Интеллигенсияи тайёрхӯр

Сиёсат 29.05.2012 09:15

intelegentЧанде қабл дар торнамои радиои "Озодӣ" матлабе бо унвони "Зиёиёни тоҷик: Дар хидмати низом" ба нашр расида буд ва чанде сухане роҷеъ ба нақшу рисолати зиёиён ва равшанфикрони тоҷик дар ҷомеъа бо ибрози андешаи бархе коршиносон мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор гирифта буд. Ҳамчун шаҳрванд, ман низ хостам фикру андешаи хешро дар бораи ин ин мавзуъ иброз намоям

Аз ҷумла муаллиф нигоштааст: "Зиёии тоҷик рисолати аслиашро, ки иҷрои нақши пул байни мардум ва ҳокимон аст, иҷро намекунад, балки худ як асбоби маддоҳӣ ва "силоҳи идеологӣ" - и давлатдорон шудааст".

Қабл аз он ки мавзуъеро мавриди баҳс қарор диҳем, хуб мебуд аввал муайян менамудем, ки оё ҷавҳари ин матлаберо, ки маҳаки баҳс қарор додаем вуҷуд дорад? Оё имрӯз дар ҷомеъаи мо зиёӣ ва равшанфикри асил ҳаст? Оё мешавад, ки зиёӣ маддоҳ бошад?

Зиёӣ, ё худ аҳли (интеллигенсия) кистанд ва киро зиёӣ гуфта мешавад?

Вақте ки зиёӣ гуфта мешавад, пеши назари кас як шахси ҳушманд, огоҳ ва равшанфикр намудор мешавад, яъне ба маънои зоҳирии ибора агар таваҷҷуҳ шавад, вале мебояд жарфтар ба умқи маънии вожаи зиёӣ рафт.

Чунин донишмандони барҷастаеро, ба мисли М.В. Ломоносов, Д.И. Менделеев ва нависандагони барҷастаеро чун, М.Ю. Лермонтов, Л.Н.Толстой ва чанде дигарро метавон зиёӣ гуфт (ин ҷо зикри бузургони гузаштаи барҷастаи худро истисно мекунем, чунки онҳо нақши хешро дар замони худ ба хубӣ бозидаанд). Зеро ин афрод таъсири бузурге дар пешрафти ҷамъият ва саҳми арзишманде дар фарҳанг (хусусан фарҳанги Рус) гузоштанд. Оё мо чунин зиёӣ доштем, ки бо воситаи таълифоти хеш барои пешрафти ҷамъият ва фарҳанги тоҷик таъсире гузошта бошад?

Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки барои зиёии асил будан, на танҳо доштани маълумоти олӣ ва чанд таълифоти беарзише, балки зиёӣ ин қабл аз ҳама доштани руҳоният ва ворид сохтани таълифоти арзишманд барои пешрафти фарҳанг ва шахсиятҳои дорои вижагиҳои монанди ифтихор, шарофат, меҳрубонӣ, бахшандагӣ ва саховат лозим аст. Фикр мекунам ҳар як равшанфикр бояд донад, ки чи нақшеро дар ҷомеъа мебозад ва то кадом андоза барои ҷамъият лозим аст.

Зиёӣ будан пеш аз ҳама ин доштани маданияти баланд ва дар навбати аввал бархӯрдор будан аз хислатҳое чун садоқат, адолат, саховат ва виҷдон мебошанд.

Пеш аз чанг задан ба домани чунин мавзуъҳо ва ё ҷӯё шудани нақши онҳо дар бедории миллӣ чунин ҷавҳареро мавриди тарбия қарор бояд дод ва пасон перомун ва атрофи ин мавзуъҳо ба баҳс пардохт ва нишаст намуд. Зеро танҳо ва танҳо зиёӣ ва равшанфикри асил метавонад барои ҷомеъа ва мардумаш хидмат намуда бошад.

Аслан ҷомеъаҳо ва мардумро аз ботлоқи фақру нодорӣ ҳамин зиёиёнашон бурун мекашиданд. Ба таърихи на чандон дури Олмон ва Русия агар назар карда шавад, маҳз зиёиён ва файласуфонашон бо андешаҳои созанда ва фарқкунандаашон аз дигар қишрҳои ҷомеъа, мардумашонро аз бадбахтӣ наҷот бахшида, кишварҳояшонро ба давлатҳои пешрафта табдил сохтанд. Идея ва ғояҳои дуруст ва созандае ба миён гузоштанд, ки сабаби пешрафт ва тараққии ҷамъият гаштанд. Ин гуна афродро гуфта мешавад зиёӣ.

Суоле ин ҷо дар зеҳнҳо хутур мекунад, ки оё ҷомеъаи тоҷик алъон ва як ду аср пеш чунин афроди равшанфикрро дошт? Ва агар доштему дошта бошем, пас ин иллати дар ботлоқи фақр фурӯ рафтанамон дар чист?

 Қариб аз се ду ҳиссаи аҳолӣ аз сабаби надоштани ҷои корӣ муддатест дар муҳоҷират ба сар мебаранд ва чандин солҳост, ки аҳли маъориф, илм ва зиёиёнро мехӯронанду мепӯшонанд, ба умеди он ки ин қишри ба аҳли зиё тааллуқдошта фарзандонашонро соҳиби илму маърифат намоянд ва ғояҳоеро тарҳрезӣ созанд, ки дар ояндаҳои наздик ҷомеъаро аз фақру нодорӣ наҷот диҳанд, на ин ки аз сардаргумии мардум истифода намуда, ҳеч фикру ғояи ҷадидеро эҷод карда натавонистанд. Шояд касе дар иштибоҳ уфтад, ки чи гуна муҳоҷирон аҳли илму маориф ва зиёиёнро мехӯронда ва мепӯшонда бошанд? Ҳеч ҷои мураккабӣ ва ишколе надорад. Масъалаи мураккабе нест ва таҳлили ҷиддиеро талаб надорад. Инро шояд низ ҳар як фарди оддии ҷомеъа донад. Ба ҳама маълум ва равшан аст, ки тайи чанд сол ва алъон қисми бештари донишҷӯён дар бахшҳои шартномавӣ таҳсил доранд, ки барои ҳар соли таҳсил аз 500 доллари амрикоӣ боло пардохт бояд намуд. Акнун боре суол карда шавад, ки ин миқдор пул (хароҷот барои хӯрдану пӯшидан ва макони зисти донишҷӯ он тараф истад) манбаъаш аз куҷост? Бешак маълум аст, ки падарони ҳамин донишҷӯён солҳо дар муҳоҷират заҳмат кашида, гӯё фарзандони худро соҳиби дониш менамоянд ва ба умеди ояндаи равшани фарзандон ва ҷомеъа чандин азобу машаққату таҳқирро таҳаммул менамоянд. Вале чуноне ки маълум аст, онҳое, ки худро аҳли маорифу зиё ва равшанфикр мепиндоранд, ҳеч коре барои пешрафт ва халосии ҷомеъа ва мардум аз фақр карда натавонистанд ва бо чунин тарзи кор аз ин ба баъд низ ҳеч коре карда наметавонанд.

Умуман чуноне ки ба мушоҳида мерасад, дар кишварҳои қафомонда аҳли зиё ва равшанфикр гуфта, ҳамин тоифае, ки бештар ба омӯзиши фанҳои гуманитарӣ, хусусан адабиёт ва шеър сару кор мегиранд, дар назар доранд. Гӯё, ки ҳаминҳо равшанфикранд ва қариб боре нашуда, ки дар нишастҳояшон аҳли донандагони фанҳои дақиқ ширкат меварзида бошанд. Ва кам нест, ки аз забони онҳое, ки худро пешгомон ва пештозони илми адабиёт ва фарҳанги тоҷик меҳисобанд, суханҳои беасос ва подарҳавоеро шунид. Ҳамин гуфтугӯи онлайнии Иброҳими Усмонро метавон ба унвони мисол овард, дар мавриди алифбои форсӣ, ки гӯё ҳуруфи форсӣ арабиасос буда, мардуми мо дар талаффузу навишти онҳо мушкили мекашида бошанд? Ин ҷо мо фақат ишорае намудем. Вақте ки чунин суханон аз забони он афроде, ки худро зиёӣ ва пешгомони илми тоҷик медонанд, садо медиҳад, пас вой бар ҳоли онҳое, ки аҳли зиё нестанд. Зеро зиёӣ ва равшанфикр касеро гуфта мешавад, ки андеша, фикр, тафаккур ва ғояҳояш аз андешаҳои афроди оддӣ фарқ дошта бошад ва барои такон ва пешрафти ҷомеъа таъсире дошта бошанд, агар не пас чи фарқ миёни чунин зиёию мардуми оддӣ.

Аз каҷфаҳмию нотавонбинӣ бархе донишмандонеро, ки метавонистанд ва метавонанд каме нақши зиёӣ ва равшанфикрро иҷро кунанд, бо баҳонаҳои миллатчигӣ ва алъон бошад ба баҳонаҳои динситезӣ мутаҳҳам менамоянд ва онҳоро ба ҳошия меронанд. Имрӯзҳо бисёр ба назар мехӯрад, ки аҳли зиё (умуман зиёӣ гуфта дар Тоҷикистон, аҳли адабиёт, таърих ва дар маҷмуъ донандагони фанҳои гуманитариро дар назар доранд), бештар ба амри маъруф кардан ва таҳлили масоъили динӣ шавқ доранд. Ин аст, ки шогирдони онҳо низ худро дифоъгари ислом вонамуд месозанд. Бо чунин шеваи омӯзиш баъид нест, ки донишгоҳу донишкадаҳо чанд мулло - зиёие беш тарбия нахоҳанд кард.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97