Вақти ҳақиқат, ки намонад гурез…

Сиёсат 23.05.2012 06:59

janob_va_putinМушкиле, ки дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Русия вуҷуд дорад, бояд ҳадди аққал дар 15 соли пеш ҳал мешуд. Имрӯз ҳам вақте раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Русия тақозои эҳтиром гузоштан ба манофеъи миллии Тоҷикистонро ба унвони як шарики роҳбурдии Русия матраҳ мекунад, мантиқӣ ва дуруст аст. Як миллати боиззат бояд чунин коре карда бошад, ин кори дуруст аст.

Тарафи дигари масъала ин аст, ки мо бояд таклифамонро бо Русия дар ибтидои истиқлол ҳал мекардем. Ман, мутаассифона, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Русияро дар телевизонҳои асосии Русия, ки соати 3-и шаб думбол кардам, надидам. Аммо мулоқоти раиси ҷумҳури Узбакистон бо Путин борҳо ба такрор нишон дода шуд. Аз сӯҳбати кӯтоҳи онҳо маълум буд, ки Путин агарчи нахоҳад ҳам, маҷбур аст ба воқеъияти муносибат бо Узбакистон тан дар диҳад ва Узбакистонро шарики калидии Русия унвон кард. Яъне Узбакистон мушкилаш бо Маскавро рӯшан кардааст. Маскав дар 20 соли охир борҳо талош кард, вале натавонист ба ҷои Ислом Каримов ҷойнишин таъйин кунад ва ба ҷои ӯ бинишонад ва ба ин ҳақиқат тан дар додааст.

Аммо Маскав ба хубии хуб медонад, ки ҷомеъаи Тоҷикистон аз нигоҳи фикрӣ чанд гуна аст. Ҳақиқат ин аст, ки оризаи ҷанг ҳанӯз боқист. Ҳанӯз ҷамъе худро муҷоҳид ва ҷамъе худро қаҳрамон унвон мекунанд. Дар ҳоле ки ҷанги дохилӣ қаҳрамон надорад. Ба наздикӣ як қарореро дидам, ки ба муносибати ҷаши 9 май ба барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, яъне як тарафи ҷанг имтиёз медод. Ҳадди аққал ба  хотири озурда накардани тарафи дигари ҷанг, ки низ мардуми ҳамин ватан аст, ва даҳҳо ҳазор кушта додааст, бояд адабиёт ё формулировкаи ин гуна тасмимҳо чунин бошад, "ба кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳукуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни муноқишаҳои дохилӣ кушта шудаанд ва ё аъзои оилаи онҳо". Мутаассифона чунин нест. 

Аз ин ҳам муҳимтар, чанд рӯз пеш шунидам, ки як нафар ба "ҷурми" ҳаводори мухолифин будан, аз як ниҳоди ҳукуматӣ баъди чанд соли кор ихроҷ шудааст. Ва рӯйирост ҳам барояш гуфтаанд, ки ҷурми ту ҳамин аст. Яъне Русия ба осонӣ метавонад, ин гурӯҳҳоро дар муқобили ҳам қарор диҳад ва авзоъро ба ҳам бизанад. Кофист ду ё се барномаи таблиғотии зидди ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои Русия нашр шавад, то авзоъ дар Тоҷикистон ба ҳам бизанад. Аммо Русия то кунун чунин иқдом накардааст, ҳатто дар ҳаводиси чанд соли пеши шарқи Тоҷикистон ҳам телевизонҳои Русия, на матбуоташ умдатан бетараф буданд ва ё ахборе нашр намекарданд.   

Яъне Русия ба осонӣ метавонад, як гурӯҳро дар муқобили гурӯҳи дигар ангеза диҳад ва ба хости худ даст биёбад. Муҳимтарин аҳроми фишори Русия дар Тоҷикистон муҳоҷирон нестанд, агарчанд имкон дорад, онҳо низ истифода шаванд, аммо Русия фишангҳои дигаре дорад, ки корро то истифодаи густарда аз муҳоҷирон намерасонад, ки Тоҷикистон ба хостаҳои он амал кунад. Танҳо таҳдиди нисбатан ошкортари мақомоти Русия кофист, ки Тоҷикистон ба хостаҳои он тан дар диҳад. Агар фарз бар ин бошад, ки сиёсат ахлоқро намепазирад, балки мабно бар зӯр ва манфиат дорад, Русия фақат дар як сурат наметавонад дар баробари Тоҷикистон эҳтиром қоил шавад: Агар мардуми Тоҷикистон якпорча ва фикри воҳид дошта бошанд ва аз ҳукумати худ ҷонибдорӣ кунанд. Дар сурате метавонем сазовори эҳтироми Русия бошем, ки Русия бидонад, ки агар ҳар сол як раҳбари моро ҳам табдил кунад, тақозои мо тағйир нахоҳад кард. Он гоҳ бо мо ба сурати баробар ҳисоб медиҳад.

Акнун бирасем ба сари мақсад, вақте ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Русия бояд ба манофеъи Тоҷикистон эҳтиром бигузорад ва дуруст ҳам мегӯяд, маънои ин сухан ин аст, ки то кунун Русия ё ба манофеъи Тоҷикистон эҳтиром нагузошта ва ё камтар эҳтиром гузошта. Вагарна раиси ҷумҳур ниёзе ба истифодаи ин адабиётро намедид.

Ҳақиқати дигар ин аст, ки нируҳои озодиҳоҳ ва истиқлолталаб дар охири даҳаи 80 ва аввали 90 танҳо тақозое, ки доштанд, ин истиқлол ва эҳтиром гузоштан ба ҳаққи Тоҷикистон аз сӯи Русия буд. Он замон мегуфтанд, ки Тоҷикистон дигар набояд манбаи ашёи хом бошад, балки бояд тавлид кунад. Кадрҳои миллӣ бояд дар Тоҷикистон дар раҳбарӣ бошанд. Сарнавишти ин кишвар дар дасти мардуми ин сарзамин бошад, аз забон ва фарҳанги он бояд дифоъ шавад. Ҷавонони тоҷик бояд дар Тоҷикистон адои хидмат кунанд ва мисли ин. Баъдтар Тоҳири Абдуҷаббор ин нуктаро матраҳ кард, ки (дар соли 1990 баъди ҳодисаҳои февралӣ) Тоҷикистон бояд артиши миллии худро дошта бошад ва думболи он ҳам пешниҳод шуд, ки бояд пули миллии Тоҷикистон нашр шавад ва номе ҳам барои он гуфта шуд сомонӣ (Ҳар кӣ шак дорад, рӯзномаҳои он рӯзгорро пайдо кунад). Яъне дақиқан, ҳарчи ҳукумати кунунӣ анҷом дода, агарчанд баъзан бо шеваи муваффақ ва гоҳе ҳам номуваффақ, вале ин роҳро паймуда.

Дар 20 соли пеш, дақиқан, талаби эҳтиром гузоштан ба манофеъи Тоҷикистон аз сӯи Русия ва Узбакистон боиси он шуда буд, ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон забона пайдо кунад. Тоҷикистони бо эҳтиром ва бо иззат ормони ҳар тоҷики ба номус буд ва ҳаст. Аммо ҳалқаҳои истеъморталаб дар Тошканд ва Маскав ду тарзи тафаккурро дар Тоҷикистон ба ҳам ҷанг андохтанд. То Тоҷикистон ба иззат ва эҳтиром даст наёбад. Балки дастнишонда ва дастнигар боқӣ бимонад. Ҳадафи нируҳои миллӣ ва озодихоҳӣ ва хоса Тоҳири Абдуҷаббор аксари пирони узви созмони ӯ назири Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муҳаммадулло Лутфуллоев, Бозор Собир, Муҳаббати Қаноъат ва даҳҳое дигарон маҳз ҳамин буд. Аммо баъдтар созмонҳои дигаре мисли Ҳизби демократ ба вуҷуд омаданд, ки 60 -70 дарсади он мансабталошон, як қисмате ҳам содабоварон ва ҷамъи кучаке ҳам дар он, назири ҷавонони донишманде мисли Беҳрӯзи Забеҳулло ва Раҳмони Мирализода ва дигарон пайкоргари сидқӣ буданд. Баъдан ҳам ҲНИТ аз окопҳо берун омад, ки аксари аъзои он мутаассибону деҳотиёни зудбовар буданд. Ва ба иқрори худи раҳбари он С. А. Нурӣ чун диданд, ки касе даъвои чизе намекунад ва майдон холӣ аст, вориди корзор шуданд. ("Миллат", декабри соли 2006). Кори иззатталабӣ дар дохил мушкил мешуд. Гурӯҳҳои қудратталаби ҳам мухолифини пешин ва ҳам кланҳои дохили ҳукумат акнун бо бад шудани вазъият ва оғози фурупошии шӯравӣ мехостанд аз фурсат истифодаи аҳсан бикунанд. Фронти халқие, ки баъдтар ба миён омад ва бо парчами сурх ва шиори барқарории СССР то дарвозаҳои Душанбе расид ва аз сӯи Русия ва Узбакистон пуштибонӣ медид, орзуи иззат ва истиқлолро хоки сиёҳ кард. Аммо на барои ҳамеша. Табиати миллатҳо ва инсонҳо иззат ва озодиҳоҳӣ аст.

Ҳоло, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ва дар қасри Кремл аз Русия тақозои қонунӣ ва мантиқии иззат ва эҳтиром мекунад, як амри қонунманд ва табиист ва расидан ба марҳилаи дигаре аз ғурурро, барои миллат бояд табрик гуфт.

Агар дар воқеъ ин амр муҳаққақ шавад ва иззату эҳтироми манофъеи Тоҷикистон ба кишвар бар гардад, муҳоҷирони тоҷик дар Русия мисли хамаи инсонҳои дигар ҳаққи мусовӣ пайдо кунанд ё талоше барои ин кор сурат бигирад, пойгоҳи Русия на барои 49 сол, балки барои ҳадди аққал 10 сол ва он ҳам бо пардохти муносиби ҳаққи иҷора ва агар ҳам Русия аз тарҳҳои Тоҷикистон пуштибонӣ кунад, ба ҳар навъе, Эмомалӣ Раҳмон интихоби дигаре барои мардуми худ боқӣ нахоҳад гузошт, ҷуз ин ки дар интихоботи соли 2013 ба ҷузъ ӯ ба каси дигаре оре нагӯянд. Аммо агар чунин нашавад, чӣ?

Инро ҳам наметавонам нагӯям, ки ин ҳама часпу талошу муборизаро, ки мебинам, намедонам чаро ин панди Саъдии бузургвор ёдам меояд:

Вақти ҳақиқат, ки намонад гурез,         

Даст бигирад сари шамшери тез.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97