"Маҳз ҳамин тавр"

Сиёсат 20.05.2012 11:44

azamЭмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯзи 15 май баъди ширкат дар нишасти Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав  бо Владимир Путин, президенти Русия вохӯрии дуҷонибаро анҷом дод. Дар мулоқот масоили гуногуни вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Тибқи итилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Русия, Путин иброз доштаааст, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳарбиро мустаҳакамтар хоҳад кард. Ҳамзамон ба робитаҳои мустақими воҳидҳои маъмурии кишвараш бо Тоҷикистон низ ишора карда, гуфт: "Зиёда аз 70 субъекти Федератсияи Русия бо шарикони худ дар Тоҷикистон робита доранд. Вақте муносибатҳо, ба чунин сатҳ мефуроянд, метавон гуфт, манфиатҳои тарафайн дуҷониба ва бунёдӣ мешаванд. Ин заминаи хубе барои рушди  равобити мост".

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавоб иброз доштааст, ки байни Тоҷикистону Русия  ягон масъалаи ҷиддии ҳалношуда вуҷуд надорад. Чанд масъалаи ҳалталабе, ки ҳаст мо бо назардошти манофеи ҳарду ҷониб ҳаллу фасл хоҳанд шуд. "Мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон дар кишвари худ эҳтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд ҳамин гуна муносибат дошта бошад",  омадааст дар торномаи президенти Тоҷикистон (prezident.tj).

Путин дар посух изҳор доштааст, ки "маҳз ҳамин хел мешавад".

Ин дар ҳолест, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, моҳи апрел ҳангоми дидораш аз Душанбе  ба вуҷуди ихтилофи назарҳо миёни ин ду кишвар ишора карда ва гуфта буд, ки ба далели ин гуна масоили мавриди баҳси тарафайн то ҳол мувофиқатнома дар заминаи тамдиди ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон имзо нашудааст. 

Маврид ба зикр аст, ки ҳангоми пахши ин хабар дар телевизионҳои русия бештар диққат болои мулоқоти Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Ислом Каримов, президенти Узбакистон дода мешуд. Дар ҳар пахши хабарӣ танҳо тасвири мулоқоти онҳо бо Путин руйи телевизионҳо пахш мешуд. Аммо нисбати дигар раҳбарони кишварҳои ИДМ ҳатто телевизонҳои Русия аҳамият қоил нашуданд. Лукошекнко президенти Белорусро бошад на Путин, балки Дмитрий Медведев ба ҳузур пазируфт. Коршиносон мегӯянд, ки напазируфтани президенти Белорус шояд аз муносибатҳои солҳои ахир сардгаштаи байни ин ду кишвар аст. Аммо дар ҳар сурат Русия то ҳанӯз сари Белорус ҳисоб мекунад, зеро ӯ бо ҳама "саркашиҳо" боз аз Урупо дурӣ меҷӯяд. Дар ҳар сурат, Лукошенкоро на Путин, балки Медведев пазируфт. Бархе аз коршиносон рафтори Путинро як ҳушдоре ба Белорус қаламдод кардаанд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки чаро ин тавр буд?   Бояд зикр кард, ки дунё аз азал дар як поя бунёд гаштааст.  Ҳар ки қудратманд асту имконоти бештару захираҳо  ва мавқеъи стротегии муҳимтар дорад ва дигар кишварҳо ба мартиб ба он вобастагӣ доранд, ҳамеша  мавриди эҳтимоми васоити ахбор ва нухбагони сиёсӣ қарор мегирад. Ин воқеъияти сирф сиёсӣ аст ва ҷойи баҳс нест. "Бинобарин бояд дар фикри он шуд, ки ҷумҳурии мо аз лиҳозии имконоту қудрат мавқеи худро дошта бошад. Вақте Тоҷикистон дар ҳисоби қудратҳо дохил шуд ҳама сари он ҳисоб мекунанд", гуфт ӯ.

"Маҳз ҳамин тавр мешавад"-и Путин

Ин ибораро қариб тамоми расонаҳои Тоҷикистон шурӯъ аз торномаи Президенти кишвар навиштаанд ва ҳа касе онро бо диди хеш мехоҳад пешниҳод кунад. Суол ин аст, ки Путин чӣ мехост бигӯяд? 

Тавре коршиносон мегӯянд, баргашти Путин ба сари қудрати Русия на танҳо дар сиёсати минбаъдаи минтақа, балки ҷаҳон муассир хоҳад буд. Аз рӯзҳои нахустини расман президент эълон шуданаш эълон кард,  нишасти навбатии сарони кишварҳои "ҳаштгонаи бузург", ки 18 -19 дар шаҳри Кэмп-Дэвид баргузор мегардад ширкат нахоҳад кардва ба ҷояш ҳамоиш сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев хоҳад рафт.  Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Путин ин дафъа мехоҳад мавқеашро дар кишварҳои пасошуравӣ ва Чин мустаҳакам кунад. Зеро ду сафраи нахустини худро тибқи иттилоъ аз Қазоқистон ва Чин шурӯъ хоҳад кард. Бинобар "маҳз ҳамин тавр мешавад" шояд ҳушдорест, барои ҳамсоякишварҳо ва Тоҷикистон?  -Бояд дар ин шабу рӯз ҳар таъкиду гуфтаҳои ин ё он расонаро ҷиддӣ нагирем. Зеро як дам муҳити эҳсоси мавҷуд аст. Аммо муҳим он аст, ки сиёсатмадоронро аз рафторашон баҳо диҳем ва омода бошем, ки баъди ду се моҳ сиёсати Русия чи хел мешавад. Муҳим он аст, ки аз рӯзе Путин номзадияшро пешниҳод кард, баро таъмини сиёсати хеш ва шаклгирии сиёсати Русия бо ҳамсояҳо чӣ корҳоеро кардааст, мегӯяд ҷаноби Абдулло.

Ба назари коршиносон боз омадани Путин бори дигар сиёсати шастсолаи ояндаи Русияро муайян мекунад. Барои ҳамин дар нахустин рӯзҳои омаданаш  бояд кӯшиш кард, ки дар муайян кардани сиёсат бо ҳамсоягон, Тоҷикистон тавонад тарзе таъсир расонад, ки ба манфиат худи кишвар  бошад.  Ҷониби Тоҷикистон чи бояд кунад?

Ҳоло ба ҳар ҳол, суол ин аст, ки Путин вақте гуфтааст, маҳз ҳамин тавр мешавад, чӣ таврро дар назар дорад?

Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97