Интихоботи соли 2013: музокироти ҳизбҳое, ки "вуҷуд надоранд"?

Сиёсат 03.06.2012 21:02

Пирӯзии исломиҳои Миср ва интихоботи соли ояндаи Тоҷикистон

Хабаре, ки аз он  дарак нест

Intikhoboti__2013Манобеъи огоҳ дар мақомоти ҳизбҳои сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеч гуна музокирае миёни ин гуруҳҳои сиёсӣ дар мавриди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 то кунун сурат нагирифтааст. Қаблан Масъуд Собиров, раиси ҲДТ аз оғози музокироти аҳзоби сиёсӣ барои ширкат додани  номзади ягона дар интихобот аз номи ҳизбҳои мухолиф хабар дода буд. Аммо масъулони аҳзоби дигари умдаи сиёсӣ мегӯянд, ки чунин музокироте ҳаргиз дар ҷараён набуда ва дар ҳоли ҳозир дар назар низ дошта нашудааст. Агарчанде, ба гуфтаи манобеъи огоҳ ин мавзӯъ дар сӯҳбатҳои ғайри расмии бархе аз мақомоти аҳзоби сиёсӣ ба таври ҷудогона дар миён будааст. Аммо ин гуна изҳори назарҳо ва табодули афкорро, ба гуфтаи масъулини аҳзоби сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад музокираи аҳзоби сиёсӣ барои омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ унвон кард.

Хотири ҳама  аз интихобот  ҷамъ аст

Коршиносон мегӯянд, албатта дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва он ҳам, дар ҳоле ки то интихобот камобеш як соли дигар боқӣ мондааст, оғози музокироти аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар он як амри табиист. Дар ҳар ҷомеъаи солиме чунин иттифоқ бояд вуҷуд дошта бошад. Аммо ҳақиқат ин аст, ки чунин вазъияте, яъне омодагӣ ва талоши аҳзоб барои ширкат дар интихобот дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ва аҳзоби сиёсие, ки метавонанд имкони амалии ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро дошта бошанд, то кунун ширкат дар онро амри беҳуда медонанд. Зеро бо вазъияти ҷорӣ аз ҳамин ҳоло маълум аст, ки барандаи интихобот чӣ касе хоҳад буд.

ҲНИТ интизори фурсат

ҲНИТ муҳимтарин гурӯҳи сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар воқеъ танҳо гуруҳи сиёсиест, ки метавонад номзад муаррифӣ кунад ва онро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат бидиҳад, мегӯяд, ширкат дар интихобот бо вазъияти кунунӣ кори беҳуда аст. Аммо боз ҳам вазъият ва замон аст, ки тасмими шахсиятҳо ва аҳзобро тайин мекунад. Агар раванди таҳаввулот тавре воқеъ шавад, ки умеде барои интихоботи озодтар ба миён биояд, ҲНИТ ҳатман тасмими худро дигар хоҳад кард ва дар интихобот номзади худро ширкат хоҳад дод. Ҳоло баҳс намекунем, ки номзади ин ҳизб кӣ метавонад бошад, аммо ҳар касе бошад, ҲНИТ метавонад шароити ҳадди ақалро барои ширкати ӯ таъмин кунад.

Агар ҲХДТ ва "дом управления"-ҳо ба "номзад" кумак накунанд

Дигар ҳеч кадом аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ба истиснои ҲХДТ, ки ҳизби ҳоким аст, ба танҳоӣ қудрати муаррифии номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро надорад. Номзад шудани ҳар ҳизби дигар ва намояндаи ӯ ба танҳоӣ на кам на беш, хоби ширин аст. Магар ин ки мисли интихоботи соли 2007 мақомот ба ҷамоаҳои маҳаллӣ дастури ҷамъоварии имзоро ба ҷонибдории ин довталабони номзадӣ бидиҳанд ва ба ҷои фаъолони ҳизбҳо мақомоти маҳаллӣ ва ба истилоҳ "домуправленияҳо" маъракаи имзоҷамъкуниро ташкил кунанд. Дар ғайри сурат, ба кадом ақли солим рост меояд, ки ҳизбҳое, ки наметавонанд дафтари корӣ дуруст бикунанд, нашрия дошта бошанд, авзоъро баррасӣ кунанд ва аслан аз ҷомеъа ақиб мондаанд, 200 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунанд.

Тавоноии ҷомеаи журналистӣ ва заъфи аҳзоби сиёсӣ

"Раҳбари демократҳои тоҷик мегӯяд, ки ҳатто дар сурати муваффақ нашудани ин музокирот, Ҳизби демократ бо номзади худ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард". (Би-би-сӣ. 14.05.2012).

Ин орзуи ширин ва нияти нек аст, аммо амрест, корест, ки ҳаргиз иттифоқ нахоҳад уфтод, магар тавре пеш аз ин ҳам зикр шуд, дар ҳамкорӣ бо давлат сурат бигирад.

Зеро ҲДТ ба танҳоӣ аз ҳеч нигоҳ имкони ширкат додани номзади худро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ надорад.

ҲУСДТ-и Раҳматило Зойиров ҳам ҳамчунин зарфият ва тавоноии муаррифии номзадро ба танҳоӣ нахоҳад дошт. Хоса, интихоботҳои ахири порлумонӣ ва миёндаврӣ собит кардааст, ки аз ҳар лиҳоз, ҳам аз нигоҳи нируи инсонӣ ва аз ҷиҳати имкони молӣ ин ҳизб ва ҳамаи ҳизбҳои дигар эҳсоси заъф мекунанд.

Интихоботи миёндаврии МН дар ҳавзаи Сино дар баҳори соли гузашта далели ин гуфтаҳост. Аз ҳамаи ҳизбҳои мухолифе, ки даъво ва ваъдаи кумак ба номзади мустақил Толибшо Саидзодаро карданд, танҳо ҲНИТ ба бахше аз тааҳҳуди худ амал кард, ҲСДТ ва ҲДТ аслан нафаре пайдо накарданд, ки ба унвони нозир дар ин интихобот муаррифӣ кунанд. Интихоботи мазкурро аслан ҷомеъаи журналистӣ роҳандозӣ кард ва муҳимтар аз ҳизбҳои сиёсӣ амал намуданд. То кунун дар ягон интихобот дар шаҳри Душанбе намояндаи аҳзоби мухолиф 17 дарсади раъйро натавонистааст соҳиб шавад. Чизе, ки номзади журналистон ба даст овард.

Пешниҳоди Эътилоф як тифли мурда ба дунё омада

Аммо эътилофи ҳизбҳои мухолифи давлати Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳоле ки як амри зарурист, оё амалӣ ҳам ҳаст ва ё хаёл боқӣ хоҳад монд?

Агар ба диди таҳлил бинигарем, дармеёбем, ки ин пешниҳоди муҳим аз сӯи як ҳизб ё гуруҳи сиёсии заъиф, аниқтараш аз ҷониби як шахс садо додааст  ва аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки дар ин навбат ин пешниҳод як тифли мурда зоида шудааст. Аммо ҳатман дар ояндаи наздик талошҳое барои таъсиси чунин эътилоф аз сӯи гуруҳҳо ва ҳизбҳои дигар сурат хоҳад гирифт. Ин талошҳо ба рӯшан шудани мавзеъи Маскав дар қиболи Тоҷикистон низ вобаста мебошад. Ҳоло Амрико ба ин умед аст, ки муносиботи Душанбе ва Маскав пуртаниш боқӣ мемонад ва то интихоботи оянда роҳи раҳбарияти Тоҷикистон аз Кремл ҷудо хоҳад шуд. Вале ба муҷарради он ки муносиботи раҳбарияти феълӣ бо Маскав беҳбуд пайдо кунад ва дубора пуштибонии Маскавро ҷабл кунад, Амрико дар талошаки таҳрик додани мухолифон ва хоса ҲНИТ барои номзад шудан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар муқобили номзади ҲХДТ хоҳад афтод. 

Кадом "паҳлавон" бо номзади ҳхдт ба майдон  мебарояд

Масъалаи дигар ин аст, ки мухолифон чеҳраҳои зиёде ҳам барои номзад кардан надоранд. Танҳо аз чанд шахсият метавон ном бурд, ки метавонанд номзади эҳтимолӣ бошанд, ки яке аз онҳо раҳбари ҲНИТ аст, аммо гуфтааст, омодаи ин кор нест. Шахсияти дигаре, ки эҳтимолан метавонад хеле аз гуруҳҳоро барои пуштибонӣ аз номзадии худ қаноъат бидиҳад, Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз фаъолони ҳаракати демократӣ аст. Шахсияти дигари мухолифон ҳам метавонад, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода бошад, ки боз ҳам аввалу охири ҳар суханаш таъкид бар ин аст, ки вориди сиёсат нахоҳад шуд. Ҷудо аз ин шахсиятҳо аҳзоби мухолиф бояд номзади мавриди назари худро дар миёни афроди мустақил суроғ бигиранд. Ё шояд ҳам касе дигар сафи ин ҳизбҳо бошад, ки мо нашинохтаемаш.

Баҳори Миср интихоботи моро ҳам тағйир медиҳад?

Ба ҳар ҳол, дунёи имрӯз ба суръат дар ҳоли таҳаввул ва дигар шудан аст. Дар даври аввали интихоботи Миср нируҳои исломгаро овози бештар ба даст оварданд. Ҳарчанд, қабл аз он нируҳои исломии Тунис дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзади худро ширкат надоданд, балки аз як номзади демократ ва ба истилоҳ дунявӣ пуштибонӣ намуданд. Ҳаракатҳои сиёсии исломии хеле аз кишварҳо ба ҳамин назар буданд, ки бояд дар интихоботҳои порлумонӣ ширкат кард ва пирӯз шуд ва роҳро барои интихоботҳои раёсатӣ боз намуд. Аз ҷумла ҲНИТ ҳам борҳо ба ҳамин нукта таъкид кардааст. Аммо агар изҳори назари охирони раҳбари ҲНИТ дар ин бораро ба назар бигирем, гуфтааст, ки дар чанд соли қабл Ғарб пирӯзии Ҳамосро дар интихоботи озод эътироф накард, аммо акнун вазъият бозгӯи ҳақиқати дигарест. Ин ба маънои он аст, ки агар дар интихоботи рӯзи 17 июн номзади Бародарони мусулмон пирӯз биояд, мо шоҳиди як таҳаввули фикрӣ дар саросари дунёи ислом хоҳем буд. Ва Миср, ки дар тӯли таърих хостгоҳи андеша буд ва дунёи ислом аз он таъсир мепазируфт,  баъди солҳо сукут ва рукуд, як бори дигар фикри мусулмонҳоро такон хоҳад дод. Ва ин такон бидуни шак минтақаи моро ҳам фаро хоҳад гирифт, ба шумули интихоботҳоямон.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97