд.

Сиёсати президент Путин дар атрофи манфиатҳои «Газпром» чарх мезанад. То замоне, ки гази арзони узбакӣ дар лӯлаҳои «Газпром» дохил мешавад, Путин дар воқеъ дар ҷониби Ислом Каримов хоҳад буд. Аз сӯи дигар Путин ба дурустӣ медонад ва манфиатдор нест, ки Ислом Каримов дар минтака нуфуз ва қудрати бештар касб намояд, зеро дар он ҳолат метавонад шароити хос ва муносибтаре барои худ тақозо кунад.

Ҳамчунин Тоҷикситон ва Қирғизистон бо таври формалӣ иттифоқчиёни наздики Русия дар минтақа маҳсуб мешаванд. Мисол, онҳо аъзои ОДКБ мебошанд ва дар ҳама нишастҳои ин созмон бе танаффус ширкат меварзанд. Аммо Тошканд дар бештари масоил мавқеъи бетарафиро ишғол менамояд. Ва Путинро мушкил аст, дар кул фаҳмонидан, ки барои чи дар ин баҳс асосан ба ҷониби Тошканд хоҳад буд. Каримовро инчунин бисёр наздик будан бо Русия ба манфиъат нахоҳад буд. Тошканд ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки воситаҳои барои манёври худро ҳифз намояд.Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар ду ҷониб дар чунин сатҳ гузоштани муносибатҳо ба манфиъати корашон хоҳад буд.

Сангак Раҳмонов, бознишаста, сокини ноҳияи Нуробод:

- Албатта ин сафар паёмадҳое барои кишвари мо дар пай дорад. Балки хоса паём ба кишвари мо медиҳад. Зеро Русия дар Тоҷикистон нақшаҳои зиёди амалиношуда дорад. Ба хусус доир ба дароз намудани шартнома дар мавриди ҳузури Дивизияи 201-ум, ки муҳлати он соли 2013 ба охир мерасад, барои сохтмони ниругоҳи Шӯробод, ки дар байни НБО-и Норак ва Роғун ҷойгир аст, мумкин ёрдами иқтисодӣ расонанд, ба хотири маркази "Окно", ки дар Норак аст ва аз эҳтимол дур нест, ки дар гуфтушуниди Путин ва Ислом Каримов дар бораи сохтмони НБО - и Роғун сухан равад  ва Путин ин масъаларо ба Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат мекунад. Ман чунин ақида дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон набояд  ба талаби паст кардани қувваи НБО розӣ шавад. Барои он ки акнун ин қадар сохтмон рафта истодааст, қариб ки 80%-и  кор тамом шудааст, ин маблағе, ки сарф шудааст,  кӣ барқарор мекунад ва аз куҷо меёбанд ин маблағро?! Инқадар мардум ҳудуди 700 млн сомонӣ саҳмия хариданд,  инҳоро кӣ пас медиҳад?!

Барои Путин ва Русия лозим нест, ки барои ҳамкорӣ ба Тоҷикистони ҳамеша содиқ ба Узбакистоне, ки ҳамеша паймонашро тағйир медиҳад ва гоҳе худро ба оғуши Кремл мезанад ва гоҳе ҳам ба оғуши Қасри сафед такия кунад. Барои идомаи ҳамкорӣ Русияро басанда аст, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро беҳтар бисозад ва дар қиболи онҳо депортатсия карданро тамоман барҳам диҳад , як шароити ҳамвор барои муҳоҷирони корӣ ташкил диҳанд, зеро ин одамон барои ободии Русия низ кор мекунанд, аз хонааш дур мешавад, аз бачааш дур мешавад, ба хотири он ки чор сум ёбаду зиндагиашро гузаронад. Аммо бар ивази ин қурбонии бузург Русия обод мешавад. Таъсири артиши муҳоҷирони корӣ аз Ислом Каримов дида, муассиртар аст. Ин ҷо танҳо бояд Русия аз гуманизм кор бигирад. Барои ҳар тоҷик маълум аст, ки Узбакистон дар баробари мо сиёсати некхоҳона надорад. Аммо сохтани Роғун ба сарнавишти ҳар тоҷик таъсири мусбат хоҳад дошт. Миёнаравии Тошканд ва мулоқотҳои Ислом Каримов бо Путин боис шуд, ки сохтмони Роғун ба таъхир анҷом шавад. Ин барои ҳар тоҷики огоҳ возеҳ аст. Ва бад шудани муносибати шарикони ҳамеша стратегӣ маҳз дар сари ҳамин сарбанд банд хурд, албатта бо талоши Ислом Каримов. Аз ин рӯ Владимир Путин инро хуб медонад ва аҳдшиканиҳои Тошкандро ҳам аз ёд набурдаасту ба фикри корҳои нотамомаш дар Тоҷикистони ҳамеша барояш боз ҳаст. Боз бубинем, ки чӣ мешавад.

Сайфулло Мулоҷонов, устоди ДМТ

- Фикр мекунам, ки ҳамон сиёсате, ки дар замони Шӯравӣ буд ва сиёсате, ки дар чаҳор панҷ соли ахир давом кард, мантиқан давоми ҳамон сиёсат шуд. Дар минтақа Русия ба ҳайси рафиқи стратегӣ, яъне рафиқи воқеъан ду ҷониба бештар ба тарафи Узбакистон такия дорад.

Он охирин дидоре, ки президенти Тоҷикистон бо президенти тозаинтихоби Русия дошт, ва онҷо як нуқта гуфта шуд аз ҷониби президенти Тоҷикистон ва вокуниши ҷониби Русияро ба бор овард. Он нуқта ин буд, ки мо аз Русия онро мехоҳем, ки ҳамон эҳтиром, ҳамон муносибат, ҳамон фаҳмише, ки нисбати Русия дорем, хоҳиш менамоем, ки аз ҷониби Русия низ барои Тоҷикистон чунин эҳтиромро қоил бошанд. Ва мо мехоҳем он эҳтиромеро, ки ба Русия ба ҳайси як бародар ва шарики стратегӣ дорем, ҷониби Русия бояд инро низ риоят кунад. Бо назардошти ин сафаре, ки Путин ба кишварҳои Осиёӣ ва хусусан Узбакистон намуд, ман фикр мекунам, ки яке аз масоиле, ки матраҳ месозанд, ҳатман масъалаи Тоҷикистон аст, барномаҳои энергетикии Тоҷикистон аст ва агар фаротар равем, онҳо дигар масъалаҳои ҷиддитаро низ дар атрофи Тоҷикистон дида мебароянд. Ба ин хотир ин вохӯрӣ ва ин гуна гуфтушунидҳое, ки мехоҳанд сарнавишти моро берун аз сарҳади мо навобаста аз хоҳиши мо ва бе ширкати мо, бе назардошти манфиъати мо ҳал менамоянд, албатта боиси нигаронист. Моро зарур аст, ки дар баробари чунин тавтеъаҳо ва ин гуна гуфтушунидҳои пасипардагӣ аз оддитарин шаҳрванди Тоҷикистон сар карда, то болотарин мақоми сарварӣ ба хулосае биёем ва як хаттеро интихоб намоем, ки дар сиёсати давлатамон, дар сурати бурузи чунин ҳодисаҳо, дар баробари ин гуна таҳоҷум, дар баробари ин гуна дахолатҳо истодагарӣ карда тавонем. Масалан он воқеъаҳое, ки дар Сурия ба вуқуъ пайвастанд, бори дигар дарак аз он медиҳанд, ки мехоҳанд сарнавишти як кишварро тавре, ки худашон мехоҳанд, ҳал намоянд. Паёмади ин сафарро ман фикр мекунам, ки зиёд интизор набояд ҳам шуд. Дар як муддати кутоҳ, шояд дар муддати як моҳ сафари Путин ба Тоҷикистон сурат мегирад ва ба гумони ман тағйироти куллиеро дар муносибати Тоҷикистону Русия интизор шудан аз мантиқ берун аст, ба хотири он ки дар Русия на инқилобе ба вуҷуд омадаасту на ягон гардиши куллие рух додааст. Ҳатто гузашта аз инқилоб ҳукумат тағйир наёфтааст. Ин ҷо фақат ҷойҳои худро иваз намудаанд. Шахсан ман ҳеч тағйиротеро интизор надорам. Ин дар тӯли таърих исбот шудааст, ки кишварҳое чун Англия, Амрико ва Русия дар муносибаташон ба дигар кишварҳо дар навбати аввал манофеъи миллӣ ва давлатиашон меистад. Онҳо доим ба дигар кишварҳои заъиф назарбаландона нигоҳ менамоянд ва ҳеч гоҳ намехоҳанд, ки кишвари зердасташон соҳиби рушд ва тараққӣ бошад. Ба ин хотир ман фикр мекунам, ки ҳеч гардиши ҷиддие ба вуқуъ нахоҳад пайваст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97